Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, барои пешрафт ва рушди он Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳар давру замон маориф аз соҳаҳои аҳамиятдор барои ҷомеаи бомаърифат маҳсуб ёфтааст. Пешрафту инкишофи ҷомеаи мутамаддин маҳз ба соҳаи маориф алоқамандӣ дорад. Хусусан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Қубодиён, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пешво — ҳидоятгари мо

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Раҳимов Сафаралӣ Боймуродович мегӯяд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф бамаврид таъкид доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дар соли таҳсили 2019-2020 бо такя ба ин суханони Роҳбари давлат, таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон афзун намуда, корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад”.

Маълумоти мухтасар

Дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 гимназияи давлатӣ, 1 муассисаи хусусии таълимии бо номи “Барфигул”, 1 мактаб-интернат, 4 боғчаи бачагона, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва як адад боғчаи бачагонаи хусусӣ фаъолият мекунад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2070 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз онҳо 1346 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз 61 муассисаи таълимӣ дар 22 муассисаи таълимӣ занҳо роҳбариро ба уҳда доранд.

Аз ин шумораи омӯзгорон 1436 нафар, аз ҷумла 500 нафар занон дорои маълумоти олӣ, 215 нафар (201 нафарашон занон) дорои маълумоти олии нопурра ва 398 нафар (29 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсил карда истодаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 39610 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин миқдор 19068 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии тарбиягирандагони боғчаҳои бачагона 460 нафар буда, аз он 203 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Шумораи қабули хонандагон дар соли хониши 2019-2020 дар синфи 1-ум 4714 нафар, аз он ҷумла духтарон 2275 нафар, шумораи хонандагон дар синфи 10-ум 2462 нафар, аз он ҷумла духтарон 1151 нафар мебошад.

Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Ҳабибулло Меҳтоҷев, Шаҳзод Қодиров, Анора Қосимова, Марҳабо Атоева, Мукаррама Раҳмонова, Шарофат Ҷумаева, Ҳабиба Зиёдалиева, Мунаввара Ҷалилова, Ҳабиба Юлдошева, Нориумин Маматқулов, Шодӣ Ораев, Малика Қосимова, Донабой Эгамбердиев, Боймурод Алимардонов, Сафаралӣ Ҳаитов, Муқаддас Бобоева, Улфатой Абдураҳимова, Фарида Рафиқова, Махбурат Артикова, Баҳринисо Ҷумаева, Мирзоисматулло Хусаинов, Мавлуда Бозорова, Гулнигор Сурхакова, Аббос Риёзов, Сафаралӣ Иронов, Балаҷон Бобиев, Одил Ҳаитов, Зоя Зокирова, Зебинисо Атоева, Акбар Насимӣ, Эшпулат Оғматов, Ҳасан Қулбоев, Мамадисо Абдуллоев, Анора Дӯстова, Дилафрӯз Шарипова, Ҳабиба Маҳмудова, Барно Раҳимова, Оқила Бекмирзоева, Нақшина Юнусова, Фирӯза Каримова, Тозагул Наботова, Гулниҳол Аҳмадова, Гулноз Ятимова, Шоира Абдураҳматова, Гулнора Поянова ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён 153 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 273 нафар омӯзгорони дараҷаи тахассуси олӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд.

Баргузории озмуну олимпиадаҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дар соли 2019 дар байни хонандагони синфҳои аз 5 то 11 дар се давра олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида, рӯйхати ғолибонро ба даври олимпиадаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудааст. Дар олимпиадаи вилоятӣ 223 нафар хонандагон иштирок намуда, 24 нафарашон ҷойҳои сазоворро мушарраф гаштаанд. Аз ин шумора 1 нафар ҷойи якум (Назарова Заррина аз МТМУ-и №11), 1 нафар (Абдуназаров Диёрбек аз МТМУ-и №49) ҷойи 3-юмро сазовор гаштаанд.

Дар ин давра дар байни муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Донояк”, ”Наврасон”, “Риёзидон” ва озмуни “Беҳтарин хонандаи сол” гузаронида шудааст. Дар озмуни хонандаи беҳтарини сол, ки дар миқёси вилоят гузаронида шудааст, 11 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуда, 3 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд (1 нафар ҷойи 1-ум, 2 нафар ҷойи 3-юм).

Дар озмуни вилоятӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки таҳти унвони “Дастони моҳир” дар шаҳри Бохтар баргузор гардидааст, узви маҳфили бофандагии ноҳия, хонандаи синфи 6-уми МТМУ-и №9 иштирок намуда, дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷойи аввалро сазовор гардида, бо Ифтихорномаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни телевизионии “Оташнишони наврас” ва “Чароғаки роҳнамо”, ки дар байни муассисаҳои таълимии Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав гузаронида шудааанд, фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардидаанд.

Илова бар ин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ширкат варзида, аз инҳо се нафар шогирдони муассисаҳои №19, 47, 42 дар сатҳи вилоят ҷойҳои намоёнро мушарраф шудаанд.

Гирандагони стипендияҳо

Дар соли таҳсили 2019-2020 хонандагони соҳибистеъдод дар озмунҳои дарёфти стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси вилоят ва стипендияи раиси ноҳия ширкат варзида, шаш нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ, чаҳор нафар ба гирифтани стипендияи раиси вилоят ва чаҳор нафари дигар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия сазовор гаштаанд, ки инҳо мебошанд:

Стипендияи Президентӣ

  1. Ҷумъаев Собидҷон, хонандаи МТМУ-и №48.
  2. Тоҳирова Муслима, хонандаи МТМУ-и №48.
  3. Соҳибова Лайло, хонандаи МТМУ-и №1.
  4. Мамадаминов Аҳмад, хонандаи гимназияи давлатии №1.
  5. Мамадиев Анвар, хонандаи МТМУ-и №21.
  6. Зарипов Парвиз, хонандаи муассисаи хусусии ба номи “Барфигул”.

