Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ёдовар шуд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор фаъолияти худро дар солҳои 2019-2020 дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои мушовара, фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, қарорҳои мушовара, фармоишу дастурҳои сардори раёсати маорифи вилоят, қарорҳои раиси ноҳия, қарорҳои шӯрои шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

 Маълумоти мухтасар

Дар соли хониши 2019-2020 дар ноҳияи Фархор 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 679 нафар тарбиятгиранда ва 113 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1718 нафар амал мекунанд. Дар маҷмуъ, шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ 37410 нафар, аз ҷумла 17961 нафар духтаронро ташкил медиҳад.

Шуъбаи маорифи ноҳия тибқи Паёми Сарвари мамлакат амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 28.05.2014, №107 «Дар бораи нақша-чорабинихо оид ба татбиқи барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро мавриди назорат қарор додааст. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар шӯрои шуъбаи маориф баррасӣ гардидааст.

Ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илм сесад ҷойи нишаст кӯмак расонида шуда, инчунин литсейи давлатии №1 аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои омӯзгорон ва хонандагон мизу курсии нав харидорӣ карда, ба пуррагӣ худро таъмин намудааст.

Корҳои ободониву созандагӣ

Дар ду моҳи соли 2020 дар якчанд муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ дар асоси барнома ва берун аз барнома таъмиру азнавсозӣ карда шуда, ба истифода дода шудаанд. Сохтмони чор синфхонаи иловагии муассисаҳои таълимии №36, 38, 47, 20 ва ду синфхона барои тағйири либос дар дарсҳои варзиш дар муассисаи №26 бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии «Дасти ёрӣ» ва маблағи падару модарон ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, муассисаи таълимии №2-и аз тарафи соҳибкори ватанӣ Х. Нозимов сохташаванда сеошёна буда, аз 30 синфхона, шаш озмоишгоҳ, ҷамъ 56 адад ҳуҷраҳои гуногун иборат аст ва дар муассисаҳои таълимии №4, 22, 28 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №22, 25, 53 идома дошта, аз тарафи сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ нақшабандӣ карда шудааст. Моҳи январи соли гузашта маъмурияти муассисаи таълимии №17 се синфхонаи муассисаро аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои хониши хонандагон пешкаш намудааст.

Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қабул карда шудааст, ки мувофиқи он 36 адад сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар солҳои 2019-2021 ба нақша гирифта ва барои азнавсозиву таъмир пешниҳод карда шудаанд, ки як қисмати он то ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба анҷом мерасанд.

Аз моҳи сентябри соли гузашта сар карда бо супориши протоколии раиси ноҳия муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ оид ба корҳои ободонӣ ва санитарию гигиенӣ корҳои назаррасро иҷро намуда, заминҳои наздимактабиро самаранок истифода бурда истодаанд. Онҳо гармхонаҳо ташкил намуда, тозагиву созандагиро пеша намуда, ҳар ҳафта шанбегиҳо гузаронида мешаванд ва аз корҳои ба анҷом расонида ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод менамоянд, ки он самараи хуб дода истодааст.

Назорати таълим ва қадршиносии омӯзгорон

Дар давраи соли хониши 2018-2019 бештари муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои намуди нав аз рӯйи равияҳои табиӣ-риёзӣ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият кардаанд. Дар соли хониши 2019-2020 ин тадбир амалӣ шуда истода, таълими онҳо зери назорати ҳаматарафаи шуъбаи маориф буда, дар шӯроҳои шуъбаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин, ин масъала аз тарафи ХДНСДМ-и назди Вазорати маориф ва илм мавриди санҷиш қарор гирифтаааст.

Сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар чоряки якум 3,7 бал ва сифати он 68%-ро ташкил додааст. Ҳабдаҳ муассисаи таълимӣ аз аттестасия гузаронида шуда, барои идомаи фаъолият иҷозатнома  гирифтаанд. Дар ин давра дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои фаннӣ аз рӯйи 13 фан, мусобиқаҳои варзишӣ, қадршиносии омӯзгорони пешқадаму собиқадор, ҷалби мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи асосӣ ба шумор рафта, то аввали соли хониш 77 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Масъалаи бо кадрҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ҳалли мусбати худро ёфта, мутахассисони ҷавон аз имтиёзҳои худ бархӯрдор гардидаанд.

Дар моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри соли гузашта дар шӯрои шуъбаи маориф санҷиши ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии №6, 8, 9, 11, 12, 14, 17, 21, 22, 23, 25, 26, 27, 29, 31, 33, 35, 59 аз рӯйи таълими салоҳиятнокӣ, ҳолати зимистонгузаронӣ, сарулибос ва тозагии хонандагон, ҳолати рӯзномадорӣ, ҳолати таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, пардохти онҳо, ҳолати иҷроиши барномаҳои давлатӣ, китобхонаҳои мактабӣ ва давомоти хонандагон ба дарсҳо дар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Дарқад, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғалаба, Зафар, Фархор, Деҳқонариқ ва шаҳраки Фархор дида баромада шудаанд. Шӯрои шуъбаи маориф то имрӯз 57 масъалаи муҳими кори таълиму тарбияро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Таъмини либоси мактабӣ

Шуъбаи маориф ноҳия ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21.01.2016, №1 вобаста ба таъмини сарулибоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагии шаҳру ноҳия корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Барои бо сарулибоси мактабии ватанӣ таъмин кардани хонандагон байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои ҶДММ «Самои К» барои 12000 нафар хонанда шартномаҳо баста шуда, таъмини онҳо то саршавии соли хониш ба итмом расидааст.

Дар давоми соли гузашта ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шуда буданд, ки дар муассисаҳои худ дӯхти либосҳои мактабии духтаронаро амалӣ намоянд ва толибилмонро бо сарулибоси худӣ таъмин созанд. Ин тадбир пурра ҳалли худро ёфта, дар 17 муассисаи таълимӣ дӯхти либосҳои талабагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар гузаронидани озмунҳо ва ба давраи хотимавӣ равон намудани хонандагон саҳми калон доранд. Соли 2019 ду хонандаи муассисаҳои таълимии №29 ва №5 Бобохонов М. (омӯзгор Самадов А.) аз фанни химия ҷойи якум, Халифаев Б. (Абдулҳақов А.) аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи дуюмро сазовор гаштаанд.

Бо дастгирии кормандон, ки чор воҳиди корӣ доранд, дар даври ноҳиявии озмунҳо аз ҳамаи гуруҳи фанҳо аз аввали моҳи сентябр зиёда аз 1631 нафар ҷалб шудаву иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтаанд. Дар марказ аз рӯйи панҷ маҳфил таълим идома ёфта, забон ва адабиёт, риёзӣ дар назди шуъбаи маориф ва сетои дигар дар муассисаҳои таълимии №6 ва №29 (аз фанҳои таъриху ҳуқуқ, химия, биология) амал мекунанд.

Моҳи декабри соли гузашта даври вилоятии озмуни мактаббачагон аз рӯйи таълими ҳамаи фанҳо дар ноҳия дар муассисаи таълимии №6 баргузор гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 34 медали гуногун аз рӯйи таълими фанҳо ба даст овардаанд, ки ба фанҳои забони давлатӣ, таърих, ҳуқуқ, риёзӣ, забони хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, забони русӣ рост меоянд.

Омӯзиши технологияи компютерӣ

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маориф дар дувоздаҳ моҳи соли 2019 як қатор корҳои муҳимро, ки барои пешрафти таълиму тарбия лозиманд, ба анҷом расонидааст. Дар моҳҳои сентябр ва октябри соли гузашта озмунҳои фаннии «Компютердони наврас» ва «Барномасози беҳтарин» гузаронида шудааст. Оид ба омӯзиши тахтаҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар рафти дарсҳо дар муассисаҳои таълимии №3, 12, 13, 29, 33 семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, аз онҳо натиҷагирӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар се моҳи аввали соли хониш марказ аз тарафи мақомоти дахлдор дувоздаҳ компютери насли нав, дувоздаҳ тахтаи электронӣ ва ҳамин миқдор проекторҳо дастрас намуда, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда додааст. Инчунин, аз тарафи шахсони саховатманд панҷ компютери насли нав ва ноутбукҳо барои муассисаҳои таълимии №6, 25, 29 харидорӣ ва тақдим карда шудаанд. Компютерҳои таъмирталаб тибқи нақша давра ба давра бо ёрии кормандони марказ аз таъмир бароварда, дар феҳрасти корбарӣ пайваст гардидаанд.

Оид ба пешрафти минбаъдаи омӯзиши технологияи компютерӣ дар муассисаҳои таълимӣ барномаи давлатии «Амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул карда шуда, он бояд давра ба давра амалӣ карда шавад. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ, дар соли 2019 то соли 2022 давра ба давра 180 компютерҳои насли нав ва 11 адад тахтаҳои электронӣ нақшабандӣ шудааст, ки як қисми он аллакай иҷро гардида, ба замми ин, то ба имрӯз аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва шахсони саховатпеша 7 компютер, 3 ноутбук, 6 тахтаи электронӣ ва 2 принтер дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидаанд. Инчунин, литсейҳои №1 ва №2 аз ҳисоби маблағҳои худӣ 8 адад компютерҳои насли нав харидорӣ намудаанд.

