Агар он амалӣ шавад…

Дар сурати амалӣ гардидани як лоиҳаи обтаъминкунӣ, имкони таъмини пурраи аҳолии як қисмати деҳот ва шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ софу тоза мавҷуд будааст. Баҳри амалӣ шудани ин нақша идораи КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент лоиҳаеро матраҳ ва омода намудааст, ки он аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле арзон буда, ҳам имкони бо ин роҳ даромади маблағ ба буҷаро дораду ҳам кулли шаҳру якчанд деҳаҳои шаҳри Панҷакент, ки то ҳол бо оби нӯшокӣ таъмин нестанд, бо оби софи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ризоев Қиёмиддин, роҳбари Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи”-и шаҳри Панҷакент дар ин бобат мегӯяд: «Тибқи ин лоиҳа, ки мо бо мутахассисони варзида омода намудем, бо кашидани лӯлаи оби тозаи нӯшокӣ аз мавзеи Ҳафткӯли ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент метавонем ба сокинони шаҳр ва якчанд деҳоти Панҷакент оби сифатан тозаро таъмин созем».

Манофеи оби “Мижгон”
Лоиҳаи пешниҳодшуда аз кӯли “Мижгон” то ба шаҳри Паҷакент кашидани хати нави оби нӯшокӣ мебошад, ки ҳамагӣ 38 километрро ташкил медиҳад. Барои овардани ин хати оби нӯшокӣ ягон намуд пойгоҳи обкашӣ лозим нест ва он метавонад тариқи худҷорӣ ба Панҷакент оварда шавад.
Идораи КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент итминон дорад, ки агар лоиҳаи онҳо амалӣ гардад, дар он сурат иловатан зиёда аз 47000 нафари дигар бо об таъмин ва зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар маблағи иловагӣ зам хоҳад шуд. Ҳамчунин, имкон дорад, ки тариқи ин хати оби нӯшокӣ даҳҳо га боғҳои нави интенсивӣ бунёду обёрӣ шаванд.
— Оби кӯли “Мижгон” аз лабараторияи Маркази ташхиси минтақавии водии Зарафшон гузаронида шуд. Тибқи хулосаи мутахассисони марказ, оби ин мавзеъ нисбат ба обҳои нӯшокии ҳозираи истифодашудаистода беҳтар аст ва дар таркиби худ намаки кам дорад. Танҳо барои амалишавии ин лоиҳа кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст,- мегӯяд Қиёмиддин Ризоев, сардори Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи”-и шаҳри Панҷакент.

Зарурати амалишавии лоиҳа

Тибқи иттилои Қиёмиддин Ризоев, қубурҳои оби нӯшокии дохили маҳаллаҳои шаҳр дар маҷмӯъ кӯҳна шудаандуаз ин боис айни замон як қатор мушкилоте дар самти таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ҷой доштааст.
Эҳтимоли ба оби нӯшокӣ якҷоя гардидани оби полезии шолизор, ки бо заҳрҳои кимиёвӣ ва нуриҳои органикӣ олуда аст, зиёд мебошад ва хатари заҳролудшавии оби нӯшокии шаҳрро ба вуҷуд меорад. Дар ин бора пешниҳоди санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент мавҷуд аст.
Бинобар дар муддати тӯлонӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ кишт кардани шолӣ, қубурҳои обгузаре, ки аз зери заминҳои шолизор мегузаранд, то чуқурии 3 метр фурӯ рафта ва пурра фарсуда гаштаанд.
Дар биноҳои баландошёна бинобар нарасидани оби нӯшокӣ таъмини об дар бисёр ҳолатҳо имкон надорад. Инчунин, эҳтимоли аз обхезии дарёи Зарафшон ҳар мавсим осеби ҷиддӣ дидан ва корношоям гаштани пойгоҳи “Зарафшон” зиёд будааст.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ва сокинони рустоҳо бар он назаранд, ки ҳарчанд водии Зарафшон, ба вежа минтақаи Панҷакент яке аз бойтарин манобеи оби поки ошомиданӣ мебошад, вале қисмати зиёди сокинони рустоҳояш бинобар мушкилоти моливу фаннӣ бо оби софи ошомиданӣ таъмин набудаанд.
Муҳаммад Шарифзода, як тан аз сокинони деҳаи Нови Чомоқи ҷамоати деҳоти Косатарошон мегӯяд, ки онҳо то ба ҳол бинобар набудани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон ва рустоҳои дар ҳамсоягии онҳо буда, маҷбуранд зимистону тобистон аз дарёву рӯдхонаҳо ба масофаи 1 то 3 километр обро дастӣ ё ба воситаи хару мошин кашонида истифода намоянд. Вай афзуд, ки дар зимистон ин мушкилот ва азияти мардум бинобар яхбандиҳо дучанду сечанд мешудааст.
Ин дар ҳолест, ки норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент, бахусус дар биноҳои баландошёна то ба имрӯз ба назар мерасад. Аз ин рӯ, агар об бошад, сокинон маҷбур мешаванд аз нуқтаҳои обрасонии наздиктарин об гиранд, вагарна, маҷбуранд аз рӯдхонаҳо ва ё ҷӯю ҷӯйборҳо обро ҳар навъе ки ҳаст, яъне хоҳ поку хоҳ олуда, дастрас намоян. Чунки, ба гуфтаи сокинон, онҳо илоҷи дигаре ҳам надоранд.
Аммо ба гуфтаи маъмурияти ин ниҳоди обрасонӣ, ягона илоҷи аз ин мушкилот раҳо шудан дарёфти маблағу амалӣ шудани лоиҳаи мазкур будааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар қаламрави вилоят “Соли дастрасӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби тоза” эълон намуда буд.
Умедворем, ки мӯҳтарам раиси вилоят баҳри амалишавии ин тарҳ кӯмаки худро мерасонанд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,
Хуршед ФОЗИЛОВ,
МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here