Тоҷикобод яке аз навоҳии хушбоду ҳавои Тоҷикистон буда, ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти чорводориву кишоварзӣ шуҳрат дорад. Хабарнигори МТЖТ зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳияи куҳистон ошноӣ пайдо намуд. Инак, гузориши ӯ аз ин ноҳия.
Тавре дар рафти суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, ки аз 23-юми ноябри соли 2018 дар ин вазифа фаъолияти кориашро пеш мебарад, иброз дошт, “маҳз тавассути талошу такопӯ ва ҷоннисориву сарсупурдагиҳои фарзонафарди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Тоҷикобод дар қатори дигар гӯшабиҳиштосои Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯзу сол то сол ободу зебо мегардад. Натиҷаи ҳамин ибтикорот аст, ки имрӯз маркази ноҳия ба куллӣ симояшро дигар намуда, тайи чанд соли ахир даҳҳо иншооти наву замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ва минбаъд низ ин ободкориҳо марҳила ба марҳила идома ёфта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тоҷикободиҳо бо армуғонҳои арзанда таҷлил хоҳанд намуд”.
Тибқи маълумоти оморӣ, ноҳияи Тоҷикобод айни ҳол дорои 46771 нафар аҳолӣ ва 5 ҷамоати деҳот мебошад. Ҷамъи заминҳои ноҳия дар 73437 га доман паҳн намудаанд, ки ба як нафар 1,6 га рост меояд. Аз ин миён заминҳои обӣ 4198 га ва заминҳои корам дар маҷмуъ 3122 гектарро ташкил медиҳанд, ки ба сари ҳар нафар мутаносибан 0,09 ва 0/07 гектар рост меояд.

                              Иҷроиши саривақтии нақшаи чорабиниҳо
Ҳини суҳбат иҷрокунандаи раиси ноҳия зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолияташро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дигар қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, семоҳаи аввали соли 2019-ро бо як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Стратегияи миллии рушди иҷтитмоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, барномаҳои миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ доштанд.
Бобати ташкили муваффақонаи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси асноду санадҳои мақомоти болоӣ 10 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тарҳрезӣ ва тасдиқ шуда, дар доираи имконияти мавҷуда роҳандозӣ гардиданд.
Ҳамчунин, барои самаранокии фаъолияти мақомот Барномаи рушди ноҳия барои се соли оянда таҳия гардидааст, ки бо дарназардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлативу соҳавӣ ва барномаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ 2-юми январи соли 2017, №14 қабул гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2018, №1146 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, қарори дахлдори раиси ноҳия аз 15.01.2019, №11 ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои умуминоҳиявӣ иборат аз 32 банд таҳия ва тасдиқ гардид.
Гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ташкилоту идораҳо ва ҷамоатҳои деҳот вобаста гардида, доир ба нуқтаҳои асосии Паём ва мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додани ин ҳуҷҷати муҳим сафарбар карда шуданд.
Дар биноҳои фарҳангиву маъмурӣ ва марказҳои фароғатии ҳар деҳа, ки маъмулан серодаманд, гӯшаҳо оид ба Паём ташкил дода шуда, бо аёниятҳои методӣ таъмин карда шуданд. Рафти иҷрои Амри мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дошта, вобаста ба иҷроиши саривақтии нақшаи чорабиниҳо минбаъд низ мунтазам чораҳо андешида мешаванд.

                                         Муроҷиати шаҳрвандон
Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод 2 адад аризаҳои сокинони ноҳия, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ворид гардида, аз рӯи тобеият моҳиятан баррасӣ гардида, қонеъ гардонида шуданд.
Дар бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод дар ин давра 556 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 208 ададашон мутааллиқ ба рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия мебошанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 77 адад оид ба таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 35 адад бобати ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад ташкили хоҷагии ёрирасон, 273 адад ҷиҳати таъмин намудан бо Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, 11 адад оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, 7 адад оид ба қабули иншоот, 13 адад доир ба сафари Ҳаҷ -2019, 19 адад ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявӣ ва унвонии иҷтимоӣ, 117 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида ба ҳамаи онҳо саривақт ҷавоб гардонида шудааст.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон умуман оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд. Дар ҷамоатҳое, ки фонди тақсими замини наздиҳавлигӣ мавҷуд мебошад, муҳтоҷон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Дигар аризаҳои шаҳрвандон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда мешавад.

