Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз пешрафтҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кумак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дастгирӣ ёфт.

Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омӯзгорон таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд, вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур, 29-уми апрел бо иштироки бевоситаи роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Комил Мирзоалиев, директори КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон, Комил Мирзоалиев ва Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода, дар зали МИҲД-и ноҳия бо иштироки ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҳамаи ҷамоатҳо, вакилони маҳаллаҳо, эмомхатибҳо ва соҳибкорон вохӯрии пешгирикунанда оид ба бемории сироятӣ доир гардид.

Дар ноҳия бо қарори раиси ноҳия аз 3-юми апрели соли 2020, таҳти №270 Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва мутахассисони соҳа дар ҳайати 29 нафар таъсис дода шудааст.

Инчунин амри раиси ноҳия аз 11.04.2020 таҳти рақами №71 дар бораи ташкил намудани гуруҳҳои корӣ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, оид ба масъалаҳои самараноку оқилона истифода гардидани замин, корҳои ободонию тозагӣ, безараргардонӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул шудааст.

Ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдошавии сирояти нави коронавирус COVID 19 дар ноҳия аз 20-ум то 26-уми май тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд.

Дар ин давра аз тарафи шуъбаи дезинфексия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳаллаҳои аҳолинишин, биною иншоотҳои ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ, манзилҳои истиқоматии нафароне, ки аз ин беморӣ сироят ёфтаанд, бо маҳлулҳои зиддиэпидемикӣ дар масоҳати зиёда аз 90 ҳазор метри квадратӣ безарар гардонида шуданд.

Оид ба чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдошавии сирояти нави коронавирус дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то ба имрӯз дар беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаҳои минтақавӣ: 33 номгӯи доруворӣ бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ, 150 халатҳо аз инҳо 75 адад яккарата ва 75 адад бисёркарата, 50 адад айнакҳо, 1000 дона дастпӯшак захира, 1500 дона ниқоб захира, маводҳои антисептикӣ 30 литр истифодашуда, 30 литр захира, хлор 300 кг истифода шуда, 500 кг захира, 3 адад дастгоҳҳои дезинфексионӣ, 6 баллон кислород захира мебошанд. Шумораи беморон: 78 нафар, айни ҳол бистарӣ 18 нафар, шифоёфтагон 54 нафар, вафот 6 нафар, шумораи катҳо барои бистарӣ кардани беморон 280 ададро ташкил мекунад. Дар муассисаҳои КАТС: 30 номгӯи доруворӣ бо маблағи 9 ҳазор сомонӣ, 81 халатҳо аз инҳо 51 адад яккарата ва 30 адад бисёркарата, 12 адад айнакҳо, 500 дона дастпӯшак , 300 дона ниқоб, маводҳои антисептикӣ 305 флакон аз ин 275 флакон истифодашуда, 30 флакон захира, хлор 750 кг истифода шуда, 300 кг захира, 2 адад дастгоҳҳои дезинфексионӣ, 6 баллон кислород захира мебошанд, Гардиши хонаҳо: хонаҳо (дар 1 рӯз) 4289, ((ҳамагӣ) 58610, аҳолӣ (дар 1 рӯз) 19361, (ҳамагӣ) 246949, касалӣ (дар 1 рӯз) 41\12 кӯдак, (ҳамагӣ) 792\296 кӯдак мебошанд. Дар МНДСЭ (СЭС): 12 халатҳо аз инҳо 5 адад яккарата ва 7 адад бисёркарата, 3 адад айнакҳо, 25 дона дастпӯшак, 100 дона ниқоб, маводҳои антисептикӣ 20 дона флакон аз ин 30 флакон истифодашуда, 10 флакон захира, хлор 504 кг истифода шуда, 150 кг захира мебошанд, Безарагардонӣ (м кв.) 99000 м2 амалӣ шудааст. Дар шуъбаи дезинфексия: доруворӣ бо маблағи 18,500 сомонӣ, 11 адад халатҳои бисёркарата, 11 адад айнакҳо, 30 дона дастпӯшак , 30 дона ниқоб, маводҳои антисептикӣ 8 литр аз ин 7,5 литр истифодашуда, 0,5 литр захира, хлор 650 кг истифода шуда, 400 кг захира, 10 адад дастгоҳҳои дезинфексионӣ, Безарагардонӣ (м кв.) 352719 м2 -ро ташкил мекунад.

Ба ноҳия ҳамчун кӯмак аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 48 тонна маводи ғизоӣ, 44 номгӯи доруворӣ, 10 адад либоси муҳофизатӣ, маводҳои безараргардонӣ, ниқоб, дастпӯшак ва 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ворид гардид. Маводи ғизоӣ ба 845 нафар кормандони беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, 15 нафар кормандони шӯъбаи дезинфексияи ноҳия, ба 13 оилаи шаҳрвандоне, ки аз ин беморӣ фавтидаанд, ба 63 нафар шаҳрвандони шифоёфта ва 159 оилаҳои ниёзманд дода шуд. Муассисаҳои тиббӣ бо доруворӣ ва дигар маводҳои воридшуда таъмин гардиданд. Дар ду рӯзи охир кормандони муассисаҳои КАТС-и ноҳия 8278 хонаҳоро гардиш намуда, 36388 нафарро муоина карданд. Аз ин шумора 64 нафар шахсони ҳароратдор муайян гардидаанд. Ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида, барои риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ дастур дода шуд.

Рӯзи 26-уми май кормандони бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия таҳти унвони “Мо худро аз бемории нави коронавирус COVID 19 муҳофизат менамоем” дар бозори марказии ноҳия аксия гузаронида, ба шаҳрвандон ба миқдори зиёда аз 400 адад ниқоб, ки дӯхтани онҳо дар худи ноҳия ба роҳ монда шудааст, тақсим карда доданд.

Ба ҳолати 26-уми май дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии деҳоти ноҳия 22 нафар, аз ин 13 нафарашон бо илтиҳоби шуш ва 9 нафари дигар бо бемории шадиди роҳи нафас бистарӣ карда шудаанд, ки ҳолати онҳо дар дараҷаи вазнини миёна қарор дорад. Бистаришудагон ба таври ройгон бо доруворӣ ва се вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Аз 29-уми апрел то 26-уми май 65 нафар гирифторони ин бемориҳо табобат ва ба хона рухсат дода шуданд. Дар давоми ҳафта ягон ҳолати фавти шаҳрвандон ҷой надошт.

– Ҳолат ва вазъияти ба амаломада ҳар рӯз дар Ситоди ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад,- мегӯяд раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода.

Шумораи умумии аҳолии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 149003 нафар мебошад. Шумораи умумии кормандони тиб дар ноҳия – 1138 нафарро ташкил мекунад. Аз ин дар шуъбаҳои сироятӣ барои табобати ин навъи беморӣ вобаста буда: 8 духтури маълумоти олидор ва 28 корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ – ҷамъ 36 нафар ҳастанд. Шумораи муассисаҳои КАТС (Марказҳои саломатӣ) – 21 адад ва шумораи бунгоҳҳои тиббӣ бошад – 23 адад аст. 443 нафар кормандони соҳаи тибби муаасисаҳои КАТС (марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ) барои муайян ва пешгирӣ намудани ин навъи беморӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста карда шудаанд.

Майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳамагӣ 1956,8 гектарро ташкил мекунад, ки 1155,7 гектари он замини кишт аст. Заминҳои президентӣ дар ноҳия ба ҳисоби умуми 1369,1 гектарро ташкил мекунад,заминҳои киштшаванда дар ноҳия 2524,8 гектарро ташкил мекунад. Заминҳои киштшуда дар ноҳия бошад 2480,7 гектарро ташкил мекунад. Аз ҷумла, дар майдони 169,4 га пиёз, 112,41 га каланфур, 80,1 га сабзӣ, 221,6 га помидор, 89,6 га боддиринг, 97,53 га кабудиҳо, 345,53 га каротошка, 1166,36 га ғалладонагӣ, 222,39 га юнучқа парвариш ёфта истодааст. Миқлори дарахтони мевадиҳанда дар ноҳия 13444 адад ва сояафкан бошанд 69141 адад мебошанд.

Ҳамагӣ дар 196 адад муассисаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия масоҳати умумии замини назди ҳавлигӣ 242,27 га буда аз он 37,12 гектараш замини кишт мебошад, ки дар ҳамаи ин майдон гулҳо, пиёз, қаланфур, картошка лубиёгӣ ва дигар зироатҳо кишт шуда парвариш ёфта истодаанд. Миқлори дарахтони мевадиҳанда дар ин муассисаҳо 7630 адад ва сояафкан бошанд 9870 адад мебошанд.

Билоли Шамс, МТЖТ

Добавить комментарий