Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Фархор баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани 22- солагии Вахдати миллӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Тавре аз суҳбат бо сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба номи Қудратулло Валиев Раҷабалӣ Қурбонов маълум гардид, феълан дар ноҳия ҳамагӣ 72 адад муассисаҳои тиббӣ фаъолият дошта, онҳо бо лавозимоти асосии ташхису муолиҷавӣ таъмин мебошанд.

 

Натиҷаи таҳлили бемориҳои сирояткунанда нишон медиҳад, ки дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия ягон нафар мубталои барангезандаи бемориҳои домана, зуком, сурхча, табларзаи бори аввал, касалиҳои шадиди рӯда, малярия ба қайд гирифта нашудаааст. Дар ҳамин ҳол, дар 5 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 55 нафар гирифтори бемории сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён беморони бори аввал дарёфтшуда 47 нафар ва беморони сили шуш 30 нафар мебошанд.

Дар маркази бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ бошад, тайи 5 моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ 7044 нафар аз санҷиш гузаронда шудаанд, аз ҷумла, санҷиши серологӣ 6550 нафар ва санҷиши бактериоскопӣ 515 нафар.

Оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 “Дар бораи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” сартабиби ноҳия Раҷабалӣ Қурбонов иброз дошт, ки “таҳлилгоҳҳои муассисаҳои тиббии ноҳия аз қабили Маркази пӯсту зуҳравӣ, Беморхонаи марказии ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази барқароркунии саломатии “Насими Фархор” ва аз 1 июли соли 2015 шуъбаҳои амрози дарунӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, шуъбаи бемориҳои дил, шуъбаи осебшиносӣ ва урологӣ аз рӯи қарори мазкур ба фаъолият оғоз намуданд.

Ба қавли Раҷабалӣ Қурбонов, айни ҳол мушкилоти ҳалталаби соҳа дар ноҳияи Фархор таъмирталаб будани Беморхонаи бемориҳои сил ва инчунин, шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона ва бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, менеҷери КАТС-и ноҳияи Фархор Фарҳод Исоев бо изҳори қаноатмандӣ изҳор намуд, ки: “Соли 2018 барои ҳар як корманди соҳаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия соли санҷишу дарки масъулияти баланд буд, чунки дар ҳифзи саломатии 169500 нафар аҳолии ноҳия 58 муассисаи тиббӣ аз ҷумла, 28 маркази саломатии деҳот, 25 бунгоҳи тиббии деҳот ва 5 маркази махсусгардонидашуда хизмати босифат расонида, ин равандро бомасъулиятона идома дода истодаанд”.

Ба қавли Фарҳод Исоев, феълан дар назди муассисаи КАТС-и ноҳия 714 нафар фаъолият карда истодаанд, ки аз инҳо 93 нафар духтурони маълумоти олидор, 490 нафар ҳамшираи тиб, 131 нафар кормандони хурди тибро ташкил медиҳанд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия, шахсони саховатманду соҳибкорон, аҳолӣ ва инчунин, Бонки умумиҷаҳонӣ дар деҳаҳои Сафармад, Арча, Навобод, ҷамоатҳои деҳоти Ғайрат, Ғалаба, Н.Сафаров марказҳои саломатии ҳозиразамон бо маблағи 300 000 доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода шуд ва инчунин, дар маҳаллаи навбунёди Уртабузи ҷ/д Фархор шахси саховатманд бунгоҳи саломатиро сохта ба истифода дод.

Дар баробари ин, сохтмони маркази саломатии Қизилсӯ дар ҷ/д. Ғалаба деҳаи Н.Сафаров ба маблағи 300 000 доллари амрикоӣ аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ба анҷом расонида шавад.

Дар назди маркази саломатии ноҳия маркази «Тибби оилавӣ» фаъолият карда истодааст. Дар марказ 5 духтури маълумоти олидори соҳаи «Тибби оилавӣ», 1 духтури кӯдаконаи илми олидор ва 15 ҳамшираи тибби оилавӣ, 1 духтури дандонпизишк ва 16 ҳамшираи тиб кор карда истодаанд. Аз санаи 26 феврали соли 2019 то 02 марти соли 2019 аз тарафи мутахассисони КАТС дар деҳаҳои Арчаи ҷ/д Деҳқонарик, Ҳисори ҷ/д Ғалаба, Маркази саломатии деҳот дар ҷамоати деҳоти Ғайрат муоинаи тиббии занҳои ҳомиладор, мактаббачагони гирифтори бемории ҷоғар ва кӯдакони бемориҳои гирифтори асаб дар маҷмуъ 504 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Маркази тибби оилавии ноҳия ба 6 мактаби таҳсилоти умумӣ, ки дар шаҳраки ноҳия ҷойгир шудаанд, хизмати тиббии худро расонида истодаанд.

Дар назди маркази саломатии ноҳиявӣ маркази даҳонпизишкӣ фаъолият карда истодааст, ки дар он 7 духтури дорои маълумоти олӣ, 5 ҳамшираи тиб ва 2 дандонсоз кор ва фаъолят карда истодаанд.

Баҳри табобати ҷарроҳии ҷоғу дандонҳо баъди муайян кардани сабабҳои пайдоиши беморӣ бо усули кандани дандонҳои фасодшуда, кушодани илтиҳоби варамида баъди беҳискунӣ, ва инчунин, табобати консервативӣ дар вақти ба дараҷаи зарур гузошташуда то барқарор кардани саломатии бемор  назорати амалӣ ва диспансерӣ бурда мешавад.

Бо супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраҳои ёририрасони ҳуҷраҳои КАТС аз соли 2012 то инҷониб бо қарори №600 фаъолият карда истодаанд. Аз он ҷумла, ҳуҷраи таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи УЛС дар маркази солимии репродуктивӣ.

Баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба кӯдакон, паст намудани нишондоди беморшавии фавти кӯдакон корҳои назаррас анҷом дода шуд. Дар ноҳия дар 5 моҳи соли 2019, 1834 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Нишондоди фавти то 1 сола 20 нафарро ташкил медиҳад. Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони 1 сола дар назди маркази саломатии ноҳия 1 ҳуҷра ва дар 16 марказҳои саломатии деҳот ҳуҷраҳои гузаронидани хатна ташкил карда шудаанд. Дар ноҳия дар  5 моҳи соли 2019-ум 1828 адад таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 570 амалиёти хатна гузаронида шудааст, ки аз инҳо 84 нафарашон кӯдакони то 1 соларо ташкил медиҳанд.

Дар доираи стратегияи ҳамбастагии бемориҳои давраи кӯдакӣ бо мадади Лоиҳаи тандурустии бонки умумиҷаҳонӣ 3 нафар омӯзгорон тайёр карда шуда, 200 нафар корманди тиб ҷиҳати нигоҳубини кӯдакон, инкишофи ҷисмонию руҳӣ ғизои солим, аломатҳои хатари беморӣ, пешгирии бемориҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуда, бо борхалтаҳои дорои воситаҳои тиббии антропометрӣ ва гигиенаи шахсӣ таъмин шудаанд. Қобили тазаккур аст, ки соли 2018 дар ҷамоатҳои деҳоти Гулшан, Деҳқонариқ, деҳаи Куҳандиёри болои ҷ/д Ватан, деҳаи Қарахчии ҷ/д Зафар бо занҳои ҳомиладор ва занҳое, ки кӯдакони то 2 -сола доранд, семинар — машваратҳо гузаронида шуданд.

Ҳамчунин, баҳри расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ба кӯдакони бемори то 5 — сола ба маблағи 210 сомонӣ аз тарафи Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона маводҳои доруворӣ дастрас гардида, 52 нуқтаҳои табобатии регидрататсионии даҳонӣ барои 75 кат ташкил шуд.

Дар баробари ин, аз 24924 нафар кӯдаки синни то 5- сола 17 нафар бо бемории дарунрав ба қайд гирифта шуд, ки дар нуқтаҳои табобати регидрататсионӣ табобат гирифтанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия кӯдакони бемор сари вақт ба қайд гирифта шуда, ба табобат фаро гирифта мешавад.

Ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саломатӣ ва рушди кӯдакону наврасон, ва инчунин, баҳри амалисозии барномаи консепсияи сиёсати давлатии демографӣ барои солҳои 2013 ва 2015 ва нақшаи стратегии солимии репродуктивии аҳолӣ дар соли 2019 тадбирҳои судманд ба анҷом расонида шудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати репродуктивӣ, истифодаи дурусти воситаҳои контрасептивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва проблемаҳои вобаста ба солимии занони қобили таваллуд дар деҳоти дурдасти ноҳия гуруҳи корӣ дар ҳайати 8 духтури илми олидор занҳои ҳомиладор ва дигар беморонро аз назар гузаронида истодаанд.

Дар назди Маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи бемориҳои ғадудҳои даруна иборат аз 2 ҳуҷра ва 2 духтури илми олидор ва ду ҳамшираи тиб фаъолият карда истодаанд. Шумораи гирифторони бемориҳои диабети қанд 238 нафар буда, аз ин 234 нафарашон калонсолон мебошанд ва 8 нафарашонро кӯдакони то 14 – сола ташкил медиҳанд, ки ҳамаашон таҳти назорати диспансерӣ қарор дошта, мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

Дар баробари ин ҳоло 520 нафар кӯдаки маъюб дар қайди диспансерӣ қарор дошта, онҳо мунтазам аз муоинаи мутахассисони маркази саломатӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин дар асоси супориши маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-01-2012 таҳти №13 ва фармоиши Вазири тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-01-2012 таҳти №21 ва фармоиши комиссияи муваққатии маркази тибби машвартии ноҳияи Фархор аз 30-01-2012 таҳти №3 дар ноҳия корҳои оид ба солимгардонии кӯдакони синни то 18 — сола  гузаронида шуд. То 27 марти соли 2019 аз тарафи ин комиссия 42 нафар кӯдакони маъюби синни то 18 -сола барои солимгардонӣ пешниҳод карда шуд.

Дар доираи татбики Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2010-2020, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, васеъ намудани иқдомҳои ҳаёти солим ва анъанаю мероси миллӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Бо мақсади таблиғи ғизогирии тиббии кӯдакон ва инчунин, бо назардошти хавфи пайдошавии бемориҳои вобаста ба заҳролудшавӣ байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Аз тарафи мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия дар Бунгоҳи саломатии 1-уми май, Марказҳои саломатии деҳоти Комсомол, Куҳандиёри боло ва поён, бунгоҳҳои саломатии Навободи боло ва поёни ҷ/д Зафар дар мавзӯи бемории сил бо гирифторони бемории сил ва муҳоҷирони меҳнатӣ семинар — машваратҳо ва вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор баҳри гузаронидани корҳои маърифатӣ ва сафарбаркунии аҳолӣ дар бозору мактаб, кӯдакистонҳову масҷидҳо бар зидди бемории домана, заҳролудшавӣ,  дарунравӣ, табларза ва сил вохӯриҳо мегузаронанд.

Натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд буд, ки вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил гаштааст. Ин аст, ки имсол бемориҳои салмонелёз, кабудсулфа, гулӯзиндонак ва фалаҷи кӯдакона ба қайд гирифта нашудааст.

Баҳри амалисозии Барномаи миллӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2013-2015 дар маркази саломатии ноҳия 2-дастгоҳи сабти барқии дил, 1- ҳуҷраи кабули беморони дил, 1-духтури дилшинос ва 1- ҳамшираи тиб фаъолият карда истодаанд.

Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбарсозии ҷавонони солиму лаёқатманд дар комиссияи даъватии ҳарбии ноҳия шароитҳои зарурӣ мавҷуд буда, он бо мутахасисону дастгоҳҳои фавқуссадо, сабти барқии дил ва воситаҳои таҳлилӣ таъмин карда шудааст.

Муассисаҳои деҳоти ноҳия аз он ҷумла, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии деҳот аз 01 декабри соли 2015 аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда истодаанд. То ин вақт аз ин ҳисоб ба муассисаҳои деҳоти КАТС ба маблағи 1665594 сомонӣ таъмин карда шудааст. Аз маблағҳои ҷудошуда муассисаҳои деҳот бо доруҳои ёрии аввалия, ҳуҷҷатгузорӣ, маводҳои хоҷагидорӣ, мизу курсиҳои нав ва сару либоси тиббии нав таъмин карда шуда, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ нисбати солҳои гузашта нисбатан беҳтар гашта, нигоҳубини модару кӯдак, кӯдакони камвазн, эмгузаронӣ, нигоҳубини занҳои ҳомиладор то таваллуд ва баъди таваллуд, беморони гирифтори фишорбаландӣ ва диабети қанд дар сатҳи баланд қарор дорад. Тибқи нақша ва қарордодҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳия 5 маркази саломатии деҳот сохта мешавад, ки айни замон сохтмони марказҳои саломатии деҳоти Ватан, маркази саломатии деҳоти Навободи ҷ/д Дарқад, маркази саломатии Арча, маркази саломатии Ғайрат  давом ёфта истодаанд. Сохтмони маркази саломатии Қизилсӯ аз аввали моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 28- солагии Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Дар охир ҳам сартабиби ноҳия ва ҳам менеҷери КАТС бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда дар таъмини самараноки барномаи рушди соҳаи тандурустӣ, устуворсозии вояҳои моддию техникӣ ва беҳтаршавии сатҳу сифати хизматрасонии саривақтии сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ, тансиҳатию некӯаҳволии мардум аҳамияти боз ҳам беҳтар дода, аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд, то солимии ҷомеаро таъмин намоянд. Зеро солимии миллат ин солимии давлат низ мебошад.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий