Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш яке аз муосиртарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм таъсис дода шудааст.

Дар айни замон Сангаков Раҳимҷон Идибекович директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш мебошад.

 

Ихтисосҳо

Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт аз 1 факултаи умумитаълимӣ, ду шуъба (шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона) иборат буда, тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз руй 6 ихтисос дар заминаи синфи 11 фаъолият менамояд.

 

Номгӯи ихтисосҳо:

  1. «Таҳсилоти томактабӣ»;
  2. «Таҳсилоти ибтидоӣ»;
  3. «Таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони давлатӣ»;
  4. «Забон ва адабиёти тоҷик»;
  5. «Забон ва адабиёти рус»;
  6. «Забони хориҷӣ (англисӣ)».

Дар доираи ихтисосҳои номбурда 276 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 152 нафарашон духтарон мебошанд. Дар соли хониши 2018-2019 дар Коллеҷи омӯзгорӣ ҳамаги 17 гуруҳ амал менамоянд, ки аз ин 9 гуруҳ дар шуъбаи рӯзона ва 8 гуруҳ дар шуъбаи ғоибона таҳсил карда истодаанд.

 

Ҳайати кадрӣ

Дар омӯзишгоҳ 22 нафар муаллимони баландихтисосу пуртаҷриба ба донишчӯён дарс мегӯянд. Ҳамаи омӯзгорон дорои маълумоти олӣ буда,

аз ин 5 нафар соҳиби унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

 

Пойгоҳи моддӣ — техникӣ

Муассиса аз 1 бинои таълимӣ ва 3 бинои ёрирасон иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 2342,9 метри мураббаъ ва масоҳати таълимии он 343,5 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино дорои 14 ҳуҷра буда, дар 8-тои он синф-кабинетҳои забон ва адабиёти точик, забон ва адабиёти қирғиз, риёзӣ, забони русӣ, педагогика — психология, компютер, табиатшиносӣ ва дар 6 — тои дигараш кабинети кории директор, хонаи омӯзгорон, китобхона ва кабинети шуъбаи ғоибона, кабинети сармуҳосиб чойгир аст.

Дар таълимгоҳ 2 синфхонаи компютерӣ, бо 27 компютер ва 3 принтер ҷиҳозонида шудааст.

 

Китобхонаи коллеҷ

Муассиса дорои 1 китобхона ва 1 қироатхона буда, фонди умумии он 1896 адад китобҳои методӣ, илмӣ ва бадеиро ташкил медиҳад. Кироатхонаи он дорои 24 ҷои нишаст мебошад.

 

Хобгоҳ

Коллеҷи омӯзгорӣ дорои 1 бинои хобгоҳ буда, дар он 16 нафар донишҷӯён истиқомат доранд. Хобгоҳ бо ҳама шароитҳои лозима барои зист таъмин мебошад. Ғайр аз ин маъмурияти Коллеҷи омӯзгорӣ дар маркази ноҳия бо соҳибкор Сайдаҳматов Ҷонон шартнома баста, дар бинои дуошёна 24 нафар донишҷӯён истиқомат менамоянд. Ятимони кул аз пардохти манзли зист дар хобгоҳ озоданд. Инчунин ба онҳо дар арафаи идҳо ёриҳои амалӣ расонида мешавад.

 

Шӯрои олимон

Дар таълимгоҳ бо мақсади ҳалли масъалаҳои раванди таълиму тарбия Шӯрои олимон фаъолият мекунад, ки раисии онро директори таълимгоҳ Сангаков Раҳимҷон ба уҳда дорад.

расонида, баҳри амалӣ гардонидани онҳо чораҷӯӣ карда мешавад.

 

Таҷрибаомӯзии муҳассилин

Дар асоси нақшаи таълимӣ 4 намуди таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳамаи намуди таҷирибаомӯзӣ дар асоси шартномаи тарафайни байни коллеҷи омӯзгорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида мешавад. Таҷрибаомӯзон гуруҳбандӣ карда мешавад ва ҷадвали таҷрибаомӯзон ташкил карда шуда, омӯзгорони коллеҷ вобаста карда мешаванд. Бо фармоиши мудири шуъбаи маориф барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷ роҳбарони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои фароҳам намудани шароит масъул мешаванд.

 

Таъминот бо ҷои кор

Хатмкардагони таълимгоҳ соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ мешаванд ва бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 август ба шуъбаҳои маориф ҳозир мешаванд ва бо фармоиши мудири маорифи ноҳия бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Бахше аз хатмкунандагон таҳсилро дар муассисаҳои олӣ давом медиҳанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Лахш яке аз ноҳияи дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Новобаста ба мавқеи ҷойгиршавии географии он таваҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷи мазкур хеле зиёд мебошад.

Ҳамаи шароитҳо барои таҳсили довталабон ва соҳибкасб шудани онҳо муҳайёст. Алъон аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Вахш, Муъминобод ва Қубодиён дар коллеҷи мазкур донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки маъмурияти Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш дар таъмин намудан ва сифатнок тайёр кардани мутахассисон мувофиқи талаботи имрӯзаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тараққиёти ояндаи онҳо саҳм гирифта, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

“МТЖТ”

Добавить комментарий