ҶДММ Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» яке аз муассисаҳои муосири миёнаи касбии тиббӣ дар вилояти Суғд буда, зодаи Истиқлолият аст ва ҳамчун беҳтарин самараи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ муаррифӣ мешавад.
Муассисаи мазкур бо дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ҷалби соҳибкорон баҳри рушду нумуи соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» аз 31-уми октябри соли 2009 таҳти №600 аз тарафи муассисон — Қосимов Нуриддин Сайфиевич, Қосимов Абдураҳмон Нуритдинович ва Комилов Комилҷон Ҳакимҷонович таъсис дода шуда, аз сеюми августи соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар санадҳову ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ роҳнамои асосии ин таълимгоҳи боҳашаммати тиббӣ ба ҳисоб мераванд.
Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» бо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ таъмин буда, айни замон 234 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки 63 нафари онҳоро омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳанд. Аз онҳо аз ҷумла 4 нафар профессор, 22 нафар номзади илм, 5 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Роҳбарии муассисаро номзади илмҳои тиб Тошматов Далил Холиқович ба уҳда доранд.

Кафедраҳо ва ихтисосҳо
МТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» дорои 4 кафедра — 2 кафедраи тиббӣ-тахассусӣ, кафедраи табиӣ-риёзӣ, кафедраи фанҳои умумигуманитарӣ буда, дар асоси Иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ» таҳти №11 аз 5-уми апрели соли 2017 довталабонро аз рӯи 8 ихтисос қабул мекунад:
«Кори ҳамширагӣ» (дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ);
«Кори момодоягӣ»;
«Кори тиббӣ-офиятӣ»;
«Кори тиббӣ-ташхисӣ»;
«Кори табобатӣ»:
«Кори ҳамширагӣ дар косметология»;
«Кори табобати дандон»;
«Кори фарматсевтӣ».
Дар доираи ихтисосҳои мазкур айни замон 1948 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Пойгоҳи моддӣ-таълимӣ
Коллеҷ аз 2 бинои таълимӣ иборат буда, бинои асосии таълимии муассиса дар шаҳри Гулистон, кӯчаи Ҷавонӣ 1а ва бинои таълимии №2 дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, барои омода намудани кормандони миёнаи соҳаи тиб дорои тамоми шароити муосир мебошанд. Ғунҷоиши бинои асосӣ ва таълимии коллеҷ барои 1960 нафар донишҷӯ буда, аз 82 синфхона, 10 толори назариявӣ, 2 китобхона ва 1 китобхонаи электронӣ бо толори хониш, 4 синфхонаи компютерӣ, 4 озмоишгоҳ, утоқҳои корӣ, ҳуҷраи ёрии тиббӣ, ҳуҷраи духтури дандон, ҳуҷраи дорусозӣ, ки бо нуқтаи гармидиҳии марказонидашуда пайвастанд, иборат мебошад.
Соли ҷорӣ баҳри беҳтар намудани донишандӯзӣ аз ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ дар косметология” ва “Кори табобати дандон” дар назди коллеҷ ду шуъба таъсис дода шуд, ки масоҳати ҳар яке аз ин шуъбаҳо 270 метри квадратӣ буда, толори лексионӣ, синфхона ва утоқҳои омӯзишӣ — табобатиро дар бар мегиранд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо якчанд намуд муляжҳо, монанди: зан ва мард бо тамоми узвҳои дохилӣ, ҳамаи узвҳои одам дар алоҳидагӣ, муляжи дил, гурда, рӯдаҳо, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, узвҳои таносули мардона ва занона, муляжи скелети одам ва устухонҳо дар алоҳидагӣ ва ғайраҳо дар хизмати устодону шогирдон қарор дода шудааст.
Боздиди мо аз коллеҷи мазкур нишон дод, ки ҳамаи роҳраву синфхонаҳо, утоқу кафедраҳо бо аёниятҳои фаннӣ ва технологияи муосир, аз ҷумла проекторҳо, микроскоп ва тахтаҳои электронӣ, компютерҳои бо шабакаи интернет пайваст ҷиҳозонида шудааст. Чизи дигаре, ки дар аксар коллеҷҳои дигар мушоҳида кардем, ин набудани сомонаи интернетӣ аст, вале хушбахтона Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон дорои сомонаи интернетӣ буда, ба шабакаи интернет пайваст аст ва довталабону эҳтиёҷмандон метавонанд аз он ба таври фаъолона истифода барда, маълумотҳои заруриро ба даст оранд. Муассиса инчунин дорои почтаи электронии худ буда, хоҳишмандон метавонанд ба воситаи он мустақиман ба роҳбарияти муассиса муроҷиат намоянд ва ба саволу дархостҳояшон посух гиранд.
Муассиса инчунин дорои синфхонаҳои компютерӣ буда, дар ду бино сифхонаҳо бо 122 адад компютерҳои коршоям муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар коллеҷ ғайр аз биноҳои таълимӣ бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳ, ошхона барои 250 ҷои нишаст ва хобгоҳҳои бо ҳама шароити барои истиқомат муҷаҳҳаз дар хизмати донишҷӯён қарор доранд.

Хобгоҳ ва китобхона
Баҳри беҳтар кардани шароити иҷтимоии донишҷӯён ва бо ҷои хоб таъмин намудани донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст омада ду хобгоҳ ба истифода дода шудааст, ки ҳар яки ин хобгоҳҳо то 100 нафарро ҷойгир карда метавонанд. Фаъолияти кории китобхонаҳои муассиса дар асоси нақшаи мураттабгардида ба роҳ монда шуда, дар онҳо китобҳои таълимии тахассусӣ, адабиёти фаннӣ, китобҳои бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ нигоҳдорӣ шуда, китобҳои электронӣ низ мавҷуданд. Фонди умумии китобхона 9484 адад китобҳои тахассусӣ, илмӣ, бадеӣ ва соҳавиро дар бар гирифта, аз рӯи нақшаи мураттабгардидаи кори китобхона ҳамарӯза донишҷӯёну омӯзгорон аз онҳо истифода мебаранд. Дар китобхонаи “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” инчунин китобхонаи электронӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ 200 адад номгӯи китобҳоро дар бар мегирад.

Дастовардҳои коллеҷ
Дар соли равон аз тарафи устодони коллеҷ як қатор китобу маводҳои таълимӣ ва мақолаю дастурҳои методӣ таҳия ва нашр шудаанд, ки дастоварди хуби ҳам устодон ва ҳам коллеҷ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, китоби “Анатомияи одам” (с. 2017) — дар муаллифии д.и.т, профессор Усмонов М. У., н.и.б. Обидова М. Д., д.и.т., прфоессор Ибодов С. Т., китоби “Фармакология”- Сангинова Н. С., Зарипова Х. Ш., Саидов Н. Б., Аляутддин Р. Н. (с. 2017), китоби “Физиологияи эътидолӣ”- профессор Нурматов А. А., дастурҳои таълимӣ барои фанни анатомия — “Луғати антонимӣ бо забони тоҷикӣ-русӣ-лотинӣ-ӯзбекӣ”, “Кластерҳои анатомия”, “Тестҳои анатомия” (с. 2018), “Дафтарчаи кисагӣ оид ба асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (бахшида ба 5-солагии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон)”- Саидшехова Ҳ. М., Абдуҷабборов З. О., Маҳмудова Ш. А., “Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)” — Ғафорова М. М.,“Истилоҳоти тиббии сезабона” — Холмирзоева А. Б., Абдуқодирова Ш. А., Ҳафорова М. М., Ахунова М. Н., мақолаҳои “Становление культура речи студентов-медиков при изучении русского языка”- дар маҷаллаи “Русскый язык и литература в школах Таджикистана” — муаллиф Ахунова М. Н., “Модаррӯди Хоҷа-Боқирхон”- дар маҷаллаи “Садои дилҳои ҷавонӣ” — Шерматов К. М., “Тарбияи ватанпарастӣ ва нақши ҷавонон дар озодии сухан тавассути ахбори омма” — дар китоби маҷмӯаи мақолаҳои устодон бо номи “Нақши ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза” бахшида ба соли ҷавонон — Шерматов К. М.,“Ҳифзи арзишҳои миллӣ” — “Сухани халқ” — Абдуҷабборова З. О. номбар кардан мумкин аст, ки дастраси донишҷӯёну хонандагон гардидаанд.

Идрорпулии президентӣ
Дар давоми соли хониши 2008-20019 ду нафар толибилмони Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон — Ҷӯраева Азиза — донишҷӯи гуруҳи 110, ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” ва Абдукаримова Моҳрӯ — донишҷӯи гуруҳи 103, ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” гирандаи идрорпулии КИҲХД дар шаҳри Гулистон гардидаанд. Абдуманнонӣ Меҳрона — донишҷӯи гуруҳи 306, ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” ва Темиров Ғуфрон — донишҷӯи гуруҳи 221, ихтисоси “Кори тиббӣ — офиятӣ” сазовори гирандаи идрорпулии Президентӣ шудаанд.

