Норак шаҳрӣ саноатӣ буда, дар он даҳҳо корхонаҳои саноатӣ хуб фаъолият менамоянд. Нерӯгоҳҳои барқии обии Нораку Бойғозӣ, ки аз калонтарин нерӯгоҳҳои кишваранд, аз корхонаҳои асосии ин шаҳр ба шумор мераванд.
Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ин шаҳри овозадор ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,2 фоиз ё ин ки 239,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар нерӯгоҳҳои барқии обии Нораку Бойғозӣ ба миқдори 10,5 миллиард кВ/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки 101,2 фоизро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120,7 миллион кВ/соат зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар НБО-и Норак 122,5 фоиз, НБО-и Бойғозӣ — 129 фоиз, ҶСК “Бофандаи Норак” — 196,1 фоиз, ҶСП “ЗТММ” — 106,3 фоиз, филиали ҶСК “Тоҷикгидромантаж” — 105,6 фоиз, муассисаи ислоҳотӣ — 123,9 фоиз, ҶДММ “Сангрези Чашма” — 129,6 фоиз, МД “Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ” — 126 фоиз ва дар шабакаи барқӣ 114,5 фоизро ташкил медиҳад.
Давоми 10 моҳи соли 2017 нақшаи воридоти андоз 107,8 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1,8 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар зиёд маблағ ворид карда шуд, ки ин аз хизмати хуби кормандони мақомоти андоз гувоҳӣ медиҳад. Ягон муассисаи буҷетии шаҳри Норак аз фонди музди меҳнат ва нафақа қарздор нест.
Дар даҳ моҳи соли 2017-ум 11 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо барои корҷӯён 358 ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод пешниҳод гардида, ба 129 нафар роҳхат барои ҷойи кор дода шуд.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 корҳои сохтмонӣ — пудратӣ ба маблағи 162,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,1 фоиз ё ин ки 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар ҳудудҳои шаҳри Норак 80 манзили истиқоматии шахсӣ дар ҳаҷми 19079 метри мураббаъ сохта шудааст, ки хароҷоти он 1,2 миллион сомонӣ мебошад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Норак 19 адад иншооти гуногун ба маблағи 78,4 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Имрӯз шаҳри Норак дар асоси супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба яке аз шаҳрҳои саёёҳию истироҳатӣ ва табобатӣ табдил дода шудааст. Танҳо соли гузашта бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Муҳидов Абдурасул дар ҷамоати деҳоти Пули сангин истироҳатгоҳи “Пули сангин” бо хароҷоти беш аз 10 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Бо мақсади истироҳат ва саёҳат минтақаи истироҳатии Кӯли Комсомол азнавсозӣ карда шуда, меҳмонхонаи «Сайёра» аз тарафи соҳибкори ватанӣ мутобиқ ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуд. Дар соҳили дарё ва обанборҳо 51 адад минтақаҳои истироҳатии таъиноташон оммавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин як раванди тоза дар системаи хоҷагидории шаҳри Норак мебошад, ки аллакай зиёд меҳмонон барои истироҳату табобат ба ин шаҳри ҷавони Тоҷикистон меоянд.
Дар шаҳр ҳоло даҳҳо муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки сифати хӯрокаашон ба талаботи меъёрҳо мутобиқ мебошад, омодаи хизмат ба меҳмонону мизоҷон мебошад. Дар самти амнияти озуқаворӣ низ аз тарафи кишоварзони ин шаҳр корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла 180 га боғи анор пурра аз нав барқарор карда шуда, имрӯз барои дастурхони сокинони шаҳри Норак ва ҷумҳурӣ маҳсулоти аз ҷиҳати сифат беҳтарин дар ҷаҳонро пешкаш менамояд. Дар ҳудудҳои шаҳри Норак беш аз 10 га гармхонаҳо барои парвариши маҳсулоти полезӣ ва ситрусӣ мавҷуданд, ки дар фасли сармо маҳсулоти ин гармхонаҳо ба мардуми ҷумҳурӣ пешкаш карда мешавад.
Давоми ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Норак 3 мактаби замонавии мутобиқ ба стандарти ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ба хонандагон 947 омӯзгорон, ки аз он 648 нафарашон занон мебошанд, таълиму тадрис медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 13958 нафар хонанда таъсил менамоянд, ки 6781 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди шаҳри Норак 4 адад боғчаҳои бачагона фаъолият менамояд, ки дар онҳо 565 нафар тифлакон фаро гирифта шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар 16 гурӯҳ марказҳои инкишофи кӯдакони синни то мактабӣ бо фарогирии 437 нафар амал менамоянд.
Дар самти хизматрасонии тиббӣ бошад, Беморхонаи марказии шаҳри Норак, ки дорои 221 кат ва 11 шуъбаи муҳолиҷавӣ ва 6 шуъбаи ёрирасон мебошад, фаъолият менамояд. Дар ин муассиса 38 табиб, ки 22 нафарашон дорои дараҷаҳои тиббӣ мебошанд, 162 ҳамшираҳои тиббӣ, ки 92 нафарашон дорои дараҷаҳои тахасусӣ мебошанд, ба мардум хизмат мерасонанд. Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Норак Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият менамояд, ки сохтори он аз як маркази саломатии шаҳрӣ, се маркази саломатии деҳот, 13 бунгоҳи саломатӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагӣ, маркази ДОТС, маркази эмтаъминкунӣ, Амбулаторияи тиби оилавӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози даруна ва шуъбаи дандонпизишкӣ иборат аст. Ба ғайр аз ин, дар шаҳри Норак Идораи санитарию эпидемиологӣ фаъолияти хуби корӣ дорад.
Дар системаи КАТС-и шаҳри Норак 283 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз ин 46 нафарашон духтурон буда, 176 кормандони миёнаи тиб, 43 нафар кормандони хурди тиб ва 28 нафарашон кормандони техникӣ мебошанд. Дараҷанокии кормандон дар ин муассиса 71,8 фоизро ташкил медиҳад.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар беморхонаи марказӣ 3794 бемор бистарӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашшта 239 нафар беморон зиёд мебошанд. Аз онҳо беморони имтиёзнок 2283 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҷамъи маблағҳо мутобиқ ба фармони №600 аз 02.12.2008-ум, 386081 сомониро ташкил менамояд. Аз ҳисоби хизматрасониҳои амбулаторӣ бошад, 41285 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.
Давоми даҳ моҳи соли 2017 дар шаҳри Норак 1297 нафар навзодон таваллуд гардидаанд. Дар соли 2017 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии шаҳри Норак як адад дастгоҳи рентгении тамғаи “PLX-160 A” таъмин карда шуд. Дар ҳамаи шуъбаҳо ва ошиёнаҳои беморхонаи марказӣ мизҳои гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст, ки ба дилхоҳ бемору аёдаткунанда нӯшобаҳо аз гулу гулбуттаҳои табобатии ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Имрӯз ҳудудҳои маъмурии Беморхонаи марказии шаҳри Норак ба як гулистони афсонавӣ табдил дода шуда, танҳо соли ҷорӣ аз тарафи кормандон 250 ниҳоли мевадиҳанда, 65 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва 36000 бех гулҳои рангоранг шинонида шудааст.
Танҳо давоми соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои худи беморхона ба маблағи 23982 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст.
Ба муассисаҳои КАТС-и шаҳри Норак бошад, давоми даҳ моҳи соли 2017-ум 56500 нафар муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7003 нафар зиёд мебошад.
Кормандони муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ давоми даҳ моҳ 562 адад санҷишҳо гузаронида, 50 пешниҳоди санитарӣ дода, нисбати 167 нафар барои вайрон кардани талаботҳои санитарӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Фаъолияти 5 муассиса боздошта шуда, аз 167 нафар ҷарима ба маблағи 15780 сомонӣ ситонида шудааст.
Ба гуфтаи сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Дӯкон, деҳаи Туғмазор, Достаков Саъдулло, “то чанд соли пеш сайёҳону истироҳаткунандагон аҳён-аҳён барои дидани дарғоти 300-метраи НОБ-и «Норак» меомаданд. Дар шаҳр, метавон гуфт, ягон инфраструктураи туристию истироҳатӣ мавҷуд набуд. Баъди раиси шаҳри Норак таъин гардидан, Ҳурматзода Фатҳулло Зариф корро дар асоси супориши Пешвои муаззами миллат дар самти бунёди инфраструктураи табобатию истироҳатӣ ончунон пурзӯр кард, ки имрӯз шаҳри Норак дар баробари Варзобу Ромит ва соҳили «Баҳри Тоҷик» ҷойи дӯстдоштаи сайёҳону истироҳаткунандагон ва табобатгирандагон гардидааст ва ин раванд мо соҳибкоронро басо руҳбаланд мекунад”.

Саиди ҲАЙДАР,
Душанбе — Норак — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here