Донишгоҳи давлатии Данғара яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки зодаи истиқлолият буда, тӯли фаъолияти кӯтоҳи худ дар қатори донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар қарор гирифт. Биноҳои наву замонавӣ, хобгоҳҳои муосири барои устодону донишҷӯён дастрас, кабинетҳои муҷаҳҳазгардонидашудаву толорҳои барҳаво гувоҳ аз онанд, ки муассисаи мазкур дурнамои хубе дорад. Аз боздид аз даргоҳи маърифатии мазкур ва суҳбат бо устодону донишҷӯён дарёфтем, ки алъон дар донишгоҳ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ДДД дар миёни муассисаҳои олии кишвар ҷойгоҳи муайян ва обрӯву нуфузи худро дорад.

Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2013, №205 дар пояи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис ёфтааст. Агар соли 2015, дар давраи аввали таъсисёбӣ филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара аз 4 факултет иборат буда, қабули довталабон аз рӯйи 19 ихтисос ба роҳ монда шуда бошад, айни замон донишгоҳ дорои 7 факултет буда, аз рӯи 64 ихтисос донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот мебошанд.

Айни замон дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи низоми нави таҳсил ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат 260 нафар устодон ҷалб карда шудаанд, ки дар байни онҳо 15 нафар доктори илмҳо, 38 нафар номзади илмҳо, дотсент, 43 нафар саромӯзгор ва 164 нафар ассистент мебошанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Айни замон дар донишгоҳ 7 факултет — факултети табиӣ-риёзӣ, педагогикаи муосир ва рушди нерӯи инсонӣ; факултети агробиология, стандартизатсия ва тибби бойторӣ; факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ; факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ; факултети лингвистика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ; факултети идораи навгониҳо, сармоягузорӣ ва факултети иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ амал мекунад. Дар доираи факултаҳои номбурда айни замон аз рӯи 84 ихтисос зиёда аз 5660 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Рӯйхати ихтисосҳое, ки барои қабули довталабон дар соли таҳсили 2019-2020 пешниҳод шудаанд:

151010104 — Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ;

169010107 — Зебосозии шаҳр;

1510202 — Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

150010103 — Коркарди аввалин ва ресидани тору пуд;

102050302 — Математика. Информатика;

102050301 — Математика. Физика;

154010104 — Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати сабук);

154010105 — Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ);

128580102 — Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ;

1450102 — Низоми алоқаи радио, радиошунавонӣ ва телевизион;

131040310 — Низомҳои кибернетикии электроника;

150010101 — Ресидани нахи табиӣ;

140010101 — Системаи компютерӣ ва Интернет-технология;

170040101 — Сохтмони гидротехникӣ;

1740401 — Сохтмони деҳот ва ободонии муҳит;

143010301 — Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ;

1740602 — Таъминоти техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

150010106 — Технологияи корхонаҳои дӯзандагию нассоҷӣ;

191010101 — Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ;

150010203 — Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ мувофиқи фармоиши инфиродӣ;

154010105 — Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ;

102050401 — Физика. Математика;

1980102 — Ҳифзи иттилоъ дар телекоммуникатсия;

1450103 — Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ;

128540203 — Электроникаи техникаи автомобилӣ;

125010403 — Андоз ва андозбандӣ;

1250108 — Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;

102040503 — География. Иқтисодиёт;

1260101 — Идораи давлатӣ;

125010304 — Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ;

126020109 — Идораи лоиҳаи инвеститсионӣ;

13102010214 — Идораи минтақавӣ;

125010301 — Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ;

1250107 — Иқтисодиёт ва идора дар корхона;

126020202 — Менеҷменти байналмилалӣ;

126020207 — Менеҷменти истеҳсолӣ;

1250104 — Молия ва қарз;

125010405 — Молия дар комплекси агросаноатӣ;

1890101 — Саёҳат ва меҳмондорӣ;

140010202 — Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт);

125011004 — Тиҷорат дар бозори берунӣ;

125011009 — Тиҷорат дар металлургия;

125011014 — Тиҷорат дар саноати сабук;

125011023 — Тиҷорати корхонаҳои хурду миёна;

115020102 — Бофандагии бадеӣ. Моделиронии костюм;

119010105 — Дизайн (костюм ва газвор);

11901010201 — Дизайни экспозитсионӣ;

1020304 — Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;

1020301 — Забон ва адабиёти тоҷик;

121060102 — Забони хитоӣ (тарҷума);

121050208 — Забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ);

121050103 — Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;

1010201 — Таҳсилоти ибтидоӣ;

101020203 — Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ;

101020202 — Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ;

101010206 — Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ;

1020102 — Таърих. Ихтисоси иловагӣ (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ);

1930101 — Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;

1740201 — Агрономӣ;

102040401 — Биология. Химия;

1750201 — Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо;

1740302 — Тибби бойторӣ;

102040601 — Химия. Биология;

1740203 — Ҳифзи растаниҳо ва карантин.

Таҳсил дар доираи ихтисосҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ ба роҳ монда шуда, муҳлати таҳсил вобаста ба самти ихтисосҳо 4 ва 5 сол муқаррар шудааст.

 

Донишҷӯёни хориҷӣ

Ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар донишгоҳ яке аз самтҳои рушдёбандаи фаъолияти таълимӣ ва илмию инноватсионӣ дар доираи равобити байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷи кишвар, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба 40 нафар мерасад.

 

Зинаи бакалавр

Ихтисосҳое, ки дар донишгоҳи мазкур омӯхта мешаванд, ба шароити бозори меҳнат мутобиқ буда, тайёр кардани кадрҳои зинаи бакалавр бо ихтисосҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, технологияи коркарди маҳсулоти ғизоӣ, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулоти саноатӣ ва ғизоӣ, ресидани нахи табиӣ, агрономӣ, тибби бойторӣ, бунёди боғу чаманзор, ҳифзи растаниҳо ва карантин ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст, ки барои таъмини мутахассисон ҷиҳати гузариш аз модели индустриалӣ аграрӣ ба аграрӣ-индустриалӣ муфид мебошад. Дар соҳаҳои саноати куҳӣ, гидротехника ва ободонӣ ихтисосҳои геология, коркард ва истифодаи конҳои нафту газ, сохтмони гидротехникӣ, зебосозии шаҳр ва ободонии муҳит, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ амал мекунанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Донишгоҳи давлатии Данғара аз 5 корпус, 1 маҷлисгоҳ, 2 толори фарҳангӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 70 синфхона, 7 синфхонаи компютерӣ, 16 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, 25 га замини таҷрибавӣ, 1 парки технологӣ бо 1 адад техника (трактори тамғаи МТЗ-85), 3 адад автомашинаи сабукрав, 3 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра ва меҳмонхона, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён ва 1 ошхонаи умумӣ иборат мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимии донишгоҳ бо шароитҳои муосири таҳсил муҷаҳҳаз гардонида шуда, 11 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингофонии забономӯзӣ, 15 лабораторияи таълимию инноватсионӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор дода шудааст.

Дар донишгоҳ ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузории мунсифона ба дараҷаи дониши донишҷӯён сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ соли чорум аст, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона бо технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Дар давраи баргузории сессияҳои имтиҳонӣ комиссияҳои умумидонишгоҳӣ — оид ба назорати рафти супоридани имтиҳонҳо, санҷиши натиҷаи имтиҳонҳо ва комиссияи апеллятсионӣ таъсис дода мешавад.

Шароите, ки алъон дар донишгоҳ барои таҳсили ҳаматарафаи донишҷӯён фароҳам оварда шудааст, аз ҳеҷ як муассисаи олии кишвар камӣ надорад, ки инро дар рафти суҳбат донишҷӯён ба мо иброз доштанд.

 

Китобхона

Донишгоҳ дорои китобхонаи муосир буда, фонди китобхонаи таълимию илмӣ 9160 адад китобҳоро фаро гирифтааст, ки аз ин шумора китобҳои таълимӣ 7540, бадеӣ — 854, илмӣ — 556 ва оммавӣ 210 ададро ташкил медиҳад. Китобхона дорои як толори васеъ буда, аз 50 ҷои нишаст иборат мебошад, ки донишҷӯён ва устодон дар вақтҳои холигӣ аз он фаъолона истифода мебаранд. Китобхона инчунин дорои фонди электронии китобҳои дарсию оммавӣ буда, он бо беш аз 170 адад компютерҳои ба шабакаи интернер пайваст муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Имрӯз тамоми сохтор ва зерсохторҳои донишгоҳ бо шабакаи интернетӣ пайваст ва бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили компютер, проектор, телевизор, принтер таъмин гардидаанд.

 

Дастовардҳо

Дастоварди муҳими донишгоҳ дар соли таҳсили 2016-2017 ифтитоҳи бинои нави таълимӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки он аз ҷиҳати симои меъморӣ ва шароити таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ беназир мебошад. Инфрасохтори донишгоҳ имкон медиҳад, ки устодон ва шогирдон дар робитаи мустақим ва доимӣ қарор дошта, вақти худро бештар ба таълиму тарбия ва омӯхтани донишҳои замонавӣ сарф намоянд.

Раёсати донишгоҳ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва ташкили фаъолонаи раванди таълим чораҳои зарурӣ андешида, шумораи ҷойҳои нишастро дар 115 синфхонаҳои таълимӣ ба 6146 адад расонидааст. Ин имкон медиҳад, ки дар як баст зиёда аз 6 ҳазор нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

 

Илм ва инноватсия

Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи кадрҳои болаёқат, пешрафти корҳои илмию татқиқотӣ ва навоварию ихтироот дараҷаи таъминоти муассиса бо кадрҳои соҳибунвон мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои гуногунсамтии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ ва истеҳсолӣ норасогии омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳ масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.

Барои ҳалли масъалаи таъминоти раванди таълим бо омӯзгорони соҳибунвон ва мутахассисони соҳавӣ раёсати донишгоҳ пайваста кӯшиш менамояд. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва институтҳои илмию татқиқотӣ соли таҳсили 2018-2019 барои фаъолияти омӯзгорӣ ба донишгоҳ 9 нафар доктори илмҳо ва 11 нафар номзади илмҳо ҳамчун ҳамкорони беруна ба кор ҷалб карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмию инноватсионии омӯзгорону донишҷӯён дар донишгоҳ стратегияи рушди босуръати нерӯи зеҳнии Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми «Ҷаҳиши паланг» тайи солҳои 2018-2021 ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи стратегияи мазкур ҳарчи бештар ҷалб намудани омӯзгорон ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва рисолаҳои илмӣ мебошад. Ҳар як омӯзгор муваззаф гардонида мешавад, ки дар доираи муҳлати муайян барои расидан ба мақому манзалати омӯзгори замони нав ҷидду ҷаҳд намуда, ба ҳадафҳои гузоштаи хеш ноил гардад. Дар ин раванд раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирии омӯзгорони муваффақ грантҳо ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳоро ба роҳ мондааст.

 

Ҳамкориҳори байналхалқӣ

Донишгоҳ баҳри барқарор кардани анъанаҳои самаровари таълимию методӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ ва тавозуни экологӣ дар Аврупои Шарқии Ҷумҳурии федеролии Олмон, 16 донишгоҳи Федератсияи Русия, 5 донишгоҳи Украина ва 2 донишгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарордодҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ бастааст. Чунин шартномаҳо байни дигар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар дар марҳилаи баимзорасӣ қарор доранд, ки ин аз эътирофи низоми таҳсили донишгоҳ аз ҷониби шарикони хориҷӣ гувоҳӣ медиҳад.

