Ба ифтихори 60-солагии Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

 

 “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Таърихи мухтасари коллеҷ

Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом дар заминаи собиқ Техникуми технологии шаҳри Конибодом ташкил шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ин техникум аллакай соли 1943 дар шаҳри Сталинобод фаъолият мекард. Дар соли хониши соли 1949-50 ба техникум 84 толибилм ҷалб гардиданд, ки 50 нафарашон духтарони маҳаллӣ буданд. Дар соли хониши 1952-53 техникумро 42 нафар хатм карданд ва аз он ҷумла, бо ихтисоси техник-технологи абрешимтобӣ — 14 нафар, техник-технологи абрешимресӣ — 17 нафар ва техник-технологи коркардаи аввалияи пахта — 11 нафар.

Бо қарори Шӯрои хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон таҳти рақами 175 аз 30-юми июли соли 1959 Техникуми технологии Сталинобод бо толибилму омӯзгорон ва асбобу аёниятҳо ба воситаи роҳи оҳан ба шаҳри Конибодом кӯчонида шуд.

Дар соли таҳсили 1960-61 бинобар кам будани омӯзгорон, ҳатто барои роҳбарии лоиҳаҳои дипломӣ роҳбар намерасид ва таҳдиди басташавии техникум ба миён омад. Дар матбуоти умумииттифоқӣ эълонро оид ба даъват барои кор дар ин техникум чоп карданд. Аз шаҳрҳои Днепропетровск муҳандиси барқ Г. Д. Анисимов, аз Тошканд муҳандис-технолог З. Ш. Олимбоев, аз шаҳри Иваново муҳандис-технолог Р. Ф. Зернова, аз Сталинобод муҳандис-мошинсоз Ш. Охунҷонов, муҳандиси барқ А. Абдураҳмонов, аз ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) муҳандис Р. Ш. Бобокалонов, аз иттиҳодияи Селхозтехникаи Конибодом муҳандис А. А. Теченский ва дигарон ба кор омаданд. Баъдан дар соли хониши 1961-62 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон низ гуруҳи калони хатмкунандагони худро ба техникуми технологӣ фиристод.

Директорони техникуми технологӣ инҳо буданд: Б. Р. Бобоев (солҳои 1959-1961), С. Д. Дадоҷонов (солҳои 1961-1962), В. А. Алиев (солҳои 1962-1965), Н. Тошматов (солҳои 1965-1971), М. Абдуллоев (солҳои 1971-1994), В. А. Алиев, номзади илмҳои техникӣ, дотсент (солҳои 1994-1996), Р. Мамадов, номзади илмҳои физика-математика (солҳои 1996-2015) ва номзади илми иқтисод М. Ҳомидов аз октябри соли 2015 то имрӯз.

Дар техникуми технологӣ ду муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — М. Абдуллоев ва М. Олимов фаъолият кардаанд. Дар солҳои гуногун беш аз 54 нафар омӯзгорони муассиса сазовори унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон шудаанд.

Бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон №260, аз 28-уми ноябри соли 1990 ба техникум номи собиқ Раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки барои рушду нумуи техникум хизмат кардааст, гузошта шуд.

Техникуми технологии шаҳри Конибодом бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3-юми марти соли 2014 ба «Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом» мубаддал гашт.

Коллеҷ аз аттестатсияи давлатӣ соли 2018 гузашта, барои 5 соли минбаъда дорои иҷозатномаи давом додани фаъолият гардидааст.

 

Ҷилои истеъдодҳо

Моҳи майи соли 2016 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе аввалин “Фестивали истеъдодҳо ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён дастовардҳои шаш ихтисоси коллеҷро муаррифӣ намуданд. Хосатан баромади донишҷӯён Насриддинов У. бо навоварӣ таҳти унвони “Қалами оқил бо ноқил”, Ғиёсиддинов Ҳ. — “Харитаи омӯзиши автомобил” писанди ҳамагон гардид. Инчунин, намоиши рамзии “Бодоми Конибодом” бо тасвири Парчами миллӣ, пешниҳоди бозии ҳамфаъоли таълимӣ бо номи “Савол-туҳфа” ба ташрифоварандагон маъқул афтод.

Қайд кардан зарур аст, ки моҳи октябри соли 2016 навоварии Насриддинов У. дар озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” бо Дипломи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Соли сеюм аст, ки нашрияи таълимӣ-илмӣ ва тарбиявии инноватсионии «Пайк-Слайд» (ба ҷои собиқ гӯшаи синфӣ) амал мекунад. Дар он мунтазам худи донишҷӯён маводҳоро гирд овардаву нашр мекунанд.

Дар се соли охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, методӣ, илмӣ-оммавӣ навишта шуда, 74 адади онҳо дар матбуоти даврӣ чоп гардидаанд, ки дар таърихи коллеҷ бесобиқа мебошад.

Солҳои 2016-2018 коллеҷ барои дастовардҳои таълимӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Конибодом сарфароз гардидааст.

 

Пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Муассиса дар шаклҳои рӯзона ва ғоибонаи таҳсил аз рӯи ихтисосҳои «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат», «Менеҷменти соҳавӣ», «Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва бинои истиқоматӣ», “Автосервис”, «Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ», “Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ», “Технологияи истеҳсолоти анвои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ”, «Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос» ва “Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ” мутахассис омода менамояд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони коллеҷ аввалин маротиба бо усули интерактивӣ дарси касбинтихобкунӣ дар МТМУ шаҳру деҳот ба роҳ монда шуд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муассисаи таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” аз тарафи омӯзгори коллеҷ Орипова М. дастур барои омӯзиши забони русӣ тартиб дода шудааст. Маъмурияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе омӯзгорони забони русӣ, тамоми донишҷӯён ва омӯзгоронро водор созад, то онҳо бо забони русӣ байни худ ҳарф зананд. Аз тарафи омӯзгорони забони русӣ Наҷмитдинова Х. ва Ахмедова М. дар гуруҳҳои таълимӣ супориш дода шудааст, ки дар дарси забони русӣ аз навигариҳои шаҳр, вилояту ҷумҳурӣ маълумотномаҳоро озодона нақл намоянд.

Бахшида ба 80-солагии зодрӯзи олими бузурги рус дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ профессор Соколов Я. В. конференсияи илмӣ гузаронида шудааст, ки дар он аксарияти баромадҳои донишҷӯён ба забони русӣ будааст. Аз рӯи натиҷаҳои конференсия дар маҷаллаи “Бухгалтерский учет”-и Федератсияи Россия (№7, 2018) мақолаи омӯзгорон Ҳомидов М. ва Наҷмитдинова Х. таҳти унвони “Конфереция в Таджикистане” чоп гардидааст.

Барои омӯхтани забони англисӣ бошад, рӯзи сешанбе “Рӯзи забони англисӣ” муайян гардидааст. Барои фанни забони англисӣ “Барномаи омӯзиши фанни забони англисӣ барои ихтисосҳои ғайритахассусӣ” аз тарафи омӯзгори фанни забони англисӣ Тошматова Ҳ. “Луғати мухтасари англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ” барои ҳамаи ихтисосҳои ғайритахассусии коллеҷ таҳия карда шудааст. Дастури таълимӣ — методӣ аз тарафи омӯзгорони забони англисӣ Тошматова Ҳ. ва Марупова Т. омода карда шудааст. Инчунин ҳуҷраҳои кории забони русӣ ва англисӣ бо маводҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар кафедра маҳфилҳои фаннии донишҷӯён бо номи “Забон донӣ — ҷаҳон донӣ” амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо ба такмилу тарғиби омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ нигаронида шудааст.

Конференсияи апрелии илмию амалӣ дар мавзуи «Рисолати сайқали қобилияти зеҳниву фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии инсон» ба Рӯзи илм, 105-солагии ходими сиёсию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, 110-солагии собиқ директори коллеҷ Дадоҷонов С., 85-солагии Абдуллоев М. А., 80-солагии доктори илми иқтисод, профессор Я. В. Соколов, Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шудааст. Дар кори конференсия омӯзгорон, муҳандисон ва ҳунармандони эҷодкор, устодони коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Конибодом, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, аъзои фаъоли Ҷамъияти илмии донишҷӯёни коллеҷ иштирок намудаанд. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд дар Рӯзи фарҳанги Конибодом намоиши маҳсули дасти ҳунармандони ҷамоатҳои деҳот ва коллеҷу литсейҳо баргузор гардидааст. Ҳамзамон, дар ибтидои моҳи ноябри соли сипаришуда ба Шӯрои сайёри директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар маркази вилоят баргузор гардид, дастовардҳои донишҷӯёни муассиса ба маърази намоиш гузошта шудааст. Инчунин, дар чорабинии шаҳрии «Андалеб-2018» маҳсули дасти донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби ҳакамон сазовори баҳои баланд гардидааст.

Аввалин маротиба бо мақсади фаҳмидани назари хатмкунандагони мактабҳои миёна бобати интихоби касб ва таҳсили минбаъда, инчунин тарғибу ташвиқи ихтисосҳои коллеҷ аз тарафи омӯзгорон бо усули омории интихоби тасодуфӣ дар МТМУ пурсиши 1600 нафар хатмкунандагон амалӣ карда шудааст. Пурсиш нишон додааст, ки аз миқдори умумии дар он иштироккунандагон аксарияти кулли онҳо дар бораи Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом маълумот доранд. Дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи омӯзгорони коллеҷ гузаронидани дарсҳои касбинтихобкунӣ дар МТМУ ба роҳ монда шудааст.

