мегӯяд менеҷери муассисаҳои КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсодиқ Абдуллоев

Соҳаи тандурустӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат яке аз мавқеъҳои муҳиму афзалиятнокро ишғол намуда, таъсири мусбати он дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат торафт бештар ва возеҳу равшантар ба назар мерасад. Дар вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва хусусан маркази он — шаҳри Қӯрғонтеппа низ ба масоили тансиҳатии аҳолӣ диққату ғамхории махсус зоҳир карда мешавад. Инро дар мисоли муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Тавре дар суҳбат ба мо менеҷери ин муассисаи тандурустӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Абдуллоев изҳор намуданд, айни замон дар ин ҷо 465 нафар, аз ҷумла, 106 нафар духтурон, 266 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 58 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 35 нафар кормандони соҳаи хоҷагидорӣ машғули кор мебошанд. Дар миёни табибон 43 нафар соҳиби дараҷаи олии касбӣ, 23 нафар дараҷаи якум ва 22 нафар дараҷаи сеюм, аз кормандони миёнаи тиббӣ 141 нафар соҳиби дараҷаи олӣ, 48 нафар дараҷаи якум ва 23 нафар соҳиби дараҷаи дуюми касбӣ мебошанд. Дар соли равон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии худ 22 нафар духтурон ва 32 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Ҳамчунин, дар ин давра бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаҳои Гулистон, Румӣ ва Зархез марказҳои нави саломатии деҳотӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ин маҳаллаҳо боз ҳам хубтару беҳтар гардид.
Айни замон фарогирии занҳои шаҳр бо маводҳои контрасептивӣ 37,1 фоизро ташкил медиҳад. Ё худ, 10264 нафар истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ аз ҳисоби занҳои қобили таваллуд дар қайди духтурони марказҳои солимии репродуктивӣ, тибби оилавӣ ва саломатии деҳот меистанд. Инчунин, барои сари вақт дарёфт намудану ба табобат фаро гирифтани занҳои ҳомила дар ин давра 719 нафар ҳомиладорон аз муоинаи тиббии мутахассисони соҳа гузаронида шудаанд.
Умуман, дар соли равон кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа 97780 нафар беморонро қабул намуда, 51711 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо муоина кардаанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки алҳол дар маркази вилояти Хатлон 65 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар зиндагӣ дошта, дар қайди диспансерӣ ва зери назорати доимии духтурони минтақавӣ мебошанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани кори ҳуҷраи наврасони муассисаи КАТС ҳуҷҷатҳои 796 нафар наврасон аз шуъбаҳои кӯдакона ба маркази саломатии калонсолони шаҳр гузаронида шуд, ки дар байни онҳо 13 нафар беморони диспансерӣ буда, зери назорати табибони мутахассис гузошта шудаанд. Ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббӣ наврасони соли таваллудашон 2001 барои ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан аз байни 1004 нафар наврасон 122 нафар беморон дарёфт гардиданд, ки ҳоло барои табобату солимгардонии онҳо мутахассисони варзидаи соҳа вобаста гардиданд.
Ҳамчунин, доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.03.2017, №852 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ» гуруҳи духтурон ва кормандони миёнаи тиббии маркази саломатии шаҳр дар қитъаи даъватӣ 208 нафар даъватшудагонро аз муоинаи тиббӣ гузарониданд, ки аз байни онҳо 94 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.
Дар доираи ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ки аз 24 то 30-юми апрели соли равон баргузор гардид, ба 143 нафар кӯдакон барои сироят наёфтан ба бемориҳои сурхча, гулафшон, пенти 1, 2, 3 ва ғайра эм гузаронида шуд.
Тибқи Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2014, №643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ бо ваксинаи идорашаванда» ба 1659 нафар кӯдакони то синни 1-моҳа ва 1693 нафар кӯдакони то синни 2-моҳа эм чаконда шуд.
Дар арафаи Иди Наврӯз бошад, аз ҳисоби муассисаи КАТС-и шаҳр хатнасури 86 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон доир гардид.
Бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемориҳои гелментӣ ва кам кардани миқдори гелментҳо дар байни хонандагони мактабҳо дар доираи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.2010 таҳти рақами 368 тасдиқ шудааст, аз ҳисоби духтурони минтақавии шуъбаҳои кӯдакона, тибби оилавӣ ва марказҳои саломатии деҳот гуруҳҳои кории ташвиқотию тарғиботӣ ташкил ва ба 21950 нафар кӯдакону наврасони синни 5-14-сола доруи «Албендазол» тақсим карда шуд.
Тибқи Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар саҳни Маркази саломатии шаҳрӣ чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ таҳти унвони «Корвони саломатӣ» бо иштироки сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони варзидаи муассисаҳои олии касбӣ ва таълимии тиббӣ баргузор гардид. Дар он аз тарафи мутахассисони касбии соҳавӣ 2 дастгоҳи сайёри барқии ташхиси фаъолияти дил, 2 дастгоҳи даруннигорӣ, 8 дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ ва дастгоҳҳои сайёри флюорографияи қафаси сина, хадамоти хун ва гузаронидани муоинаи тиббӣ аз шаҳри Душанбе ворид ва дар маҷмуъ ба 8204 нафар шаҳрвандони маркази вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии берун аз он хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд. Чунин чорабинӣ аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон низ дар муассисаҳои КАТС-и минтақаи Қӯрғонтеппа доир гардида ва 1971 нафар эҳтиёҷмандон ба муоинаю ташхиси тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016, №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» то ин дам 80 нафар шаҳрвандон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд.
Хулоса, дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ибтидои соли равон ба зиёда аз 26 ҳазор нафар шаҳрвандон ба маблағи беш аз 390 ҳазор сомонӣ хизмати тиббӣ расонида шуд, ки аз ин миқдор ба 10 ҳазору 275 нафар (ё худ, ба андозаи зиёда аз 154 ҳазор сомонӣ) ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шудааст.
— Дар бораи фаъолияти густурдаи табибони ҳозиқи шаҳр ҳарчи қадар сухан гӯем ҳам, ба фикрам, он тамом намешавад,- боз ҳам иброз медоранд менеҷери шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсодиқ Абдуллоев.- Зеро, мо бояд шабу рӯз дар хизмати мардум бошем. Қасами Гиппократ, ворисони сазовори Синои бузург будан моро ба ин ҳидоят месозад, зеро тансиҳатии мардум марому мақсади асосии ҳар яки мо — табибон мебошад. Мо бояд шукрона аз давлату ҳукумати азиз, аз хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки ба мо, мардуми кишвар чунин фазои софу ороми кору зиндагиро фароҳам сохтаанду ба ин соҳаи муҳиму афзалиятноки ҷомеа, яъне тандурустии миллат чунин диққату ғамхориҳои беназир менамоянд. Пас, мо бояд бо заҳмату бедорхобиҳои худ фарзанди фарзона ва содиқи халқу Ватани азизи худ буданро дар амал собит намоем.

Ҷумъабек ЭҲСОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ШАРҲИ МО:
Маҳмадсодиқ Абдуллоев, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа. Соли 1989 баъди хатми омӯзишгоҳи тиббии шаҳр дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов ба ҳайси бародари шафқат муддати як сол таҷриба меомӯзад. Сипас, соли 1990 ба факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1997 онро бомуваффақият хатм менамояд. Пас аз хатми донишгоҳи олӣ давоми як сол дар Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло кор мекунад. Соли 1998 ба беморхонаи вилоятии Хатлон ба номи Б. Воҳидов ба ҳайси духтури ҷарроҳи кӯдакона даъват мегардад. Аз соли 2002 то 2010 мудири шуъбаи амалиётхона, сипас, мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи ин дармонгоҳ, ҳамзамон, сармутахассиси ҷарроҳии кӯдаконаи вилояти Хатлон шуда кор мекунад. Аз соли 2014 то 2017 муовини сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов ва аз моҳи августи соли равон менеҷери муассисаҳои КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа таъин мегардад. Айни замон, баъди анҷоми курси такмили ихтисос дар донишгоҳи бонуфузи тиббии шаҳри Маскав ба номи Пирогов машғули фаъолияти илмӣ дар мавзуи «Ҷарроҳӣ бо усули лапороскопия дар оризаҳои аппендиксӣ» мебошад. Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2015), дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here