Исфара, ки яке аз шаҳрҳои куҳанбунёду бостонии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бино бар сарчашмаҳои муътамад, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, аз файзи соҳибистиқлолии кишвар инкишоф ёфтаву пешрафта ва ободу зебо мегардад.

Табиист, силсилаиқдомоти созандаю бунёдкоронае, ки дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара рӯйи кор омадаанд, бесобиқа буда, мардуми бофазилати шаҳр онро натиҷаю боздеҳи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самараи тозакориҳои раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, ташаббусу саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст ва заҳмати сокинони меҳнатқаринаш арзёбӣ менамоянд.

Тавре аз таҳлили рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2018 бармеояд, меҳнаткашони Исфара дар кулли самту соҳаҳо бо руҳияи баланд ва пурмаҳсул меҳнат намуда, натиҷаҳои назаррасро ба даст овардаанд ва нақшаҳои тарҳрезию тасдиқгардида дар соли 2019 бозгӯйи онанд, ки мардуми Исфара бо азми дучанд ҷаҳд доранд, ки имсолро низ ба марҳилаи навини тақвиятбахшии дастовардҳо табдил диҳанд.

 

Дар ҷодаи созандагӣ

Мардуми Исфара ба хубӣ дарку эҳсос менамоянд, ки талошҳои муҳтарам Пешвои миллат, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудаанд, то кишвари мо ба як давлати худкифо табдил ёфта, ҳамзамон бо ҳалли мусбат ёфтани мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ сатҳи зиндагии мардумонаш пайваста баланд гардад.

Мавриди зикр аст, ки Барномаи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодӣ — «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати таҳияи барномаҳои рушди минтақавӣ дар сатҳи маҳалҳо заминаи воқеӣ гузошт ва дар ин асос ҷиҳати таъмини пешрафти ҷомеа “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020” ба маблағи умумии 200 млн 400 ҳазор сомонӣ тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор дода шудааст. Аз он дар соли 2018 ба маблағи 49,7 млн сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд.

Дар доираи 6 лоиҳаи барномаҳои давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», «Такмили хадамоти наздисарҳадӣ, «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯчкак-Гулистон”, «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» (990 ҳазор доллари ИМА), «Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал» 21,4 миллион доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Мониторинги рафти иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ нишон додааст, ки аз оғозёбии лоиҳаҳо то ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 бо сармоягузории давлатӣ ва шарикони рушд дар маҷмуъ 33 лоиҳа бо маблағи умумии 209 миллиону 379 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудаанд.

Дар ин раванд, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи марказӣ» бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди 45,1 км роҳи автомобилгарди Кӯчкак-Гулистон тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, ки он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тибқи дастуроти Президенти мамлакат ва дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида 6,6 км ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ 3 км роҳҳои шаҳру деҳот аз нав асфалтпӯш ва чароғон карда шудаанд.

Дар соли аввали татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҳисоби сармояи хориҷии ҷалбнамудаи Ҳукумати мамлакат, бо харҷи 9,3 миллион сомонӣ 42330 нафар аҳолии 3 деҳоти Исфара бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуда, айни ҳол ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 5035 нафар аҳолии деҳоти Лаккон бо маблағи 4 миллион сомонӣ корҳо идома доранд.

Азнавбарқароркунии 16,1 км хатҳои магистралии оби нӯшокӣ ва 4,2 километр канализатсияи шаҳр аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо маблағгузории 3,5 миллион доллари амрикоӣ идома дошта, то ба имрӯз ба маблағи 2,8 млн сомонӣ корҳо ба сомон расида, 10,5 километр хатҳои магистралӣ нав карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кориашон санги асоси сохтмони бинои иловагиро барои 240 ҷойи нишаст дар мактаби №23-и ҷамоати деҳоти Ворух ва толори варзишии мактаби №24-и деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркуҳ гузошта, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҷиҳати мусоидат баҳри азнавсозӣ ва таъмиру тармими хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Ворух изҳор доштанд, ки ин иқдомоти созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва Раиси вилоят боиси руҳбаландӣ ва сипосгузориҳои самимонаи мардуми Исфара гардидааст.

Дар пайгирӣ аз иқдомоти созандаю ободкоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби маблағҳои вилоят 3 км роҳҳои шаҳру деҳоти Исфара мумфарш карда шудаанд.

Дар ин радиф, бо ташаббусу саҳмгузории соҳибкорони саховатпеша ва худи аҳолии ҷамоати деҳоти Ворух 6 километр роҳи марказии деҳа пурра азнавсозӣ ва мумфарш гардидааст.

Вусъати тозаи иқдомоти созандаю ободкорона руҳияи сокинонро баланд бардошта, онҳоро ба меҳнати босамар ва ҳам саҳмгузорӣ чиҳати ободонии диёр ҳавасманд гардонидааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 30,5 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар ҳаҷми 120,4 млн сомонӣ ё худ нисбат ба нишондоди соли 2017-ум 1,2 маротиба зиёд иҷро гардидааст. Ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ низ нисбати соли 2017-ум 26,4 млн сомонӣ афзуда, 113 млн сомониро ташкил додааст.

Зиёда аз 30 иншооти муҳими истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои нав бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазири содиротшаванда соли гузашта 5 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ — 1 корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶДММ “Афзун” ва 4 коргоҳи нав дар заминаи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи Ватан”, “Унистром”, “Комбинати масолеҳи бинокорӣ” ва “Исфараэкспресс” ба истифода дода шудаанд, ки айни замон ба коркарду банду басти меваи хушк, истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ, ғӯрагаҷ ва ширеҷ машғул мебошанд.

Тибқи дастуру супориш ва вазифагузориҳои Пешвои муҳтарами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини рушди сармояи инсониро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Аз ин ҷост, ки дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба соҳаи маориф 61,9 млн сомонӣ (61,5%), тандурустӣ — 28,9 млн сомонӣ (28,7%) ва ба фарҳангу варзиш 2,1 млн сомонӣ (2,1%) маблағ равона карда шудааст.

Давоми соли сипаришуда иншооти таълимӣ барои 540 ҷойи нишаст дар як баст, инчунин 1 маҷмаа ва 11 майдончаҳои муосири варзишӣ ба истифода дода, ба ин минвол теъдоди варзишгоҳҳои хурд ба 36 адад расонида шудааст.

Дар ин давра ба маблағи 1 млн 337 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи тандурустӣ сурат гирифта, ба маблағи беш аз 697 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ харидорӣ карда шудааст.

 

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро сол ба сол таҳия намуда, ҷиҳати амалӣ намудани 371 лоиҳаҳои пешбинигардида (ба маблағи умумии 922 миллиону 968 ҳазор сомонӣ) бо соҳибкорон ва мардуми шаҳру деҳот ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Аз шумораи умумии лоиҳаҳои ба Нақшаи чорабинӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ — 580 миллиону 353 ҳазор сомонӣ ё 62,8%, буҷети вилоятӣ — 10 миллиону 170 ҳазор сомонӣ ё 1,1%, буҷети маҳаллӣ — 2 миллиону 304 ҳазор сомонӣ ё 0,2%, маблағҳои худии ташкилоту муассисаҳо — 18 миллиону 398 ҳазор сомонӣ ё 2,0%, маблағҳои хусусии соҳибкорони шаҳри Исфара — 112 миллиону 574 ҳазор сомонӣ ё 12,2%, маблағҳои аҳолӣ — 80 миллиону 519 ҳазор сомонӣ ё 8,8% ва сармояи хориҷӣ — 118 миллиону 750 ҳазор сомонӣ ё 12,9% амалӣ хоҳанд шуд.

Давоми соли 2018 тибқи Нақша амалисозии 106 лоиҳа ба маблағи умумии 452 миллиону 712 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 443 миллиону 776 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд, ки ин нишондод 98%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати иҷрои супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муассиси Осоишгоҳи «Зумрад» сохтмони бинои 9-ошёнаи асосии истироҳатгоҳ, 3 бинои 5-ошёнаи ташхисгоҳ, ҳавзи шиноварии болопӯш (30м х 30м), тарабхона, амфиатеатр, сохтмони фермаҳои ширию молӣ, (барои 100 сар моли калони шохдор) ва мурғхона босуръат идома дошта, ҷиҳати мутобиқ гардонидани Осоишгоҳ ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Давоми соли 2019 бошад, татбиқи 86 лоиҳа ба маблағи умумии 67 миллиону 303 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои дар соли 2019 ба нақша гирифташуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, маблағҳои худии ташкилоту муассисаҳо 6 миллиону 546 ҳазор сомонӣ, маблағҳои хусусии соҳибкорони шаҳри Исфара 24 миллиону 117 ҳазор сомонӣ, маблағҳои аҳолӣ 19 миллиону 590 ҳазор сомонӣ ва сармояи хориҷӣ 15 миллиону 350 ҳазор сомонӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади ҷалби соҳибкорони бурунмарзӣ ба корҳои ободониву созандагӣ моҳи декабри соли 2018 сафари кории Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва ва Новосибирски Федератсияи Русия сурат гирифта, дар раванди мулоқоти озоду ошкоро бо зиёда аз 400 нафар соҳибкорони зодаи шаҳри Исфара ҷиҳати сохтмон ва таъмиру азнавсозии боз 40 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ мувофиқа ба даст омадааст.

Санаи 16-уми феврали соли 2019 дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи тадбирҳои “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ”, ки муҳтарам Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, Форуми соҳибкорони шаҳри Исфара таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа», бо иштироки 300 нафар соҳибкорони маҳаллию бурунмарзӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузории он мавриди баррасӣ қарор додани ҷанбаҳои мухталифи рушди соҳибкорӣ, густариш бахшидан ба ҳамкориҳои ба тарафҳо судманди мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ буд, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор овард, соҳибкорони маҳаллию бурунмарзӣ омодагии хешро ҷиҳати бунёди даҳҳо иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии иншооти маорифу тандурустӣ ва роҳҳои маҳаллӣ изҳор доштанд.

 

Тозакориҳои шаҳрдори Исфара

Яке аз иқдомоти тозае, ки раиси шаҳри Исфара Саломзода ба он рӯ овардааст, макони ташкилу баргузорнамоии чорабиниҳои умумишаҳрӣ интихоб намудани гӯшаю канори ноободи шаҳру деҳот арзёбӣ мегардад. Ба ин васила дар ҷараёни омодагӣ ба ҷашну маросимҳо мавзеъҳои интихобгардида тозаю озода, гулу гулзор ва иншооти ҳудуди он таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.

Аз ин ҷост, ки соли равон бинобар тасмими раиси шаҳр ҳудуди майдони маҷмааи ёдгории яке аз инқилобчиёни шӯравӣ — Муборакқадам, воқеъ дар шафати Истгоҳи марказии нақлиёт макони баргузории чорабиниҳо бахшида таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар арафаи ҷашн ҳудуди ин ёдгории таърихӣ азнавсозӣ, таъмиру обод гардида, ҳусни тозае гирифт.

Алҳол кормандони Раёсати маориф, соҳибкорон ва ҳам мардуми созандаю ободкори шаҳр баҳри омодасозии идгоҳи дигар — майдони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки баргузории тадбирҳои Рӯзи модар дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст, корҳои зиёди ободкориро анҷом медиҳанд.

Корҳо ҷиҳати ба тартибу низом овардан, гулзору кабудизоркунии ҳудуди яке аз боғоти Кооперати тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем», ки ҷашнгоҳи имсолаи наврӯзии исфарагиён хоҳад буд, низ мувофиқи матлаб роҳандозӣ шудаанд.

Ҳамин гуна, соли равон тантанаҳои умумишаҳрӣ бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар боғоти гулафшони деҳаи бостонии Навгилем, Рӯзи ҷавонон дар шаҳраки Навобод, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳоти Лаккон, ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар майдони назди яке аз чорроҳаҳои маркази шаҳр, Рӯзи Забони давлатӣ дар деҳоти Шаҳрак, Рӯзи Конститутсия дар деҳоти Хонобод ташкилу баргузор карда хоҳанд шуд, ки тозакорӣ, ё худ иқдоми назаррасе дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти ноҳия, минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмуъ, барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here