Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии навтаъсиси Тоҷикистон буда, дар тӯли фаъолияти кӯтоҳи худ, тавонистааст, ки худро миёни дигар донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар ба таври назаррас муаррифӣ намояд. Ташрифи мо ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 26 март, дар рӯзе иттифоқ афтод, ки намояндагони ширкати General Electric бо роҳбарии Арман Абикенов дар ҳайати 4-нафар бо мақсади шиносоӣ ба донишкада ташриф оварда буданд. Мақсади ташриф дар ташкили тренингҳои соҳавӣ, аз ҷумла гидроэнергетикаи шабакаҳои энергетикӣ ва электроэнергетика, инчунин таҷҳизонидани озмоишгоҳ бо стендҳои озмоишии замонавӣ буда, даврҳои гузаронидани тренингҳо ҳафтаи 3-юми моҳи июни соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. Аз суҳбат бо масъулини ширкати номбурда ва раёсати донишкада маълум шуд, ки шумораи иштирокчиёни тренингҳо то 100 нафарро аз ҳисоби омӯзгорони донишкада ва кормандони ШСХК Барқи тоҷик, НБО Сарбанд, НБО Марказӣ, НБО Вахш, инчунин Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаро фаро хоҳад гирифт. Баъд аз гузаштани тренингҳо ба иштирокчиён сертификати дараҷаи байналмилалӣ аз ҷониби ширкати General Electric супорида мешавад.

Дар айни замон номзади илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мебошад.

 

Таърихи донишкада

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, моҳи майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олӣ дар тобеияти Вазорати энергетика дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) таъсис дода шуда, 15 августи соли 2016 ба бинои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Кӯшониён”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кӯчонида шуд ва ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Донишкада бо кадрҳои пуртаҷриба таъмин буда, дар айни замон 122 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 86 нафар омӯзгорони штатӣ, 17 нафар ҳамкорони дохила ва 19 нафар ҳамкорони беруна ба шогирдон дарс мегӯянд, ки аз ин шумора 27 нафарро номзадҳои илм ва 6 нафарро докторони илм ташкил медиҳанд.

 

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Дар донишкада 2 факултет-факултети электроэнергетика ва факултети  электромеханика, иктисод ва сохтмон фаъолият менамояд. Дар донишкада 6 кафедра: кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, кафедраи “Риёзӣ-иқтисодӣ”, кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ”, кафедраи “Нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ”, кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ”, кафедраи «Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ» мавҷуд аст ва аз рӯи 12 ихтисос донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

Рӯйхати ихтисосҳо:

«Нерӯгоҳҳои барқӣ»; «Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо); «Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ»; «Автоматонӣ ва ҳифзи релеи дастгоҳҳои барқӣ»;

«Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия»; «Сохтмони гидротехникӣ»; «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» (энергетика); «Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ»; «Сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ»; «Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия»; «Истифодабарии техникии таҷҳизоти барқии муассиса» ва «Таъмини корхонаҳои комплекси агросаноатӣ бо барқ».

Дар доираи ихтисосҳои номбурда 2063 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифат шудаанд, ки 1210 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 853 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

 

Пойгоҳи моддию техникӣ

Боздиди мо аз донишкадаи мазкур нишон дод, ки муассиса бо тамоми шароити мосир ва техникаву технологияи ҳозиразамон таъмин буда, ҳама шароит барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Машғулиятҳо дар 66 синфхонаҳои барҳаво ва бо айёниятҳо муҷаҳҳазгардонидашуда, 30  озмоишгоҳҳои муосир ва 4 синфхонаи компютерӣ, ки дар 4 бинои таълимӣ ҷойгир гаштаанд, ба роҳ монда шуда, дар онҳо зиёда аз 2000 ҷои нишаст бо мизу курсиҳо таъмин гардидааст. Ҷалби донишҷӯён аз тамоми минтақаҳо ва ҳатто аз хориҷи кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки донишкада аллакай ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар обрӯву нуфузи худро пайдо кардааст. Миқдори умумии компютерҳо дар донишкада ба 123 адад баробар аст, 6 синфхонаи компютерӣ фаъолият менамояд ва тамоми сохторҳои донишкада бо компютерҳо таъмин гардидаанд.

Таҳлили контингентии донишҷӯёни шуъбаи рӯзона нишон медиҳад, ки дар донишкада 1797 нафар (87,1%) аз вилояти Хатлон, 169 нафар (8,19%) аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 63 нафар (3,05%) аз вилояти Суғд, 34 нафар (1,65%) аз вилояти Бадахшон ва 9 нафар (0,44%) донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

 

Парки технологӣ

Дар сохтори нави донишкада Маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ амал мекунад, ки бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шудааст. Бо дастгирии омӯзгорони соҳавӣ дар Марказ як  қатор элементҳои таҷҳизоти автоматонӣ аз қабили диод, транзистор, тристор, резистор, светодио ва  микросхемаҳои гуногун ташкил карда шуда, феълан барои тайёр намудани айёниятҳои амалкунанда мавриди истифода қарор доранд. Ҳангоми тайёр намудани айёниятҳои амалкунанда бо донишҷӯён истифодабарии таҷҳизотҳои васлгарӣ (кафшери барқӣ, паялник, кафшери сард, парчинмех -заклепка) ва бурандаю сӯрохкунанда (арра, боргалка, шуруповёр, сверлок) омӯзонида мешавад.

 

Таҷрибаомӯзиҳо

Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн мувофиқи ихтисосҳо дар ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва нерӯгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла НБО-и «Норак», НБО-и «Бойғозӣ», НБО-и «Сарбанд», ҶСШК «Трансформатор», «Шабакаҳои барқии ҷануб»-и вилояти Хатлон,

«Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб», «Шабакаҳои барқии шаҳри  Бохтар», Корхонаи муштараки «Тоҷиказот», НБО-и «Сангтуда-1», НБО- и «Сангтуда-2», «Шабакаҳои барқии Данғара», «Маркази барқии гармидиҳии Ёвон», Шабакаҳои барқии Ёвон, Сангвор, Нуробод, Рашт, Дӯстӣ, Шаҳритус ва вилояти Бадахшон гузаронида шуда, донишҷӯён дар давраи донишҷӯёӣ бо ихтисоси худ фаъолият намуда, чун мутахассисони хуби соҳаи энергетика ба воя мерасанд.

 

Китобхона

Китобхонаи донишкада дорои як қиротхонаи замонавӣ буда, соли 2018 аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст ва фонди умумии он 18758 адад китобро ташкил медиҳад. Донишкада инчунин дорои китобхонаи электронӣ буда, бо компютерҳои ба шаабакаи Интернет пайваст муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Хобгоҳ

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дорои хобгоҳ буда, феълан дар он бештар аз 800 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд истиқомат мекунанд. Аз суҳбат бо истиқоматкунандагони хобгоҳ маълум шуд, ки хобгоҳ бо ҳама шароитҳои барои истиқомат зарур таъмин буда, барои донишҷӯёни ятим имтиёзҳо муайян карда шудааст.

 

Шарикони ҳамкори донишкада

Дар ҳама кишварҳои пешрафтаи дунё яке аз хусусияти муайянкунандаи рейтинги муассисаҳои олӣ ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ дониста мешавад. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ин самт низ дастовардҳои бузург дорад ва феълан бо 31 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва 13 муассисаҳои таҳсилоти олию пажуҳишгоҳҳои ватанӣ шартнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ, табодули донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон, таҳияи маводҳо ва китобҳои дарсӣ, таҳсил дар аспирантура, коромӯзии илмӣ ва педагогӣ ба роҳ мондааст. 20 нафар устодони донишкада дар асоси шартномаи тарафайн дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 36 нафар дар   муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Дар асоси ин шартномаҳо соли ҷорӣ 4 нафар омӯзгорони ҷавони донишкада ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Санкт-Петербург,  Донишгоҳи давлатии  Комсомолски Амур Шарқи Дур ва ба Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура дохил шуда, таҳсилашонро идома дода истодаанд.

То давраи соли 2018 24 нафар омӯзгорони ҷавони донишкада барои таҳсил ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шуда буданд, ки 4 нафари онҳо аспирантураро хатм намуда, ба донишкада барои кор омаданд. Дар маҷмуъ дар шуъбаҳои аспирантураи хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмилалии Президентии “Дурахшандагон” — 3 нафар, квотаи Федератсияи Русия-2 нафар, буҷаи Федератсияи Русия-12 нафар, маблағҳои махсуси донишкада-2 нафар ва дигар сарчашмаҳо 1 нафар таҳсил доранд.

Дар донишкада инчунин 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва як нафарӣ шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия мебошанд.

Дар самти тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмидошта донишкада бо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ, Пажуҳишгоҳи об ва проблемаҳои гидроэнергетикӣ, Донишкадаи физикию техникӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи физика ва техника ҳамкорӣ дорад. Дар ин муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ 36 нафар устодони донишкада ҳамчун аспирантони шуъбаи ғоибона ва унвонҷӯён корҳои илмиашонро пеш бурда истодаанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Омӯзиши мо нишон дод, ки Донишкадаи энергетики Тоҷикистон яке аз муосиртарин муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика саҳми назаррас дорад. Бинобар ин ҳар нафаре, ки мехоҳад мутахассиси хуби соҳаи энергетика шавад, дар рушду нумуъи соҳаи энергетикаи кишвар саҳмгузор бошад Донишкадаи энергетики Тоҷикистон беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 202 аст.

Суроғаи донишкада: 735162, вилояти Хатлон, ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати шаҳраки Бохтариён, сомона-www.det.tj, E-mail: nazarov-h2013@mail.ru.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий