Омӯзгори риштаи мусиқии мактаби миёнаи 8-и деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раҳбари гуруҳи ҳунарии «Хушбахтӣ», сарвари гуруҳи тамоси фаромарзии ҷавонони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, падари се фарзанд, ромишгар ва овозхон Парвиз Мавлиддинови 31-сола тасмим гирифтааст, то тамоми нерӯ ва истеъдоди фитрии хешро барои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз равона созад. Барои расидан ба ин ҳадафи воло вай аз садои мусиқии дилнишин, нерӯи сухан ва дипломатияи мардумӣ истифода мебарад.

 

Парвиз кист?

Парвиз Мавлиддинов хатмкардаи шуъбаи навозандагии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (соли 2011) аст. Вай дар баробари омӯзгорӣ дар тӯю маъракаҳои мардуми деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок карда, бо садои хушу марғуби хеш дар минтақа шуҳрат ёфтааст. Ин аст, ки сокинони шаҳру деҳаҳои марзии Ӯш, Ботканд, Сулукта, Қулундӣ, Интернатсионали Ҷумҳурии Қирғизистон низ пайваста ба суроғаш меоянд, то дар маъракаҳои шодмонии онҳо хидмати фарҳангӣ расонад. Вай ҳамчунин ҳунари ровигӣ дорад. Сабаби ба наттоқию ровигӣ рӯ овардани Парвиз он буд, ки боре дар маъракае дар деҳаи Қулундӣ даъват шуда буд. Вақти оғози базми арӯсӣ расида, вале аз ровӣ дарак набуд. Сарвари хонадон парешонҳол буд ва намедонист чӣ коре кунад. Парвиз бо ризоияти сарвари маърака ин вазифаро бар дӯш гирифт. Дебют хуб гузашт.

Чанд сол қабл дар чаҳорчӯби як лоиҳа кормандони Ассосиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон (АЗИТТ) дар деҳаи Овчӣ-қалъача семинаре доир карданд. Дар он ҷавонони огоҳу бедори маҳаллӣ ва ҷавононе аз деҳаҳои наздимарзии қирғиз иштирок карданд. Парвиз бо онҳо бо забони қирғизӣ озод суҳбат мекард. Ҳозирин аз ҳунари забондонии ӯ дар ҳайрат афтода, яке паси дигар мепурсиданд: «Шумо, чанд забон медонед?». Парвиз гуфт: «Чаҳор забон — қирғизӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва туркӣ». Пас аз ин мулоқот сарвари АЗИТТ Ирода Мирзоматова пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Гуфт, ки лоиҳае доранд бо номи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» ва ӯ метавонад дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур дар таҳкими дӯстии тоҷикону қирғизҳо саҳм гузорад. Парвиз розӣ шуд. Дар чорабиниҳои зиёди ин созмони ғайридавлатӣ ширкат варзид. Баъдан тасмим гирифт, ки як гуруҳи тамосие бо номи «Дӯстӣ» ташкил диҳад. Шонздаҳ нафар ҷавононро дар атрофи худ ҷамъ кард. Моҳе як маротиба бо иштироки гуруҳи мушобеҳ, ки ҷавонони қирғиз бо номи «Достук» дар кишварашон ташкил кардаанд, оши палав пухта, бо ин баҳона гирди дастархон суҳбати дӯстона меороянд. Дар гуруҳи «Достук» 25 нафар ҷавонон аз деҳаҳои Қулундӣ, Мақсад, Интернатсионал, Баткент гирди ҳам омадаанд. Ҳамчунин дар шабакаи «Ватсап» гуруҳе ташкил кардаанд, ки тавассути он бо ҳам ҳамеша дар тамос шуда, аз навидҳо ва рӯйдодҳои дар деҳаҳояшон рухдода ҳамдигарро хабардор мекунанд.

