Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб

Бо даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизи мо бахши хусусӣ дар ҳама соҳаҳо рушд кард ва дар як муҳлати кӯтоҳ дар баробари корхонаҳову фурӯшгоҳҳои хусусӣ, донишкадаву коллеҷҳои хусусӣ низ арзи ҳастӣ карда, дар хизмати халқу Ватан қарор гирифтанд. Аз ҷумла  Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб яке аз намунаҳо ва падидаҳои беҳтарини даврони истиқлол аст. Муассисаи мазкур аз беҳтарин муассисаҳои касбии миёнаи муосир бо шароити хуби таҳсил буда, дар асоси фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2015 №2530 ва Иҷозатномаи АУ №0001932 таъсис дода шудааст. Устоди дорои таҷрибаи бои омӯзгорӣ, Тешахон Носиров директори коллеҷ мебошанд.

Факултетҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳои коллеҷ

Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб дорои 2 факултет: — факултети «Молия ва Иқтисод» ва факултети «Барқ ва сохтмон» буда, муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷ 3 сол ва дар шуъбаи ғоибона 4 сол муқаррар карда шудааст. Донишҷӯён аз рӯи чор ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

иқтисод, андоз ва андозбандӣ, васл ва истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ дар биноҳо ва корхонаҳои истиқоматӣ, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, сохтмон ва истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо.

Дар таълимгоҳ аз рӯи ихтисосҳои номбурда, 12 гуруҳи донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ҳамагӣ ба таври шартномавӣ таҳсил мекунанд ва ҷараёни таълим ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуруҳҳои кӯтоҳмуддат

Дар Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб инчунин гуруҳҳои шартномавии семоҳа аз рӯи ихтисосҳои кафшергари барқӣ, омӯзиши компютер, муҳосибӣ, барқчӣ, ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ амал мекунанд. Ба чунин гуруҳҳо одамони синну соли гуногун фаро гирифта шуда, бо ба анҷом расидани курсҳои кӯтоҳмуддат ба муҳассилин сертификатҳо дода мешавад.

Манбаи кадрии коллеҷ

Дар коллеҷ 27 нафар омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷрибаи дорои унвонҳои илмӣ ва муаллимони калон ба шогирдон аз фанҳои умумитаълимию тахассусӣ таълим медиҳанд. Аз ин шумора се нафар номзадҳои илманд, аз ҷумла — Ғафоров Сатор, номзади илми физика- математика, Раҳмонов Ҳомид-номзади илми педагогика, дотсент  Каҷкуллоев номзади илми иқтисодиёт мебошанд. Ду нафар аълочиёни маориф низ дар хизмати шогирдон қарор гирифта, як нафар «корманди шоистаи Тоҷикистон» мебошанд.

Базаи технологӣ

Коллеҷ дар бинои дуошёнаи собиқ ҶСК «Кӯлобгаз» ҷойгир буда, дорои 12 синфхонаи бо асбобу анҷомҳои аёнии таълим муҷаҳҳаз, ҳуҷраи омӯзиши компютер бо 20 адад компютер, китобхонаи дорои зиёда аз 1400 китобҳои таълимию тахассусӣ, таърихӣ, бадеӣ, қиротахона,  маҷлисгоҳ барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва чорабиниҳои гуногун бо 160 ҷои нишаст мебошад. Маҷлисгоҳ ҳаматарафа аз таъмир бароварда шуда, дар он дар баробари маҷлисҳои лекисонӣ ва чорабиниҳо инчунин ҷашнҳои гуногуни соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Хобгоҳ

Дар назди коллеҷ хобгоҳи алоҳида барои духтарон ва писарон бо тамоми шароити зист муҳайё мебошад, ки дар он 20 нафар духтарон ва 24 нафар писарон истиқомат мекунанд. Хобгоҳ дорои хонаи шустушӯи либос, ҳаммом, ошхона ва хонаи маишӣ буда, инчунин бо обгармкунаки барқӣ (термекс) таъмин мебошад, ки доимо онҳо дар зери назорат буда ҳолати гигиенӣ ва санитариашон қаноатбахш мебошад.

