Восеъ ҳамчун ноҳия соли 1936 ташкил ёфтааст. Ноҳияи Восеъ 6,7%-и ҳудуди умумии вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Ноҳия дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буда, он аз шимол бо ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ховалинг ва Кӯлоб, аз тарафи ғарб бо ноҳияи Данғара ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳияи Восеъ 766 километри мураббаъ буда, маркази маъмурии он шаҳраки Восеъ мебошад. Сохтори маъмурии ноҳия аз 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст. Аз моҳи июли соли соли 2014 Ғафурзода Мӯсо Зариф раиси ноҳияи Восеъ мебошад.

 

Аҳолӣ 

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии аҳолии ноҳия 205 299 нафарро ташкил медиҳад. Таркиби этникии аҳолиро 87,5 фоиз тоҷикон, 9,6 фоиз ӯзбекон ва 2,9 фоиз дигар миллатҳо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 49,6 фоизро мардҳо (99449 нафар) ва 50,4 фоизро занҳо (101054 нафар) ташкил медиҳанд. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 88,4 фоизи аҳолӣ дар деҳот истиқомат менамояд. 

 

Таърих 

Восеъ ноҳияи куҳанбунёд буда, таърихи бой дорад. Дар ноҳия 18 мавзеъҳои таърихӣ ва осорҳои меъморӣ-таърихӣ мавҷуд аст. Чанде аз инҳо: маҷмааи таърихии Ҳулбук, Манзартеппа, Қайнар, мавзеи Ғелот, мавзеи Эмомалӣ ва Авғондилӣ мавзеъҳои таърихии машҳури ноҳия мебошанд. Дар аксар мавзеъҳои таърихӣ кофтуков ва тадқиқотҳои ҳафриётшиносӣ ва бостоншиносӣ идома дорад, вале ҳоло ҳам онҳо пурра таърихи аслии ин ёдгориҳоро аён насохтаанд. 

Дар маъхазҳои арабизабони асрҳои 9–10, аз ҷумла, асарҳои Ибни Хурдодбеҳ («Китобу-л-масолик-ва-л-мамолик»), Ибни Ҳавқал («Сурату-л-арз»), ал-Мақдисӣ («Аҳса¬ну-т-тақосим») шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази Хуталон ёд шудааст, ки он ҳоло дар фосилаи 7 км дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Мавзеи Ҳулбукро бостоншиносон дар ҷойи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ донистаанд, ки қисми онро мардум Хишттеппа меномиданд. Аз харобаҳои Хишттеппаи Қурбоншаҳид ҳангоми ҳафриёт қасри подшоҳ, куҳандиз, биноҳои гуногуни аз хишти пухта сохташуда ва дигар иморатҳои ёрирасон пайдо шуданд. Ба ақи¬даи бостоншиносон Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович, мавзеи харобаҳои шаҳристони Ҳулбук 70 га масоҳатро ишғол мекунад, ки дар қисми он имрӯз бозор ҷой¬гир шудааст. Дар солҳои 50–60 асри 20 дар мавзеи Қурбоншаҳид теппачаҳои зиёде воқеъ буданд, ки сокинони деҳа ин теппачаҳоро канда, хиштҳои онро барои сохтмони хона истифода кардаанд. Харобаҳои шаҳри Ҳулбук дар де¬ҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ бори аввал солҳои 1953–54 аз тарафи бостоншиносон Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович пайдо ва таҳқиқ шудааст. Аз соли 1957 то охири сол¬ҳои 80 бостоншинос Э.Ғуломова дар ин хароба ҳафриёт кардааст. Ҳангоми ҳафриёт аз харобаҳои Ҳулбук беш аз 5 ҳазор шикастпора ва лавҳаҳои гуногуни гачи кандакорӣ ёфт шудаанд, ки бо нақшу нигори хеле зебои ҳандасӣ ва хатти кӯфӣ оро ёфтаанд. Тимсоли ду мусиқинавозро, ки Э. Ғуломова соли 1984 аз толори қасри шоҳони Хатлон пайдо кардааст, аслаш дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст. Ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бостоншинос Ю.Яъқубов солҳои 2004–05 харобаҳои Ҳулбук¬ро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, собит намуд, ки дар ин мавзеъ қасри ҳокимони Хат¬лон ҷойгир буд. Ибни Ҳурдодбеҳ инчунин аз мавзеи Нозкӯл ва аспҳои хатлонӣ ёд мекунад, ки дар ҳудуди деҳаи Қайнари но¬ҳияи Восеъ ҷой¬гир аст. Асли Қайнар, ба қавли сокинони деҳаи Кадучӣ, аз номи Искандари Зулқарнайн падид омада, аз сабаби душвории талаффуз шакли Қайнарро гирифтааст. Харобаҳои шаҳристони Қайнар, ки тақрибан 150 га заминро фаро мегиранд, аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёту таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Шаҳри Кӯлоби кунунӣ тахминан дар фосилаи 16 км шарқу шимолтари Қайнар ҷойгир буда, мутобиқи маълумоти маъхазҳо дар атрофи он мавзеи Дашти Дилию харобаҳои Манзартеппа воқеъ будаанд. Шаҳрҳои қадимии Восеъ бар асари тохтутози муғулҳо ва сулолаи Шайбониён хароб шуда, ба ҷойи деҳаҳои куҳан деҳаҳои нав бунёд шудаанд.

Ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли баҳор хеле мусоид аст. 

Сайёҳоне, ки ба ноҳияи Восеъ меоянд асосан тамошоро аз Қалъаи Ҳулбук-пойтахти Хуталон (асрҳои 9-11) оғоз менамоянд. 

Дар маркази ноҳия 1 адад меҳмонхона, 4 адад тарабхона бо 500 ҷойи нишаст.

Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳия 1 адад осорхона, 4 адад мавзеъҳои таърихӣ-бостоншиносӣ, 1 адад мавзеи табиӣ, 2 адад истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла Осорхонаи Ҳулбук, Шаҳраки Манзартеппа асрҳои 12-14, Қабристони Ғелот ҳазорсолаи 2-и пеш аз мелод, Қалъаи Ҳулбук пойтахти Хуталон асрҳои 9-11, Қалъаи Кайнаҳр асри 8, мавзеъи табии Куҳи Хоҷа-Муъмин, истироҳатгоҳи «Тосқалъа» ва «Закариёи Розӣ» мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Восеъ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандони ноҳия дар ярмаркаҳо ва чорабиниҳои гуногуни ноҳиявиву ҷумҳуриявӣ пайваста фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳунармандони чирадаст-Гулнора Камолова бо бофандагӣ, Моҳшариф Шарифова бо чакандӯзӣ, Майрамбӣ ва Адолат Раҳмонова бо тарроҳии либосҳои миллӣ ва Гиёева Гуландом бо дӯзандагӣ дар ноҳияи Восеъ ҳочат ба муаррифӣ надоранд ва хурду калон онҳоро хуб мешиносанд.   

 

Фарҳанг ва сайёҳӣ

Дар ноҳия 56 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 30 китобхона, 22 муассисаи клубӣ, як мактаби бачагонаи санъат, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва гулгашти Рӯдакӣ мавҷуд аст. Фаъолияти бонизоми онҳо тавассути дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2017-ум 6 бинои китобхона дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот таъмиру азнавсозӣ шуда, бунёди китобхона дар Ҷамоатҳои деҳоти Гулистону Тугарак идома дорад. Лоиҳаҳои азнавсозии бинои клубу китобхонаи деҳаи С.Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистон ва Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов мавриди омӯзиш қарор доранд. Соли гузашта бобати дастгирии соҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ либосҳои саҳнавӣ ва 4200 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ шудааст. 

Вобаста ба эълон шудани Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсиси осорхонаи кишваршиносии Ғелот, корхонаи хонагии таъмири асбобҳои зарбӣ бо номи «Доира», таҳия ва чопи китоби фарогири мавзеъҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин шахсиятҳои фарҳанг ва буклети ранга барои дӯконҳои «Армуғон»-и ноҳия аллакай оғоз шуда, итминони комил аст, ки масъулони соҳа дар ин самт масъулияти бештар зоҳир менамоянд. 

Дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи таърихӣ ба монанди қалъаи Ҳулбук, шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар, қабристони қадимаи Ғелот ва ғ. мавҷуд мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» 5037 нафар меҳмонон ташриф овардаанд, ки аз онҳо 371 нафарашон меҳмонони хориҷӣ, 1837 нафар меҳмонони дохилӣ ва 2829 нафар хонандагону донишҷӯён мебошанд. 

 

Варзиш

Ноҳия 193 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, варзишгоҳ, 21 толори вар-зишӣ, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ва майдончаҳои оммавии варзишӣ дорад. Дар Восеъ 22 мураббӣ, аз ҷумла 2 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. 

 

Шароитҳои табиӣ ва иқлим

Релефи ноҳия ноҳамвор буда, қисми шимолиашро нишебиҳои қаторкуҳи Вахш, шимолу шарқашро нишебиҳои қаторкуҳи Ҳазрати Шоҳ, ғарбиашро нишебиҳои куҳи Ҷилонтоғ ва қисми ҷанубиашро ҳамвории водии дарёҳои Сурхоб ва Ёхсу ишғол кардаанд. Нуқтаи баландтаринаш аз сатҳи баҳр 4088 метр, пасттаринаш 450 метр мебошад.

Иқлими ноҳияи Восеъ, новобаста аз он, ки дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, гуногун аст. Дар ин ҷо ҳам барфу яхбандӣ ва ҳам иқлими субтропикии хушк дида мешавад. Сатҳи боришоти миёнаи солона то 300-400 миллиметрро ташкил менамояд. Дар фасли зимистон ҳарорати хунуктарини ҳаво аз -8оС то -12оС дараҷа паст фаромада, ҳарорати гармтарин дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна аз +30оС то +40оС мерасад. 

Ноҳия дорои захираҳои бойи об мебошад. Ноҳияи Восеъро дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб аз тарафи ҷанубу ғарб ва ғарбу шимол чун миёнбанд иҳота кардаанд. Инчунин “Кӯлоб-дарё” ҳамчун манбаи обтаъминкунӣ истифода мешавад.

 

Олами наботот

Олами набототи водӣ ва доманаи куҳҳо биёбонӣ ва нимбиёбонист. Қисми миёнаи куҳҳоро дарахту буттаҳои гуногун (зирк, ирғай, заранг, фарк, бушол), дарахтони мевадор (чормағз, бодом, дулона, себ, олуча ва ғ.) ва аз он болотарро марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ фаро гирифтаанд.

 

Олами ҳайвонот

Олами ҳайвоноташ низ гуногун бу¬да, гург шағол, рӯбоҳ, нахчир, гуроз, кабк, мурғобӣ, бедона, уқоб ва ғайра мавҷуданд.

 

Кишоварзӣ

Соҳаи асосии хоҷагии Восеъ кишоварзӣ буда, пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва зан¬бӯр-парварӣ ривоҷ ёфтааст. Ноҳия 2373 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла 993 хоҷагии пахтакор ва 22 хоҷагии ҷамъиятӣ дорад. Тамоми заминҳои ҳудуди ноҳия 76,6 ҳазор га (2013), аз он 1153 га боғу токзор, 33173 га заминҳои кишоварзӣ, 13511 га заминҳои обӣ, 19633 га ғалладона, 622 га барои зироати хӯроки чорво, 9700 га пахта, 1669 га сабзавот 497 га зироати по¬лезӣ, 404 га картошка, 558 га зағир ва 90 га зироатҳои дигар мебошад. 

Дар Восеъ соли 2013 Маркази савдои «Султони Кабир», ки аз тарафи соҳибкор Аваз Кабиров бунёд шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Восеъ инчунин 14 бозор дорад.

 

Саноат

Дар ҳудуди ноҳия 50 корхонаҳои хурди хусусӣ ва ширкату ҷамъият, 5 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, конҳои намаки «Хоҷамуъмин», «Сорбон», ва «Диловар Н», фаъолият доранд.

 

Саид САИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here