Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт аз маъруфтарин муассисаҳои ибтидоии касбӣ дар вилояти Суғд буда, дар базаи собиқ Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия соли 1982 таъсис ёфта, бо фармони сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф соли 2010 аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, 31.07.2014, таҳти №2014 Иҷозатномаи (оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ) АУ 0001665-ро соҳиб гашт. Литсей дар тавозуни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, номи пуррааш “Муассисаи давлатии таълимии Литсей касбии техникии ноҳияи Ашт” мебошад. Литсейро устоди соҳибтаҷриба Муҳаббат Исомиддинова роҳбарӣ мекунад

 

Ихтисосҳои омӯзандашуда

Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт аз рӯи ихтисосҳои зер муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:

3-37015201- Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил;

3-370152.02 — Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ;

3-36015102 — Кафшергари газию барқ;

3-500155.03 — Дӯзанда-пардадӯз дар деҳаи Меҳробод;

3-480201.02 — Ронандаи автомобил;

3-250152.01 — Ҳисобдор (бо донистани компютер);

3-500155 — Дӯзанда дар деҳаи Ошоба.

Дар муассиса дар баробари ихтисосҳои номбурда инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати пулакии касбии “Дӯзандагӣ ва ҳунарҳои миллии мардумӣ”,

“Кафшергари газию барқӣ”, “Тракторчӣ” ва “Ронандаи автомобили дараҷаи “В” ва “С” омӯхта мешаванд, ки дар доираи он аз тамоми минтақаҳои ноҳия хоҳишмандон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар доираи ихтисосҳои номбурда дар 11 (ёздаҳ) гуруҳи буҷавӣ 274 нафар муҳассилин касб меомӯзанд. Шумораи умумии муҳассилон дар литсей 299 нафар буда, аз он 85 нафарашон духтарон мебошанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Литсей дорои базаи пурқуввати моддию техникӣ буда, аз як бинои таълимӣ, 10 синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда (синфхонаҳои фаннии забонҳои русӣ, хориҷӣ, тоҷикӣ, инчунин синфхонаҳои фанҳои техникии “Автомобил”, “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо”, “Трактор”, “Истифодабарии автомобил”, “Мошинаҳои хоҷагии деҳот” ва “Дӯзанда” иборат мебошад, ки ҳамаи ин синфхонаҳо бо аёниятҳо таъмин карда шудаанд. Кабинети сохти автомобили электронӣ ва лавҳаи электронӣ низ дар хизмати муҳассилин ва устодон қарор дода шудааст.

Инчунин муассиса дорои 11 адад техника, аз ҷумла як адад автомошинаи сабукрави таълимии тамғаи “Опел АЖ”, панҷ адад трактори хоҷагии деҳот ва панҷ адад мошинаҳои боркашон мебошад.

Синфхонаи “Дӯзанда бо 8 адад мошинаҳои чокдӯзии тамғаи чайка ва 2 адад дастгоҳи адрасбофӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

Инчунин муассиса дорои се устохона: “Кафшергари газию барқӣ” (дорои 5 адад кабинаи кафшергарӣ ва 9 адад дастгоҳи кафшергарӣ ); “Таъмири муҳаррики автомобил” ва “Таъмири мошинаҳои хоҷагии деҳот” (бо асбобҳои зарурии крани барқӣ ва ҳамаи намуди калидҳо таъмин аст) мебошад.

Муассиса дорои як синфхонаи компютерӣ буда, бо тамоми асбобҳое, ки вобаста ба касб мебошад, таҷҳизонида шудааст. Литсей инчунин дорои 15 адад компютер, 3 адад ноутбук, 6 адад принтер, 2 адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 1 адад проектор ва 1 адад тахтаи электронӣ мебошад.

 

Хобгоҳи литсей

Дар хобгоҳи муассиса 15 ҳуҷраи истиқоматӣ мавҷуд буда, 82 нафар хонандагон зиндагонӣ мекунанд, ки ду нафарашон духтарон мебошанд. Дар хобгоҳ ҳамаи шароитҳо барои зиндагонӣ кардан фароҳам оварда шудааст. Дар давоми семоҳаи ҳисоботии соли 2019 дар хобгоҳ 4 адад камераҳои мушоҳидавӣ шинонида шуд. Шароити хобгоҳ нисбатан хуб гардида, ҳуҷраи дарстайёркунӣ ва ҳуҷраи хӯрокхӯрӣ алоҳида мебошад.

Муассиса муҳтоҷон ва ятимони кулро пайваста дастгирӣ менамояд.

 

Китобхонаи литсей

Фонди умумии китобхона 5251 адад китобро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 2589 адад китобҳои умумитаълимӣ, 998 адад китобҳои тахассусӣ, 812 адад китобҳои бадеӣ, 120 адад китобҳои сиёсӣ, 732 адад китобҳои методиро .

Ба китобхонаи литсей дар давоми соли 2018 ба маблағи 18871,76 сомонӣ 1019 адад китобҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ харидорӣ карда шудааст.

Шумораи умумии аъзоёни китобхона дар соли хониши 2018-2019 аз ҳисоби кормандон 67 нафар ва аз ҳисоби хонандагон 285 нафарро ташкил медиҳад.

Китобхона як толори васеъ бо 24 ҷои нишаст дорад.

 

Низоми таълим

Самарабахшии таълимии хонандагон дар шароити истеҳсолот ба дараҷаи зиёд омодагии усторо муайян мекунад, бинобар ин, маъмурияти литсей тасмим гирифт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва самаранокии он марҳалаҳои асосии зеринро мушаххас ҷудо намояд:

— Шахсан омӯхтани раванди истеҳсолии корхона, маҳсулоти он, таҷҳизонидан, ташкили меҳнат;

— муайянсозии шакли таълим, қитъа, коргоҳ, ҷои кор барои хонандагон, объекти кори таълимию истеҳсолӣ;

— тартибдиҳии ҷадвали ҷойивазкунии хонандагон дар ҷойи корӣ, қитъа, коргоҳ;

— Тақсимоти хонандагон ба бригадаҳои коргарони тахассуснок ва вобастакунии хонандагон бо коргарони мураббӣ;

— Ташкил ва гузаронидани суҳбат-машварати муташаккилона бо бригадаҳои истеҳсолӣ ва мураббиёни хонандагон;

— Дастурдиҳии гуруҳи хонандагон дар барои тартиби таълим, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва рафтор дар корхона, дар қитъа ва коргоҳ;

— Ташкили машғулият оид ба омӯзиши қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот ва супоридани санҷишҳо. Ба расмият даровардани иҷозати хонандагон ба истеҳсолот.

 

Олимпиадаҳо

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати дониши хонандагон дар литсей пайваста олимпиадаи байнифаннӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ва фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла аз фанҳои “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ”, “Физика”, ”Забони хориҷӣ”, “Геометрия”, “Сохти автомобил”, “Трактор”, “Муҳосиб 1С” ва “Мошинҳои кишоварзӣ” гузаронида шуда, донишҷӯёни ғолиб аз тарафи маъмурият ҳавасманд гардонида мешаванд.

 

Ба ҷои охирсухан

Маврид ба зикри хос аст, ки Муассисаи давлатии таълимии Литсей касбии техникии ноҳияи Ашт дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ибтидоии касбӣ дар ноҳия саҳми арзанда дорад ва тибқи омори расмӣ дар соли 2018 аз 198 нафар хатмкунандагон 49 дарсадашон мувофиқи дараҷаи тахассусашон ба кор таъмин шуданд.

Зиёда аз 17 нафар хатмкунандагони соли 2018 ба донишкадаву донишгоҳҳои олӣ ва зиёда аз 12 нафар ба коллеҷҳо дохил шуда, таҳсилро идома дода истоданд. 2 нафар хатмкунандаи литсей алъон дар яке аз донишкадаҳои олии Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил доранд.

Бинобар ин, ба назари мо онҳое, ки мехоҳанд, дар оянда челонгари хуб оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда-пардадӯз, ронанда, ҳисобдор ва дигар ихтисосҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯ шуда, ба халқу ватани худ хизмат намоянд, Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт беҳтарин интихоб хоҳад буд.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий