Ё чӣ тавр раис ба ҷойи суҳбат аз дағалӣ кор гирифт?

 

Маркази маъмурии калонтарин вилояти Тоҷикистон — Хатлон — шаҳри Бохтар ба қавли маъруф, дар оғӯши партов аст. Ба гуфти сокинон, ба чунин ҳол гирифтор шудани шаҳр аз бемасъулиятии кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзиливу коммуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр гувоҳӣ медиҳад.

Фарзона, як сокини бинои баландошёнаи шаҳри Бохтар, ба мо чанд акс фиристоду гуфт, ки аз бӯйи ғализи партовҳои маишӣ ва магасҳои сершумор дар гармои тобистон ҳатто дар дохили хонаҳоямон нафасгир мешавем. “Аммо масъулон гӯё парво надоранд, ки вазъ тағйир намеёбад”,- илова кард мусоҳиби мо.

Аҳмадҷон, сокини дигари шаҳри Бохтар, нигаронӣ аз он кард, ки ҳарчанд масъулони корхонаи манзиливу коммуналӣ маблағ барои партовҳоро охири ҳар моҳ мегиранд, аммо аз чӣ сабаб аст, ки партовгоҳҳоро сари вақт тоза намекунанду безарар намегардонанд.

Ба ин монанд даҳҳо сокини дигари шаҳри Бохтар шиква аз он карданд, ки партовҳояшон сари вақт кашонида намешавад. Мардум ҳарос аз он доранд, фарзандонашон, ки дар атроф бозӣ мекунанд, мабодо гирифтори ҳар гуна беморӣ нагарданд.

Баъди шикоятҳои сокинон мо хостем сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтарро аз Абдулқосим Мӯсоев, сардори Корхонаи манзиливу коммуналии шаҳр пурсон шавем. Бо ӯ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрдем. Мӯсоев баробари шунидани суол аз посух худдорӣ карда, баръакс, бесабаб ҷонибамон фиғон кашида, гуфт: “Шаҳр 150 фоиз тоза аст! Тозагии шаҳрро аз занакҳои роҳрӯб пурсед! Мақола менависед, дигар кор мекунед, кардан гиред!”.

Аз чунин муносибати ғайриинтизор, дар ҳоле, ки тӯли як ҳафта тавассути телефон кӯшиш мекардем бо ҷаноби Абдулқосим Мӯсоев вохӯрӣ таъйин кунем, сахт дар ҳайрат афтода, бидуни ҳеҷ иттилои расмӣ ҳузури ҷанобашонро тарк кардем.

Ҳамзамон, мутасаддиёни Маркази санитарию эпидемиологӣ ва Идораи ҳифзи муҳити зист ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрро мебояд масъулияташонро бештар намоянд ва ба масъалаи тозагии мавзеи ба ҷойи зисти сокинон бисёр наздик кӯркӯрона рафтор накунанд. Ва шаҳри Бохтарро дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои туристони хориҷию дохилӣ ба ҳайси шаҳри ифлос ва дорои ҳавои ғализи ба саломатӣ зиёновар муаррифӣ накунанд. Зимнан, аз манфиат холӣ намебуд, агар ба масъулон тарзи дурусти муошират бо намояндагони ВАО ва дигар корафтодагон омӯзонида мешуд. Зеро рӯзноманигорон, ба таъбири Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, “чашму гӯши халқанд” ва онҳо фақат аз пайи инъикоси он мавзуҳое ҳастанд, ки ҳал шуданашон ба манфиати умум, пеш аз ҳама давлат аст.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here