Барои чӣ масъулони ноҳия аз суҳбат мегурезанд?

Сари вақт накашонидани партовҳои назди биноҳои баландошёнаи маркази ноҳияи Кӯшониён ба муҳити атроф таъсири манфӣ расонида, боиси ташвиши сокинон гардидааст.

 

Аз бузу мурғ манфиат бештар аст ё аз ХМК?

Ба гуфтаи истиқоматкунандагони маркази ноҳия, азбаски партовҳо моҳе ҳамагӣ як ё ду маротиба тоза карда мешаванд, дар мавсимҳои гарм аз бӯйи ғализи онҳо дар дохили хонаҳо ҳам нафас гирифтан мушкил аст.

Мо рӯзҳои 8-9-уми августи соли 2019 зимни сафари корӣ ба ин ноҳия вазъи ду партовгоҳи назди биноҳои баландошёна ва яктои чанд қадам дуртар аз биноҳои ҷамоати шаҳрак ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиро аз наздик мушоҳида карда, ба дурустии ҳарфҳои сокинон бовар ҳосил намудем.

Чанде аз сокинони атрофи ин партовгоҳҳои назди бинoҳои баландошёна аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳаққи хизмати КФД “Хоҷагии манизилию коммуналӣ”-ро сари вақт пардохт мекунанд, вале партовгоҳҳо моҳе як маротиба тоза карда мешаванду халос.

— Агар мурғу чорпои мардум чизҳои хӯрданбоби партовгоҳҳоро нахӯранд, партов дар чанд рӯз то даромадгоҳҳои хонаҳо рафта мерасад,- гуфт як марди сокини ҳамин биноҳои бисёрқабата.

 

Роҳбарони масъулиятгурез

Ба хотири равшанӣ андохтан ба мушкили сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳои ноҳия хостем бо масъулини КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия ҳамсуҳбат шавем. Мутаассифона, роҳбари ин корхона Киромиддин Аминов аз суҳбат худдорӣ карда, иброз дошт, ки ӯ ба ин вазифа нав таъйин шудаасту аз ҳоли партовгоҳҳои ноҳия чандон хабар надорад. Суоли матраҳ ин аст, ки агар роҳбари корхона ҳамчун масъули тозагии маркази ноҳия аз ҳоли партовгоҳҳо бехабар бошад, пас кӣ бояд хабар дошта бошад? Ё худ, то вазъро омӯхтани ӯ кӣ бояд партовгоҳҳоро тоза кунад, то ба муҳити атроф ва саломатии мардум зиён нарасад?

Раиси ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ Саидзода Санифа низ аз суҳбат худдорӣ карда, фақат “бо нӯги забон” гуфт, ки “маркази ноҳия 90 фоиз тоза аст”. Иддаое, ки ба ҳақиқати ҳол рост намеояд.

Дар ҳамин ҳол, кӯшиши дурӯзаи мо бобати пайдо кардани роҳбари бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ки ниҳодашон масъулияти назорати муҳити зистро ба зимма дорад, бенатиҷа анҷом ёфт.

Шамсиддин Гулов, директори Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия ба ғайр аз суханҳои умумии аз масъалаи мавриди назар дур дигар ҳатто дақиқ гуфта натавонист, ки дур не, партовгоҳи шафати идораашон чаро ғарам шудааст, чӣ чора андешидаанду чӣ натиҷа ба даст овардаанд?!

 

Ба тозагии шаҳрак таваҷҷуҳ диҳед!

Дар ҳоле, ки се соли оянда дар кишвар солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, масъулин ҳадди ақал бояд баҳри тоза нигоҳ доштани маркази ноҳия кӯшиш ба харҷ диҳанд. Умед аст, ки раиси тозатаъини ноҳия Икромиддин Вализода ба фаъолияти КФД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия диққати ҷиддӣ хоҳад дод. Дар сурати баръакс, мафҳуми “рушди деҳот” маънияшро аз даст медиҳад.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Добавить комментарий