Бетартибӣ, бенизомӣ ва ҳаракати номунтазами нақлиёту пиёдагардон дар яке аз ду чорроҳаи маркази ноҳияи Панҷ, ки чанд соли охир сокинонро нигарон кардааст, аз бепарвоию масъулиятношиносии масъулони ноҳия дарак медиҳад. Сабаби асосии ин ҳолати ногувору ҳузнангез фаъол набудани чароғакҳои роҳнамо дар ин макони серодам аст.

Ҳамарӯза сокинони зиёд аз ҷамоату деҳоти дурдаст ва гирду атроф барои таъмини эҳтиёҷоти худ ба маркази ноҳия рафтуомад мекунанд. Ҳамчунин, ронандагони зиёд бо нақлиёти шахсияшон аз ин макон ба самтҳои гуногун ба мусофиркашонӣ машғуланд. Илова ба он, ки чароғакҳои роҳнамо кор намекунанд, хатҳои муайнкунандаи ҳаракати пиёдагардон низ вуҷуд надоранд, ки бешак хатар ба ҷони онҳоро бештар месозад. Мусофиркашҳои зиёд зери чароғакҳои роҳнамо барои худ истгоҳ ташкил кардаву ба ҳар самт мусофир ҷалб мекунанд. Барои бархе аз ронандагони пушту паноҳдор бошад, аломате, ки ҳаракатро ба самти марказ манъ мекунад, гӯё вуҷуд надорад. Пиёдагардон бо тарсу ҳарос роҳро убур мекунанд. Хулоса, дар ин макон бенизомии комил ҳукм меронад.

Бояд гуфт, ки ҳафтаномаи “Фараж” қаблан дар мавзӯи мазкур чанд маротиба суратгузориш таҳия карда буд, аммо тавре мебинем, масъулин “сари кал таги тоқӣ” гуфта, беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд ва барои фаъол сохтани чароғакҳо чорае намеандешанд. Дар хусуси кормандони бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Панҷ, ки назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳифзи ҷони пиёдагардон аз вазоифи ҷонияшон маҳсуб мешавад, ҷои гап ҳам нест. Мусаллам аст, ки дар тамоми дунё тибқи қоидаву қонуни соҳа, замони фаъол набудани чароғаки роҳнамо бояд нозири роҳ ҳаракати бонизоми нақлиётро таъмин созад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро иҷрои қонуну қавоиди қабулгардида дар тамоми ҷаҳон, махсусан дар минтақаҳои мо кам ва ё умуман ба назар намерасад? Агар ҳамин чорроҳаи мазкурро дар ноҳияи дурдасти Панҷ бигирем, чаро солиёни дароз корношоям асту масъулини ноҳия парвое надоранд? Ё чаро ақаллан дар соатҳое, ки рафтуомади сокинон зиёд аст, як нафар аз нозирони роҳ ҳаракати нақлиётро дар ин макон ба танзим намедарорад? Ин дар ҳолест, ки ронандагон аз камин гирифтани намояндагони БДА-и ноҳия дар гардишҳову пушти дарахтон ва машғул шудан ба фасодкорӣ, ҳақталабию бастани ҷаримаҳои беасос шикоят доранд. Ин ва суолҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки масъулини ноҳия бояд ҷавоб гӯянд ва дар ҳалли ҳарчи зудтари он чора андешанд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд ва мутмаинанд, ки дар ин муддат сатҳу сифати зиндагии мардум дар деҳот беҳтар гардида, дар ҳама соҳаҳо пешравию ободкориҳо вусъат меёбад. Аммо ба ин вазъу равише, ки дар ноҳия ба мушоҳида мерасад, баъид медонем, масъулин то анҷоми муҳлати муайянгардида ақаллан чароғакҳои роҳнаморо дар ҷамоати шаҳраки Панҷ таъмир карда тавонанд.

«ФАРАЖ»

Добавить комментарий