Дар вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо  беш аз 3 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 

314 муассисаи таълимии дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

 

Хонандагон дар вагон дарс мегиранд

Бо вуҷуди ба истифода додани даҳҳо муассисаҳои таълимии усули нав дар кишвар, то кунун дар вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо  беш аз 3 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Исозода Диловар, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни тасдиқи ин хабар иброз намуд, ки воқеан ин мушкил дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон вуҷуд дорад ва «мо дар  6 моҳи соли равон тавонистем 1 муассисаи таълимииро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки хонандагон  дар вагон  дарс мегирифтанд ва филиали як муассисаи таълимии дигарро дар ноҳияи Вахш, ки дар хонаи шахсӣ фаъолият дошт, аз ин маконҳо барорем”.

Тавре манбаъ афзуд, мушкили дигар дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон садамавӣ будани 314 муассисаи таълимии вилоят мебошанд: “Ин муассисаҳо, ки солҳои пеш сохта шуда буданд, айни замон ба таъмири пурра ниёз доранд”. Диловар Исозода бо нигаронӣ иброз дошт, ки: “Ҳоло дар миқёси вилоят бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар 46 мактаб таълим  дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд ба таълиму тарбияи насли наврас таъсири  бад хоҳад расонид”.

 

Барнома 10 фоиз иҷро шуду халос

Ба иқрори манбаи мазкур: Ба «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои  соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 566 муассисаи таълимӣ ворид карда шудаанд. Айни ҳол, дар доираи ин барнома бояд 21 муассисаи таълимӣ аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бароварда,  314 муассисаи садамавӣ бозсозӣ ва  231 муассисаи таълимии нав дар деҳаҳои навбунёд сохта шаванд, аммо мутаассифона, аз амалишавии «Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қариб ду сол сипарӣ шудаасту то кунун маблағгузорӣ ба ин самт кам  равона гардидааст. Ба ҳамин минвол, то ин муддат танҳо беш аз 10 фоизи ин барнома иҷро шудаасту халос. Исозода афзуд: “Бояд барои иҷрои ин барнома таваҷҷӯҳи масъулин бештар ҷалб карда шавад, вагарна муҳлати  барнома ба охир мерасаду вазъи мактабҳо ҳамон хел нигаронкунанда боқӣ мемонад”.

 

Ҷайҳун: 30 ҳазор хонанда ба ҷойи 13 ҳазор

Аз набудани шароит ва норасоии синфхонаҳои таълимӣ дар 13 муассисаи таълимии ноҳияи Ҷайҳун дарсҳо дар се баст ба роҳ монда шудаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Ҷумахон Ҳикматзода бо нигаронӣ арз кард, ки бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ камбуди ҷойи нишаст зиёд мушоҳида шуда, айни замон хонандагони 13 муассисаи таълимӣ аз ноилоҷӣ дар се баст  ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассиаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 24 муассисаи таълимии ин ноҳия барои таъмиру тармим ворид шудаанд. Вале бо гузашти наздик ба ду сол  ягон муассисаи таълимӣ бозсозӣ ва ё таъмир нагардидаанд.

Ҳамзамон, мудири маорифи ноҳияи Ҷайҳун аз он нигаронӣ намуд, ки “Ҳарчанд муассисаҳои таълимии ноҳия дар солҳои 70 –уми асри пор барои 13 ҳазор хонанда сохта шуда буданд, аммо имрӯз шумораи таълимгирандагон наздик ба 30 ҳазор расидааст ва ин мушкилоти асосии соҳаи маорифро дар ноҳияи Ҷайҳун ба бор овардааст”.

 

Абдураҳмони Ҷомӣ: мактаби садамавӣ дар паси бинои ҳукумат

Ба қавли сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасан Табаров, айни замон дар ноҳия 9 муассиса дар ҳолати таъмирталаб ва 3 муассисаи дигар пурра дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки ин вазъият ба раванди  таълиму тарбияи  хонандагон таъсири бад мерасонад.

Тавре манбаъ афзуд, ҳоло бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар 3 муассисаи таълимии ноҳия таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки хонандагон наметавонанд ба хубӣ дарсҳоро аз худ кунанд. 

Ҳасан Табаров  ҳамзамон гуфт, “Дар «Барномаи давлатии рушди муссисаҳои  соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021»  9 муассисаи таълимии ноҳия ворид карда шудаанд.  Дар ин доира ҳоло танҳо сохтмони як бинои садамавӣ оғоз шудасту халос. Ва умед аст, ки дар доираи барномаи мазкур ҳама мушкилоти соҳаи маориф дар ноҳия ҳал хоҳад шуд.” 

 

Мактубҳои бе ҷавоб

Дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар паси бинои ҳукумати ноҳия, муассисаи таълимии №1, ки он  аз 5 бино иборат мебошад,  бо 1 бинои пурра дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият менамояд. Ҳатто дар гирду атрофи он гаштугузор намудан хатар дорад, вале кӯдакони ин таълимгоҳ дар назди бино ба бозӣ машғуланд.  Мо бо Рустам Раҳимов — директори ин муассисаи таълимӣ сари ин мавзуъ суҳбат намудем. Номбурда дар посух гуфт: “Ин бино 90 сол пеш сохта шудааст ва ҳоло дар ҳолати садамавӣ дорад. Барои хароб кардани ин бино, ки аз 6 синфхона иборат аст,  ба собиқ раиси  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мактуб карда будем, аммо он беҷавоб боқӣ монд. Ба раиси нави ноҳия се моҳ пеш мактуб намудем, ки мо ин мактаби вайронаро тариқи ҳашар хароб кунем, зеро дар андак заминларза метавонад ба ҷони хонандагон хатар орад, вале то ҳол ягон ҷавоб нагирифтаем”.

Директори мактаб қайд намуд, ки дар муассисаи таълимии №1 1 ҳазору 501 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагон рӯ ба афзоиш аст. Дар як синфхона  30 — 35 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ин хеле зиёд аст. Дар соли оянда барои мо синфхонаҳои иловагӣ лозиманд, то хонандагон ба хубӣ бо таълим фаро гирифта шаванд.

 

Мушкили дигар дар Хатлон: Набудани толорҳои варзишӣ дар мактабҳо

Мушкилии дигари соҳаи маориф дар баъзе муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ин набудани толорҳои варзишӣ мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб хонандагон дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар синфхонаҳо мегузаронанд. Ин ҳолатро зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён ба осонӣ мушоҳида кардем.

Рустам Раҳимов — директори таълимгоҳи №1 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо изҳори ташвиш аз ин вазъ афзуд, ки “90  сол боз  хонандагони ин мактаб  аз надоштани толори варзишӣ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар синфхонаҳо мегузаронанд, инчунин дар муассиса толори маҷлисгоҳ тамоман вуҷуд надорад ва мо маҷлисҳои худро дар берун мегузаронем”.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, “Орзуи ягонаи 1501 нафар хонандаи мактаби №1 -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди толори варзишӣ дар муассисаашон аст, то то тавонанд, дар он ба роҳат дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ гузаранд. Аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешуда бошад, пурсиши бепосухест”.

 

Қубодиён: Хонандагон дар ҳасрати толорҳои варзишӣ

Хонандагони Муассисаи таълимии рақами 48-и ноҳияи Қубодиён низ аз надоштани толори варзишӣ дар мактаби худ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар фасли сармо дар синфхонаҳо танг мегузаронанд. 

Дилафрӯз Шарифова — директори мактаби №48-и ноҳияи Қубодиён,  дар ин замина иброз дошт, ки мушкилоти асосии 652 нафар хонандаи муассиса надоштани толори варзишӣ мебошад.

Ӯ нигаронӣ аз он кард, ки  «Фасли зимистон дар пеш аст, мо намедонем, дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар куҷо ба хонандагон гузаронем».

Дар муассиса як майдони варзишӣ аст, ки он низ пур аз сангу хок буда, хонандагон наметавонанд, ба хубӣ машғулиятҳои варзишии худро дар ин майдон гузаронанд.

Қайд карда шуд, ки  6 сол пеш ин муассиса соҳиби як толори варзишии садамавӣ буд, аммо аз набудани синфхона онро низ хароб карда, дар ҷойш 8 синфхона бунёд карданд.

Тавре Дилафрӯз Шарифова афзуд,  “Ман дар ин муассиса як сол мешавад, директор  таъйин шудаам. Ҳарчанд то ҳол ба мақомоти дахлдор барои бунёди толор муроҷиат накардаам, аммо директорони пешинаи ин даргоҳ борҳо ба мақомотҳои болоӣ барои бунёди толори варзишӣ мактуб карда буданд, ки ҳамаи онҳо бе ҷавоб боқӣ мондаанд”.

-Гарчанде ман соҳибкоронро борҳо барои бунёди як толори варзишӣ даъват намудаам, аммо онҳо аз ин кор даст кашидаанд, зеро, ба қавли онҳо, барои бунёди толори варзишии замонавӣ маблағи зиёд лозим будааст, —  илова кард директори таълимгоҳи мазкур. 

Муасссисаи  таълимии №48 дар маркази  ноҳияи Қубодиён аз соли 1938 сохта шудааст. Агар дар маркази ноҳия муассисаҳои таълимӣ толор надошта бошанд, пас дар мактабҳои дурдасти ноҳия вазъ дар кадом ҳолат қарор дорад?

Рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати стратегии худ қарор додааст, вале масоили ҳалталаби муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон  ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи муҳассилин таъсири манфӣ расонида, шароити дарсомӯзии онҳоро мушкил мегардонад. Барои бартараф кардани мушкилоти соҳа талошҳои бештари мақомоти дахлдор ва мусоидати аҳли ҷомеа зарур аст.  

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,  

хабарнигори махсуси «Фараж» 

дар минтақаи Бохтар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here