Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои ободониву бунёдкорӣ хуб ҷараён дорад. Аммо дар баробари ин чанд мушкилоте ҳаст, ки бояд масъулон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

 Мушкилиҳо ҳалли худро мехоҳанд

Мушкилоти ҳалталаб дар ноҳияи Дӯстӣ харобии роҳҳои маҳаллӣ ва кам маблағ ҷудо шудан ба ин самт, таъмирталаб будани як қисми бинои беморхонаи марказӣ, садамавӣ будани ошхонаи беморхона, ҳоли табоҳ доштани маркази ёрии аввалияи тиббиву санитарӣ, надоштани мошини ёрии таъҷилӣ, фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, иҷоранишин будани кормандони шуъбаи маориф, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва саривақт накашонидани партовҳо ва фарсудагии техникаҳои корхонаи коммуналӣ аст.

 

Бунёди 160 иншоот дар се соли оянда

Идибекзода Ҷӯрабек — мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ хуб ҷараён дошта, дар се соли оянда дар ноҳия бунёду барқарорсозии 161 иншоот ба нақша гирифта шудааст. «Аз 161 иншоот 27 ададаш то ин замон мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар 49 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст»,- илова кард мудири бахш.

Иттилоъ дода шуд, ки 70 фоизи иншооте, ки дар ноҳияи Дӯстӣ дар се соли оянда бунёд мешаванд, иншооти иҷтимоӣ, яъне кошонаи ҳусн, сартарошхона, маркази хизматрасонӣ, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошанд.

Идибекзода Ҷӯрабек афзуд, ки баъди ба истифода додани 161 иншоот дар ноҳияи Дӯстӣ сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, шумораи зиёди сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

 

97 дарсади кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ дуранд

Аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳияи Дӯстӣ ҳамагӣ 2,9 фисадаш ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шуда, боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд,- бо нигаронӣ гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Холов. “Ҳоло дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 324 кӯдак фаро гирифта шудаанду бас. Вале тибқи маълумотҳои оморӣ, шумораи кӯдакони синни томактабӣ дар ин ноҳия беш аз 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”,- илова кард ин шахси масъул.

Ба гуфти ӯ, ҳамчунин дар назди 15 мактаби дигар маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 392 нафар кӯдаки дигар ҷалб гардидаанд. Аммо ин кофӣ нест.

— Дар ноҳия ҳоло як кӯдакистони хусусӣ сохта шудааст ва он рӯзҳои наздик бояд ба истифода дода шавад ва боз беш аз 150 кӯдаки дигар дар он фаро гирифта мешаванд,- гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия. Ва гуфт, ки дар ин баробар кормандони шуъбаи маорифи ноҳия иҷоранишнин мебошанд.

 

Ҳамагӣ 472 ҳазор сомонӣ барои таъмири маткабҳо

Барои таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия дар соли 2019 ҳамагӣ 472 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаст, ки ба гуфти сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Ёрзода Раҳмиддин, ин маблағ ночиз аст: “Дар соли 2019 барои таъмири ҷории ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия дар умум аз ҳисоби буҷети ноҳия 600 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад шуд, ки аз ин маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 472 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Ин дар ҳолест, ки волидони хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷамъоварии маблағи 15-25 сомонӣ барои таъмир шиква мекунанд.

 

Бемористони марказӣ бо об таъмин шуд, аммо дигар мушкилот чӣ?

— Беморону табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ аз соли 1980 то ин ҷониб аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Ин мушкилӣ бо дасгирии мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳал гардида, 9 шуъбаи беморхона бо об таъмин шуданд,- мегӯяд Ниёзмаҳмад Қурбонов — сардухтури беморхонаи марказии ноҳия.

Манбаъ илова кард, ки бо маблағгузории ташкилоти “Интраҳелс”-и Амрико бо харҷи 110 ҳазор сомонӣ ҳамаи шуъбаҳои беморхона бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.

Ба ҷуз ин, утоқҳои кории беморхона бо дасгирии маъмурияти беморхона ва худи табибон таъмир шуда истодаанд. Аммо ошхонаи беморхона ва як қисми беруни бино, ки соли 1986 сохта шудааст, ҳоли хароб дошта, ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Ҳамчунин, дар ин беморхона норасоии мошини ёрии таьҷилӣ ва табибони силшинос аз камбудиҳои рақами як ба ҳисоб меравад.

 

Бунгоҳ месозанд, аммо бинои марказ ҳоли табоҳ дорад

Баъзе аз сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Дӯстӣ аз надоштани маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ ва садамавӣ будани онҳо азият мекашидаанд.

— Ин мушкилии онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бартараф хоҳад шуд,- қайд намуд менеҷери ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Дӯстӣ Бозор Шарипов.

Ба гуфти ӯ, ба хотири таҷлил аз ин ҷашни бошукуҳ бо дастгирии соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар манбаъҳои даромад дар се соли оянда сохтмони 7 бунгоҳи тиббӣ ва 2 маркази саломатӣ дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло сохтмони ду бунгоҳ ва 1 маркази саломатӣ бомаром идома дорад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар ноҳияи Дӯстӣ ҳоло барои аҳолӣ 14 маркази саломатӣ ва 30 бунгоҳи тиббӣ хизмат мекунанд, ки аз онҳо 3 марказ ва 6 бунгоҳаш таъмирталаб ва дар ҷойҳои номувофиқ мебошанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар биноҳои онҳо таъмир ва ба ҷойҳои хуб кӯчонида мешаванд.

— Баъди бунёди чунин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мушкили сокинони ноҳияи Дӯстӣ бартараф шуда, шароит барои табобат ва гузаронидани сӯзандору беҳтар хоҳад шуд,- илова кард Бозор Шарипов.

Аммо худи бинои Маркази ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Дӯстӣ ҳоли табоҳ дошта, ниёз ба таъмири асосӣ дорад.

 

180 км роҳҳои бесоҳибро кӣ таъмир мекунад?

Саид Шомаҳмад — сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия афзуд, ки дар ихтиёри муассиса 235 км роҳ мавҷуд аст, ки аз он 150 км роҳҳои маҳаллӣ мебошад.

Ба ҷуз ин, дар ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз 180 км роҳҳои бесоҳиб вуҷуд доранд, ки касе таъмиру нигоҳдории онҳоро ба зимма намегирад. Ба гуфти ӯ, роҳҳои бесоҳиб аз ҳисоби хоҷагиҳо ва ташкилотҳои барҳамхӯрда пайдо шудаанд.

Ба суоле, ки “роҳҳои бесоҳибро кӣ бояд таъмир кунад?”, ин шахси масъул чунин посух дод: “Ман ба ин суолатон ҷавоб гуфта наметавонам. Зеро барои таъмири роҳҳои бесоҳиб маблағи калон лозим аст. Вале мо ин маблағро надорем”.

Ӯ гуфт, ки “150 км роҳҳои маҳаллӣ дар ихтиёри идораи мо вобаста шудааст ва таъмири ин роҳҳо ба зиммаи ҳукумти ноҳия аст”. Дар ҳоле, ки дар 5 моҳи соли 2019 барои таъмири 150 км роҳ ҳамагӣ 6 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаасту бас. Дигар чӣ ҳоҷати ҳарф задан дар бораи  таъмири роҳҳои бесоҳиб!?

Шояд се соли оянда, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони идораҳои давлатӣ баҳри ислоҳи мушкилиҳои зикргардида кӯшише ба харҷ хоҳанд дод?

Добавить комментарий