Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 1938 ташкил ёфтааст. Ноҳия яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ таҳти № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳияи Шӯрообод ба номи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод аст, ки дар доманаи куҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз, Муъминобод, дар ғарб бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ бо рӯди Панҷ, ноҳияҳои Хвоҳон, Роғистон ва шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Аз январи соли 2016 Зарифзода Почохони Ҳабибулло раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. 

Терайзамин 

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар садаҳои миёна бахше аз вилояти таърихии Хутталон буда ва то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажуҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд. Устод Зафар Мирзоён маънии ҷойномро «гузаргоҳ» пешниҳод карда бо ин эҳтимол ки «шояд ин макон гузаргоҳи мардуми водии Кӯлоб аз ин соҳили Ому ва мардуми Чоҳобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст». Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Терайзамин бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин диёри афсонаҳост. Афсонаҳои табиат. Ин ҷо ҳар куҳу камар, дараю адир, дашту гулгашт, сангу харсанг, чашмаю ҷӯйбор, рӯду обшор афсона дорад. Ин афсонаҳо беохиранд. Афсонаҳои аз ҳама шуниданӣ, афсонаҳои чашмасорон ва рӯдҳои равони беқароранд. 

Аз ёдгориҳои таърихии ин сарзамин мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аст.

Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд. Дармонбахшии асали Шӯрообод дар саросари Тоҷикистон шинохташуда аст.

Бар асоси тақсимоти ҳудудию маъмурӣ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад, аз ҷумла: Шӯрообод, Дашти Ҷум, Доғистон, Йол, Лангардара, Саричашма ва Чагам.

Сарзамини муъҷизаҳо

Дар олам хеле кам аст маконе, ки рӯзгори одамонаш ба куҳҳои баланду сарбаафлок ин қадар вобастагӣ дошта бошанд. Фарзандони ин сарзамин ҳар куҷое рафтанд, дар кулворашон китобу дар қалбҳояшон муҳаббати ин ин диёрро бо худ бурданд. Саранҷом аз ин диёр ҳунармандону санъаткороне рӯиданд, ки ҳама шамъи маҳфилҳою чароғи анҷуманҳо гаштанд; Ҳофизи дӯстдоштаи халқ, булбули санъати тоҷик, Одина Ҳошимов, устоди шоирони Хатлонзамин Ашӯр Сафар, ки аз каломаш дар маҳфилу маъракаҳо шакар мерехт, сарояндаю муғании бемисл Давлатманд Холов, фалаксаро ва дуторнавози мумтоз Гулчеҳра Содиқова, ҳунармандони нотакрор: Ҳошим Гадою Ҳабибуллои Абдураззоқ, шоири ширинсухан Хайрандеш, ки бо таронаҳои дилошубаш маҳбуби тоҷикистониён гардидааст, ҳама зодагони ин диёри куҳҳои сарбаафлоку парвардаи обу хоки ин сарзамини бисёрчашмаанд…

Куҳҳои подору устувор бо қуллаҳои ҳамеша сафеди ин диёр ба муйсафедони нуронию донишманде шабеҳанд, ки аз диданашон ба ҷони одам қувват ва ба дил нуру зиё медамад. 

Рӯду дарёчаҳои шӯхобе, ки аз ин куҳҳо шилдирросзанон ба поён ҷорӣ мешаванд, ҳақиқати ин зебогиҳоро қисса мекунанд. Ҷӯю чашмасоронаш бошад, бо садои маҳину латиф суруди зиндагиро месароянд ва шукронае аз ин ҳама зебоӣ ва амонии мулк мекунанд. 

Калонтрин санг дар Осиёи Марказӣ

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеан як сарзамини зебоиҳо ва як макони муъҷизаҳост. Дар ин диёри сабзпӯшу фарохдоман, беҳтарин офаридаҳои табиат бо ҳам омада, ҷилванамоӣ мекунанд. 

Дар ин макон даҳҳо ва садҳо мавҷудоте ҳастанд, ки воқеан ба ҳайси бозёфтҳои табии таърихӣ метавонанд хизмат намоянд. Чунончи куҳи Эмомаскара, худ на танҳо як куҳест, балки он як санги азиму бузургест, ки садҳо гектарро ташкил медиҳад. Он калонтарин санг дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Дар пояи ин куҳи саропо санг, дар баландии 3,7 ҳазор метр, боз як чашмаи серобе арзи ҳастӣ мекунад…

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маконест гуногуниқлим. Агар дар як тарафи он баҳор бошад, дар тарафи дигараш ҳанӯз зимистон аст. Дар як ҷонибаш деҳқонон кишту кор менамоянд, дар ҷониби дигараш ҳосил меғундоранд. Дар деҳаи Баҳораки мавзеи Саричашма ҳангоме ҷавро медараванд, ки дар Сафедоби Терай, айни кишту кор аст. Бисёр шудааст, ки аз ҷави Баҳорак оварда, дар Терай кишт карда ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Ё айёме, ки дар Анҷироб тут мепазад, дар деҳаи Ҳазрати Эмом, ба қавле, он ҳанӯз гул накардааст.

Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки ин диёр як сарзамини калону серпаҳно ва  як мулки файзбахшу ганҷрезест, ки саховати табиат интиҳо надорад. Лазизтарин меваҳои Тоҷикистон: туту анҷиру анори шаҳдбор маҳз дар ин сарзамин мерӯянд. 

Ривоят мекунанд, ки амирони Бухорои Шариф танҳо аз тутҳои шаҳдбори Қумроғу Яхшо ва анҷиру анорҳои шакарини Анҷиробу Даштиҷум истифода мекардаанд. Ҳатто амир Олимхон як қисмате аз ин анорҳоро, ки барояш мефиристоданд, ӯ боз ба императорони рус ва Аврупо туҳфа медодааст. Зирае, ки дар ин диёр мерӯяд, аз рӯи бӯй, тамъ ва ғизонокиву шифобахшиаш дар ҷаҳон беназир аст. 

Дар бораи саховати ин сарзамин сухан ронда, аз обҳои шифобахшу мусаффояш ном набурдан гуноҳ аст. Дар маркази ноҳия маконест, ки онро «Терай» меноманд. Ин мавзеъ дар сарчашмаҳои таърихӣ номи «Терайи ҳазорчашма» ёд мешавад. Ҳоло ҳам агар ҳама чашмаҳои ин маконро дуруст бишмарем, аз ҳазор ҳам бештаранд… 

Лозим ба ёдоварист, ки ноҳия ба тозагӣ табдили ном кард ва ба худ исми яке аз абармардони адабиёти оламгири тоҷик, Шамсиддин Муҳаммад Шоҳини Кӯлобиро гирифт. Ин рамзӣ ва табиӣ буд. Сарзамине, ки дар худ ин қадар бузургон ва нобиғаҳои фарҳангу ҳунарро парвардааст, бояд номи яке аз онҳоро дошта бошад. Хушбахтона, ҳамин гуна каси арзанда ва сазовор дар шахсияти Шамсиддин Шоҳин ва исми мубораки эшон падидор гашт.

Шоҳин, воқеан шоири бузург аст. Адабиётшинос ва тазкиранигори тоҷик Шарифҷонмахдуми Садри Зиё Шамсиддин Шоҳинро дар шеър беназир ҳисобида, ӯро дар қатори Фирдавсию Анварию Саъдӣ чорумин пайғамбари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ номидааст: 

Назираш набвад ба рӯи замин,

Зи пайғамбари шоирон чорумин.

Итминон дорем, ки мардуми заҳматқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бо кору амали шоистаи худ, номи ин шоири бузургро чун шеъри баландаш, зинда хоҳанд дошт…

Ғановати куҳистон беинтиҳост ва бузургтарин сарвате, ки мо дорем, ин табиати зебо, манзараҳои нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш, рӯду дарёҳои тезҷараён, гулу гиёҳҳои шифобахш ва дар маҷмуъ ҳама афсункориҳои куҳистони ин диёранд, ки мехоҳем мавриди истифодаи ҳамагонӣ қарор бигиранд. 

Мо он қадар чашмаҳои зиёд, гулу гиёҳҳои фаровон, меваҳои ширину шаҳдбор ва манзараҳои зебою нотакрор дорем, ки барои ҳама мардуми кишвар басанда аст. Бигузор ҳамагон ин ҷо биоянд ва аз ин неъматҳои Худованд, ки дар ин диёр арзонӣ доштааст, истифода баранд. 

ФАРҲАНГ

Дар ноҳия 32 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла;5 хонаи фарҳанг, 7 клуби деҳотӣ, як боғи фарҳанг, як китобхонаи марказӣ, 17 филиали китобона ва як мактаби бачагонаи санъат. Дар китобхонаи марказии ноҳия якҷоя бо филиалҳояш 71275 китоб дар хизмати мардум қарор дорад. 

Боғи фарҳангии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони муваффак бо тариқи ҳашар соли 2016 мавриди баҳрабрадорӣ қарор дода шуд.

Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия 163 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумор 13 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 25 нафар бо маълумоти олии ғайрикасбӣ, 24 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 3 нафар бо маълумоти олии нопурра, 10 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 88 нафар бо маълумоти умумӣ фаъолият менамоянд.Аз шумори умумии кормандон 80 нафарашонро занон ташкил медиҳад. 

АҲЛИ ИЛМ ВА ФАРҲАНГУ ҲУНАР

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун сарзамини донишмандони асил ва фаҳангиёни беназир шинохта шудааст. Аз ин диёр басо касони бофазлу фарҳанг бархоста, дар пешрафти фарҳангу адаби кишвар саҳми муносиб гузошта тавонистанд. 