Стипендияи раиси вилояти Хатлон

  1. Зиёдалиева Моҳина, хонандаи МТМУ-и №3.
  2. Тоҷиев Санҷар, хонандаи гимназияи давлатии №1.
  3. Балаҷонзода Мансур, хонандаи МТМУ-и №2.
  4. Раҷабова Сафеда, хонандаи МТМУ-и №19.

Стипендияи раиси ноҳияи Қубодиён

  1. Файзиева Мунира, хонандаи МТМУ-и №48.
  2. Шарипова Ҷонона, хонандаи гимназияи давлатии №1.
  3. Холмуродов Афзалшо, хонандаи МТМУ-и №6.
  4. Султонова Бибиҷон, хонандаи МТМУ-и №1.

 Роҳхат ба донишҷӯӣ

Дар соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия байни хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ум оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, аз моҳи марти соли 2019 ҳуҷҷатсупорӣ дар шуъбаи маорифи ноҳия оғоз гардида, аз 2255 нафар хатмкунанда 1572 нафар синфҳои 11-ум ва аз 3217 нафар хатмкунандаи синфи 9-ум 202 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз синфи 11-ум 827 нафар, аз синфи 9-ум 177 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ тариқи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардидаанд.

Таъмини омӯзгорон

Дар соли таҳсили 2019-2020 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия 49 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шудааст, ки дар ҷойи кор ҳамагӣ 39 нафари онҳо ҳозир шудаанд. Ҳамзамон, омӯзгорони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуда, фаъолият намуда, ба омӯзгорони пуртаҷрибаи собиқадор вобаста карда шудаанд.

Бо мақсади пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ бо супориши Раёсати маорифи вилоят, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён бо ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ шартномаи тарафайн ба имзо расонидаанд. Умед аст, ки бо сафарбар шудани онҳо ба муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Қубодиён бартараф мегардад.

 Дастгирии омӯзгорони ҷавон

Шуъбаи маорифи ноҳия ба мутахассисони ҷавоне, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2006, таҳти №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон”, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд, ба 6 нафар омӯзгорони ҷавон барои сохтмони манзили зист қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6000 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Инчунин, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.07.2015, таҳти №433 ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2016, №17/4 “Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд”, ба миқдори 10 % ба маоши моҳонаашон иловапулӣ ҳамроҳ менамоянд.

Бозомӯзии омӯзгорон

Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён семинарҳои омӯзишӣ ташкил намуда, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро аз курси такмили ихтисос гузаронидаанд. Ба ғайр аз ин, семинарҳои доимамалкунанда аз тарафи кормандони кабинети методӣ фаъолият намуда, ҳар моҳ гузаронида мешавад. Гузашта аз ин, дар вақти таътили зимистона ва баҳорӣ курси салоҳиятнок аз фанни забони русӣ ва англисӣ ташкил шуда, 264 нафар омӯзгорон аз курси салоҳиятнокӣ гузаронида шудаанд.

Илова бар ин, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф ба омӯзгорони фанни технологияи информатсионии муассисаҳои таълимии №№18, гим. №1, №47, №9, №10, №8, 45, 46, 57, 29, 33, 9, 7, 54 ёрии методӣ ва барои омӯзиши асоси тахтаи электронӣ семинар гузаронида шуда, ҳамаи муассисаҳои таълимиро саривақт бо китобҳои фаннии электронӣ таъмин намудааст.

Корҳои созандагиву ободонӣ

Дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, ассотсиятсияи волидон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар назди бинои МТМУ №26 чор синфхонаи иловагӣ, МТМУ №33 чор синфхона, МТМУ №49 ду 2 синфхона, МТМУ №41 як синфхона сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 4 синфхона дар назди бинои МТМУ №18, МТМУ №20, МТМУ №55 ва 2 ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ-и №41, бинои шуъбаи маориф, МТМУ №44 ва мактаб-интернати ноҳия бомаром идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки алҳол шуъбаи маорифи ноҳия бинои худро надорад ва он дар бинои коллеҷи ноҳия иҷоранишин аст. Аммо дар айни ҳол сохтмони бинои 2-ошёнаи хуштарҳу замонавии шуъбаи маориф дар ноҳия бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Моҳи сентябри соли 2020 бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Роҳандозии технологияи иттилоотӣ

Дар асоси иҷроиши қарори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, таҳти №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассиаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019-2020 ҳамагӣ 7 кабинетҳои фаннӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ки он иҷро шудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 58 кабинети технологияи иттилоотӣ, 7 озмоишгоҳ, 7 устохонаи таълими меҳнат мавҷуд мебошад. Шуъбаи маорифи ноҳия ва аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо тариқи модем бо хати Интернет пайваст мебошанд.

Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 1123 адад компютерҳои замонавӣ, 3 адад проектор, 3 адад тахтаи электронӣ, 177 адад принтер ва 47 генераторҳо мебошад.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат Сафаралӣ Раҳимов — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён изҳор дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, дар ин замина бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ амалӣ шуда истодааст.

— Бешак, соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа аст. Боварӣ дорам, ки амалӣ гардидани барномаҳои қабулшуда дар соҳаи маориф ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия такони ҷиддӣ медиҳад. Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён пайваста кӯшиш менамояд, ки низоми таълимро дар қаламрави ноҳия ҳамқадами замон гардонида, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. То ин ки дар ҷаҳони муосир дастпарварони мо навовару ташаббускор ва созандаи бунёдкор шуда, барои Тоҷикистони азизу маҳбубамон хидмат намоянд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here