 

Заминаҳои моддию техникӣ

Коллеҷ дорои базаи мустаҳками моддию техникӣ — 2 бинои таълимӣ, барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ, 25 кабинетҳои таълимӣ, машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ, 6 кабинетҳои озмоишӣ, 3 устохонаи таълимӣ, варзишгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхона, маркази компютерӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази ҷавонон, хобгоҳ мебошад. Коллеҷ дорои 28 ҳуҷраҳои таълимӣ, аз ҷумла, 16 ҳуҷраи таълимии фанҳои тахассусӣ, 12 ҳуҷраи фанҳои таълими умумӣ, 6 озмоишгоҳҳо ва панҷ устохонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои кории маъмурият, ҳуҷраҳои деканат ва кафедраҳо, ҳуҷраи кории омӯзгорон, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёридиҳанда мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ 2 синфхонаҳои компютерӣ бо 34 адад, китобхона бо 11 адад, ҳуҷраҳои корӣ бо 30 адад компютерҳои ҳозиразамон, 5 адад ноутбук, 4 адад проектор, 2 адад тахтаи электронӣ, 1 адад факси телефонӣ ва 17 адад принтерҳо таҷҳизонида шудаанд. Дар устохонаи таълимгоҳ ду озмоишгоҳи таълими амалӣ барои ихтисосҳои «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ» ва «Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ», «Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос» фаъолият намуда, дар ҷараёни ташаккули мафҳумҳои касбӣ бо корҳои амалӣ вобаста карда шудаанд.

 

Китобхонаи таълимгоҳ

Дар муассиса маҳфили “Дӯстдорони китоб” амал намуда, бо ташаббуси маъмурияти коллеҷ ва кормандони китобхона вобаста ба санаҳои таърихӣ конференсияҳои таҳлилии “Рӯзи китоб”, “Каломе беҳтар аз Модар — Ватан нест”, “Наврӯзи байналмилалӣ”, ҳамчунин, ташкили намоиши китоб бахшида ба 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ ва шиносоии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо китобхонаи муассисаи таълимӣ, “Омӯзгор — афрӯзандаи чароғи илму дониш”, “Зиҳӣ забон”, “Меҳргон — ҷашни фархундаву файзбор”, “Пешвои сулҳофарини мо” гузаронда шудаанд.

Ҳамзамон, дар соли 2018 аз ҷониби устодони муассисаи таълимӣ Ҳомидов М., Ирматова З., Бобоҷонова Д., Раҳимова Ф., Турсунова М., Икромова Д., Маҳмудова Д., Сотиволдиева М., Тоҳиров С., Усмонов И. ва Исҳоқова С. дар матбуоти даврӣ мақолаҳои илмӣ, методӣ, хабарӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонида шудаанд. Дар баробари ин, барои истифода аз васоити ахбори омма дар ҷараёни дарс маводи омӯзишӣ аз рӯзномаю маҷаллаҳо ба омӯзгорон дастрас гардида, зиёда аз 134 мавод мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бо мақсади таъмин намудани иҷрои қарори мушовараи ВМИҶТ аз 26.04.2018 оид ба ташкили махзани китобҳои электронӣ ба миқдори зиёда аз 500 ҳазор адад чораҳои мушаххас андешида шуда, ба китобхонаи электронии коллеҷ беш аз 264 ҳазор маводи электронӣ ворид карда шудааст.

 

Таъминоти кадрӣ

Мувофиқи ҷадвали штатӣ айни ҳол дар коллеҷ 53 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Аз теъдоди номбурда 48 нафар омӯзгорони асосӣ буда, 5 нафар омӯзгорони ҳамкоранд.

Дар коллеҷ 2 нафар устодон — Ҳомидов М. Т. — директори муассиса, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисод ва Турсунова М. — мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, соҳиби унвони номзади илми педагогӣ мебошанд. Аз ҳайати олимон-омӯзгорон 10 нафар дорандаи нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мебошанд.

Ҳоло дар коллеҷ бо дастгирии роҳбарият омӯзгорони ҷавон Юнусова Мадина, Бобоҷонова Дилором ва Ашӯров Аброр аз рӯи ихтисосашон таҳсилашонро дар магистратура давом дода истодаанд. Тибқи нақшаи дурнамо оид ба масъалаи такмили ихтисос 2 нафар омӯзгорон — Ҷӯраев И., Сотиволдиева М. ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки теъдоди умумии донишҷӯёни коллеҷ 546 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 220 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 326 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил карда истодаанд. Шумораи духтарон аз рӯи ду шуъба 337 нафар аст.

 

Таҷрибаомӯзӣ

Аз ҷониби коллеҷи технологӣ дар соли хониши гузашта бо ҶДММ “Файзи Расул” ва ҶДММ “Ҷавонӣ ”-и шаҳри Хуҷанд, ҶСП “Олим текстайл”-и ноҳияи Масчоҳ, ҶДММ “Канд экспресс” ва ҶСП “Конибодом Кимиё”-и шаҳри Конибодом оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба муддати панҷ сол шартномаҳо ба имзо расонида шудаанд.

Баъди ба охир расидани намудҳои таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷ ҳисоботи устоҳои таълимӣ, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва намояндаи корхона муҳокима карда шуда, пешниҳод ва роҳҳои беҳтар кардани раванди таълим дида баромада мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён муассисаи таълимӣ тасмим гирифтааст, ки бо корхонаю ташкилотҳо робитаи корӣ пайдо намояд. Таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедраи фанҳои техникӣ ва дизайн Сотиболдиева М., Орипова М., Юнусова М. ва 21 нафар донишҷӯён бо мақсади омӯзиши раванди корхонаи муштараки Тоҷикистон — Италия — Корея дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Ҷавонӣ” дарс-экскурсия гузаронида шудааст.

Бо мақсади иштирок намудан дар даври дуюми (хотимавии) озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси мактуби ВМИ ҶТ ва фармоиши директор ғолибони даври якуми озмуни дохилитаълимгоҳӣ — Бахтиёрзода Супарна — донишҷӯи курси 2, ихтисоси барномасоз аз фанни математика, Шокирова Гулафзо — донишҷӯи курси 3, ихтисоси муҳосиб аз фанни таърихи халқи тоҷик ва Нозимова Саломат — донишҷӯи курси 2, ихтисоси барномасоз аз фанни забони тоҷикӣ сафарбар карда шудаанд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид, муовини вазир Сайфиддин Давлатзода баромад намуда, изҳор доштаанд, ки барои дарёфти истеъдодҳои асил ҳанӯз аз аввали соли таҳсил бояд бо донишҷӯён ҷиддӣ кор бурда шавад ва шогирдони шоистаро ба даври ниҳоӣ пешниҳод намоянд.

— Бо мақсади шаффоф гузаронидани озмун ба ҳайати комиссияи тадорукотӣ намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуда, матни корҳои хаттӣ аз фанни забони русӣ ва англисӣ, номгӯи мавзуҳои иншо, вариантҳои тестӣ аз фанҳои математика, таърихи халқи тоҷик, биология ва химия дар алоҳидагӣ барои ҳар як иштирокчии озмун аз ҷониби ММТ омода карда шудаанд,- зикр намудааст Нуриддин Саид.

Дар олимпиада 336 нафар довталаб аз 62 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат варзидаанд. Тибқи муқаррарот, 3 нафар донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом аз се фан — таърихи халқи тоҷик (тест), забони тоҷикӣ (иншо) ва математика (тест) донишу малакаи худро санҷида, аз натиҷаҳои он ба худ таҷрибаи зарурӣ гирифтаанд.

 

Чанд пешниҳод

Барои дар оянда баланд бардоштани ҳусни таваҷҷуҳи довталабон нисбати дохил шудан ба МТМК ба мақсад мувофиқ аст, ки чораҳои зерин амалӣ карда шаванд:

  1. Интихоби муассисаҳои таҳсилотӣ ва қабули имтиҳонҳо барои дохилшавандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар алоҳидагӣ ба роҳ монда шавад;
  2. Таҷриба нишон дод, ки қисме аз довталабон, хусусан онҳое, ки дониш доштанд ва хоҳиши дар коллеҷ таҳсил намудан мекарданд, дар марҳилаи бақайдгирӣ бинобар надоштани маблағ ба коллеҷҳо дохил шуда натавонистанд. Бинобар ин, хоҳиши онро намуданд, ки дохилшавӣ ба коллеҷҳо тариқи Маркази миллии тестӣ, ғайр аз хароҷоти бақайдгирӣ, ройгон ба роҳ монда шавад, ки сазовори дастгирӣ мебошад.
  3. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарси касбинтихобкунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, интихоби касб аз тарафи хатмкунандагон дар давраи моҳҳои сентябр-декабр ба роҳ монда шавад. Ба раванди касбомӯзӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани он бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон, тағйирёбии доимии бозори меҳнат зери таъсири аз пештара бештар рушд намудану ҷорӣ гардидани техника ва технологияҳои нав диққат ҷиддӣ дода шавад.
  4. Масъалаи тариқи интернет ба роҳ мондани бақайдгирии довталабон дар ММТ мавриди барррасӣ қарор дода шавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти коллеҷ, аҳли омӯзгорони он минбаъд низ саъю кӯшиши худро баҳри пешрафти илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, хусусан гузаронидани дарсҳои намунавии касбинтихобкуниро бо хатмкунандагон тавассути воситаҳои техникии муосири таълим ва усулҳои интерактивӣ равона хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here