Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кишоварзии Масчоҳ аз қадимтарин муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он 9 октябри соли 1928 таъсис ёфтааст ва соли равон аз таъсиси он 91 сол пур мешавад. Муассиса дар тӯли фаъолияти пурмуҳтавои худ ҳазорҳо нафар мутахассиони баландихтисоси соҳаи кишоварзиро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор додааст.

Таълимгоҳ бо тақозои замон чандин маротиба номашро тағйир додааст, аз ҷумла 28 апрели соли 1929 номи муассиса Техникуми марказии хоҷагии деҳоти Тоҷикистон, соли 1943 — Техникуми хоҷагии деҳоти Ленинобод (ЛСХТ), аз 4 октябри соли 1960 Совхоз-техникуми ба номи В.И.Ленини ноҳияи Масчоҳ, аз 10 августи соли 1993 Совхоз-коллеҷи Масчоҳ, аз соли 1999 Коллеҷи кишоварзии Масчоҳ ва аз 28 декабри соли 2006 дар асоси карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ» номгузорӣ шуда, то имрӯз бо ин ном фаъолият дорад.

Барои пеш бурдани кор дар муассиса шуъбаи рӯзона ва ғоибона, кабинети методӣ, китобхона, устохона ва майдончаҳои таҷрибаомӯзи, се кафедра, хобгоҳ ва ошхона фаъолият мекунанд.

Директори Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ устоди соҳибтаҷриба Сабуров Маҳмадғаюр Рауфович мебошад.

 

Рӯйхати ихтисосҳо

Дар Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ се кафедраи фаннӣ — “Кафедраи фанҳои табиию иқтисодӣ”, “Кафедраи фанҳои техникӣ” ва “Кафедраи фанҳои гуманитарӣ” амал доранд. Дар доираи кафедраҳои мазкур дар  муассиса аз рӯи 7 ихтисоси зерин мутахассис тайёр мекунанд:

“Агрономӣ”; “Тибби бойторӣ”; “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат”;

“Таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ”; «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ»; «Таъмини барқиии соҳаи кишоварзӣ” ва “Заминсозӣ”.

Дар муассиса таълим тариқи анъанавӣ ва низоми кредитӣ гузаронида мешавад. Дар доираи ихтисосҳои номбурда 633 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 309 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 324 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

 

Ҳайати кадрӣ

Дар Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ барои тарбияи ҳаматарафаи муҳассисилин 55 нафар омӯзгорони баландихтисос ба кор ҷалб шудаанд, ки 4 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Миёни омӯзгорон 2 нафар номзади илм, 1 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 4 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, шонздаҳ нафар Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошанд.

 

Китобхонаи коллеҷ

Коллеҷ дорои як китобхона ва қироатхона буда, фонди умумии он 67560 адад китобро ташкил медиҳад, ки аз он 43500 адад китобҳои таълимӣ тахассусӣ, 10000 адад китобҳои илмӣ, 3500 адад китобҳои методӣ, 10460 адад китобҳои бадеӣ мебошад. Дар китобхона барои ҷалби бештари донишҷӯён ба китоб ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши онҳо пайваста чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад

 

Робитаҳои байналхалқӣ

Аз сӯҳбат бо директори Коллеҷи кишоварзии Масчоҳ Сабуров.М.Р маълум шуд, ки коллеҷ бо якчанд муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Созишномаҳои ҳамкорӣ аз ҷумла бо Донишгоҳи аграрии шаҳри Пенза, Донишгоҳи аграрии шаҳри Екатеринбург, Донишгоҳи аграрии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Донишгоҳи шаҳри Генти шоҳигарии Белгия ва ташкилоти PRAXX-и ҷумҳурии Федеролии Олмон баста шудаанд.

Дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар соли 2018 аз ҷониби муассиса 32 нафар хатмкардагон ба Донишгоҳи аграрии Пенза барои идомаи таҳсил фиристода шуданд. Дар Донишгоҳи аграрии шаҳри Екатеринбург 28 нафар хатмкардагони коллеҷ шомил гардиданд. Аз ҷумлаи хатмкунандагони муассиса дар давоми сол 6 нафар ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои мубодилаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба муҳлати 12 моҳ равона карда шуданд, ки хароҷоти сафари донишҷӯён пурра аз ҳисоби ташкилоти PRAXX мувофиқи шартнома таъмин гардид.

Дар соли 2008 теъдоди умумии донишҷӯён ва хатмкардагони коллеҷ, ки дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон таълиму таҷриба мегиранд 106 нафарро ташкил медиҳад. Мавриди зикри хос аст, ки чунин нишондод нисбат ба дигар коллеҷҳо бесобиқа аст.

 

Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ

Дар доираи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ҷиҳати шинос шудан, омӯхтан, баррасӣ намудани шаклҳои таълими давлатҳои тараққикардаи Аврупо як гуруҳ омӯзгорони муассиса ба Шоҳигарии Белгия сафар намуданд. Аз 15 то 28 ноябри соли 2018 дар донишгоҳи Гент омӯзгорони муассиса аз шакли таълиму тарбия, корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолии донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

 

Пойгоҳи моддию техникӣ

Муассиса дорои 70 компютер, чор нотбук, ду тахтаи электронӣ, панҷ проектор ва якчанд принтер мебошад. Тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳо таъмин буда, устодон дар рафти дарсҳо аз онҳо фаъолона истифода мебаранд. Муассиса инчунин дорои хоҷагии таълимӣ буда, дар майдони 89,14 га замини корами обӣ зироатҳои гуногуни кишоварзиро кишт намудааст. Дар муассиса занбӯри асал (30 қуттӣ), чорводорӣ (28 сар чорвои калон), парки тракторӣ (дорои се трактор) ва таҷҳизоту олотҳо, озмоишгоҳҳои кафшергарӣ, челонгарӣ ва лабараторияҳо, боғҳои зардолу, чормағз, бодом, ҳуч ва шафтолу мебошад, ки дар он ҷо донишҷӯён дарсҳои амалии худро мегузаронанд.

Дар муассиса таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён аз рӯи оиннома ва низомномаи муассиса ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ аз ҷониби устоҳои таълими истеҳсолӣ ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.

Таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ вобаста ба ихтисос дар синфхона ва хоҷагии таълимӣ гузаронида мешаванд. Таҷрибаомӯзиҳои пешаздипломӣ дар асоси шартнома дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳо гузаронида мешаванд.

 

Хобгоҳи коллеҷ

Коллеҷ дорои чор хобгоҳ мебошад, ки айни замон яктоаш фаъолият мекунад, боқимонда хобгоҳҳо бинобар кам будани муҳассилин холӣ мебошанд. Дар хобгоҳ 93 нафар донишҷӯён истиқомат мекунанд, ки онҳо аз 20 шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Бояд гуфт, ки хобгоҳ аз лиҳози асбобу анҷом пурра таъмин буда, лекин ба таъмири капиталӣ эҳтиёҷ дорад. Дар муассиса 35 нафар ятимону бепарасторон таҳсил мекунанд, ки аз пардохти пули хобгоҳ озоданд ва аз тарафи муассиса ҳамаҷиҳата дастгирӣи карда мешаванд.

 

Ба ҷои охирсухан

Гуфтан ба маврид аст, ки Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ яке аз пешрафтатарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Суғд буда, вобаста ба талаботи рӯз мутахассисони баландихтисос омода мекунад. Маъмурияти коллеҷ кӯшиш доранд, ки донишҷӯён чун мутахассиони хуб ба воя расида, ба халқу ватани худ дар оянда хизмат кунанд.  Қисми аъзами хатмкунандагони муассиса асосан таҳсилро дар донишгоҳҳо давом медиҳанд ва боқимонда дар истеҳсолот кору фаъолият менамоянд.

Дар вилояти Суғд коллеҷи мавриди назар ягона муассисаи таълимӣ мебошад, ки мутахасисони соҳаи кишоварзиро омода менамояд. Дохил шудан ба коллеҷи мазкур тавассути Маркази миллии тестии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар суҳбат бо мо маъмурияти муассиса изҳор доштанд, ки баъд аз тариқи маркази тестӣ қабул намудани довталабон, нақшаи қабули коллеҷ ҳамагӣ 10-20% иҷро шуда истодааст, ки дар оянда ба қатъ гардидани фаъолияти муассиса оварда расониданаш мумкин аст. Хуб мешуд, ки қабули довталабон дар ин муассиса тариқи анъанавӣ иҷозат дода мешуд. Барои соли таҳсили 2019-2020 муассиса тамоми имқониятҳоро истифода бурда, барои ташвиқот зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ харҷ намуд. Агарчӣ нақшаи қабул 340 нафар муайян шудааст, вале аз ҳисоботи маркази тестӣ маълум аст, ки муассисаи мазкурро ҳамагӣ 300 нафар интихоб кардаанд.

«МТЖТ»

Добавить комментарий