Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар ҳолати бад қарор доштаву пур аз партову ифлосиҳост. Дар бораи таҷҳизоту атраксион бошад, ҳоҷати гап нест. Ин дар ҳолест, ки раиси ноҳия вазъи боғро ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ гуфт.

 

Сокинон нигаронанд

Сокинони ноҳияи Дӯстӣ мисли дигар шаҳру ноҳияҳо орзӯ доранд, ки боғи фарҳангиву фароғатиашон зебо бошад, то ба онҷо рафта, истироҳат кунанд. Бо фарзандонашон омадаву дар атраксиону дигар таҷҳизоти барои кӯдакон баъди кор хушҳолӣ намоянд.

 

Кӣ ҳақиқатро мегӯяд?

Рӯзи 13-уми феврал баъд аз нишасти матбуотии раиси ноҳияи номбурда мо ба Боғи фарҳагию фароғатӣ рафтем. Бо даромадан ба ин боғ ба чашм як харобазоре мерасид. Дохилу гирду атрофи боғ аз партовҳои гуногун пур буд. Аз корҳои ободонию созандагӣ ному нишоне ба чашм намерасид. Ин мавзеи “фарҳангӣ” бештар ба партовгоҳе монанд буд, на ба боғи фарҳангию фароғатӣ. Ҳарчанд масъулин дар бораи корҳои ободонию шинондани дарахтҳои сояафкану ороишӣ ҳарф мезананд, вале он корҳои гӯё ба анҷом расонидаи онҳоро дида натавонистем.

Боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази ноҳия ҷойгир асту ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳони ватанию хориҷӣ ба дидори мақбараи Эмом Зайналобуддин, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” мераванд. Мутаассифона, инро роҳбарони ноҳияи номбурда дарк накардаанд, ки сайёҳон бо дидани чунин манзара аз ноҳияи онҳо бо чӣ таассуроте хоҳанд рафт…

Аммо Саидзода Нурмуҳаммад, раиси нохияи Дӯстӣ зимни нишасти матбуотиаш гуфт: «Боғи фарҳангиву фароғатии мо намунавӣ аст ва ба талаботи имрӯза сад фоиз ҷавобгӯ аст. Мо нақша-чорабиниҳо тартиб дода, бо дастгирии соҳибкорон таҷҳизоти боғро дастрас мекунем».

 

Боғи фарҳангӣ пур аз партов аст

Вазъи ногувору ҳолати дилгиркунандаи боғи гӯё фарҳангию фароғатӣ аз масъулияти баланди сокинони гирду атрофи он, бахши фарҳанг, Корхонаи фаръии манзиливу коммуналӣ, Маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дарак медиҳад.

 

Изҳори ташвиши раиси вилоят

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон дар ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии моҳи январи вилоят аз вазъи хароби боғи ноҳияи Дӯстӣ изҳори ташвиш намуда, раиси ноҳияро сарзаниш карда, супориши қатъӣ дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳолати боғро хуб намоянд. Дар ин баробар, ҳамаи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон боғҳои фарҳангиву фароғатиро таъмиру бозсозӣ намоянд.

 

4 ноҳия боғ надорад

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллоев низ зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки то имрӯз дар ноҳияҳои Ёвон, Балҷувон, Ховалинг ва ноҳияи Муъминобод боғҳои фарҳангиву фароғатӣ вуҷуд надоранд ва сокинони ин ноҳияҳо дар орзӯи боғи фарҳангиву фароғатӣ мебошанд.

Инчунин, ӯ қайд намуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият доранд, ки чанде аз онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд ва масъулинро мебояд сари ин масъала таваҷҷуҳи бештар намоянд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here