Бо сабабҳои номаълум 8 нафар роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон дар нишастҳои матбуотӣ иштирок накардаанд, ки ин амали онҳо боиси иҷро нашудани амри роҳбари давлат мебошад.

Аз рӯзи 15-уми июли соли равон дар саросари кишвар нишастҳои матбуотӣ оғоз шудаю то ба имрӯз идома дорад. Баргузории нишастҳои хабарӣ тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми сентябри  соли 2011 таҳти №1729 шуруъ шуда буд. Аммо баъзе роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон бо ҳар баҳона дар нишастҳои матбуотӣ иштирок намекунанд ва ҳаволаи идораҳояшонро ба зиммаи муовинонашон гузоштаанд, ки онҳо наметавонистанд ба ҳама суолҳои намоняндагони ВАО посухҳои мушаххас диҳанд.

Агар дақиқ гӯем, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Салимзода С., роҳбари Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақи Бохтар Қурбон Халифаев, сардори Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар Назаров М., сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Худоиназаров Р., сардори намояндагии Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзиливу коммуналии вилояти Хатлон» ва сардори Раёсати Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилоят Соҳибов А. дар нишастҳои матуботиашон иштирок накарданд.

 

Ҳар нишаст роҳбар бемор мешавад

Роҳбари Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақи Бохтар, ки рӯзи 19-уми июл, соати 8 мебоист нишасти матбуотиашонро баргузор кунанд, ба толор ҳозир нашуда ва ба ҷои онҳо муовинонашон омаданд. Ин бори аввал нест, ки роҳбарони ниҳодҳои болозикр бо ҳар баҳона аз нишастҳои матбуотиашон мегурезанд.

Муовини сардори Раёсати Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт Маҳмадалӣ Рафиев гуфт, ки роҳбараш бо сабаби беморӣ натавонистааст ба нишаст ҳозир шавад. Албатта, фаҳмидан мумкин аст, ки роҳбар ҳам инсон аст ва имкони бемор шуданаш ҳаст, вале аҷибаш ин аст, ки роҳбари ин ниҳод дар чанд нишасти матбуотии дигар низ бо ҳамин “сабаб” иштирок накард ва ин масъулиятро ба дӯши муовинаш вогузор кард.

Роҳбари Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақа Насрулло Файзулозода низ ба нишаст ҳозир нашуд. Намояндагони ин ниҳод ҳатто аз гузаронидани нишаст саркашӣ мекарданд. Баъди баҳсе миёни журналистон ва намояндагони муассисаи мазкур, ҷаноби Файзуллозода пайдо шуд.

Намояндаи Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар Алишер Баротов гуфт, ки роҳбари идорааш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даъват шудаасту имкони ширкат дар нишасти матбуотиро надорад.

 

Ду роҳбари дигар дар рухсатӣ будаанд

Сардорони Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Муассисаи давалтии хоҷагии ҷангали вилоят, ки дар нишасти матбуотиашон иштирок накарданд, ба гуфтаи муовинонашон, дар русатии меҳнатӣ будаанд.

 

Ҳакимзода: Роҳбарони аввал шахсан бояд иштирок кунанд

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти матбуотиаш, ки рӯзи 25-уми июли соли равон баргузор гардид, ба эътирози намояндагони ВАО аз иштирок накардани роҳбарони аввали ташкилоту идораҳои вилоятӣ дар нишастҳои матбуотиашон посух гуфта, иброз дошт, ки роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифадоранд шахсан нишастҳои матбуотии идораҳояшонро гузаронанд.

Ҳакимзода Қурбон дар ин маврид афзуд, ки бояд худи роҳбарони аввал иштирок намуда, нишасти матбуотиро гузаронанду ба намояндагони ВАО маълумотҳои заруриро диҳанд.

Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки дар ҳақиқат баъзе раисон худашон ҳастанд, аммо муовинонашонро ба нишаст ба ин ё он баҳона мефиристанд. “Ягон чиз асос шуда наметавонад, ки роҳбарони аввал дар нишастҳои хабарӣ иштирок накунанд. Онҳо бояд бемасъулиятӣ накунанд. Ин кори онҳо гурехтан аз масъулият аст»,- илова кард раиси вилоят.

Раиси вилоят ба масъули шуъбаи иттилоотиву таҳлилии МИҲД-и вилояти Хатлон супориши қатъӣ дод, ки ин масъаларо баррасӣ намуда, рӯйхати роҳбаронеро, ки дар нишастҳо иштирок намекунанд, ба раиси вилоят пешниҳод намояд.

Бояд гуфт, ба намояндагони ВАО дар як сол танҳо ду маротиба имкон даст медиҳад, ки бо худи роҳбарони аввал рӯ ба рӯ нишаста, ба суолҳои хеш посух бигиранд. Мутаассифона, баъзеи онҳо бемасъулиятӣ намуда, муовинонашонро ба нишаст сафарбар менамоянд, ки онҳо наметавонанд ба суолҳои журналистон посухи дуруст диҳанд.

Пас, интизорем, ки раиси вилоят ба нишастгурезҳо чӣ ҷазоеро раво хоҳад дид, то барои оянда дарси ибрат шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here