Баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 1 ҳазору 800 нафар маҳбусон ба озодӣ баромаданд, ки ба 402 нафари онҳо 182 ҳазору 195 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.

Давлат Тағоев — ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаи ислоҳии Ёвон, Норак, Бохтар ва Дӯстӣ 1 ҳазору 800 нафар маҳбусон ба озодӣ баромадаанд, ки аз онҳо 311 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Файзуллозода Қобилҷон — сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба хабарнигори “Фараж” маълумот дод, ки 703 нафар маҳбусоне, ки баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд, то 17-уми январи соли 2019 ба раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои гирифтани кӯмакпулӣ муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз 703 нафар маҳбусе, ки муроҷиат намудаанд, ба 628 нафари онҳо кӯмакпулӣ таъин карда шуда, ба 402 нафар 182 ҳазору 195 сомонӣ пардохт карда шуд. Аз 300 зани маҳбусе, ки озод шудаанд, 39 нафари онҳо барои гирифтани кӯмакпулӣ муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора ба 29 нафар 13 ҳазору 150 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.

27 маҳбуси озодшуда бо кор таъмин шудаанд

Иттилоъ дода шуд, ки аз 703 нафар маҳбусоне, ки баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд, 27 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар ноҳияи Ёвон, 5 нафар дар Қубодиён, 4 нафар дар ноҳияи Данғара, дунафарӣ дар ноҳияҳои Кӯшониёну Шамсидин Шоҳин ва якнафарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Балҷувон ва Дӯстӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, 1 нафар дар шаҳри Норак ба касбомӯзӣ ҷалб шудаасту халос.

Маҳбусони озодшуда бештар аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (62 нафар), Ҳамадонӣ (50 нафар), Фархор (48 нафар), Бохтар (44 нафар), Панҷ (45 нафар), Ёвон (40 нафар), Қубодиён (32 нафар), Данғара (37 нафар), Вахш (32 нафар), Левакант (34 нафар), Восеъ (37 нафар) барои гирифтани кӯмакпулӣ ба раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намудаанд.

“Маблағро гирифтем, аммо як бор”

Чанде аз маҳбусоне, ки баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон озод шудаанд, дар суҳбат гуфтанд, ки танҳо як маротиба ба маблағи 400 сомонӣ кӯмакпулӣ гирифтаанду халос.

Ихромиддин — сокини ноҳияи Кӯшониён, ки аз муассисаи ислоҳии сукунатии шаҳраки Ғароутии ноҳияи Дӯстӣ озод шудааст, гуфт, ки як бор 400 сомонӣ кӯмакпулӣ гирифтааст ва моҳи декабру январро ваъда додаанд, ки то моҳи феврал пардохт хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Файзуллозода гуфт, маҳбусоне, ки аз маҳбас озод шудаанд, бояд се маротиба 400 сомонӣ кӯмакпулӣ гиранд. “Агар онҳо бо ҷойи кор таъмин шаванд, дигар имкони гирифтани кӯмакпулиро надоранд”,- илова кард ӯ.

Собиқ маҳбусон мехоҳанд ба муҳоҷират раванд

Баротзода Сайдулло — сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Вахш низ қайд намуд, ки соли 2019-ум ба маҳбусони озодшуда дар умум 34 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст. “Додани кӯмакпулӣ ба маҳбусоне, ки баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои исолоҳӣ озод шудаанд, дар мадди аввал монда шудааст. Аммо аксар маҳбусони озодшуда ҳангоми муроҷиат мегӯянд, ки як ё ду маротиба ба онҳо кӯмакпулӣ диҳанд, то шаҳодатномаҳои худро дуруст карда, ба муҳочирати меҳнатӣ раванд”,- гуфт мусоҳиби мо.

Ғамхории Роҳбари давлат ба маҳбусон

Ёдовар мешавем, Қонуни авф, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд, дар маҷмуъ нисбат ба беш аз 20 ҳазор гумонбаршуда, айбдоршаванда ва маҳкумшуда татбиқ гардид. Соҳибназарон ин қонунро як ҳуҷҷати гуманистӣ унвон карда, мегӯянд, ки он ашхоси роҳгумзадаи зиёдеро ба ҳаёти осоишта баргардонд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here