Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Масчоҳ яке аз пунуфузтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Суғд буда, ин махзани дониш соли 1991 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамқадами истиқлолияти кишвар мебошад ва 28 сол боз фаъолияти пурсамар дорад. Дар давоми бисту ҳашт соли фаъолияти худ ин муассисаи таълимӣ ба дастоварду комёбиҳои бузург ноил шуда, ҳамчун даргоҳи илму маърифат дар рушду нумуъи маорифи ҷумҳурӣ ҳиссагузор буда, талаботи мактабҳои миёнаи навоҳии Масчоҳ, Куҳистони Масчоҳ, Зафаробод, Истаравшан, Ашт ва Ғончиро бо кадрҳои лаёқатманди педагогӣ таъмин мекунад. Ҳарчанд бисту ҳашт сол назди таърих чандон тӯлонӣ нест, лекин Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Масчоҳ тавонист дар ин муддат ҳамчун муассисаи таълимӣ ном барорад. Аҳли коллективи меҳнатии коллеҷ ифтихор аз он доранд, ки дар баробари таҷлили ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 28- солагии коллеҷ низ қайд карда мешавад.

Коллеҷро номзади илмҳои филологӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифова Муслима Тошбекова роҳбарӣ мекунад 

 

Ҳайати кадрӣ

Дар ибтидои фаъолияти худ коллеҷ танҳо як тахассус, яъне омӯзгори синфҳои ибтидоӣ тайёр менамуд. Бо дархости идораи маорифи вилоят ва ҳамризоятии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ соли 1995 шуъбаи ғоибона таъсис дода шуд ва баъдан дар соли 2000 ду тахассуси нав — муаллими синфи ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ ва бо иловаи забони англисӣ таъсис ёфт. Соли 2012 Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Масчоҳ ба МДТ Коллеҷи омӯзгорӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ соли 2013 талабот ба ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, биология, математика, таҳсилоти томактабӣ ва мусиқӣ ба миён омад. Аз ҳамон сол ин ихтисосҳо дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона амал мекунанд.

Дар коллеҷ 54 нафар устодони соҳибтаҷриба фаъолият доранд, ки миёни онҳо 3 нафар номзади илм ва 21-нафар аълочиёни соҳаи морифи ҷумҳурӣ  мебошанд.

Аз суҳбат бо маъмурияти коллеҷ маълум шуд, ки дар таъсиси он аввалин устодон Ҳомид Устоев, Муллоҳасан Доробов (руҳашон шод), Ёқубова С., Давлатов Мулошо, Мирвайсов С., Ш. Раҷабӣ, Қурбонов М., Сафаров А. саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ 3 нафар номзади илм, 4 аспирант, 2 унвонҷӯй, 2 нафар магистрант фаъолият мебаранд, ки боз имсол 2 нафар устодон ба шуъбаи аспирантура дохил шуданд. Дар соли равон дар баробари чоп шудани китобу дастурҳои устодон, китоби шеърҳои донишҷӯ Сулаймонов М. бо номи «Суқути сукут» чоп гардида, пешниҳоди мухлисонаш гашт.

Донишҷӯёну устодони муассиса дар ҳамаи чорабиниҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, варзишии ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамоянд.

 

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ як факултети «Умумитаълимӣ» бо се кафедра — кафедраи табии-риёзӣ, кафедраи забонҳо ва кафедраи ҷамъиятӣ — тахассусӣ ва шаш шуъба -шуъбаи таълим, шуъбаи тарбия, кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, маъмурӣ- хоҷагидорӣ ва 1 маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестӣ фаъолият дорад.

Дар МДТ Коллеҷи омӯзгорӣ чунин ихтисосҳо амал мекунанд:

«Математика»; «Таҳсилоти то мактабӣ»; «Таҳсилоти ибтидоӣ»;

«Забон ва адаби тоҷик»; «Забон ва адаби рус»; «Забони англисӣ»;

«Таърих»; «Таълими мусиқӣ»; «Биология»

Дар доираи ихтисосҳои номбурда 491 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар 12 гуруҳи шартномавӣ ва 12 гуруҳи буҷавӣ таҳсил мекунанд.

 

Пояи моддӣ — техникӣ

Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ — техникии муассиса ва ҳам барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён, истифодаи технологияи нав дар машғулиятҳо 2-адад проектор, 6 адад принтер 2-адад тахтаи электронӣ, 42 адад компютер харидорӣ шуд. Ғайр аз ин дар соли таҳсили 2018-2019 барои таъмин намудани кабинети биология маводҳо: муляҷ, микроскоп, скелети одам, 38-то таблитсаҳои биологӣ, 10-лампаи рӯимизӣ, 2-то ҷевон, 12-миз харидорӣ шуданд, ки айни ҳол аз он устодону донишҷӯён пурсамар истифода мебаранд.

 

Хобгоҳ

Коллеҷи омӯзгорӣ бинои хобгоҳи алоҳида надорад, вале барои қонеъ намудани талаботи донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст, қабати дуюми бинои асосии таълимиро ҳамчун хобгоҳ истифода менамояд, ки дар он асосан духтарон истиқомат мекунанд. Барои аҳли хобгоҳ шароити хуб, аз қабили ошхона, ҷои хӯрокпазӣ, ҳаммом, толори хурд барои гузаронидани чорабиниҳо ва тамошои оинаи нилгун муҳайё шудааст. Алҳол дар хобгоҳ 68 нафар духтарон зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби набудани хобгоҳи алоҳида донишҷӯписарон бо хобгоҳ таъмин нестанд, вале маъмурияти коллеҷ дар асоси шартномаи тарафайн яқ қисми донишҷӯписаронро дар хобгоҳи Литсейи касбӣ — саноатӣ ва қисми дигарро дар хобгоҳи Коллеҷи кишоварзии ноҳия ҷойгир намудааст. Дар асоси барномаи давлатии рушди муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бунёди бинои хобгоҳ дар соли 2019 барои Коллеҷи омӯзгорӣ ба назар гирифта шудааст.

 

Китобхона

Коллеҷи омӯзгорӣ 1 китобхона дорад, ки он дорои 1 қироатхона бо 20 ҷои нишаст ва фонди асосӣ аст. Дар китобхона китобҳои ҷамъиятӣ,  илмӣ-методӣ, китоби дарсӣ, китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуд аст.

Дар китобхона 5 адад компютер мавҷуд аст, ки донишҷӯён ба воситаи онҳо аз китобҳои электронӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.

 

Дастгирии ятимон

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ба ятимони кулл таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Як нафар ятими кул дар муасиса таҳсил мекунад, ки пеш аз ҳама бо стипендия таъмин аст. Бо дастгирии раиси ноҳия Азиззода Ғ. М. ба ин донишҷӯ 8 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ба ӯ мадад карда мешавад.

Ба муҳассилини ниёзманд дар ҳар як иду ҷашнвораҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби ҳукумати вилояту ноҳия аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ёрии молиявӣ расонида мешавад.

 

Иштироку ғолибият дар озмунҳо

Қобили қайд аст, ки ҳамасола донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои гирандагони стипендияҳои президентӣ, раиси вилоят ва раиси ноҳия ширкат карда ғолиб меоянд. Фақат дар соли 2018-2019 Сулаймонов Меҳриддин-гирандаи стипендияи президентӣ, Вазирзода Сабрина ва Давлатова Шикебо-стипендияи раиси вилоят, Назарзода Сабоҳат ва Одинаев Камолуддин гирандагони стипендияи раиси ноҳия гардиданд. Ҳамчунин чор нафар — Бобоҷонова Шукрона, Иброҳимзода Мамнуна, Нуров Исматулло ва Мирзозода Мафтуна гирандагони стипендияи раиси ҲХД дар ноҳияи Масчоҳ мебошанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Ҳангоми боздид аз Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Масчоҳ ва суҳбат бо устодону донишҷуён маълум шуд, ки дар муасисаи мазкур таълим ба таври бояду шояд ба роҳ монда шуда, ҳама шароит барои таҳсили донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Маъмурияти Коллеҷ ба ҳамаи онҳое, ки нияти таҳсил дар коллеҷи мазкурро доранд, кафолат медиҳанд, ки чун мутахассисони хуб шуда барои пешрафти соҳаи маориф ва илм, барои рушди ватани азизамон хизмати арзанда менамоянд.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here