Донишгоҳ дар доираи барномаи ЛОИҲАИ ERASMUS+ бо якчанд муассисаҳои олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ба роҳ мондааст. Инчунин дар доираи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ донишгоҳ бо Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодабарии табиат (Украина, ш. Ровна), Мактаби олии аграрӣ (Фаронса, ш. Аэн), Донишкадаи технологии Федералии Шветсария (ш. Цюрих) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамкорӣ дорад.

Дар робита бо маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорони чинӣ таълиму тарбияи донишҷӯён барои фаъолияти тарҷумони забони чинӣ бо сифати баланд ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн бо Академияи давлатии аграрии Приморе, бо мақсади гузаронидани курсҳои омӯзиши забони русӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони маъмурӣ, тибқи шартномаи дуҷониба аз санаи 4 то 14-уми марти соли 2019 устоди таълимгоҳи олии номбурда Богаченко Татяна Геннадевна ба донишгоҳ ташриф овард.

Бояд қайд кард, ки устоди номбурда оид ба мавзӯи “Ҷанбаи меъёри забони муосири руси” (“Нормативный аспект современного русского языка) ба кормандони кафедраи забон ва адабиёти рус, нозир-ҳуҷҷатнигорони ҳукумати электронӣ семинари махсус гузаронд.

Ҳамзамон, Богаченко Т. Г. дар доираи сафари кориаш ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимии ноҳия ташриф оварда, Академияи давлатии аграрии Примореро дар Тоҷикистон муарифӣ намуда, довталабонро барои қабул шудан ба таълимгоҳи олии номбурда ҷалб намуд.

 

Таъминоти хатмкунандагон бо ҷои кор

Хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯзҳо дар муассисаҳои илмию таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти самарабахш доранд. Хатмкардагоне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, дар зинаҳои магистратура ва ба ҳайси унвонҷӯю аспирантон ба таҳсилоти минбаъда фаро гирифта мешаванд.

Вобаста ба таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумикасбӣ, литсейҳо ва кӯдакистонҳо таълиму тарбияи кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, фанҳои химия, физика, математика, информатика, география, таърих ва биологияро дар бар мегиранд. Хатмкунандагони ихтисосҳои мазкур дар бозори корӣ серталаб буда, аксари онҳо бо кор дар муассисаҳои гуногун таъмин карда мешаванд.

Яке аз самтҳои серталаб нисбат ба мутахассисони соҳибкасб дар корхонаю муассисаҳои мамлакат дар раванди кунунии пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани кадрҳои соҳаи иқтисоди миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар ин раванд бакалаврҳои иқтисодиёт ва идора, менеҷмент ва молия, соҳаи андоз ва андозбандӣ, тиҷорат дар соҳаҳои гуногун, баҳисобгирии бухгалтерӣ, идораи лоиҳаҳо ва маблағгузориҳо дар донишгоҳ тайёр карда мешаванд.

 

Дастгирии донишҷӯёни эҳтиёҷманд

Дастгирии донишҷӯёни эҳтиёҷманд ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Пеш аз ҳама таъмин намудани чунин донишҷӯён бо хобгоҳ ба таври ройгон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, дастгирии молиявӣ бахшида ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллӣ амалӣ карда мешавад. Дар донишгоҳ 14 нафар маъюбон таҳсил менамоянд, ки таҳти сарпарастии шуъбаи кор бо ҷавонон ва идораи сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд.

 

Ба ҷои хулоса

Дар зинаи кунунии тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаро гирифтани ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, таъмин намудани истеҳсолот бо кадрҳои соҳибкасб басо муҳим мебошад. Бо ин мақсад дар ДДД ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсил, бахусус дар минтақаҳои дур аз пойтахти мамлакат ва маркази вилоятҳо барои беҳтар ба роҳ мондани робитаи илмиву касбомӯзӣ бо ҷомеа корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби ихтисосҳои замонавӣ гардида, чун мутахассиси асри илму техника ба воя расад, Донишгоҳи давлатии Данғара беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи Донишгоҳи давлатии Данғара дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 113 мебошад.

Добавить комментарий