Деҳаи Каҷровут дар минтақаи Калининободи ноҳияи Деваштич ҷойгир аст. Деҳаи на он қадар калон. Масалан, мактаби деҳа ҳамагӣ 270 нафар хонанда дорад. Мардумаш асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Аммо аз сабаби он, ки ҳам замини кишоварзиву ҳам обии полезӣ кам аст, дар заминҳои обии ташнаи об асосан ғалладонагиҳо кишт мекунанд. 

Набудани шуғли доимӣ 60-70%-и ҷавонони ин деҳаро ба муҳоҷират бурдааст. Ин ҷавонон тӯли чанд муддат ба деҳа меоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро асосан бо бозии футбол мегузаронанд. Дар деҳа ҳамагӣ як майдони варзишӣ ҳаст, ки он дар баландии теппае дар назди мактаби кӯҳнаи деҳа, ки соли 1965 бунёд шудааст, воқеъ аст. Он замон ҳам мактаб ва ҳам ҳамин варзишгоҳро тариқи ҳашар сохтаанд. Қариб 50 сол боз ин варзишгоҳ ҳам ҷойи дарсҳои варзишии мактабиён ҳасту ҳам варзишгоҳи ҳамаи ҷавонони деҳа. То 3-4 сол пеш дар мавсими баҳору тобистон дар ин варзишгоҳ бозӣ кардан ҳам намешуд. Зеро ин ҷо юнучқазор буд ва ду-се маротиба дарав мекарданд. Дар ин мавсим ҷавонону наврасон дар ду мавзеи деҳа, ки он ҷойҳоро Лаби ҳавз ва Санқалоқ (Санглох) меноманд, варзишгоҳҳои муваққатӣ сохта ба ҳар гуна бозиҳои миллӣ ва футбол машғул мешуданд. Лаби ҳавзу Санқалоқ ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ ба мардум тақсим шуд. Ахиран, дар деҳа дигар ҷойе барои сарҷамъӣ ва ба варзиш машғул шудани ҷавонон боқӣ намонд, ба ҷуз ҳамин варзишгоҳе, ки назди мактаби кӯҳна дар болои баландие ҷойгир аст. Дар аввали баҳору тирамоҳ мавсими боронгарӣ ин ҷо лойқаву лағжонак ва дар зимистон пур-пури барф мешавад. Дар тобистон бошад, пур аз хоктӯдаву гарду чангу тӯпаланг. Аммо обу лойу барфу борон ҷавонону дигар иштиёқмандони варзишро аз омадан ба инҷо боз намедорад. Зеро, дигар ҷойи рафтан нест!
Соли 2012 бо талоши зиёди директори мактаб П. Собиров ва дастгирии мақомот сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ оғоз ёфт. Соли 2013 бинои нави мактаб бо харҷи 1 млн 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуд. Ин бино яке аз аввалин бинои замонавии дуошёна бо маркази ягонаи гармидиҳанда дар минтақа мебошад. Пиру барно аз сохтани ин бино хурсанд. Дар назди ҳамин бинои мактаб, ки дар мавзеи Санқалоқ (Санглох) сохта шудааст, ҳамворие ҳаст, ки замоне ин ҷойро ҷавонону наврасон ҳамчун варзишгоҳи мавсимӣ истифода мекарданд. Айни ҳол ин ҷо барои сохтани як варзишгоҳи хеле олиҷаноб бисёр мувофиқ аст. Барои бунёди варзишгоҳ дар ин ҷой фақат як монеа ҳаст — мақомоти дахлдор замини ин ҷойро «зери боғот» ва «обӣ» гӯён, иҷозат намедиҳанд, ки ин замин барои сохтмони варзишгоҳ ҷудо шавад. Дуруст аст, ки қонунҳои амалкунанда иҷозат намедиҳанд, ки дар заминҳои обиву зери боғот ягон иншоот сохта шавад. Аммо, дар ин замин на боғ ҳасту на об! Замоне боғи сарсабзу ободе буд. Вале имрӯз дар ин ҷой ҳамагӣ як дарахти бед боқӣ мондаасту халос. Ин замин қариб ҳар сол бекор хоб аст. Азбаски об нест ва ҳосили хуб намедиҳад, касе ин ҷоро кишт намекунад. Замини фонди давлатӣ ҳисобида мешавад. «Мо бори аввал бо мақсади бунёди як мактаб бо варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба мақомот муроҷиат кардем. Зеро дар ҳақиқат деҳа ба як мактаби замонавӣ бо тамоми шароитҳо эҳтиёҷ дошт ва дорад. Баъди муроҷиату даводави зиёд барои сохтмони бинои мактаб замин ҷудо шуд ва 6 синфхонаи иловагӣ бунёд гардид. Бо маблағҳои грантӣ. Ба ҳар касе, ки дар сохтмони бинои иловагӣ моро дастгирӣ кард, раҳмат. Аз соли 2009 боз мо талош дорем, то барои сохтмони варзишгоҳ ҳам замин ҷудо шавад, аммо намешавад. Ҷавонон қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳо. Дар муҳоҷират будаҳо телефонӣ аз ман мепурсанд, ки «муаллим, масъалаи стадион чӣ шуд?». Умеди зиёд доранд ин ҷавонҳо»,- мегӯяд директори мактаб П. Собиров.
Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати кишвар як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намудааст. Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди кишвар ба инобат гирифта, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Инчунин, ҳамасола дар кишвар санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Дар ҳар як чорабиниву вохӯриҳо Сарвари кишвар аз нерӯи ояндасоз будани ҷавонон ёдовар шуда, доим талаб менамоянд, ки ҷавнонро дастгирӣ кунем, дар тарбияи хуб гирифтану солиму босаводу донанда шуданашон тамоми чораҳоро андешем.
Аз «Соли ҷавонон» эълон шудани соли ҷорӣ ҷавонони ин деҳа низ мисли тамоми ҷавонони Тоҷикистон хурсанд шуданд, дар бисёр корҳои ободонии деҳаву маҳалла саҳм гузоштанд ва умед доранд, ки ба зудӣ барои онҳо як маҷмааи варзишӣ ё ақаллан як варзишгоҳ бунëд мешавад. Ҳатто, ҷавонон омода ҳастанд баробари ҷудо шудани замин барои сохтмони варзишгоҳ, худашон ҳам то ҳадди иқтидорашон барои сохтмон саҳмгузорӣ кунанд.
Яке аз ҷавонони фаъол ва иштиёқманди варзиши деҳа Азимҷон Азизов ҳангоми сӯҳбат хеле умедворона чунин гуфт: «Ҷавонони деҳа аз соле, ки сохтани мактаби нав сар шуд, умед доранд, ки маҷмааи варзишие бо шароити хуб сохта шавад. Охир, дар деҳа ҳамагӣ як варзишгоҳ дар назди мактаби кӯҳна ҳасту халос. Дар он ҷой ҳам ҳамеша бо варзиш машғул шуда намешавад. Гоҳ лойу гоҳ хоктӯдаву чангу ғубор. Шароите нест, ки он ҷойро алафзор кунем. Зеро зуд хушкида, хоктӯда мешавад. Аз беобӣ! Бар замми ин, майдон майдаву дар баландист. Гоҳо ҳангоми бозии футбол, агар ягон нафар сахттар зарба занад, тӯб то 400 — 500 метр ба поён мефарояд. Умуман, шароити хуб нест. Ҷавонон бесаброна интизори бунёди варзишгоҳи нав мебошанд. Ҳатто 2-3 сол пеш як қисми ҷавонони муҳоҷири деҳа барои амалишавии ин орзуяшон як миқдор маблағ ҳам ҷамъ кардаанд. Қисми дигар гуфтанд, ки «сохтани майдони варзишии нав сар шавад, мо ҳам кӯмак мекунем». Вале азбаски замин ҷудо карда нашуд, ин корҳо ҳамту монд. Ман пеш аз ба Россия омаданам бо директори мактаб муаллим Собиров сӯҳбат кардам, гуфтанд, ки худо хоҳад, рӯзҳои наздик заминро медиҳанд. Майдони варзишии нав сохта мешавад. Мо ҳамаи ҷавонон умед дорем ва бовар мекунем, ки мақомот моро дастгирӣ мекунанд. Чунки, инро Пешвои миллати мо, мӯҳтарам президенти мо мохоҳанд. Сарвари кишвар борҳо мегӯянд, ки ҷавононро ҳамеша дастгирӣ бояд кард. Мо ҷавонони Каҷровут ҳам дар «Соли ҷавонон» умед дорем, ки ба муроди ҷавониамон бирасем».
Варзиш гарави саломатист. Пас, барои ба варзиш машғул шудан шароит лозим. Ин ҷавонон ҳам ба шароити хуб эҳтиёҷ доранд. Умедворем, ки барои ҷавонон, барои ояндагони миллат замин ҷудо шудаву бунёди майдони варзишӣ онҳоро шод, сарҷамъ ва дӯсту муттаҳид месозад.

Бунëдҷон ПӮЛОДӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here