Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд яке аз машҳуртарин муассисаҳои ибтидоии касбӣ дар вилояти Суғд буда, таърихи хеле қадима дорад ва таъсиси он ба 17-уми марти соли 1933, яъне ба рӯзе рост меояд, ки дар шаҳри Хуҷанд нахустин мактаби автомобилу тракторӣ ба муҳлати таҳсили 3-6-моҳа ташкил шуда буд. Соли 1940 муассиса ба омӯзишгоҳи механикӣ ва оли 1956 ба Омӯзишгоҳи техникии №2 табдил дода шуда, соли 1961 ба омӯзишгоҳ номи нахустин кайҳонаварди сайёра Юрий Алексеевич Гагарин гузошта шуд. Соли 1976 омӯзишгоҳи техникӣ ба омӯзишгоҳи касбии техникӣ табдил ёфт ва аз соли 2004 номи Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷандро гирифт. Литсейи мазкур дар тӯли фаъолияти 87-солааш то имрӯз аз рӯи 45 касбу ҳунар бештар аз 36 000 кадрҳои баландихтисос тайёр кардааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ҳатто дар дигар мамлакатҳои ИДМ фаъолият доранд. Литсейро устоди соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимов Маҷид Абдуҳамидович роҳбарӣ мекунад.

Шуъбаҳо ва ихтисосҳое, ки дар ЛКП омӯхта мешаванд
МДТ Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 тибқи Иҷозатномаи АУ №0002268 оид ба пешбурди фаъолият дар шакли рӯзона аз рӯи 8 ихтисос донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст:
— Харрот;
— Кафшергари барқию газӣ;
— Дӯзанда;
— Ронандаи автомобил, дараҷаи «С»;
— Мошиначии автокран, дараҷаи «С»;
— Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил бо иловаи дараҷаи «С»;
— Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ;
— Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи дараҷаи «С».
Вобаста ба ихтисосҳои мазкур айни ҳол дар литсей 499 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки аз шумораи умумӣ 311 хонандагон дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 188 хонандагон дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Аз шумораи умумии 499 хонандагони таҳсилкардаистода 173 нафарашон курси 2 баъди хатми синфи 9 мебошанд, ки 73 нафар дар гуруҳи шартномавӣ ва 100 нафар дар гуруҳи буҷавӣ таҳсил менамоянд.
Инчунин, дар ЛКП шуъбаи ҳисоби хоҷагидорӣ барои шахсони бешуғл, курсҳои кӯтоҳмуддати 1,5-3,5-моҳа аз рӯи касбҳои «Ронандаи автомобил, дараҷаи «В» ва«С», «Мошиначии автокран», Кафшергари барқию-газӣ, «Чангакбанд», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» вуҷуд дорад ва хоҳишмандон дар он таҳсил намуда истодаанд.

Ҳамкориҳо
МДТ ЛКП шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон таҷрибаҳои худро байни ҳам муаррифӣ менамоянд ва дар таълифи маводҳои таълимии тахассусӣ аз рӯйи ихтисосҳо ҳамкорӣ мекунанд. Инчунин, аз таҷрибаҳои омӯзгорони фанҳои тахассусии литсей ва маводҳои тартибдодаи онҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд истифода мебаранд.

Дастовардҳои ЛКП шаҳри Хуҷанд дар соли 2018
Дастовардҳои муассиса солҳои охир дар самти таълифи маводҳо, дастурҳои методӣ, китобҳои тахассусӣ ва дар самти касбомӯзонии натиҷабахш хеле назаррас мебошад. Соли 2015 аз тарафи омӯзгори фанҳои тахассусӣ Холматов Мақсуд Раҷабович 300 дона ва такроран соли 2017-ум 500 дона аз чоп баромадани китоби «Сохт ва хизматрасонии автомобил» ҳамчун китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои литсей дастоварди арзандае мебошад.
Соли 2016 аз тарафи директори литсей Наимов М. А. Барномаи таълимии ихтисоси «Мошиначии автокран» ва соли 2018 аз тарафи омӯзгорон Холматов М. ва Мансуров М. Барномаи таълимии ихтисоси «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил» аз чоп баромад.
Инчунин, аз тарафи омӯзгорон Холматов М. Р. ва Мансуров М. Б китоби «Таъмири автомобил» барои таҳрир намудан ба Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим пешниҳод карда шудааст.
Боиси хушнудист, ки аз тарафи омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолӣ оид ба мукаммалгардонии Барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо, коркарди таҷрибавии дурусттии баргузории фанҳо, миқдори соатҳои машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ ба Маркази таълими-методӣ ва мониторинги сифати таълим барои ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст. Омӯзгорон Сиддиқбоев С., Калонов Ҷ., Мансуров М., Холматов М. ва Каримов С. дар ворид намудани тағйирот ва дар асоси нақшаи дурусти натиҷабахши тавсиядодашуда, тартиб додани Барномаҳои таълимии пешниҳодгардида, амалӣ намудани омӯзиши фанҳоро аз рӯйи ихтисосҳо пешниҳод намудаанд.

Иштирок дар чорабиниҳо
Маъмурияти муассиса барои фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ, омода намудани касбомӯзон дар раванди касбомӯзонӣ, самаранок истифода намудани устохонаҳои таълимиро ба масъулон вазифагузорӣ намудааст. Боиси ифтихор аст, ки тарзу услуби хоси кафшергарӣ, харротӣ, челонгарӣ ва дӯзандагӣ мебошад, ки бо ёрии устоҳои ботаҷриба аз тарафи хонандагони Литсей маводҳои ниёзи мардум, ба монанди либосовезакҳо, гулмонакҳо, панҷараҳо, шамъмонак, оташгирак, дастаки дар, хоркаш, каландча, хокпарто, либосҳои мактабӣ, қолини дастибофта, корҳои зардӯзӣ ва дигар намудҳои заруриро истеҳсол намуда, барои фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ва корҳои эҷодии худро нишон додан кӯшиш намуда истодаанд.

Ҷойи дуюм дар фестивали «Дастони моҳир»
Санаи 18-уми марти соли 2017 хонандаи гӯруҳи кафшергари барқию газӣ Зокиров Нозим дар Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ «Дастони моҳир», ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи Ирам дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок намуд. Дар ин Фестивал намунаи корҳои эҷодии худро ба маърази тамошобинони пойтахт пешниҳод намуданд. Аз тарафи ҳакамони Фестивал ба корҳои иҷронамудаи хонанда — Зокиров Нозим баҳои баланд дода шуда, ӯро сазовори ҷойи дуюм донистанд. Барои бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намудани асбобу анҷом ва лавозимоти рӯзгор ба ғолиб Дипломи дараҷаи дуюми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Инчунин, соли 2018 корҳои эҷодии хонандагон аз намунаи тайёркардашудаи маводҳои ниёзи мардум, аз ҷумла 2 маротиба дар шаҳри Хуҷанд ва 1 маротиба дар истироҳатгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара ба намоиш гузошта шуд, ки аз тарафи иштирокчиён баҳогузорӣ карда шуд.
Дар МДТ ЛКП шаҳри Хуҷанд 25 нафар омӯзгорон, 23 нафар устоҳои техникӣ, 6 нафар мураббӣ фаъолият мекунанд. Аз 25 нафари омӯзгорон 6 нафарашон аълочии соҳаи маориф мебошанд.

Дарсҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
Нақшаи таҷрибаомӯзии таълимии хонандагон дар МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» бо истифода аз он имкониятҳое, ки дар базаи моддию техникии литсей мавҷуд аст ва дастуру усулҳое, ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳамчунин бо ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кормандони литсей дар раванди касбомӯзӣ амалӣ мегардад.
Муассиса дорои устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад, ки он аз 8 устохонаи таълимӣ ва 3 озмоишгоҳ (лаборатория) иборат мебошад. Дар устохонаҳои мазкур барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва қисман дар он бо касбомӯзон гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ бо айёниятҳо шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи устохонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои литсей ҷавобгӯи меъёрҳои лозимии таълимӣ буда, барои гузаронидани машғулиятҳо ва корҳои амалӣ бо имкониятҳои фаровон омода гардонида шудаанд.
Инчунин, дар литсей, дар пойгоҳи моддию-техникӣ аз рӯи намуди қолинбофӣ ва зардӯзӣ машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд.

Устохонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда
Литсей аз якчанд устохонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда иборат мебошад, аз ҷумла устохонаи кафшергари барқию газӣ аз 15 кабина иборат буда, бо ҳамаи таҷҳизоти кафшергарӣ ва либосҳои корӣ ба пуррагӣ ҷиҳозонида шудааст. Ба ғайр аз ин, 5 дона дастгоҳи кафшергарии нимавтоматии «Марс 160» дар ин устохонаҳо мавҷуд аст.
Устохонаи харротӣ бо таҷҳизот, 12 дастгоҳи харротӣ ва маводҳои методӣ таъмин мебошад. Дар устохона 12 дастгоҳи харротӣ, 1 дастгоҳи пармакунӣ, 1 дастгоҳи суфтакунӣ ва се дастгоҳи фрезерӣ ҷиҳозонида шуда, омодаи кор мебошанд.
Устохонаи челонгарӣ бо 60 ҷойи корӣ ва бо асбобу лавозимоти челонгарӣ таъмин мебошад.
Устохонаи дӯзандагӣ бо 14 дастгоҳи чокдӯзӣ, аз он 5 мошинаи махсус ва ду мошинаи компютерӣ, мизи буррандагӣ ва ҷойи дарзмолкунӣ ҷиҳозонида шудааст.
Инчунин, дар литсей 3 озмоишгоҳи таълимӣ амал менамоянд, ки дар онҳо аз фанҳои сохти автомобил ва хизматрасонии техникии автомобил машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Шартномаҳои ҳамкорӣ
Литсей моҳи январи соли 2017 бо корхонаҳои ҳамкор шартномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст, ки то соли 2020 эътибори қонунӣ доранд. Дар ин корхонаҳо хатмкунандагони литсей барои таҷрибаомӯзӣ пас аз ба итмом расидани соатҳои назариявӣ ва супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ равона карда мешаванд. Аз рӯи ихтисосҳо таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон дар корхонаҳои ҶСШК «Автосервис», Коргоҳи таъмири қатораҳои Маҳрам, ҶСК(АРЗ)-4, ҶС «Сорбон», ҶС «Сайёр»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устохонаҳои шахсӣ оид ба таъмири автомобили шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҶММ «Механизатор», «Хуҷандторгмаш», «Архстрой» мегузаранд.
Ба ғайр аз корхонаҳои номбурда, хатмкунандагони литсей барои таҷрибаомӯзӣ инчунин ба коргоҳи «Чархи гардун»-и шаҳри Хуҷанд, заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд, комбинати куҳии «Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ ва дигар корхонаҳои шахсии вилояти Суғд фиристонида мешаванд.
Аҳли кормандони Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд барои дар оянда ҳам ба хонандагон омӯзонидани нозукию дақиқиҳои ихтисосҳо, дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони пуртаҷриба талош доранд.

Кӯмак ба донишҷӯёни ятими кулл
Аз тарафи маъмурияти муассиса барои хонандагоне, ки дар рӯйхати хонандагони камбизоат, ятим ва ятими кулл қарор доранд, кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, 9 нафар хонандагон, ки ятими кулл ҳастанд, пурра бо ашёи хониш, сарулибоси тавсиявӣ, ашёи рӯзгор ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, хонандагони мазкур бо ҷойи хоб таъмин карда шудаанд ва барои гарм намудани ҳуҷраҳояшон гармкунакҳои барқӣ харидорӣ карда шудаанд. Соли хониши 2018-2019 ба маблағи 2536 сомонӣ табобат, харидории доруворӣ ва дигар хизматрасониҳо амалӣ карда шудаанд.

Фаъолияти китобхона
Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд дорои китобхона мебошад, ки дар он зиёда аз 11714 адад китобҳо мавҷуданд. Аз ин шумораи китобҳо 5000 адад китобҳои тахассусӣ, 3259 адад китобҳои бадеӣ, 580 адад китобҳои таълимӣ-умумӣ, 200 адад китобҳои методӣ ва 2675 адад дастуру рисолаҳо ва маводҳои таълимиро ташкил медиҳанд.
Аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде маводҳо ва дастуру барномаҳои тозанашр ба китобхона дастрас гардидааст, ки ин шумора ба ихтисосҳое, ки дар Литсей омӯзонида мешаванд, кифоя нестанд. Омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ дар машғулиятҳои худ аз маводҳои лексионӣ ва дастурамалҳои (модулҳо) методӣ истифода мебаранд.

Хобгоҳи литсей
Литсей дорои хобгоҳи замонавӣ буда, бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, соли 2018 дар хобгоҳи литсей 178 нафар хонандагон аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ва ҷумҳурӣ бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Хобгоҳ дорои ҳуҷраҳои хуб буда, дар хобгоҳ нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хӯроктайёркунӣ, ҳуҷраи санитарӣ — гигиенӣ ва дигар нуқтаҳои ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ амал мекунанд.
Мураббиён пайваста дар хобгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ, маҳфили китобдӯстон ва викторинаҳо ташкил намуда, барои баланд бардоштани тарбияи эстетикӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии хонандагон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо кор таъминшавии хатмкунандагони литсей
Ҳар сол роҳбарони гуруҳҳо (устоҳои таълимӣ) якҷоя бо волидайни хонандагон дар рафти таҷрибаомӯзии хонандагон барои бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани онҳо корбарӣ менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар корхонаҳо аз рӯи ихтисос, аз тарафи устоҳо ва ё кормандони масъули ин ё он ташкилоту корхона ҳамарӯза аз натиҷаи корҳои иҷрошуда бохабар гашта, барои дар оянда бо кор таъмин кардан даъват ба амал меоранд. Аксарияти хатмкунандагони литсей пас аз ба итмом расидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва супоридани имтиҳоноти аттестатсияи хатми ҷорӣ ба коргоҳҳо ва ё устохонаҳои шахсӣ ба кор равона карда мешаванд.
Аз суҳбат бо маъмурияти муассиса маълум шуд, ки онҳо барои чун мутахассисони хуб тарбия намудани шогирдон ҳама кӯшишу ғайрати худро харҷ намуда, ба довталабоне, ки дар оянда мехоҳанд соҳибкасб гашта, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошанд, даъват ба амал меоранд, ки ба ЛКП шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд. Зеро дар замони иқтисоди бозоргонӣ бе доштани касбу ҳунар даст ёфтан ба муваффақият кори осон нахоҳад буд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here