Ҳолати қисме аз ошхонаҳои маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар нигаронкунанда буда, ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.

 

Сокинон нигаронанд

Меъроҷ — сокини ноҳияи Кушониён мегӯяд, ки дар дохили бозори “Фаровон” баъзе ошхонаҳое мавҷуданд, ки хӯрокҳои онҳо дар кӯча бароварда шудаасту болояшон кушода аст ва зери чангу хоки воситаҳои нақлиёту роҳгузарон қарор доранд. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки хӯрокҳои ин ошхонаҳо дар назди роҳрав ҷойгир ҳастанд, ки садҳо нафар аз назди онҳо мегузаранду болои ин таомҳо пур аз чангу ғубор мешавад, вале касе парво надорад. Масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ин ҳолатро мушоҳида намекарда бошанд?

Чунин ҳолат дар ошхонаҳои атроф ва дохили бозори “Нихи” низ вуҷуд дорад. Искандар — як сокини Вахш гуфт, ки баъзе аз ошхонаҳои ин бозор ифлосу чиркин аст ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Болои мизҳояшон дуруст тоза карда намешавад, даспоккунакҳояшон шояд моҳҳо шуста нашавад. Ғайр аз ин, захираи маводҳои ғизоияшон, аз қабили пиёзу картошка дар ҷойи хӯрокхӯрии мардум нигоҳ дошта мешавад, ки таъби касро хира месозад. Ӯ мегӯяд, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар бояд фаъолияташонро ҷоннок намоянд, зеро ба маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар сайёҳон аз дохил ва хориҷ зиёд меоянд ва бо дидани чунин вазъ таассуроти нохубе бо худ хоҳанд бурд.

Ба ин монанд даҳҳо сокини дигар низ аз вазъи бади ошхонаҳои гирду атрофи бозорҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуданд.

 

Наҷотзода аз суҳбат мегурезад

Вобаста ба вазъи ошхонаҳо ва назорат аз болои онҳо хостем бо Фурқат Наҷотзода — сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар суҳбат кунем. Мутаассифона, номбурда бароямон ҳамеша дастнорас буд. Ҳарчанд даҳҳо маротиба кӯшиши бо ӯ вохӯрдан карда бошем ҳам, натиҷае надод. Ҳамеша ба зангҳои телефонии мо як ҷавоб дошт: “Ман дар ҳукумати шаҳрам”. Чунин ҷавобро коргузораш, ки дар қабулгоҳи Наҷотзода менишинад, батакрор мегуфт: “Роҳбар дар ҳукумати шаҳр аст”.

Кӯшишҳои мо барои пайдо намудани роҳбари корхона бенатиҷа анҷом ёфт. Маҷбур шудем ба раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба рафтори сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Фурқат Наҷотзода муроҷиат намоем. Раиси шаҳр дар посух гуфт, ки “ман ба ҷуз рӯзи душанбе ягон роҳбаро даъват накардаам”. Ва аз Фурқат Наҷотзода, ки дар нишаст ҳузур дошт, суол кард, ки “кай ба назди ман омадаӣ? Чаро бо расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ намекунед?”. Инчунин, илова кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша омода аст бо ВАО ҳамкорӣ кунад: “Дар ин самт мо мушкиле надорем. Ман ба ҳайси раиси шаҳр ҳама вақт омодаам бо рӯзноманигорон суҳбат кунам. Ва шумо низ бояд бо ВАО ҳамкории зич дошта бошед”.

Аммо баъди нишасти матбуотӣ ва таъкиду дастурҳои раиси шаҳр боз чанд маротибаи дигар кӯшиш кардем, то ба суолҳои худ аз Фурқат Наҷотзода посух бигирему мутаассифона, ин дафъа низ кӯшишҳои мо бенатиҷа анҷом ёфт. Аз ин ба хулосае омадем, ки дастуру супоришҳои раиси шаҳр ба Наҷотзода таъсир намекардааст.

 

Қонунҳо сарфи назар мешаванд?

Дар модаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» омаааст, ки воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба ВАО маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

Аммо қонуни мазкур аз тарафи бархе роҳбарон, ба монанди Фурқат Наҷотзода — сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар сарфи назар мешавад.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Добавить комментарий