Имтиёзҳо

Дар Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб хонанадагон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) қабул карда мешаванд ва ба гуруҳи эҳтиёҷманд имтиёзҳои махсус пешбинӣ шудаст. Аз ҷумла ятимони кулл, аз пардохти маблағи шартномавӣ пурра озод буда, фарзандони оилаҳои камбизоат дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи камбизоатӣ ҳамагӣ 50 дарсади маблағи таҳсилро пардохт менамоянд. Ба ятимони кул, инчунин аз рӯи имкониятҳои коллеҷ ёрӣ расонида шуда, аз  ҳолу аҳволашон доимо хабардор мебошанд.

Довталабоне, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, дар коллеҷ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки дар коллеҷ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда мешаванд. Шахсони маълумоти олидор, хатмкунандагони литсейҳои касбӣ-техникӣ, ки хоҳиши гирифтани маълумоти дуюмро доранд, мувофиқи ихтисосашон тариқи суҳбат ба курси дуюми рӯзона ва ё ғоибона қабул карда мешаванд.

Дарсҳои таҷрибавӣ

Маъмурияти коллеҷ барои ташкили таҷрибаомӯзии шогирдон ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии андӯхташуда шароитҳои мусоид фароҳам оварда, бо бисёр муассисаию ташкилотҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва минтақавӣ оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартнома ба имзо расонида шудаст. Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ дар КМРО, КМД (дар корхонаҳои буҷавӣ, барқӣ ва сохтмонӣ) тақсим карда, аз болои онҳо муаллимони соҳавӣ вобаста шуда аз рафти таҷрибаомӯзи доимо назорат мебаранд.

Дастовардҳо

Гуфтан ба маврид аст, ки донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла чор донишҷӯи таълимгоҳ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 аз рӯйи фанҳои гуманитарӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуда буд, ширкат варзиданд. Соли 2018 донишҷӯи курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Исмонова Гулҷаҳон дар вазнбардорӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи якумро соҳиб шуд.

Аз тарафи устодон: Гулаҳмадов А. китоби илмӣ оид ба «Нақши давлатдории Русия дар таърих» дар нашр аст. Дар мавзӯи китоб Орифов З. дар моҳи декабри соли 2018 мақолаеро бо унвони «Китоб» дар рӯзномаи «Анвори дониш» чоп намуд, ки аҳамияти махсуси касбӣ дорад. Аз тарафи устод Сафаров З. мақоали «Мафҳум, моҳият ва аҳамияти иқтидори иноватсионии мактаби олӣ» чоп гардид, ки ин низ аз дастовардҳои коллеҷ дониста мешавад. Илова бар ин, як омӯзгори ҷавон дар соҳаи иқтисодиёт унвонҷӯ буда тадқиқот бурда истодааст. Ба донишҷӯёне, ки завқу ҳавас ба фанҳои гуманитарӣ доранд, ба онҳо барои навиштани мақолаҳо ёрӣ дода мешавад.

Ба кор таъминшавии хатмкунандагони коллеҷ

Дар соли таҳсили 2017-2018 66 нафар хатмкунандагон муассисро хатм намуда, 14 нафарашон аз рӯйи ихтисоси васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ дар корхона ва биноҳои истиқоматӣ, дар шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоб бо кор таъмин шуданд. Қисми боқимондаҳояш таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ идома дода истодаанд. Аз рӯйи ихтисоси иқтисод-андоз ва андозбандӣ аз 43 хатмкунанда 15-нафараш дар корхонаҳои буҷавии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб фаъолият дошта ва 28 нафари боқимонда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият карда, бархе аз онҳо дар донишгоҳои олӣ ба таври рӯзона ва ғоибона таҳсилро идома дода истодаанд.

Дар суҳбат бо директори коллеҷ устод Тешахон Носиров маълум шуд, ки аҳли устодони таълимгоҳ ҳама кӯшишу ғайрат ва малакаву донишу худро ба он харҷ менамоянд, ки шогирдонашон чун мутахассисони хуб ба воя расида, ба халқу ватани худ хизмати шоиста намоянд ва дар рушду равнаки кишвар саҳмгузор бошанд.

Бинобар ин ҳар довталабе, ки мехоҳад дар оянда соҳиби касбҳои замонавӣ ва мутахассиси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй гардад, Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлобро беҳтарин интихоб хоҳад буд.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий