Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар соли 2019 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он 1328 нафар омӯзгорон ва мураббияҳо кору фаъолият намуда, аз ин шумора 1003 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар соли гузашта 142 нафар омӯзгорон ба категорияи олӣ, 105 нафар барои дараҷаи тахассусии якум, 73 нафар барои дараҷаи тахассусии дуюм сазовор дониста шудаанд. Дар соли 2019-ум 413 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд. Ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор дар соли 2019 аз шумораи 84 нафар мутахассисоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин бо ҷойҳои корӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба шуъбаи маориф муроҷиат намуда буданд, 71 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Норасогии омӯзгорон дар шуъбаи маориф ва массисаҳои зертобеи он дида намешавад.

Ҷиҳати иҷрои Консепсияи миллии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар аввали соли таҳсили 2019-2020-ум 25431 нафар буда, аз ин теъдод 11870 нафарро духтарон ташкил менамоянд. Шумораи умумии тарбиятгирандагон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ 3329 нафар буда, аз ин теъдод 1321 нафарро духтарон ташкил дода, 17,8% фарогирии кӯдакони то синни мактабиро дар шаҳри Бохтар ташкил менамояд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми сарвари давлат ироа гардида буд, пайваста аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ ёрии методӣ расонида мешавад, ки натиҷаи дониши хонандагон дар ҷамъбасти соли хониши 2018-2019-ум 53%-ро ташкил дода, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 98,8% баробар гардидааст, ки нисбати соли 2018-ум 5% зиёд мебошад.

Дар соли 2019 семинари машваратӣ оид ба дохилшавии хонандагон тариқи Маркази миллии тестӣ дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуда, натиҷаи дохилшавии хатмкунандагон ба донишгоҳҳои олӣ, хориҷ, мақомоти қудратӣ, коллеҷҳои хусусӣ аз шумораи 1585 нафар хатмкунандаи соли 2019-ум 1330 нафарашон дохил шуда, 84%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар аввали сол ва моҳи декабри соли 2019 вохӯрии гуруҳи корӣ бо хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз доир карда шудааст.

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ зиёда аз 7 ҳазор гулҳои садбарг ва 10 ҳазор дона гулҳои лола, 4 ҳазор гулҳои мавсимӣ дастрас карда, дар минтақаҳои вобасташуда шинонида шудааст. Дар асоси шартнома бо корхонаи Боғбунёди шаҳри Бохтар зиёда аз 12000 ҳазор гулҳои мавсимии намуди карамгул низ шинонида шудааст. Ташкил ва баргузор намудании шанбегиҳо дар заминҳои вобасташуда аз тарафи кормандон ва омӯзгорон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани заминҳои вобасташуда амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати омода намудани муассиаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба соли нави таҳсили 2019-2020 бо кӯмаку дастгириҳои кумитаи падару модарон  тамоми муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Маблағи сарфгардидаи кумитаи падару модарон 509 ҳазору 934 сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи муассиса 930 ҳазору 739 сомонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар муассисаҳои томактабӣ 658 ҳазору 779 сомонӣ аз ҳисоби падару модарон, 1 миллиону 424 ҳазору 885 сомонӣ аз ҳисоби сметаи хароҷотии муассиса сарф гардидааст. Бинои шуъбаи маориф низ аз ҳисоби буҷаи корхона рангубор карда шуда, дар саҳни бинои шуъба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шудаанд.

Амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия, Барномаи насли наврас дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он зери назорати доимӣ қарор дорад. Соли гузашта дар асоси нақша-чорабиниҳо, озмуни “Чакомаи гесу”, “Ватанпарвар”, “Чароғаки роҳнамо”, “Оташнишони наврас” ва инчунин дар замимаи муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланд гузаронида шудаанд. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ, ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рӯдакӣ, ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намудаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки санаи 23-юми марти соли ҷорӣ дар кушодашавии варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок ва саҳмгузорӣ намуданд. Инчунин, дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи Забон, ҷашни Парчами миллӣ, Рӯзи Президент чорабиниҳо баргузор гардида, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ назаррас буд.

Тибқи нақшаи бахши хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф дар соли гузашта чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №№4, 14, 10 ва №6 ва 6 муассисаҳои томактабии №№6, 18, 1, 10, 11 ва №12 аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шудаанд. Дар моҳи сентябри соли гузашта се муассисаи таълимӣ аз акредитатсияи давлатӣ гузаронида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаи кории шуъбаи маориф 12 Шӯрои шуъбаи маориф баргузор карда шуда, зиёда аз 64 масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шудаанд.

Баҳри иҷрои талаботҳои барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, қонунҳо ва стратегияҳо пайваста корҳои амалӣ бурда шуда, иҷроиши онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Назорати рафти иҷрои барномаҳои зикргардида дар соли 2019 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли таҳсили 2019 дар самти омодагиҳо ва иштирок дар олимпиадаҳои фаннии мактабачагон дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, даставӣ ва наврасон фаъолона иштирок намуда, сазовори 38 медал гардидаанд, ки ин теъдод нисбат ба соли гузашта 9 медал зиёд мебошад. Дар моҳи ноябр ва декабри соли гузашта даври дуюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ баргузор гардида, 173 нафар хонандагони синфҳои 9-11 барои иштирок дар даври сеюми олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтаанд.

Вобаста ба таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти либоси ягонаи мактабӣ мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 12497 адад либосҳои мактабӣ нақшабандӣ гардида, тибқи нақшаи мазкур бо 4 корхонаи истеҳсоли ватанӣ аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шартнома баста шуда, таъмини сарулибоси ягонаи мактабӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ба пуррагӣ иҷро гардидааст.

Дар самти амалишавии Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар соли 2019 дар муассисаҳои таълимии №6, 4, 9, 11, 12, 15, литсейи давлатии №1, литсейи Ориёно, ҷамъ 17 кабинети фаннӣ ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки иҷроиши Барномаи мазкур дар соли 2019, ки тибқи нақшаи соли 2019-ум 11 кабинети фаннӣ нақшабандӣ гардида буд, 154%-ро ташкил медиҳад. Иҷрои барномаи мазкур барои солҳои минбаъда зери назорати шуъбаи маориф қарор дорад.

Дар самти амалишавии “Барномаи давлатии кампютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар пешравиҳо ба назар мерасад. Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 980 адад компютер, 30 адад тахтаҳои электронӣ, 34 адад проектор барои истифодаи хонандагон дар синфхонаҳои компютерӣ таҷҳизонида шудааст. Тибқи нақшаи шуъбаи маориф оид ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо дар соли 2019 харидории 137 адад компютер дар муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин давра аз тарафи шуъбаи маориф ҷиҳати иҷро ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кампютер тибқи нақшаи пешниҳодгардида дар соли 2019-ум 155 адад компютер, аз ин теъдод 27 адад аз ҳисоби сметаи хароҷотии муассисаҳо, 137 адад аз сметаи хароҷотии шуъбаи маориф харидорӣ карда шуда, ба муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон дода шудааст, ки ҷамъи умумии харидории компютерҳо дар соли 2019-ум 113%-ро ташкил менамояд. Иҷроиши барномаи мазкур дар соли 2019 ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтааст.

Баҳри таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили 2019-2020 дар асоси борхатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маориф ба миқдори 47 номгӯй, ба теъдоди 44 ҳазору 466 нусха ба маблағи 654 ҳазору 137 сомонӣ китобҳои дарсии иҷоравӣ ворид шудааст. Маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили 2019-2020-ум 600 ҳазору 689 сомониро ташкил медиҳад. Нақшаи пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли 2019 ба пуррагӣ иҷро гардидаст.

Лозим ба зикр аст, ки баҳри тадбирҳои андешидашуда, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, инчунин татбиқи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” дар соли 2019 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 104 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 109 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ бо маълумоти олӣ ва миёни касбӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 82 нафар омӯзгорони фанни забонҳои русӣ ва англисӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шудаанд.

Дар соли 2019 аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар тариқи Маркази миллии тестӣ 9 нафар ба факултаи забони русӣ ва 22 нафар ба факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, таҳсилро идома дода истодаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии Рушди маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар соли 2019 сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар як баст воқеъ дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи Ҷумҳурии Чин, як муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст аз тарафи Федератсияи Русия дар шаҳри Бохтар санги асос гузошта шудааст. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Маданият бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ як боғчаи хусусӣ бо номи “Фарзона” бо фарогирии зиёда аз 100 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба истифода дода шуда, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Бохтар афзудааст.

Дар самти омодагиҳо барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 257 тонна ангишт, 252 метри кубӣ ҳезум, 601 печҳои барқӣ, 555 адад печҳои аловӣ, 100 метри квадратӣ шишабандӣ, 600 литр сӯзишворӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нақшаи таъмин ба пуррагӣ ҳалли худро ёфта, рафти баргузории мавсими тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 зери назорати қатъии шуъбаи маориф қарор дорад.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маориф, муҳтарам Қурбонбӣ Забирзода, “шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳои фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад. Мо — маорифчиён дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳем, то насли шоиставу арзанда ба камол расонем”.

МТЖТ

Добавить комментарий