Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар яке аз нахустин ва машҳуртарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон буда, 19-уми сентябри соли 1935 таъсис ёфта, соли равон аз таъсиси он 84 сол пур мешавад.

Самти асосии фаъолияти коллеҷ тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии соҳаи кишоварзӣ аст ва муассиси он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассиса дорои иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии АУ№00011775 аз 05.01.2015 буда, дар он 75 нафар устодони баландихтисос дарс мегӯянд, ки аз ин шумора 2 нафарро докторони илм, 4 нафар номзадҳои илм ва 4 нафарро аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Устоди соҳибтаҷриба, номзади илмҳои ветеренарӣ, дотсент Амиров Сабзаалӣ Хоҷаевич роҳбарии коллеҷро бар дӯш доранд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

«Коллеҷи махсусгардонидашуда»-и шаҳри Бохтар дорои 3 факултет — Факултети иқтисодӣ ва техникаи кишоварзӣ, Факултети таъмини амнияти озуқаворӣ, Факултети агробизнес буда, дар асоси барномаҳои таълимии фаннӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин хонандагон бо шакли таълими рӯзона ва ғоибона ба таълим фаро гирифта шудаанд:

 

Кластери 1 (Табиӣ ва техникӣ)

2-74060101 — Таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ;

2-560101 — Заминсозӣ;

2-430103 — Таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ.

 

Кластери 2 (Иқтисодиёт ва география)

2-250135 — Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;

2- 25011017 — Фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ.

 

Кластери 5 (Тиб, биография, варзиш)

2-740201 — Агрономӣ;

2-740302 — Тибби байторӣ;

2-740131 — Ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);

2-740131 — Агрохимия, тухмпарварӣ ва ҳифзи растанӣ;

2- 740301 — Бойтор.

Дар доираи ихтисосҳои номбурда айни замон дар муассиса 1020 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 156 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Кору тадбирҳои тарбиявӣ

Кору тадбирҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои асосӣ ва рӯзмарраи фаъолият дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб рафта, дар як соли охир ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои марбут ба соҳаи мавриди назар, аз ҷумла нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳа, фармоишҳои Вазири маориф ва илм ва қарорҳои мушовараи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои олимони коллеҷ корҳои муайяне ба анчом расонида шудааст.

Дар робита бо ҳамин масъулини қисми таълиму тарбияи коллеҷ дар соли таҳсили 2017-2018 ва моҳҳои сентябр-октябри соли таҳсили 2018-2019 дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, ҷиҳати пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён як қатор корҳоро ба сомон расонида, ба ин васила дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳмгузорӣ намудаанд. Ҳамзамон, кормандони қисми таълим ва тарбия бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ дар байни донишҷӯён дар биноҳои таълимӣ корҳои амалӣ бурда, фаъолияти кураторони гуруҳҳои академиро зери назорати  қатъӣ қарор додаанд, ки дар натиҷа дар муддати кӯтоҳ корҳои хуби самарабахш ба анҷом расонида шудаанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар аз 3 бинои таълимӣ, 1 маҷлисгоҳ, 1 толори фарҳангӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 2 китобхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 5 озмоишгоҳ, 45 аудитория, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ аз қабили доскаҳои электронӣ, проекторҳо иборат буда, бо ҳама шароитҳои барои таҳсил муносиб пешкаши муҳассилин гардонида шудааст. Коллеҷ инчунин дорои як бинои хобгоҳ бо тамоми шароитҳои будубош буда, дорои 300 кати хоб мебошад.

Фонди умумии китобхона 75570 адад китобҳои дарсии тахассусӣ ва бадеиро ташкил медиҳад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ва ӯзбекӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Дар коллеҷ ду қироатхона бо 138 ҷой дар хизмати муҳассилин қарор дорад.

 

Робитаҳои байналмилалӣ

Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозор ҷавобгӯ ба ғайр аз он ки бо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии дохилӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, инчунин дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи Генти шоҳигарии Белгия, Донишгоҳи давлатии миллии Қазоқистон ва якчанд коллеҷу донишгоҳҳои Федератсияи Россия ҳамкориҳои зич дорад. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки коллеҷи мазкур на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он низ обрӯву нуфузи худро дорад.

 

Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ

Соли 2018 Аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар коллеҷи мазкур бо риояи Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Пеш аз қабули аттестатсияи таълимгоҳ барои имтиҳоноти давлатӣ синфхонаҳои махсус барои фанҳои имтиҳонӣ ҷиҳозонида шуда будаанд, ки бо овезаҳо, воситаҳои айёнии техникӣ, муляжҳо, намунаҳои растаниҳо ва зироатҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Дафтарчаҳои имтиҳонии хатмкунандагон пурра ба тартиб дароварда шуда, ҳама санҷишу имтиҳоноти ҷорӣ ва натиҷаҳои рӯзнома ва ҳисоботи таҷрибаомӯзиҳо қайд карда шудаанд.

 

Чорабиниҳои тарбиявӣ

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти кормандони қисми таълиму тарбия — ин ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳо дар сатҳи коллеҷ ва берун аз он ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки кормандони қисми таълиму тарбия дар солҳои таҳсили мазкур дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангии ҷумҳуриявӣ дар сатҳи коллеҷ чораҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани онҳо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёнро ҷалб намудаанд.

Дар солҳои таҳсили 2017-2018 ва нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 кормандони шуъбаи тарбия дар ташкил ва гузаронидани зиёда аз 35 ҷаласаҳои васеи устодону кормандон ва донишҷӯён бо иштироки меҳмонону намояндагон аз мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва намояндагони хориҷи кишвар саҳмгузорӣ намудаанд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинии донишҷӯён вохӯрӣ бо намояндаи Донишгоҳи шаҳри Гентаи Ҷумҳурии Белгияро номбар кардан мумкин аст, ки 22.09.2018 бо иштироки донишчӯён ва устодони коллеҷ баргузор гардида, дар сатҳи олӣ гузаштааст.

Тибқи барномаи корӣ ва нақшаи баргузории дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби сарпарастони гуруҳҳои академӣ мунтазам доир ба нафрат доштан ба ҷанг, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муҳаббат ба табиат ва боигариҳои он дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Яке аз самтҳои фаъолият дар коллеҷ баланд бардоштани маънавиёт ва ҷаҳонбинии донишҷӯён дар ҳамкории муштарак бо намояндагони васоити ахбори умум ва бо ҷалб намудани донишҷӯён ба барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад. Донишҷӯёни коллеҷ бо барномаҳои телевизионии Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон” ва телевизиони вилоятӣ, ҳамзамон барномаҳои радиоӣ ҳамкории зич доранд. Ба таври пайваста муҳаққиқону коршиносон ва олимони соҳавии коллеҷ дар барномаҳои телевизионӣ ширкат намуда, андешаронӣ мекунанд.

 

Таҷрибаомӯзӣ

Дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар бо як қатор хоҷагиҳои фаъолияткунандаи вилояти Хатлон ва манотиқи кишвар қарордоди ҳамкорӣ дорад ва барои гузаштани донишҷӯён аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ истифода мебаранд.

Таҷрибаомӯзии таълимӣ бошад, дар дохили коллеҷ, дар майдончаҳои таҷрибавӣ ва лабараториявӣ ва озмоишгоҳҳои коллеҷ мегузарад. Рафти гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз тарафи устодони таҷрибадор назорат мешавад.

 

Ба ҷои хулоса

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар таълимгоҳи муосири омодакунандаи мутахассиони соҳаи кишоварзӣ буда, кадрҳое омода менамояд, ки ба талаботи бозори меҳнат комилан ҷавобгӯ буда, рақобатпазир мебошанд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар оянда мутахассиси баландихитисоси соҳаи кишоварзӣ гардад ва ба халқу ватани худ хизмати арзанда кунад, коллеҷи мазкур беҳтарин интихоб хоҳад буд.

Рамзи Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 520 мебошад.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here