Коллеҷи политехникии Данғара дар тӯли 42 соли фаъолият новобаста ба шакли фаъолият ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи техникиву кишоварзиро омода намудааст, ки эшон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дар хизмати халқу миллатанд. Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо фармони Комитети давлатии Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбию техникӣ аз 12.07.1977с. ҳамчун Омӯзишгоҳи касбию техникии №57 ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.

Бо қарори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.1996 с. таҳти №20 Омӯзишгоҳи касбию техникии №57 ноҳияи Данғара ба Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғара табдил дода шуд.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба дӯстии мардумони Тоҷикистону Ҷопон мутобиқи қарори Иҷлосияи 6-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва бо фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.01.2002 Литсеи техникии аграрии ноҳияи Данғара ба номи шаҳрванди Ҷопон Ютако Акино гузошта шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2011с. таҳти №173 Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара номгузорӣ карда шуда, аз сохтори Вазорати маориф хориҷ карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016с. таҳти №192 Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара ба Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара табдил дода шуда, ба тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

 

Факултет ва кафедраҳои коллеҷ

Тибқи сохтор дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара факултетҳо ва кафедраҳои зерин амал мекунад:

Факултетҳо: «Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ»; «Т технологияи коркарди истеҳсолӣ».

Кафедраҳо: «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти соҳавӣ»; «Технологияи дӯзандагӣ ва хизматрасонӣ»; «Фанҳои табиӣ-риёзӣ» ва  «Фанҳои гуманитарӣ».

 

Номгӯи ихтисосҳои коллеҷ

“Истеҳсоли металлургия ва коркарди метал”; “Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ”; “Технологияи коркарди моддаҳои пластикӣ”;

“Технологияи синтези асосии органикӣ ва нафту химиявӣ”; “Технологияи шиша ва ситалҳо”; “Рангу бори матоъ”; “Ресидани пахта ва нахи химиявӣ”; “Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ”; “Тарроҳӣ ва поракунии масолеҳи дӯзандагӣ”; “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ”; “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ”; “Мошин ва дастгоҳҳои саноати сабук, саноати нассоҷӣ ва хизматрасонии маишӣ”;  “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизотҳои истеҳсолоти ресандагӣ ва маишӣ”; “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти корхонаҳои шишабарорӣ ва ситалҳо” ва “Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ”.

Китобхонаи муассисаи таълимӣ дорои фонди бойи китобҳои илмию бадеӣ ва таълимӣ буда аз он устодону донишҷӯён самаранок истифода мебаранд.

 

Низоми таҳсил дар муассиса

Дар коллеҷ хонандагон дар ду зина таҳсил мекунанд: миёнаи касбӣ ва ибтидоӣ. Дар умум 960 нафар донишҷӯ дар Коллеҷи политехникии Данғара таҳсил мекунанд. Аз инҳо, 365 нафар муҳассилини Литсейи касбии техникӣ, боқимонда 600 нафарашон донишҷӯёни коллеҷ ҳастанд. Дар коллеҷ 340 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 260 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни ғоибхон дар як сол ду маротиба 20 рӯзӣ дарс мехонанд. Имсол аввалин маротиба коллеҷро донишҷӯён хатм менамоянд ва онҳо хатмкунандагони аввалини коллеҷ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳарду зина таҳсил хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ЛКТ хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11, дар ду гуруҳ, яъне ҳам гуруҳҳои шартномавӣ ва ҳам гуруҳҳои буҷавӣ қабул карда мешаванд.

Вобаста ба низоми таҳсил Наътулло Муродов, директори Коллеҷи политехникии Данғара мегӯяд, ки дар муассиса ду зинаи таҳсил ЛКТ ва коллеҷ амал мекунад.

— Мо тибқи иҷозатномаву нақшаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кор мекунем. Масалан, як нақша вуҷуд дорад, ки 14 ба 10 мебошад. Яъне дар як гуруҳ бояд 24 муҳассил таҳсил кунад. Агар мо 24 нафарро қабул кардем аз он бояд 10 нафар дар гуруҳи шартномавӣ ва 14 нафар дар гуруҳи буҷавӣ таҳсил намоянд. Донишҷӯёни бахши дуюми КПД пурра тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

КПД бо коллеҷҳои дохили кишвар ҳамкории зич дорад. Баъзан мо маводҳои онҳоро гирифта истифода мебарем, онҳо низ маводҳои омӯзгорони моро гирифта дар кори худ истифода мебаранд. Байни ҳам аз таҷрибаи якдигар истифода мебаранд.

Аз суҳбат бо директори КПД бармеояд, ки Коллеҷи политехникии Данғара навтаъсис буда, ба мададу дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин мақсад ба КПД аз тарафи донишгоҳу коллеҷҳои кишвар ба ҳар намуд дастгириву мададҳо расида истодааст. Аз донишгоҳу коллеҷҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла Коллеҷи технологӣ ба КПД як адад проектор, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон як проектор ва як тахтаи синфии электронӣ, Коллеҷи куҳӣ як тахтаи электронӣ, Коллеҷи ҳисобарории омории шаҳри Ваҳдат ду ҳазор нусха китоби таълимию соҳавӣ ва 200 адад қандилҳои замонавӣ барои равшаникунонӣ дасти ёрӣ дароз карданд.

Бинои таълимии муассиса пурра таъмир гардидааст. Усулҳои дарсгузарӣ дар муассиса қобили таҳсин аст. Дар коллеҷ вобаста ба ҳар як фан дарси кушод гузаронида мешавад. Мувофиқи ҷадвали муайян омӯзгорон дар дарси кушоди якдигар иштирок мекунанд, рафти дарси кушодро мушоҳида мекунанд ё хулосаҳои худро менависанд. Баъди тамом шудани дарс ҳар як омӯзгор хулосаву пешниҳоди худро баён мекунанд. Дар ин усули дарсгузарӣ муваффақият ва камбудиҳои дарс пурра таҳлил мегардад, ки ин ба фоидаи низоми таҳсил аст.

Шумораи кормандону омӯзгорон дар КПД 52 нафар мебошанд. Ба ҳисоби умумӣ 80%-и кормандони муассиса ҷавонон ҳастанд. КПД 47 нафар омӯзгор дорад, ки дигарон устоҳои таълимиву дигар воҳидҳои корианд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 13 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар муассиса 1 ятими кул, 4 нафар аз хонаи ятимон ва 11 нафар нимятим  таҳсил доранд. Ҳамаи онҳо бо идрорпулӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти муассиса фаро гирифта шудаанд. Хонанадагони литсей бо се вақт хӯроки ройгон аз тарафи коллеҷ таъминанд. Ятимони кул ва бачаҳои аз хонаи ятимон омада аз супоридани маблағи шартнома озоданд, нимятимон бо пардохти 50 дарсади маблағи шартнома метавонанд дар ин муассиса таҳсил намоянд.

— Дар масъалаи хатмкунандагони коллеҷ ва ба ҷои корӣ таъмин намудани эшон ҳаминро гуфтаниям, ки имсол Коллеҷи политехникии Данғараро нахустин бор муҳассилин хатм менамоянд. Мо аллакай бо се ширкате, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара кору фаъолият доранд шартнома ба имзо расонидем. Донишҷӯёни мо рафта дар он ҷо таҷрибаомӯзиашонро мегузаронанд. Пас аз таҷрибаомӯзӣ, ки омаданд, агар бинем, ки талабгор аст, мо онҳоро тариқи роҳхат ба он корхонаҳо  барои кор мефиристем, — мегӯяд директори Коллеҷи политехникии Данғара Наътулло Муродов.

Коллеҷи политехникии Данғара мутахассисони ояндаро аз рӯи 15 ихтисос омода менамояд. Ҳамаи ин ихтисосҳо дар корхонаву соҳаҳои гуногуни Минтақаи озоди иқтисодии Данғара арзи ҳастӣ доранд. Ҳамчунин аксарияти дарсҳои таҷрибавии донишҷӯёни коллеҷ низ дар ин корхонаву ширкатҳои МОИ Данғара гузаронида мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда аксарияти мутахассисони омодакардаи Коллеҷи политехникии Данғара дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба кор фаро гирифта мешаванд.

 

Билоли Шамс, «МТЖТ» 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here