Комиссияи ноҳиявӣ зарари сели рӯзҳои 14-16-уми май дар ноҳияи Хуросонро, ки боиси хароб шудани манзилҳои зисти сокинон ва заминҳои кишт гардида буд, 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ муайян кард. Ҳамчунин, зарари сӯхтори бозори ноҳияи Шаҳритузро низ мутахассисон наздики 4,5 миллион сомонӣ муқаррар карданд.

6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ хисороти сели Хуросон

Бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16-уми май дар ноҳияи Хуросон 67 манзили истиқоматии шаҳрвандон қисман ва пурра вайрон шуда, ба даҳҳо манзили зисти дигар сокинон обу лой даромад. Бар асари ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, даҳҳо гектар заминҳои корам, чорво талаф ёфтаву иншооти ёрирасони сокинон низ зарар дида буданд.

Комиссияи ноҳиявӣ зарари ин офати табииро дар ноҳияи Хуросон 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

67 оилаи зарардида аз сел бо замин таъмин шуданд

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов гуфт, ки «ба 67 оилае, ки бар асари омадани сели рӯзи 14-16-уми май манзилҳои зисташон пурра хароб шуда буд, замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист дода шудааст».

– Заминҳои додашуда ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида аз макони селроҳа дур мебошанд. Ҳоло ин оилаҳо муаваққатан дар хаймаҳо зиндагӣ карда истодаву корҳои сохтмонии манзили зисташонро оғоз намудаанд,- гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои расида аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Ҳилолӣ кӯмакҳои хӯрокворӣ, доруворӣ, маводҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 3 ҳазору 700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристонида шудааст.

Ба иттиллои расида, дар маҷмуъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид, ки аз он 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ гречка ва перловка ва дигар анвоӣ маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби Сарвазири мамлакат, МИҲД-и вилояти Хатлон, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатманд ба сокинони ноҳияи Хуросон, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, кумакҳои зиёд расонида шуд.

Шаҳритуз: 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ хисорот

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз хабар доданд, ки рӯзи 24-уми майи соли равон бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар бозори марказии ноҳия сӯхтор ба амал омада, бар асари он 651 дӯкону мағозаҳои соҳибкорон пурра ба коми оташ рафтааст. Комиссияи ноҳиявӣ зарари сӯхторро 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ муайян кардааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Шаҳритуз Лоиқов Саймуддин пас аз як рӯзи сӯхтор сабаби онро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ гуфта буд.

Ба қавли ин шахси масъул, дар сӯхтори рӯзи 24-уми май дар бозори марказии ноҳия 70-80 дарсади иншооти хизматрасонӣ ва 40 то 50 фоиз молу ашёи соҳибкорон сӯхтаву хокистар гардида буд.

– Ҳангоме, ки бозор оташ гирифт, нақлиёти оташнишонӣ имкони вориди бозор шудан наёфтанд, зеро роҳравҳоро баъзе соҳибкорон танг ё маҳкам карда буданд. Баъдан, аксари дӯконҳо аз масолеҳи пластикӣ сохта шудаанд ва дӯконҳое, ки хӯрокворӣ доштанд, аз ҷумла равғани растанию дигар, суръати сӯхторро бештар карданд. Ҳайати шахсии Хадамоти оташнишонӣ сараввал хонаҳои атрофи бозор ва филиали Амонатбонки ноҳияро, ки дар назди бозор буд, аз оташгирӣ ҳифз карданд. Хушбахтона, дар ин сӯхтор ягон ҳодисаи фавт ва зарар дидани сокинон ба қайд гирифта нашудааст,- гуфт Саймуддин Лоиқов.

Ба гуфтаи раиси ноҳия Ҷабборӣ Ғаффор, соҳикбороне, ки бо Тоҷикматлуботи ноҳия шартнома доштанд, аз ҳисоби Тоҷикматлубот аллакай барқароркунии дӯкону мағозаҳояшон шуруъ шудааст. Ҳамчунин, ба соҳикборон имтиёзи бонкӣ дода шуда, ҳамзамон аз пардохти андоз муваққатан озод карда шудаанд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here