Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» аз ҷумлаи беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб буда, дар асоси қарори муассис аз 6 майи соли 2014, таҳти №2 таъсис дода шудааст. Директори генералӣ — муассис Богодиров Дилшод Ниматуллоевич мебошад.
Коллеҷ дар тӯли 5 соли фаъолияти худ аллакай мутахассисони миёнаи тиббии зиёдеро ба воя расонидааст. Дар коллеҷ 57 нафар омӯзгорони собиқадор ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки 25 нафарашон занон мебошанд. Миёни устодон 3 нафар номзадҳои илм, 2 нафар аълочиёни соҳаи тиб, 3 нафар аълочиёни соҳаи маориф ва як нафар унвонҷӯ мебошанд. Дар айни замон Ниёзбадалов Мирзобадал Мирзошарифович, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода мебошад.

                                        Пойгоҳи моддӣ-техникӣ
МҒТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» аз 2 бинои асосӣ иборат буда, бинои якум дар почтаи марказии шаҳри Турсунзода ва бинои дуюм дар ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиев, ҷамоати Ҳамадонӣ воқеъ аст. Дар назди бинои таълимии №2 як варзишгоҳи калони тобистона бо 5000 ҷои нишаст ва дар бинои асосии муассиса толори варзишии мавсимӣ бо таҷҳизотҳои гуногуни варзишӣ барои истифодаи донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Барои босифат гузаронидани дарсҳо видеороликҳо, муляжҳо, банерҳо ва асбобҳои таҷҳизоти тиббӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони фаннӣ донишҷӯён ба беморхонаҳо сафарбар карда шуда, дарсҳои амалӣ мегузаронанд ва аз маҳорату малакаи табибони пуртаҷриба бархӯрдор мегарданд. Синфхонаҳои коллеҷ бо аёниятҳо комилан таъмин буда, лабараторияҳои муосир, китобхона бо қироатхона ва китобхонаи электронӣ, бунгоҳи тиббӣ, бойгонӣ, ошхона, хобгоҳ дар хизмати донишҷӯёну устодон қарор дода шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо бо рӯшноии барқӣ, кондисионерҳо, роҳравҳо бо камераҳои назоратӣ таъмин ва ҷиҳозонида шудааст. 2 адад автобуси калон ва 2 адад микроавтобус дар хизмати устодону муҳассилин қарор дода шудааст, ки омаду рафти онҳоро ба дарс таъмин менамояд.

                                                      Ихтисосҳо
МҒТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» аз 3 кафедраи умумитаълимӣ — кафедраҳои «Фанҳои умумигуманитарӣ”, “Фанҳои табиӣ-риёзӣ» ва «Фанҳои тиббӣ» иборат буда, дар асоси шартнома, кормандони миёнаи тиббиро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд: «Кори ҳамширагӣ» — (баъди синфи 9); «Кори ҳамширагӣ» — (баъди синфи 11); «Кори табобатӣ»; «Кори дандонсозӣ» ва «Кори момодоягӣ”
Дар доираи ихтисосҳои номбурда дар айни замон 780 нафар муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 526 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Муҳлати таҳсил бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 2 солу 10 моҳ ва бо таҳсилоти миёнаи асосӣ, баъди синфи 9 — 4 солро дар бар мегирад.

                                           Синфҳои компютерӣ
Дар коллеҷи тиббӣ 3 синфхонаи компютерӣ мавҷуд буда, дорои 69 адад компютер мебошад, ки 12 адад компютер ба хати Интернет пайваст мебошад. Синфхонаҳо инчунин бо тахтаи электронӣ таъмин карда шудаанд.

                                   Корҳои таҷрибаомӯзӣ дар муассиса
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Қисми назариявӣ дар таълимгоҳ, дарсҳои амалӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода гузаронида мешаванд. Дар беморхонаи мазкур 1 толори лексионии иборат аз 90 ҷои нишаст, 1 синфхона дар шӯъбаи бемориҳои занона бо 18 ҷои нишаст ва 1 синфхона дар шуъбаи бемориҳои чашм бо 19 ҷои нишаст ҷудо карда шудааст. Толори лексионӣ ва синфхонаҳои дарсӣ бо проектор, тахтаи синф ва банерҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин, дар заминаи ҶДММ «Маркази ташхисию табобатӣ» 1 синфхона барои 18 ҷои нишаст ва 1 толори лексионӣ бо 32 ҷои нишаст ҷудо карда шудааст, ки дар онҷо шуъбаҳои терапия, урология, асабшиносӣ, тарбодӣ, физиотерапия амал менамоянд, ки барои таълими амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.

                                              Хобгоҳи коллеҷ
Таълимгоҳ дорои хобгоҳи ҳозиразамон буда, хобгоҳ дар ошёнаи 4-и бинои таълимии №1 ҷойгир аст ва дар он 120 нафар духтарон сукунат доранд. Моҳи августи соли 2018 хобгоҳ пурра таъмир карда шуда, ҳама шароити зарураро барои зист дорад. Инчунин зиёда аз 120 адад катҳо харидорӣ карда шуданд.
Дар назди бино ошхона барои 200 нафар донишҷӯ ташкил карда шудааст, ки он барои таълимгирандагон се маҳал хӯроки арзони хушсифат омода менамояд.

                                                 Бунгоҳи тиббӣ
Дар коллеҷ барои хизматрасонии тиббии донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони коллеҷ бунгоҳи тиббии замонавӣ амал мекунад.

                                              Китобхонаи коллеҷ
Коллеҷи тиббӣ дорои 1 китобхона ва 1 қироатхона буда, фонди умумии китобхона 15600 ададро ташкил медиҳад. Дар бинои таълимии №1 китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки китобҳои таълимӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ — 475 адад, видеосайтҳо — 429 адад; аниматсия ва презентатсияҳо-20 адад мебошанд.
Устодону донишҷӯён аз китобҳои лозима ва компютерҳо фаровон истифода мебаранд. Ҳамаи компютерҳо бо воситаи таҷҳизоти «НАР» ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

                                          Корҳои илмиву тадқиқоти устодон
Дар коллеҷ устодон ба корҳои илмиву тадқиқотӣ низ машғуланд ва якчанд китоби дарсиву дастурамалҳо низ бевосита аз тарафи муаллимон чоп шудааст. Аз ҷумла дар соли 2018 — 2019 китоби “Ситология ва гистологияи умумӣ” аз тарафи устодон Холбеков А.Ҷ., Ахмедов Д.М. ва Наёзбадалов М.М. ва “Коси зан” бо муаллифии Ҳакимов А.С., Ҷононова Б.Ю. ва Ниёзбадалов М.М. чоп шуда, пешкаши хонандагон гардидааст. Корҳои илмии тадқиқотӣ ва мақолаҳои устодон борҳо дар маҷаллаҳо ва нашрияҳо чоп шудаанд. Маводҳои илмӣ-тадқиқотии «Аз таърихи момоӣ», «Баҳодиҳии имтиҳони OSKE», «Истифодабарии услубҳои муосири таълим», Паёми академияи илмҳои тибби Тоҷикистон «Оценка качества подготовки средних медицинских специалистов в медицинских колледжах по вопросам планирования семьи», Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Вазъият ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аҳамияти ғизои мувозикардашуда дар пешгирии бемориҳо», «Методика применения современных методов обучения», «Основные правила эффективного обучения» аз ҷумлаи онҳоянд.

                                                         Варзиш
Дар коллеҷ ба соҳаи варзиш низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Феълан дар муассиса сексияҳои варзишии «волейбол», «шашка», «футбол», «тенниси рӯйи миз», «баскетбол», инчунин, гӯштини тарзи озод амал мекунад.

                                   Ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ятимон
Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати таълим, донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло дар коллеҷ таҳсил мекунанд ва санҷишу имтиҳонҳои ҷориро сари вақт месупоранд бо идрорпулиҳои «ноҳиявӣ» ва идрорпулии оддии «сармуассис» сарфароз гардонида мешаванд.
Дар муассисаи таълимӣ 36 нафар ятимон таҳсил мекунанд, ки 3 нафарашон ятими кулл мебошанд. Маъмурияти коллеҷ ба ятимони кулл пайваста ёрӣ мерасонад. Онҳо аз пардохти пули хобгоҳ ва таҳсил озоданд.

                                                 Ба ҷои охирсухан
Аз боздид аз Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ва суҳбат бо устодону шогирдон маълум шуд, ки дар муассиса тамоми шароит барои таҳсили донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Ҳар нафаре, ки мехоҳад маълумоти миёнаи тиббиро ба даст оварда, мутахассиси хуб шавад, МҒТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» беҳтарин интихоб хоҳад буд. Қабул ба коллеҷи мазкур соли равон ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

«МТЖТ»

Добавить комментарий