                                                    Иҷрои буҷет
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Тоҷикобод бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 100,9 фоиз ва ба маблағи 5 млн 968,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 51,3 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 13,9 % зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромадҳои худии буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 103,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 1 млн 388,7 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда ба буҷети маҳаллӣ 1 млн 440,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда ба маблағи 51,3 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 17,1 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 89,9 фоиз иҷро карда шудааст, яъне дар ин давра мувофиқи нақша мебоист 6 млн 453,0 ҳазор сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад, аз буҷети маҳаллии ноҳия 5 млн 799,5 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 654 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия худдорӣ намудан аз маблағгузории хароҷотҳои дуюмдараҷа ва ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чун ҳамавақта афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг дода шуда, беш аз 5 млн 18,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона гардидааст, ки 86,6 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамояд.
Дар семоҳаи аввали соли 2019 иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин карда шуд. Ба ҷои 1 388 716 сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷети маҳаллӣ 1 439 961 маблағи андозҳо ворид карда шудааст. Зиёда аз нақша маблағи 51 245 сомонӣ ворид шудааст. Сифатнокии иҷроиш бошад, аз ҳисоби 3 намуд иҷро карда нашудааст, ки сабабҳои субъективии худро доранд; аз ҷумла бинобар сабаби пурра фаъолият накардани корхонаҳои сохтмонӣ андоз аз арзиши иловашуда 51 фоиз иҷро карда шудааст. Андоз аз воситаҳои нақлиёт бошад, ба андозаи 89 фоиз ва дигар пардохтҳо ба буҷети маҳаллӣ 20 фоиз иҷро карда шудааст. Иҷроиши 6 намуди дигари андозҳо барзиёд таъмин карда шудааст.
Нақшаи иҷроиши андозҳо дар якчоягӣ бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1 666 5248 сомониро ташкил медод, ки иҷроиши он бо андозаи 1 714 627 сомонӣ ё баробари 103 фоиз таъмин карда шудааст.
Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат мавҷуд нест.

                                                    Сармоягузорӣ
Дар ноҳияи Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 аз худ намудани 182 лоиҳа бо маблағи 117 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2018-ум 9 лоиҳа бо маблағи 9 млн 870 ҳазор сомонӣ татбиқ ёфт. Дар соли 2019 татбиқи лоиҳаҳои зерин дар назар аст:
— Идомаи сохтмони бинои Қасри фарҳанг ба маблағи умумии 10 млн 700 ҳазор сомонӣ, ки соли 2018-ум 1млн 350 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд;
— Идомаи чароғон ва мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия бо маблағи умумии 8 млн сомонӣ, ки дар соли 2018 маблағи 3 млн 353 ҳазор сомонии он аз худ гардид;
— Сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо маблағи 2 млн 600 ҳазор сомонӣ;
— Бинои маъмурии Шабакаи барқи ноҳия бо маблағи 2 млн 200 ҳазор сомонӣ;
— Сохтмони боғи фарҳангии ноҳия бо маблағи 12 млн 800 ҳазор сомонӣ;
— Сохтмони бинои 6-синфхонагӣ дар назди муассисаи таълимии №2 бо маблағи 1 млн 100 ҳазор сомонӣ.
— Сохтмони бинои 6-синфхонагӣ дар назди муассисаи таълимии №42 бо маблағи 1 млн 100 ҳазор сомонӣ;
— Сохтмони бинои 6-синфхонагӣ дар назди муассисаи таълимии №27 бо маблағи 840 ҳазор сомонӣ;
— Азнавсозии бинои муассисаи таълимии №10 бо маблағи 1 млн сомонӣ;
— Сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ.
Маблағи умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудмешуда 34 млн 840 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

                                                     Соҳибкорӣ
Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» ба ҳолати давраи ҳисоботӣ дар миқёси ноҳия 1402 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1309) 93 адад зиёд гардидааст. Дар ҳамин ҳол, лозим ба ёдоварист, ки дар ин замина соҳибкорони ноҳия ба дастгирии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва шарикони рушд барои сохтмони корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ниёз доранд.

