Харангон дараи фароху зебоманзаре дар ноҳияи Варзоб буда, дар ду соҳили рӯди ҳамноми худ ҷойгир аст. Замоне ҳавои ин ҷо аз ҳар ҷиҳат тозаю озода буд. Ҳар кас орзуи дар ин мавзеи хушобу ҳаво истироҳат кардан дошт. Ҳоло чӣ?

Ҳоло агар касе ба ин мавзеъ ояду қаблан ин ҷойро дида бошад, ба ҳоли сокинони он раҳмаш меояд. Чунки фазои роҳи он тӯли 4-5 км чангу ғуборолуд буда, баъди убуру мурури мошинҳо кас пеши роҳи худро 2-3 метр дуртар дида наметавонад. Истиқоматкунандагони дар қад-қади роҳ маскунбуда ночор ҳар шому саҳар машғули ба роҳ об пошидан ҳастанд, то аз хокбориш саломатии хонаводаи худро ҳифз намоянд. Гарду чанги хок на аз ҳавои бодовард, балки аз зери чархи даҳҳо мошинҳои «Дулан»-ҳои заводи сементи ш. Душанбе, ширкати «Воҳидиён» ва чандин корхонаҳои дигар  ба ҳаво бархоста, ба болои бому ҳавлӣ, дарахтони мевадор, рӯду ҷӯйҳо рехта, ҳатто ба ҳуҷраҳои иморатҳо, мағозаҳо ва истироҳатгоҳҳо даромада, ҳама ҷоро ифлос мегардонад.

Аз сабаби касиф будани оби ҷӯйҳо ва олуда шудани ҳаво аз чангу ғубори мошинҳо қариб дар ҳар деҳа даҳҳо нафар кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ ба касалии зардча гирифтор гардидаанд, Масалан, дар деҳаи Бакавул ду нафар дар беморхона ва панҷ нафар дар хонаҳояшон табобат гирифтаанд. Агар чунин ҳол дер давом кардан гирад, яқин тобистону тирамоҳи имсол дигар бемориҳо: диққи нафас, дил, лепторпироз, брутселёз, домана, меъдаю рӯда ва ба инҳо монанд хуруҷ хоҳанд кард ва Худо накарда, ба эпедемия табдил ёбанд, он гоҳ вой бар ҳоли мардуми ин маҳал.

Азбаски ба муроҷиати чандинкаратаи сокинон зимомдорони Вазорати роҳу нақлиёт вокуниш нишон надоданд, аҳолии деҳаҳои Дара, Харангони боло, Бувак ,Харангони миёна, Шехак, Бакавул, Сабзазор, Деҳнавак аз роҳбарони корхонаҳои истифодабарандаи роҳ, ки сангу хоки кӯҳҳои ин ҷоро бо нақлиёти корхонаҳои хеш мекашонанд, хохиш мекунанд, ки аввал ин роҳи мошингардро мисли пештара (онро солҳои 75-80 асри гузашта Идораи роҳсозии н. Варзоб мумфарш карда буд) дуруст ва мумфарш кунанд, баъд ба кор машғул шаванд.

Ҳоло бошад, «Дулан»-ҳои корхонаҳои номбурда ба ин ҳоли табоҳ оварда расонидаанд. Баъдан аз як тарафи он лоток (обпарто) хобонанд, то ки обҳои ифлоси роҳ ҳангоми бориши барфу боронҳо ба рӯд ва ҷуйборҳо ҷорӣ нагарданду поёноб будагиҳо дар ташвиш намонанд. Инчунин қад-қади роҳ аломатхои бехатарӣ аз нақлиёт гузошта, ақалан аз тарафи чап ё рости он роҳи пиёдагард созанд, зеро дар ду тарафи роҳ хонаҳои истиқоматӣ,мактаб, мағоза, бӯстонсаро, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳои бачагона мавҷуданд. Барои он ки дар осошгоҳҳои истироҳаткунандагон хотирҷамъ бошанд ва мактаббачагон бидуни тарсу ваҳм ба мактаб раванду оянд, роҳбарони корхонаҳои фавқуззикрро лозим аст, ки баробари ғами суду зиёни андаки худро хӯрдан ғами саломатии аҳолӣ ва кӯдаконро низ хӯранд. Худо накарда, мошинҳои 50-60-тоннагии машғули ҳамлу нақли бор кӯдак ё мактаббачаеро пахш кунад. Ба рух надодани чунин ҳодиса касе кафолат дода наметавонад. Аз ин рӯ, «Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дид»,  — гуфтаанд дар урфият.

Хайруло Раҳимов, узви ИЖТ, сокини деҳаи Бакавул.

Добавить комментарий