Варзиш
Дар муассиса ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, варзишгоҳи муосири худро дорад ва донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок карда, борҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.
Санаи 4-уми май 200 нафар устодон ва донишҷӯён дар машқи пагоҳирӯзии умумишаҳрӣ иштирок намудаанд. Аз санаи 5 то 8-уми майи соли 2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон мусобиқаи варзишии намуди футболи хурд байни донишҷӯписарони ихтисосҳо баргузор гардидааст, ки дар он ихтисоси «Кори тиббӣ — ташхисӣ» ғолиби мусобиқа гардида, аз тарафи Раёсат қадрдонӣ карда шудааст.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 11-уми майи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи ба номи Истиқлоли шаҳри Гулистон мусобиқаи варзишии умумишаҳрӣ оид ба волейбол байни ҷавондухтарон ва ҷавонписарон бо ташаббуси ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва ШВКД-и шаҳри Гулистон баргузор гардидааст, ки дар он донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гашта, бо ифтихорнома ва кубок сарфароз гардонида шудаанд.

Иштирок ва ғолибият дар озмунҳои фаннӣ
Дар муассиса чун анъана ҳар сол аз фанҳои таълимӣ олимпиадаи дохилӣ дар се марҳила гузаронида мешавад. Ғолибони ниҳоии озмун барои иштирок дар озмузи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Аз санаи 26 то 27-уми апрели соли 2019 дар Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардидааст, ки дар озмуни мазкур ҳашт нафар толибилмони муассиса иштирок намуда, Ҷалилова Саидахон Муйдинҷоновна — донишҷӯи гуруҳи 144, ихтисоси «Кори табобатӣ» аз фанни забони русӣ сазовори ҷои 3-юм ва бо медали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Каримов Афзалхон Шукурович — донишҷӯи гуруҳи 209, ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» — иштирокчӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дарсҳои амалӣ
Муассиса барои хубу беҳтар ба роҳ мондани дарсҳои амалию таҷрибавӣ ва баланд бардоштани таҷрибаи амалии донишҷӯён бо якчанд муассисаи тиббӣ шартнома баста, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, шартномаҳо бо Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳри Гулистон, осоишгоҳҳои «Шифо» ва «Соҳил», Беморхонаи клиникавии №2-и шаҳри Хуҷанд, марказҳои саломатии №2, 4, 5, 6-и шаҳри Хуҷанд, Маркази кори ҳамширагии вилояти Суғд, Маркази клиникавии дерматовенирологии вилояти Суғд, БКВ, БКШ, Беморхонаи вилоятии клиникавии бачагона ва Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, Маркази санитарӣ-эпидемиологии вилоятӣ ва шаҳрӣ баста шудаанд. Дар муассисаҳои табобатии номбаршуда синфхонаҳои таълимӣ бо муляжҳои дарсӣ ва тамоми аёнияту таҷҳизоти тиббӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани савияи дониши муҳассилин фароҳам оварда шудаанд.
Аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳол муассисаро 596 нафар, аз он ҷумла соли 2016-ум 105 нафар, соли 2017-ум 200 нафар ва соли 2018-ум 291 нафар, аз ин миқдор 35 нафар бо дипломи аъло бо ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-офиятӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ» ва «Кори момодоягӣ» хатм намуда, саҳми назарраси хешро дар пешбурди соҳаи тандурустӣ гузошта истодаанд.

Ба ҷои хулоса
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ бо зиёиёни кишвар зикр намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини имконият барои фаъолияти эҷодии зиёиён ва рушди муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Боздиди мо аз Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон ва суҳбат бо маъмурият нишон дод, ки устодони муассиса ҳама донишу таҷриба ва малакаи худро ба он равона намудаанд, ки шогирдони баландихтисоси миёнаи тиббиро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор диҳанд. Ҳайати устодони Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои тиббӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Чопи китобҳои зиёди дарсӣ, ҷалби устодони зиёди соҳибтаҷриба ва унвондор ба таълиму тарбияи муҳассилин, синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидаву кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои муосир худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар коллеҷи мазкур сатҳи таълим хеле бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Роҳбарияти муассиса ба онҳое, ки дар оянда нияти таҳсил дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистонро доранд, кафолат медиҳанд, ки мутахассисони тайёрнамудаи онҳо ба бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дар оянда метавонанд дар дилхоҳ муассисаҳои тиббӣ ба кор ҷалб шаванд.

МТЖТ

Добавить комментарий