Шамсиддин Шоҳин аз бузургтарини онҳо буда, дар радифи он боз шоирону фозилони дигаре чун; Бисмил, Муҷрим, Мирзо Қадам, Мирзо Лиқо, Мирзо Наим, Мирзои Хокӣ, Домулло Бурҳон (шарикдарси устод Айнӣ), Бобо Халил, Абдӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Раҷабалии Роғӣ, Назар Халил, Неъматулло Худойбахш, Муродалӣ Набӣ, Хайрандеш, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Мираҳмади Амиршо, Маҷид Салим, Нуруллоҳи Ориф, Зикруллои Файзулло, Саттор Муслим, Мадхони Шариф, Ҷиёнхон Латифӣ, Одина Шермад, Ёри Роғӣ, Рашиди Қодириён, Саодат Одинаева ва боз даҳҳо нафари дигар бо сеҳри суханашон маҳбуби дилҳо гардидаанд. 

Донишмандоне чун Тағай Раҳмонов, Ҳайдар Сафиев, Аламхон Кӯчаров, Ҳайдар Одинаев, Абдураҳмон Қурбонов, Шариф Раҳимзода, Ҳамидуллохон Фақеров, Искандар Икромов, Аҳрор Ҷалолов, Қамчин Чиллаев ва боз даҳҳо нафари дигар дар бахшҳои гуногуни илм тадқиқотҳои пурарзише анҷом дода тавонистанд.

Вале аз ҳама бештар мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо мутрибону ҳунармандон ва санъаткорони мумтозаш мешиносанд. Номи Ҳошими Қосим, Одинаи Ҳошим, Ҳошими Гадо, Давлатманд Холов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасан, Мирзоватан Миров, Озодамо Муҳтарамова, Исо Абдурашид, Тағаймуроди Розиқ, Ҷумъахон Сафаров, Шокири Қодир, Ҳотам Юнусов ва Ҷумъахон Сироҷов, барои ҳама мардуми кишвар шиносу ошност. Имрӯз ҳам дар ноҳия ҳунармандоне аз ҷумлаи Тилло Гадоев, Шодӣ Мирзоев, Назаршо Ҳошимов ва чанд тани дигаре кору эҷод менамоянд, ки ин анъанаи неки гузаштагони худро идома медиҳанд. 

ФАЛАКИ РОҒӢ 

«Фалаки роғӣ» маҳсули ҳунари мардуми воҳаи Роғи Афғонистон аст. Сокинони ин мавзеъ ҳама сароасар тоҷиканд ва аз Тоҷикистон ба он ҷо рафтаанд. Бо тақозои қисмат, боз як гуруҳи онҳо дубора ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар мавзеи Терайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маскан ихтиёр мекунанд. Ин мардум ҳунари фалаксароиро бо худ меоранд ва бо  таъсири онҳо фалаксароӣ дар ин диёр рушд мекунад. 

Баъдан, дар ин чо ҳунармандони маъруфе чун: Сафари Байдгӯ, Ашӯри Шоҳкулоҳ, Ғулом Назар, Раҷабмади Валӣ, Шарифи Мирзонабот, Махсуми Шакур, Асои Байдгӯ, Икроми Гӯрғулигӯ, Қорӣ Мадохир, Сӯфии Байдгӯ, Мадисои Гӯрғулигӯ, Ҳоҷии Байдгӯ, Наими Байдгӯ рӯзгор карданд, ки миёни мардум хеле маъруф буданд. 

ЗИРОАТКОРӢ

Зироаткорӣ пешаи асосии мардуми ноҳия маҳсуб ёфта, соли равон дар майдони 8541 гектар кишт гузаронида шудааст. Аз ин 8195 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум 7395 га, ҷав 150 га, лубиёгиҳо 650 га, зағер 200 га, картошка 80 га, сабзавот 21 гектар заминро ташкил медиҳад. 

ЗАНБУРИ АСАЛ

Ин соҳа аз шумори соҳаҳои сердаромади ноҳия маҳсуб мешавад. Ҳоло дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия шумораи оилаҳои занбури асал ба 3290 адад расонида шудааст. Истеҳсоли асал 56 тоннаро ташкил медиҳад.

БОҒДОРӢ

Боғпарварӣ соҳаи сердаромади ноҳия ба шумор меравад. Айни ҳол дар ноҳия 2576 гектар дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла; 1983 га боғҳои себу нок, 30 га зардолу, 3 га гелос, 108 га чормағз, 182 га анор, 4 га бодоми шириндона, 37 га тут ва 143 га ток парвариш меёбад.

Танҳо соли ҷорӣ боғдорони ноҳия 100 гектар боғи нав, аз ҷумла 62 га боғи себ, 3 га боғи дарахти нок, 19 га боғи зардолу, 3 га боғи гелос, 1га боғи чормағз, 8,5 га боғи анор ва 4 гектар боғи бодоми шириндона бунёд намуданд. Иловатан 15 гектар боғи куҳна аз нав барқарор карда шуд ва то соли 2020 ин рақам ба 400 га расонида мешавад.

Алихон ЗАРИФӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here