Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо як сафари кории худ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз рафти корҳои ободониву бунёдкории чанде аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дидан карда, барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супориш дод.

Сафари кории Сарвазири кишвар аз 15 то 17-уми октябр идома ёфта, дар ин сафар сарвазирро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст. Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи хоҷагӣ дар 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бо ҳашт навъ бунёд мегардад. Сарвазир ва раиси вилоят бо рафти корҳои тахту ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хати интиқоли об шинос шуданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон инчунин сохтмони фермаи бузпарварӣ барои 1000 сар бузи ширӣ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ҷараён дорад. Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нигаронӣ аз корҳои ободонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба вилоят аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дидан намуд. Зимни боздид аз ҷараёни бунёди бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатии ноҳия маълумот дода шуд, ки он аз 5 ошёна иборат буда, барои 25 оила пешбинӣ гардидааст.

Сарвазир ва раиси вилоят инчунин бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд. Сохтмони бинои дуошёнаи кумитаи идораи замин ба охир расида, айни замон корҳои ободонии гирду атрофи бино идома дорад. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки сохтмони бинои дуқабатаи бахши ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад.

Сарвазир зимни боздид аз рафти бунёди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳо дод. Муассисаи мазкур барои 240 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, сохтмони он дар заминаи бинои куҳнаи ин мактаб аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар рафти шиносоии Қоҳир Расулзода бо корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот дода шуд, ки он масоҳати 5 гектарро дар бар гирифта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон навосзӣ мешавад. То ин дам роҳравҳои боғ сафолакпӯш гардида, як қисматаш чароғон карда шудааст.

Сарвазири мамлакат аз ғайриқаноатбахш идома доштани корҳои ободонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози нигаронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи тадбирҳои ободонӣ вобаста ба ҷашнҳои миллӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, дар ин ноҳияи мамлакат бошад, масъулон дар ин самт ба фориғболӣ роҳ додаанд. Дар робита ба ин Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки ҳарчи зудтар дар ин самт чораандешӣ карда, корҳои созандагиро вусъат бахшанд.

Бохтар: Сохтмони корхонаи истеҳсоли дучархаҳо

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бохтар майдони варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шаҳр шинос шуд. Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Умар Раҳматов сохта шуда, дар ин мавзеъ бунёди ҳавзи шиноварӣ низ идома дорад.

Дар шаҳри Бохтар Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ (ҷӯроббофӣ), ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расул Соҳибназаров бунёд шуда истодааст, ошно гардид. Зикр шуд, ки ба умури сохтмонии корхонаи мазкур 20 бинокор ҷалб гардида, айни замон 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

“Моҳир Семент” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ, ки вобаста ба ҷашнҳои миллӣ идома доранд, шинос шуд. Нахуст, дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти “Навобод” Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои меҳмонхона, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алишери Чиллахон амалӣ шуда истодааст, шинос гардиданд.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода аз корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дидан намуд. Иншооти сохташавандаи корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар ҳудуди минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти “Маданият” ҷойгир аст. Корхона, ки тарҳи сохтмонаш 360 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Моҳир Семент” бунёд шуда истодааст.

Ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ дар Қубодиён

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ин сафар аз рафти сохтмони бинои истиқоматии 48-ҳуҷрадор дар маркази ноҳияи Қубодиён дидан намуд. Ба сарвазир иттилоъ доданд, ки бино аз 5 ошёна ибора буда, барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмони беморхонаи бисёрҷабҳаи иборат аз 200 кат, ки бунёдаш тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018 ва қарордоди миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз августи соли 2018 оғоз гардидааст, Қоҳир Расулзода бунёди иншооти мазкурро далели навбатии муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвари ҳамҷавор номид.

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимӣ ва хобгоҳи мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Қубодиён яке аз мақсадҳои дигари сафари корӣ маҳсуб мегардид. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки мактаб-парваришгоҳ барои 260 ҷойи хонанда бо хобгоҳи дорои 100 кат пешбинӣ шудааст. Бино аз 2 ошёна иборат буда, бо маблағгузории Фонди Саудии рушд дар деҳаи Ҷангали Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” бунёд мегардад.

Дар деҳаи Қӯшачинори ҳамин ҷамоат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони хусусии «Суғдиёна», ки аз ҷониби соҳибкор Маъруф Раҳмонқулов бунёд гардидааст, иштирок намуданд. Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб дода, ҷиҳати корҳои ободонии атрофи иншоот тавсияву дастурҳо дод.

Бунёди Парчаму Нишон дар Шаҳритуз

Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳритуз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, шинос шуд. Ба умури сохтмонӣ соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ низ ҷалб гардидаанд. Арзиши умумии иншоот зиёда аз 2 миллиону 210 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар майдони И. Сомонии ноҳия сохтмони маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ ҷараён дорад. Ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ моҳи августи соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби соҳибкорони ноҳия ва бо истифода аз имкониятҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузорӣ гардида истодааст.

Сарвазири мамлакат дар Шаҳритуз ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои бисёрфунксионалӣ бо тарабхона, маркази савдо, меҳмонхона, толори варзишӣ ва ошхона дидан кард. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардида, қарор аст, ки моҳи марти соли 2020 ба истифода супурда мешавад.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Нахуст, ба Сарвазир доир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои комиссариати ҳарбии ноҳия гузориш доданд. Зикр шуд, ки сохтмони ин бинои дуошёна дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2019 аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон инчунин аз рафти сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ боздид карданд. Варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 9 миллиону 781 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд мегардад. Обёрии боғ ба тарзи фавворавӣ сурат мегирад.

Дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб мекунанд.

Бунёди муассисаи таълимӣ дар Ҷайҳун

Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, то соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо рӯнамоии лоиҳаи ангоравии майдони Нишон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Истиқлолият»-и шаҳраки «Дӯстӣ» шинос шуда, аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатии хусусӣ дидан намуд.

Дар доираи нақшаи чорабинихо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ҶДММ «Иттиҳодияи Аграрии Водии Заррин» корҳои азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун низ идома дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди боздид аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ҷаласаи баррасии дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли равон, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ маълумот дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо сохтмони 7127 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар 2941 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аз шумораи умумӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1778 иншоот ба истифода дода шудааст.

Зимни баррасии дастоварду камбудиҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят бояд вусъат бахшида шаванд, зеро вилояти Хатлон дорои имконоти зиёди рушд мебошад. Дар охир ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here