Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф афзалият дода, дар ҳар як Паёмашон ба рушд бахшидани он дар дилхоҳ шаҳру навоҳии кишварамон таъкид менамоянду дастуру супоришҳо медиҳанд. Дар ин замина, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод фаъолияти худро аз рӯи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастуру супоришҳои раиси ноҳия ва барномаву санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянро ба сомон расонидааст.

Маълумоти мухтасар

Дар ноҳияи Муъминобод 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимону бепарасторон, 2 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ҷамъ 64 муассисаи таълимӣ ва 55 Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 дар се зинаи таҳсилот 20174/9828 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди омӯзгорон ба 1588 нафар расидааст, ки аз онҳо 671 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2019-2020 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 нафар кадрҳои омӯзгорӣ ба ноҳия фиристода шудаанд, ки аз ин шумора 40 нафар бо фармоиши мудири шуъбаи маориф бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Мувофиқи барӯйхатгирии кӯдакони синни то 8-сола, дар соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 2327 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 201 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар онҳо 14 нафар мураббӣ бо таҳсилоти олӣ фаъолият мебаранд. Инчунин, 55 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1098/506 нафар кӯдак ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Рушди маҳорати касбии омӯзгорон

Таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз вазъи сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон ба роҳ монда шуда, дар аксари муассисаҳо дарсҳои иловагии салоҳиятнокӣ гузаронида шудаанд.

Дар соли гузашта 300 нафар ба филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб ва 4 нафар ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ҷамъ 304 нафар фиристонида шудаанд.

Аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф дар давраи таътили тобистона тибқи муносибати босалоҳият 93 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз курси 5-рӯза гузаронида шудаанд. Инчунин, дар давраи таътили тирамоҳӣ 350 нафар омӯзгорон аз курси технологияи иттилоотӣ гузаронида шудаанд. Дар сатҳи се ҷамоати деҳот – ҷамоати деҳоти Нуралишо Назаров, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳраки Муъминобод семинарҳои доимоамалкунанда дар рӯзҳои методӣ гузаронида мешаванд.

Дар 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои кушод дар сатҳи ноҳиявӣ ташкил карда шуда, аз тарафи мушовирони кабинети методии шуъба 50 дарси омӯзгорон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст.

Корҳои сохтмониву ободонӣ

Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Чилдухтарон, №54-и деҳаи Шаймирӣ, №9-и деҳаи Деҳибаланд корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар деҳаи Кулчашмаи боло муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №56 зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Муъминобод аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Дегрез (5 синфхонаи иловагӣ), №44-и деҳаи Дараи Ҳаваш (2 синфхонаи иловагӣ) ва №23-и деҳаи Чаргӣ (1 синфхонаи иловагӣ) босуръат пеш рафта истодааст.

Дар моҳи марти соли 2019 аз тарафи кормандони шуъба, омӯзгорон, кормандони техникию хоҷагӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳашарҳо, корҳои ободонӣ, таъмиру тоза намудани атрофи муассисаҳо, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунонӣ доир гардида, бо иштироки зиёда аз 2243 нафар кормандони соҳа ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.

 Иштирок дар чорабиниву озмунҳо

Кӯдакони боғчаи бачагонаи №1 дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ ширкат варзида, 3 маротиба дар телевизиони “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” сабт карда, намоиш дода шудаанд. Инчунин, мураббии ин боғча дар соли таҳсили 2018-2019 дар озмуни вилоятии «Мураббии сол» ҷои сеюмро сазовор гардидааст.

Ҳамзамон, барои хонандагоне, ки дар озмунҳои фаннӣ ва олимпиадаҳои вилоятӣ ширкат меварзанд, дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуда, беҳтаринҳо ба озмунҳои вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки айни ҳол 44 нафарашон бо медалҳои гуногун мушарраф гардидаанд.

То имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 27 нафар кормандон дар 27 маҳфил, 78 гуруҳ амал карда истода, 790 аъзоро ба ин маҳфилҳо ҷалб намудаанд. Гуруҳҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №1, 2, 4, 8, 14, 39, интернати ятимону бепарасторон ва корхонаи хусусии суратгирии “Мансур” ташкил карда шуда, амал менамоянд. Таълимгирандагони ин муссиса дар чорабинии умуминоҳиявӣ оид ба «Ҳунар беҳтар аз сарват» иштирок намуда, роҳбари маҳфили дӯзандагӣ ҷойи аввал ва роҳбари маҳфили «Чакандӯзӣ» ба ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Дар баробари ин, рӯзи 11.04.2019 дар назди МТИ намоиши дастовардҳои аъзои маҳфилҳои муассиса бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил намуданд, ки намоиш аз тарафи шабакаи телевизионии кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» ба навор гирифта, намоиш дода шуд.

Рӯзи 18.04.2019 дар шаҳри Кӯлоб озмуни телевизионии «Бозёфт» гузаронида шуда, хонандаи синфи 9 А-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Тоҳиров Сироҷиддин бо ихтирооти худ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардида, бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шудааст. Аъзои маҳфили МТИ рӯзи 25.04.2019 дар озмуни минтақавии «Муҳофизати табиат» иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм гардидаанд.

Рӯзи 17.05.2019 аъзои маҳфили “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” дар чорабинии ноҳиявии «Милисаи ман» иштирок намудаанд. Рӯзи 22.05.2019 бошад, дар ноҳия озмуни вилоятии «Чароғаки роҳнамо» дар байни хонандагони ноҳияҳои Темурмалик ва Муъминобод гузаронида шудааст, ки гуруҳи нозирони навраси ҳаракати роҳ «Дастаи корвон»-и муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия бо бартарии 9 хол дастболо гардидаанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 дар олимпиадаи фаннӣ (даври вилоятӣ) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар маҷмуъ соҳиби 44 медал (3 медали тилло, 6 нуқра, 35 биринҷӣ) гардида, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 2 нафар хонанда роҳхат гирифтаанд. Инчунин, дар чорабиниҳои дигари вилоятӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 30 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Ғайр аз ин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 3 медали тилло ва 1 нуқра гардидаанд. Инчунин, 2 нафар хатмкунандагони гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб» Сатторзода Аниса ва Саъдуллоева Рамзия соҳиби аттестати сурхи универсалӣ ва медали тилло гардидаанд, ки ин дастоварди бузург дар соҳаи маорифи ноҳияи Муъминобод ва вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Дар озмуни вилоятии «Донояк» ва озмуни телевизионии «Забон ҳастии миллат» хонандагони гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб» сазовори ҷои 1-ум гардидаанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ҳамаи 58 муассисаи таълимӣ гузаронида шуда, дар он директорони муассисаҳои таълимӣ, муаллимон, хонандагон иштирок намудаанд. Зиёда аз 80%-и хонандагон дар даври якуми озмун ширкат варзидаанд. Дар озмуни вилоятӣ 5 нафар хонанда ва 2 нафар омӯзгор иштирок намуда, соҳиби ифтихорнома гардидаанд.

Бахшида ба 95-солагии мунаққид, адабиётшинос Соҳиб Шуҳратиевич Табаров озмун оид ба гирифтани стипендияи Соҳиб Шуҳратиевич Табаров гузаронида шуда, дар ин озмун аз 40 муассисаи таълимӣ хонандагон иштирок намуда, 31 нафар хонандагон соҳиби стипендия гардидаанд.

Корҳои санҷишиву назоратӣ

Дар самтҳои аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ, санҷишҳои сифати таҳсилот ва иҷрои қарорҳои назоратӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Дар соли гузашта муассисаҳои таълимии 13, 15, 16, 22, 28, 42, 47, 49, 52 аз аттестатсия гузаронида шуда, вазъи ташкили назорати дохилимуассисавӣ, сифати таҳсилот ва натиҷагирӣ аз он оид ба фанҳои дақиқ мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар Шӯрои шуъбаи маориф баррасӣ карда шудаанд. Вазъи корҳои таълиму тарбия, интизоми хонандагону муаллимон, фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, созмонҳои талабагӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд, ки натиҷаи санҷишҳо дар маҷлисҳои назоратии назди мудири шуъба ва шӯроҳои методии худи муассисаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Дар давраи таътили зимистона дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ ҷадвали алоҳида таҳия шуда, омӯзгорон, хатмкунандагон ва хонандагони сустхон ба дарс ҷалб карда шудаанд.

Таъминоти технологӣ

Оид ба иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» 4 адад принтер, 8 адад тахтаи электронӣ, 1 адад видеопроектор, 15 адад компютер ворид карда шудааст.

Ташкили истироҳату кӯмакҳои молиявӣ

Дар асоси қарори муштараки Шӯрои шуъбаи маориф ва Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Муъминобод аз 12.03.2019, №5/3 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 20.05.2019, №69 «Дар бораи гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, тибқи нақша дар назди 57 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ лагерҳои назди муассисавӣ дар ду баст ташкил гардида, 5480 нафар кӯдакон ва наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия 4 нафар кӯдакони кормандони маориф ба лагери истироҳатии ҷумҳуриявӣ фиристонида шудаанд.

Дар арафаи иди саиди Фитр, иди Қурбон, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба 57 нафар кӯдакони маъюб, 27 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ва 3 нафар собиқадорони соҳаи маориф кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Аксари муассисаҳои таълимӣ низ ба муносибати иди саиди Фитр, иди Қурбон ва Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба мардуми эҳтиёҷманд ёрии молию пулӣ расонидаанд, ки тахминан зиёда аз 5 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Инчунин, ба собиқадори меҳнат Назаров Маҷид кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шудааст.

Идомаи таҳсил

Дар соли таҳсили 2018-2019 дар самти дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ноҳияи Муъминобод миёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷойи сеюм меистад. Бақайдгирӣ ва  ҳуҷҷатсупорӣ 99,8% ва дохилшавӣ 89,21% мебошад.

Вохӯрии намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии №1, 2, 30, гимназияи “Ҳиммат” ва бо падару модарон оиди бақайдгирӣ дар ММТ ва интихоби касбу ихтисосҳо баргузор карда шудааст.

Соли гузашта 4 нафар хонандагон гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон, 40 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳия, 41 нафар сазовори стипендияи Соҳиб Табаров ва 5 нафар сазовори стипендияи раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод гардидаанд.

Дар озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар хонандагон ғолиб гардида, ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шудаанд.

Баррасии муроҷиатҳо

Дар давоми соли 2019 ба шуъбаи маориф 235 мавод ворид шуда, 298 адад мавод содирот гардидааст, ки ҳамаи ин ҳисоботҳои оморӣ дар ҷузъдонҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла, 75 қарор, 50 адад дастурҳои раиси ноҳия, 15 амри раиси ноҳия, 12 нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия, 20 фармоишҳои сардори Раёсати маориф, мактуби сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, 10 Нақша чорабиниҳои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, 10 қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, 10 дастуру мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон, 20 қарору мактубҳои ҷамоати шаҳраки Муъминобод, 25 мактуб аз ташкилоту муассисаҳо ва 35 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардида, ҳалли худро ёфтаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, вобаста ба таъмини иҷрои бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон 32 маротиба қабули шаҳрвандон дар шуъба дар рӯзҳои қабул (шанбе ва чоршанбе) аз ҷониби мудири шуъба ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 10 ҷаласаи Шӯро, 24 ҷаласаҳои назоратии назди мудири шуъба гузаронида шуда, масъалаҳои зарурии таълиму тарбия, назорати дохилимактабӣ, ёриҳои методӣ, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шудаанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, муҳтарам Олимҷон Табаров, “маорифчиёни ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд низ бо дастгирии Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешравии илму маърифат ва баланд бардоштани сатҳи сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here