                                                   Кишоварзӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бобати самаранок истифода бурдани обу замин аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд. Аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Баҳри сари вақт ва босифат гузаронидани кишти зироатҳо барои соли 2019, омода намудани захираи тухмии картошка, ғалладонагиҳо шудгори тирамоҳӣ, дастрас намудани доруҳои минералӣ ва дигар корҳои агротехникӣ дар хоҷагиҳои коллективӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия идома доранд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 12 млн 612,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349 ҳазору 400 сомонӣ, ё ин ки 102,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти шир дар ин давра ба 7 млн 191 ҳазору 100 сомонӣ, гӯшт ба 4 млн 586 ҳазор сомонӣ расидааст.
Бо вуҷуди ин, дастрасӣ ба тухмии хушсифати картошка аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, обёрӣ намудани мавзеъҳои Дашти Боқӣ ва Хушкулак, ки зиёда аз 140 гектар замин обӣ шуда, ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техника ва таҳҷизоти кишоварзӣ, гузаронидани коркарди химиявӣ бар зидди касалӣ ва ҳашароти зараррасони боғоти ноҳия аз зумраи бархе норасоиҳое мебошанд, ки зарурат ба ҳалли саривақтӣ доранд.

                                                      Маориф
Дар ноҳия 43 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази технологияи компютерӣ, як муассисаи томактабӣ, як литсей фаъолият намуда, дар онҳо 583 нафар омӯзгорон (80 нафар зан) ба 9622 нафар хонандагон (4605 нафар духтарон) дарс меомӯзонанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 294 адад компютер, 46 адад принтер таъмин мебошанд.
Дар ягона муассисаи таҳсилоти томактабӣ 12 нафар мураббиён ба тарбияи 120 нафар кӯдак машғул мебошанд. Маълумотҳо гувоҳи ҳоланд, ки норасоии омӯзгорони соҳибихтисос ҳис гардида, дар баробари ин, 10 бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамчунин, барои таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва фаро гирифтани омӯзгорон ба такмили ихтисос дар буҷети маҳаллӣ маблағи зарурӣ мавҷуд нест.

                                                       Фарҳанг
Дар ноҳия 20 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 2 хонаи маданияти деҳот, 2 муассисаи клубии деҳот, 14 китобхона бо фонди умумии 35 539 нусха маҳсулоти чопӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ансамбли тарона ва рақс ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бо вуҷуди ин, ниёзмандии наврасон ба мактаби мусиқӣ, норасоии созҳои халқӣ, заифии фонди китобхонаҳои ноҳия эҳсос мегардад.

                                    Тандурустӣ, кор бо занон ва оила
Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатӣ, 21 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази махсусгардонидашуда фаъолият бурда, дар онҳо 58 нафар духтурони маълумоти олидор ва 160 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 22 ҳазору 606 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 18 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 6 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 19 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳо, 11 нафар хизматчии давлатӣ ва 27 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар соҳаи маориф 80 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 154 нафар, фарҳанг — 14 нафар занон кору фаъолият доранд. Роҳбарии 220 хоҷагии инфиродии деҳқониро занон ба зимма доранд.
Дар ноҳия норасоии духтурони маълумоти олидор, куҳнаю фарсуда будани бинои беморхонаи марказии ноҳия, дар хона-вагон ҷойгир будани чанд бунгоҳи тиббӣ, бо бинои маъмурӣ таъмин набудани Маркази санитарӣ — эпидемиологии ноҳия аз камбудиҳои ҳалталаб дар ин самт ба шумор мераванд.

                                      Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 10553 нафарро ташкил намуда, аз он 5098 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия ду маркази ҷавонон мавҷуд мебошад.
Феълан дар байни ҷавонон 7 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуда, айни замон дар ҷангҳои ДИИШ аз ноҳия 20 нафар ҷавонон иштирок дошта, дар давлатҳои исломӣ 6 нафар ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд. Дар ҳамин ҳол, 23 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим гирифта, аз ин 5 нафар то дастур ва 10 нафар баъд аз интишори дастури Сарвари давлат ба Ватан баргардонида шуда, 8 нафар дар хориҷа қарор доранд ва мутобиқи баёнотҳо ва суханони волидони онҳо, дар кӯтоҳтарин муҳлат ба Ватан бармегарданд.
Дар ҳудуди ноҳия 83 иншооти варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 77 майдончаи варзишӣ, 6 толори варзишӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 26 нафар мураббӣ ва 926 нафар машқварзон (34 нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар ноҳия масъалаҳои соҳаи туризм ҷиддӣ баррасӣ карда мешаванд, захираҳои туристии ҳудуди он тавассути ВАО табъу нашр мегарданд. Имсол бо дастгирии соҳибкорон ҷиҳати бунёди инфрасохтори туризм чора андешида мешавад. Мутаассифона, ба ҷидду ҷаҳди мақомот нигоҳ накарда, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд арзёбӣ мегардад. Инчунин, дар ҳолати ногувор вуҷуд доштани майдончаҳои варзишии наздимактабӣ ва ба таври бояду шояд мавҷуд набудани робита бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси коста шудани ҷалби сайёҳон ба ноҳия гаштааст, аз мушкилоти ҳалталаб дар ин самт ба шумор меравад.

                                                   Ҳифзи иҷтимоӣ
Тайи се моҳи ахир дар ноҳия 96 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 100 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 30 нафар ба маблағи 49 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 804,2 сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126 сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 18,6 фоизро ташкил менамояд. Дар ноҳия 2929 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардидаанд. Қарздории музди меҳнат аз буҷети маҳаллӣ дар ноҳия ҷой надорад.

                                         Муҳоҷирати меҳнатӣ
Тайи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳудуди ноҳия 2852 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки 121 нафарашон занҳо мебошанд. Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ба 20 млн 478 ҳазору 76 сомонӣ (6 млн 823 ҳазору 609 сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2018 зиёд) расидааст, ки аз беҳтар гардидани даромади молии муҳоҷирони меҳнатӣ дарак медиҳад.

                                                        Танзим
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Баҳри ҷоннок намудани фаъолияти кори масъулини бахши танзими анъана ва ҷашну маросим, сармутахассисони дину танзим дар ҷамоатҳо, комиссияҳои доимӣ мунтазам расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат, инчунин риояи саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати масъулони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроия гуруҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, тибқи нақшаи кории тасдиқгардида дар ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳия бо сокинон, дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳоро доир намуда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 253 маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 253 маъракатӯйи домодию арусӣ, 4 маърака гирифтани чили майит ва 5 маърака гирифтани соли майитро ташкил медиҳанд. Дар баргузории маъракаҳои мазкур 21 сар чорвои калон ва 173 сар чорвои хурд забҳ гардида, хароҷоти умумӣ дар баргузории маъракаҳо 930 ҳазору 278 сомониро дар бар мегирад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта забҳи чорвои калон 10 сар зиёд, забҳи чорвои хурд 38 сар кам гардидааст. Дар семоҳаи аввали соли равон дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак 1 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор карда шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Комиссияи доимии мақомоти иҷроия парванда таҳия гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия ирсол гардидааст.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои иловагиро ҷиҳати таъмини риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ намуда истодааст.

                                                   Иншооти ҷашнӣ
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми дуюним соли минбаъда бунёди 74 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2018 бошад, 7 иншоот: бинои суди ноҳия, бинои кӯдакистон, маркази технологӣ дар назди муассисаи таълимии №17, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ, қисмати аввали мумфарш ва чароғон намудани кӯчаҳои маркази ноҳия, як маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказӣ анҷом ёфтанд. Дар шаш майдончаи варзишӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз 74 иншооти ҷашнӣ 20 иншооти онро сохтмонҳои азим ташкил медиҳанд, ки бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва буҷети маҳаллӣ сохта мешаванд. Ҳамзамон, бо ҳиммати соҳибкорон ва шахсони имкониятдошта 36 инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд меёбад.
Бо вуҷуди талошу такопуҳо ва ба роҳ мондани назорати доимӣ аз болои иншооти ба нақша гирифташуда то ҳол аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Вазорати молия ва МИМҲД кашидани хати оби нӯшокӣ ба маркази ноҳия, ҳамчунин, бунёди коргоҳи истеҳсоли макарон дар маркази ноҳия аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз наёфтаанд, ки ин омилҳо боиси кашол ёфтани бунёдкориҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо мебошанд. Дар фароварди суҳбат иҷрокунандаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳ. Ғ. Маҳмадшозода зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод новобаста аз бархе норасоиҳои мавҷуда ҳама кӯшишу имконияташро баҳри он сафарбар менамояд, ки нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро дар давоми соли 2019 таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд ва ба таҷлили пуршукуҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт омода гардад.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий