Давоми 8 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад наздики 28 км роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъмири асосӣ ва 1 ҳазору 136,6 ҳазор км дигар роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст, ки маблағи он беш аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.

15 миллион сомонии соҳибкорон

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар”-и вилояти Хатлон Насрулло Файзулозода зимни суҳбат қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард корҳои назаррасе дар минтақаи Бохтар ба анҷом расидааст. Дар 8 моҳи соли равон бо маблағгузории соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ дар минтақаи Бохтар 13,1 км роҳҳо таъмири асосӣ шуда, 76 км таъмири ҷорӣ, 465 км роҳ сангфарш гарида, 60 адад пул бо дарозии 517 метр таъмир карда шудаанд, ки маблағи он 15 миллиону 762 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ бештар саҳми соҳибкорони ноҳияи Хуросон (8 миллиону 364 ҳазор сомонӣ), Кӯшониён (2 миллиону 183 ҳазору 350 сомонӣ), Панҷ (2 миллиону 221 ҳазору 400 сомонӣ), Қубодиён (наздики 900 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Дӯстӣ (248 ҳазору 364 сомонӣ) дида мешавад.

Насби 240 аломати роҳ

Аз буҷетҳои маҳал барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ин давра 861 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ қисмате аз роҳхои маҳаллӣ таъмиру тармим шудаанд.

Вазорати нақлиёти кишвар дар 8 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои минтақаи Бохтар 2 миллиону 140 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, ки бо ин маблағ 28 км роҳ таъмири асосӣ ва 1 ҳазору 136,6 км таъмири ҷорӣ гардида, 241 аломати роҳ насб карда шудааст.

Насрулло Файзулозода ҳамчунин гуфт, ки ҳоло таъмиру тармими роҳҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бомаром идома дорад.

3,5 миллион сомонӣ аз буҷети вилоят

Дар ҳамин ҳол, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзод қайд намуд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба роҳҳои маҳаллӣ зиёд гардида, маблағгузорӣ дар ин самт афзоиш ёфтааст.

— Тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва раиси вилоят имсол баҳри нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҳам аз буҷаи вилоят ва ҳам аз буҷаи шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Дар маҷмуъ, тайи 8 моҳи сипаригардида 3,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст,- илова кард мусоҳиби мо.

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамагӣ 2 ҳазору 749,2 километр роҳҳо мавҷуд мебошанд, ки аз он 334,4 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 435,2 км роҳҳои байналмилалӣ, 1 ҳазору 979,6 км роҳҳои маҳаллӣ ва 2 ҳазору 878 км роҳҳою кӯчаҳои дар тавозун набуда мебошанд, ки марҳила ба марҳила таъмиру таҷдид шуда истодаанд.

 

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here