Аз тарафи марказ дар дувоздаҳ моҳи соли 2019 дар муассисаҳои таълимии ноҳия курсҳои омӯзиши компютерӣ, ҳунарҳои мардумӣ, адрасбофию атласбофӣ дар 14 муссисаи таълимӣ ба роҳ монда, бо дастгоҳҳо таъмин шудааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят хуб баҳогузорӣ гардидаанд. Инчунин, истифодаи технологияи нави муосир аз рӯи Барномаи таълимии тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ роҳандозӣ гардидааст, ки шумораи умумии онҳо ба 806 нафар мерасад. Шумораи умумии компютер ва принтерҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо технологияи навини дохилшуда, мутаносибан ба 1097 ва 174 адад мерасад.

Бозомӯзии омӯзгорон

То ин давра 347 нафар омӯзгорон ва 16 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои баландбардории ихтисос дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе гузаронида шудаанд.

Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи маориф, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, аз ҷумла муносибат ба таълими салоҳиятнокӣ низ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Гуруҳи кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз таълими курсҳо бархӯрдор гаштаанд. Дар асоси нақшаи семинарҳои доимоамалкунандаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ (13 адад номгӯи семинарҳо) мунтазам ҷаласаҳои онҳоро баргузор намуда, вазифаҳоро барои соли хониши оянда муайян кардаанд.

Китобу китобдорӣ

Нақши муҳимро дар раванди таълиму тарбия дастрасии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ташкил мекунад. Китобдори шуъбаи маориф аз соли 2001 то соли 2019-ум 916731 адад номгӯи китобҳои дарсӣ барои синфҳои гуногун дастрас намуда, ба китобдорони муассисаҳои таълимӣ барои истифода додааст, ки маблағи умумии он 5364041 (панҷ миллиону се саду шасту чор ҳазору чилу як) сомониро ташкил мекунад. Дар соли хониши 2018-2019 бошад, 57980 адад номгӯи китобҳо дар ҳаҷми 710835 (ҳафт саду даҳ ҳазору ҳашт саду сиву панҷ) сомонӣ дастрас гардида, ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ равона гардидаанд. Як миқдор маводҳо, барномаҳо ва китобҳои бачагона низ ройгон аз тарафи хазинаи ЮНИСЕФ ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳадя шуда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ирсол гардидаанд.

Тамоми фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ зери назорати шуъбаи маориф ва китобдори он буда, дар давраи ҳисоботӣ 11 конференсияҳо, ҷамъомадҳо, семинарҳо оид ба масъалаҳои китобу китобдорӣ гузаронида шудаанд.

Иду маҳфилҳо

Аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагӣ бахшида ба иду ҷашнҳои Рӯдакӣ, Забон, Мавлавихонӣ, Меҳргон, Рӯзи Конститусия, Рӯзи Президент, Парчам, Эъломияи ҳуқуқи башар чорабиниҳои гуногун гузаронида шуда, семинари кормандони соҳаи МТИ-и минтақаи Кӯлоб баргузор гардидааст. Дар марказ 14 маҳфил амал мекунад, ки 560 нафар хонандагонро фаро гирифта, ҳадафи он ва умуман маҳфилҳо ба азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, дар хонандагон бедор намудани худогоҳии миллӣ, меҳнатдустӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳунар мебошад. Самаранокӣ аз фаъолияти рӯзмарраи роҳбарони маҳфилҳо сахт вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад шуъбаи маориф нақша-чорабинии солонаи худро таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ оид ба амалишавии он супоришҳои мушаххас додааст. Дар ин замина ташкили коргоҳҳои истеҳсолии адрасбофию атласбофӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ аз тарафи шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимии №29, 15, 17, 35, 41, 6, ҷамъ дар 31 муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудаааст.

Идомаи таҳсил

Ҷиҳати бақайдгирии довталабон тавассути Маркази миллии тестӣ аз аввали моҳи декабр бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони марказ, мудири шуъбаи маориф ва кабинети методӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, онҳоро барои тариқи ММТдохил шудан ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳидоят менамоянд. Соли гузашта шумораи дохилшавандагон ба макотиби олӣ, миёна ва касбии хориҷи кишвар ба 1444 нафар расида, қисми зиёди дохилшудагон духтарон мебошанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, муҳтарам Шоимардонзода Хайрулло Имом, “шуъбаи маорифи ноҳия ҳама кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то соли хонишро бо дастовардҳои хуб ҷамъбаст намуда, дар таълиму тарбияи насли навраси оянда саҳмгузор бошад”.

МТЖТ

Добавить комментарий