Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давоми семоҳаи соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, “ҷамъбасти натиҷаҳои рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2020 далели равшани заҳмати якдилонаву пайвастаи мардуми ноҳия мебошад, ки дар фазои сулҳу оромии кишвар ва шукргузорӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, сол ба сол ба дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида истодаанд. Дастовардҳо дар соҳаи иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ омили таъминкунандаи зиндагии арзанда ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Андоз ва молия

Баҳри таъмини қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар ноҳия чораҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар давраи семоҳаи сипаришуда иҷроиши нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар сатҳи 109,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6 миллиону 635,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақша 560,1 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 987,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи пардохти андози иҷтимоӣ бе назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ 108,9 фоизро ташкил намуда, дар маҷмуъ 2 миллиону 181,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Тибқи маълумотҳои расмии Нозироти андози ноҳия, давоми давраи сипаришуда 156 адад субектҳои хоҷагидор ва соҳибкори хурду миёна, аз ҷумла 99 хоҷагии деҳқонӣ, 8 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома, 45 соҳибкори тибқи патент ва 3 адад шахсони ҳуқуқӣ дар Нозироти андоз ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти таъмини қисми даромад ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар доираи муқаррароти қонунзузорӣ чораҳои судманд роҳандозӣ гардидаанд. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2020 ба маблағи 6 млн 635,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, баробари 109,2 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Нақшаи иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар даромадҳо бошад, ба маблағи 13 млн 121 ҳазору 283 сомонӣ иҷро карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 13 млн 604 ҳазору 464 сомониро ташкил намудааст.

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар семоҳаи сипаришудаи соли 2020 аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия бо 14 ташкилоту муассиса ва соҳибкорон ба маблағи 21043 сомонӣ шартномаи иҷора баста шуда, аз ин маблағ 5389 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 8 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии он 8,0 миллион долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи соҳибкорон 1 лоиҳаи сармоягузорӣ ба фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 лоиҳа ба гранти раиси вилояти Хатлон пешниҳод гардидааст.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Муассисаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ ба соҳибкори ноҳия Насриддинов Сайфиддин дар ҳаҷми 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки барои ворид намудани технология ва дастгоҳи муосири коркарди намак сарф гардидааст.

Бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби сармоя баҳри татбиқи лоиҳаҳои Барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 давоми семоҳаи соли ҷорӣ аз шумораи умумии лоиҳаҳои Барнома иҷроиши 75 лоиҳа бо маблағи 130 миллиону 630,7 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуда, аз ин 20 лоиҳа ба маблағи 24 миллиону 748,7 ҳазор сомонӣ ба соҳаи иқтисодӣ, 20 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 178,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, 25 лоиҳа ба маблағи 32 миллиону 529,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи инфрасохтор ва 7 лоиҳа ба маблағи 64 миллиону 033,0 ҳазор сомонӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 141,2 ҳазор сомонӣ ба таъминоти захиравӣ рост меояд.

Нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ

Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020-ум 13844 нафар нафақахӯр  ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла, 2191 нафари онҳо ҳамчун маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 9916 нафар пиронсолӣ, 511 нафар маъюбони то 18-сола, 1152 нафар бесаробон, 39 нафар барои хизмати тӯлонӣ ва 39 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии нафақахӯрон 351 нафарашон дар соҳаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолият мекунанд. Айни замон пардохти нафақа пурра тавассути корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти бонкҳо

Аз тарафи бонкҳои ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия 9 миллиону 87 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ, аз ҷумла  5 миллиону 367,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 1 миллиону 392,4 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тиҷорат, 665,9 ҳазор сомонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, 1 миллиону 641,8 ҳазор сомонӣ ба зарурияти иҷтимоӣ ва истеъмолӣ ва 19,6 ҳазор сомонӣ ба дигар хизматрасониҳо ҷудо карда шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 1 миллиону 201,7 ҳазор сормонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба воситаи бонкҳо ба ноҳия дар ҳаҷми 265,2 ҳазор доллари амрикоӣ ва 232 милиону 942,3 ҳазор рубли русӣ дохил шудааст, ки ин бо асъори миллӣ 34 миллиону 14,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзони ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар семоҳаи аввали соли 2020 корҳои муайянеро иҷро намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 21 миллиону 930,1 ҳазор сомонӣ расонида шуда, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,1 фоизро ташкил менамояд ё ин ки нисбатан 1 миллиону 261,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи растанипарварӣ 1 миллиону 008,1 ҳазор сомонӣ ё 12,1 баробар ва дар соҳаи чорводорӣ 20 миллиону 922,0 ҳазор ё 101,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 428,4 тонна гӯшт, 3700,7 тонна шир, 937,1 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуда, истеҳсоли моҳӣ бошад, ба 52,5 тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ низ нишондиҳандаҳо назаррасанд. Саршумори чорвои майда ба 30236 сар расонида шуда, ҳамагӣ 7994 сар барра гирифта шудааст, ки аз нишондоди дурнамо зиёд мебошад.

Дар истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ дар ноҳия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд. Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 22,1 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар ноҳия дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 9231 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки баробари 72 фоизи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 640 гектар зиёд мебошад. Дар давраи сипаришуда кишти ғалладонагиҳо ба 5273 гектар расонида шуда, иҷрои дурнаморо 107,4 фоиз таъмин намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 616 гектар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ноҳия дар майдони 671 гектар кишти сабзавот гузаронида шуда, 93,8 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 гектар зиёд мебошад. Аз ин 310 гектарашро пиёз ташкил менамояд, ки нисбати соли гузашта 35 гектар зиёд мебошад. Дурнамои кишти сабзӣ, карам ва дигар намуди сабзавот пурраю барзиёд иҷро карда шудааст.

Дар ноҳия дар майдони 430 гектар кишти зироатҳои полезӣ гузаронида шуда, 86 фоизи дурнаморо таъмин менамояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 гектар зиёд буда, аз ин зиёда аз 350 гектар кишти барвақтӣ буда, дар зери плёнка кишт шудааст.

Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ солҳои охир ба парвариши картошка аҳамияти хоса медиҳанд. Ин имконият фароҳам овард, ки дар ноҳия дар майдони 175 гектар картошка шинонида шудааст, ки баробари 100 фоизи дурнамо мебошад.

Дар соли 2020 пахтакорони ноҳия азм доранд, ки дар майдони 5874 гектар кишти пунбадона гузаронида, нишондоди дурнаморо таъмин намоянд. Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар ноҳия дар майдони 1862 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки ҳамагӣ 32 фоизи дурнаморо ташкил мекунад ва бо мусоид омадани боду ҳаво кишти пунбадона пурра гузаронида мешавад.

Самти дигари фаъолияти кишоварзӣ дар ноҳия – ин соҳаи боғу токтарварӣ мебошад. Бо мақсади афзоиш додани истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти меваю ангур қарори раиси ноҳия дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» қабул гардидааст. Мувофики нишондоди Барномаи мазкур, дар давоми 5 сол дар ноҳия бояд дар майдони 95 гектар боғҳо ва дар майдони 13 гектар токзорҳои нави содиротӣ бунёд карда шавад. Ҷамъбасти семоҳаи сипаришуда нишон медиҳад, ки дар ин самт хоҷагиҳо ва дигар истифодабарандагони замин дар натиҷаи андешидани тадбирҳои лозима ба дастовардҳо ноил гардидаанд. Дар ин муддат дар майдони 4,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд.

Соҳаи дигари кишоварзии ноҳия чорводорӣ мебошад. Баланд бардоштани маҳсулнокии чорво шарти ҳатмии тараққиёти соҳа ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ноҳия дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 74 адад хоҷагиҳо ба парвариши чорвои калон, моли майда ва парвариши асп машғул мебошанд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020-ум 36104 сар чорвои калони шохдор, 70546 сар моли майда, 961 сар асп ва 46837 сар паранда мавҷуд мебошад.

Соҳаи маориф

Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 31702 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1845 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таълимии ноҳия 860 нафар занон, 1570 бо маълумоти олӣ, 275 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият карда истодаанд.

Дар 4 муассисаи томактабӣ 280 кӯдак дар 12 гуруҳ тарбия гирифта истодаанд. Дар ин давра 46 маркази инкишофи кӯдак фаъолият намуда, 980 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Бобати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 165 нафар духтур, аз ин шумора 57 нафар бо категорияи олӣ ва 966 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 59 нафар дар беморхонаи марказӣ ва 8 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ (қитъавӣ), 3 нафар дар диспансери бемориҳои сил фаъолият карда истодаанд.

Маркази саломатии деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб бо ҳуҷраи хатнаи кӯдакон пурра таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.

Таъминот бо об

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ – ин таъминот бо оби полезӣ ва ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Дар ноҳия 113,5 км шабакаҳои обёрии байни хоҷагӣ ва 443,9 км дохили хоҷагӣ, 117,8 км заҳкашу заҳбурҳои байни хоҷагӣ ва 275 км дохили хоҷагӣ, 98 адад иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти обрасонӣ мавҷуд мебошанд.

Баҳри беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ҳаҷми 10,1 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд, ки ҳолати мелиоративии 105 га замини корами обӣ дар ҳудуди ноҳия беҳтар карда шудааст. Инчунин, 10 адад шабакаҳои гидротехникӣ ва 8 адад обченкунанкҳо таъмир карда шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 9 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об амал мекунанд. Дар ин давра шартномабандӣ бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар майдони 14465 гектар бо 114414 метри мукааб дар ҳаҷми 1 миллиону 279,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Рушди саноат

Давоми семоҳи соли ҷорӣ дар рушди соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо ва хизмати коммуналӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ноҳия ба 30 миллиону 296,0 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 825,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 2,8 фоизро ташкил медиҳад. Корхонаҳои хурди хусусӣ 58,5 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ноҳияро истеҳсол намудаанд, ки ба 17 миллиону 710,6 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Дар ин давра дар ноҳия 202,1 тонна гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 2038,0 тонна орд, 280,6 тонна равған, 2188,8 тонна намак, 1725 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 188,7 ҳазор дона хишти сементӣ, 14530,5 ҳазор метри мукааб сангреза ва 8201,7 метри мукааб рег истеҳсол карда шудааст.

Соҳаи сохтмон

Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 6 миллиону 220,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 3 миллиону 204,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давраи ҳисоботӣ ба андозаи 4 миллиону 306,7 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз худ шуда, 2131 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

Оид ба мунтазам роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои ташкили ҳашарҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, сохтмони идораҳои маъмурӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот дар ноҳия корҳои муайяне роҳандозӣ гардидаанд.

Хизматрасонии нақлиётӣ

Давоми давраи сипаришудаи 2020 дар ноҳия тавассути нақлиёти автомобилӣ ба миқдори 11 миллиону 636,2 ҳазор тонна бор ва 920,1 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 109,4 ва 100,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 209,825 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, дар се моҳи соли 2020 дар як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра ба маблағи 35,0 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ ва 10,0 ҳазор сомонӣ таъмири асосии роҳҳо гузаронида шудааст. Дар доираи маблағҳои зикргардида дар масоҳати 15,2 км роҳҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 10,7 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 4,5 км роҳҳои маҳаллиянд.

Шуғли аҳолӣ

Шуъбаи Агентии меҳнат ва Шуғли аҳолӣ дар ноҳия бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони бекор дар асоси нақша-чорабиниҳо ва тақвият бахшидани робитаҳои кори кордиҳандагон бо бекорон дар ин давра 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронидаанд, ки 36 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Ҳамзамон, 96 нафар сокинони ноҳия ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои чакандӯз, адрасбоф, муҳрабоф, барқчӣ ва асосҳои омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шудаанд. Инчунин, 25 нафар шахсони бекор ба корҳои ҷамъиятии мавсимӣ барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ сафарбар карда шудаанд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурд дар ин давра ба 10 нафар қарзҳои имтиёзноки фардӣ дода шудааст. Мавриди қайд аст, ки аз ин шумора ба 4 нафар қарзгирандагон қарзи имтиёзнок барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дода шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, соли 2018 12 иншоот ва дар соли 2019-ум 90 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Дар соли 2020 бошад, бунёду таъмири 102 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Дар арафаи ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ аз ин шумора 30 адади онҳо ба истифода дода шуданд. Алҳол аз 30 иншооти мавриди баҳрабардорӣ қароргирифта 28-тои онҳо дар асоси санади қабул ба ҳисоботҳои оморӣ дохил карда шудаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, “барои халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузор ва меъмори давлати навини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, доди худо мебошанд. Маҳз туфайли талошҳои беназири ин фарзонафарзанди миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта пеши роҳи ҷангҳои бемаънии бародаркуш гирифта шуда, кулли институтҳои давлатдориро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир ташкил намуданд. Миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бо номи мубораки Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд, ки ин ифтихори кулли тоҷикистониён аст. Маҳз он кас буданд, ки давоми се моҳи аввали соли 2020 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 156 субекти андозсупори нав ба қайд гирифта шуда, танҳо давоми солҳои 2018-2019 дар ноҳия 102 иншооти ҷашнӣ сохта шуд. Соҳибкорону шахсони ватандӯсти ноҳия азм доранд, ки 102 иншооти дигарро сохта ба истифода диҳанд. То ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ 30 иншоот пурра сохта ба истифода дода шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша-чорабиниҳои омодагардидаи МИҲД-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маҷмуъ бояд 242 иншооти гуногун сохта ва ё таъмиру таҷдид гарданд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мо беш аз 260 иншооти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем, ки ҳамагӣ аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллатанд. Мардуми ноҳия ҳамеша ба Пешвои худ арҷ мегузоранд ва аз он кас шукргузоранд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий