9 май — рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ

 

Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои душворро аз сар мегузаронд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ давом мекард. Дар хати пеш (фронт) аҳволи аскарон вазнин буд, дар ақибгоҳ ҳам зиндагӣ рӯз ба рӯз сангинтар мегашт. Бори вазнини рӯзгор бар дӯши занону кӯдакон монда буд. Ҳаит Носирови ноболиғ дар деҳа нимгуруснаю нимсер зиндагӣ мекард ва ба қавли волидон ба ҳамин рӯзгори онҳо ҳам чашм расид. Вай он рӯзро тамоми умр аз хотир намебарорад. Зеро ҳамон рӯз зиндагиаашон тағйир ёфт, ӯ ба наврасиаш хайрухуш кард.

Ҳаити ҳабдаҳсола бо падару модараш дар майдони рӯйи ҳавлиашон кор мекард, мехостанд дарахти чанде пеш буридаашонро аз майдон берун карда полизро барои кишт тайёр намоянд. Чанд маротиба хостанд дарахтро ғелонда ба вот бароранд, вале зӯрашон намерасид. Ниҳоят падараш уф — уфкунон ба дарахт нигаристу гуфт:

— Зӯрамон намерасад, ту Ҳаитбой ба ҳавлии тағоят рафта наздамон даъват намо, гӯй, ки барои ғелонидани дарахт ёрӣ диҳад.

Ҳаит аз ҳавлӣ баромада, сӯйи манзили тағояш қадам зад. Дар кӯчаи калони деҳа аробаи якаспаро дид, болои он ду мард нишаста буданд. Даст пеши бар гирифта салом гуфту роҳашродавом дод. Мардҳо шубҳаомез ва харидорона сар то пойи ӯро аз назар гузаронданд.

— Эй, ин ҷо биё, ҷеғ зад яке аз онҳо ва вақти баргаштанаш аз ҳамроҳаш пурсид:

— Мешавад?

— Мешавад! — ҷавоб дод дуюм.

— Ба ароба шин! — гуфт якум, ки коргари шӯрои деҳа будани вайро дертар Ҳаит Носиров фаҳмид.

— Ман саросема, ба хонаи тағоям меравам.

— Шин! — дӯғ зад дуюм, ки намояндаи комиссариати ҳарбии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) будааст.

— Ман шитоб дорам, дар хона падару модарам мунтазиранд, онҳо хавотир мешаванд.

— Шин гуфтам, шин — дия! — дӯғ зад намояндаи комиссариати ҳарбӣ.

Онҳо зӯран Ҳаитро ба ароба ҷой намуда, ба асп қамчин заданд. Асп аробаро пеш кашид ва онҳо муддате пас ба комиссариати ҳарбии шаҳр расида, Ҳаитро дар ҳавлӣ ҷой карданд. Ҳавлӣ пуродам буд, ба хизмат даъватшудагон ва хешу пайвандони онҳо ҳавлиро пур карда буданд. Садои гиряи занон ба фалак мепечид, зеро медонистанд, ки фарзандонашонро ба фронт мебаранд ва шояд дигар дидор муяссар нашавад. Шабона даъватшудагонро ба истгоҳи роҳи оҳани Хавос оварданду ба қатораҳо ҷой карданд. Ҳамин тавр Ҳаит Носирови 17 сола ба ҷойи кадом бойбача ё гуреза ба фронт рафт ва то ғалаба ба Германияи фашистӣ дар набардҳо иштирок карда, бо ордену медалҳои зиёд ба зодгоҳаш Истаравшан баргашт.

Вай дар ҷанг бисёр чизро омӯхт. Алами бекасӣ ва нодориро фаҳмид. Донист, ки зиндагӣ душвор ва беадолат будааст, доро нодорро мехӯрдааст. Ҳамон вақт савганд хӯрд, ки тамоми умр бар зидди беадолатӣ мубориза мебарад.

Аз ҷанг баргашту ҳангу мангаш канд. Волидонаш дар ин муддат аз олам гузаштаанд, манзилашон харобу валангор гаштааст, на хӯрданӣ буду на пӯшиданӣ. Ба раиси колхоз барои ёрӣ муроҷиат кард. Ним халта орд доданд. Ҳаит Носиров медонист, ки хоҷагии деҳот аз ин бештар мадад расонида наметавонад. Ҳарчанд сарфакорона истеъмол намояд ҳам, муддате пас ордаш тамом шуд ва ноилоҷ ба назди котиби дуюми ҳизби комунисти шаҳр рафта арз намуд, ки шуғле ёфта диҳанд. Котиб ба чанд идора телефон карда кор ёфт. Ӯро аспбони ШКД — и  шаҳр таъин намуданд. Не нагуфт, ношукрӣ накард, ба ҳар ҳол коргари маошгир шуд, охир ҳоли дигарон аз ӯ беҳтар набуд.

Муддате пас меҳнатдӯстии вайро ба инобат гирифта, милитсионер таъин карданд. Ӯ дар ошкор намудану боздошт кардани чанд ҷинояткор ҳиссаи худро гузошт. Дертар Ҳаит Носировро барои таҳсил ба мактаби милитсия, се сол пас ба Мактаби олии милитсия фиристоданд. Афсари ҷавон зина ба зина боло баромада, вазифаҳои масъулро ишғол менамуд. Баъди аз нав таъсис ёфтани вилоятиЛенинобод, соли 1970 полковники милитсия, сардори ШКД — и ноҳияи Ғончӣ, Ҳаит Носиров сардори шуъбаи БХСС — и вилоят таъин мешавад. Ин марди ҷасуру доно иштирокчии ҶБВ, афсари обутоб ёфта, шуъбаи навро таъсис медиҳад ва ҷавонони соҳибмаълумоти ба кори милитсия содиқро ба ин саф шомил менамояд.

— Ягон парвандаи дар вилоят аз тарафи ОБХСС — чиён оғозшуда, аз мадди назари ӯ дур намемонд, — ба ёд овард он солҳоро полковники мустаъфии милитсия, дастпарвари Академияи ВКД — и СССР Муҳсин Муҳиддинов.

— Он вақт ман рутбаи лейтенанти милитсия доштам ва тарзи корбарии Ҳаит Носировро нағз дар хотир дорам. Бар замъи серкорӣ, он кас парвандаҳоро хуб меомӯхтанд ва маслиҳат медоданд, ҳар замон тавассути телефон рафти корро мепурсиданд ва маслиҳатҳои муфид медоданд.

Вақти сардории ӯ кормандони БХСС — и вилоят садҳо ҷиноятҳои мураккабро ошкор карда, аз дасти тороҷгарон ҳазорҳо рублро гирифта ба ҳисоби давлат гузаронида буданд. Ин хадамоти навтаъсис бо тезӣ симои худро нишон дод…

Шогирди Ҳаит Носиров, дастпарвари Академияи ВКД — и СССР дар шаҳри Москва, полковники мустаъфии милитсия Шомухтор Умаров нақл кард, ки устодаш вақти тафтиши ҷиноят шитоб намекард, аз ҳар нигоҳ, ҳаракати айбдоршавандаю ҷабрдида маънӣ мегирифт ва ростро аз дурӯғ фарқ мекард.

— Дар ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) манзили айбдоршавандаеро кофтуков мекардем. Иттилоъ доштем, ки вай дар манзилаш маблағи зиёдро нигоҳ медорад. Кофтукови манзилаш натиҷа намекард, вале мо руҳафтода нашуда, ҳамоно ҷустуҷӯро давом медодем.

Сардори гуруҳ полковник Ҳаит Носиров ба рӯи ҳавлӣ баромада, бо тамкин атрофро аз назар мегузаронду фикр мекард. Як вақт нигоҳи ваю соҳиби хона ба ҳам бархӯрданд, дуюмӣ саросема шуда сар хам кард.

— Чаро вай саросема шуд, аз чӣ тарсид? — ба худ савол дод Ҳаит Носиров ва фаҳмид, ки вақти ба танӯр наздик омадани вай соҳиби хона ҳаросид.

Носиров ба лаб сигор гузошта, аз киса гӯгирд баровард, онро оташ гиронда хост ба танӯр партояд, якбора қафо гашту ба соҳиби хона нигарист. Ранги рӯи вай пахтасон сафеду пайкараш меларзид.

— Ҳезуми танӯрро гирифта, як тараф мону дарунашро кофту ков намо, — ба ҷӯяндаи ҷавон супориш дод ӯ. Ҷӯянда аз даруни танӯр 30 ҳазор рубли Бонки СССР — ро дарёб кард. Он вақт ин маблағи калон ҳисоб меёфт.

Бо роҳбарии ӯ даҳҳо ҷиноятҳои мураккаби иқтисодиро кормандони шуъба ошкор намуданд, ки дар бораи ҳар яки он соатҳо нақл кардан мумкин.

Дертар ӯ сардори шуъбаи ҷустуҷӯйи ҷинояти РКД — и вилоят таъин мешавад ва аз ҳамин вазифаи масъул ба нафақа меравад.

Ҳоло ӯ дар қайди ҳаёт нест, вале кори неку номи некаш дар дили садҳо шогирдонаш ҷой гирифтааст. Онҳо дар ҳар суҳбат ва иду айём ӯро бо некӣ ба хотир меоранд. Ёдат ба хайр, қаҳрамони ду фронт!

 

Ромиши Фирдавс

Добавить комментарий