«Вақте дар мавзеи варзишгоҳи деҳаи мо низоъ сар зад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сарбозони тоҷик суханҳои ношоиста интишор меёфтанд,- иброз медорад Парвиз.- Мо аз аъзои ҳарду гуруҳ хоҳиш кардем, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, он ҷавонони низоъбарангезро ба таҳаммулпазирӣ даъват бикунанд. Барояшон бифаҳмонанд, ки аз иғвобарангезӣ ва андешаҳои бебунёд даст бикашанд. Зеро тамоми маҳсулоти ғизоии мардумони деҳаҳои марзи Қирғизистон аз Тоҷикистон ворид мешавад ва бастани роҳи марзӣ боиси баланд шудани нархи он маҳсулот ва биноан, ба маротиб паст шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Низоъ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ бартараф шуд».

 

Суруд паёми сулҳ меоварад!

«Шумо ҳамчунин тавассути шеъру суруду таронаҳо ва навоҳои тоҷикӣ ба мардуми қирғиз паём меоваред. Онҳо фарҳанги тоҷикиро чӣ гуна қабул доранд?»,- мепурсем аз Парвиз. Ӯ мегӯяд: «Дар Қирғизистон деҳаҳое ҳастанд, ки онҷо тоҷикон сарҷамъона зиндагӣ мекунанд. Таври мисол, дар шаҳри Сулукта деҳае ҳаст бо номи Андарак. Бештари сокинонаш тоҷиканд. Мо бештар ба маъракаҳои хурсандии онҳо даъват мешавем. Дар вилояти Ботканд деҳаҳои Қайрағоч, Эски-овчӣ, Қулукдӣ , Интернатсионал ва Мақсад ҳастанд, ки мардумонашон махлут, яъне қирғизҳо ва ӯзбекҳо ҳастанд. Дар маъракаҳои мардуми қирғиз бештар тавассути дастгоҳи мусиқӣ навою мусиқӣ мешунавонам. Дар деҳаҳои ӯзбекнишин мусиқӣ менавозам, суруд мехонам ва бо забони ӯзбекӣ ровигӣ мекунам. Мо бо як гуруҳи 15-нафарӣ вориди кишвари ҳамсоя мешавем, ки дар байнамон наворбардорон, навозандаҳо, сарояндаҳо ҳастанд. Баъзан мошини сабукрави арӯсиро низ бо худ мебарем. Моро ҳар куҷое, ки рафтем, мардум бо хурсандӣ истиқбол мегиранд. Онҳо мегӯянд: «Ҳоло дар хидмати шумо беҳтарин ромишгарон, овозхонҳо ва наворбардорони кишвари Тоҷикистон қарор доранд!». Чапан пӯшонида, дар камарамон рӯймол мебанданд. Қирғизҳою ӯзбекҳо мусиқӣ ва таронаҳои мардумии моро хуш доранд. Хоҳиш менамоянд, то суруди «Хоҷа бигӯ, ман на манам, на ман манам»-ро такрор ба такрор бихонам. Дар деҳаи Исфисор гуруҳи ҳунарие ҳаст бо номи «Камол», ки онҳо низ дар тӯю маъракаҳои қирғизҳо иштирок менамоянд.

Бо вуҷуди саъю кӯшиши мо, аз ҷониби ҳамсояҳо гоҳ-гоҳ ҳодисаҳои иғвобарангезона рух медиҳанд. Мо пештар дар адирҳо рафта моли худро мечаронидем. Ҳоло ҳамсояҳо онро манъ кардаанд. Чанд моҳ қабл аз ин як гуруҳ ҷавонони қирғиз ба варзишгоҳе, ки дар он тайи 16 сол футбол бозӣ мекардем, омада, талаб карданд, то дигар дар ин ҷо бозӣ накунем. Мо ҳар сол дар ин варзишгоҳ мусобиқаҳои дастаҳои гуногунро дар сатҳи  ҷамоат мегузаронидем. Дар деҳа 11 дастаи футболбозони наврас ҳаст. Дар ҳудуди 500-600 нафар мухлисони доимӣ буданд, ки пайваста бозиҳоро тамошо мекарданд. Вале ду соли ахир ҷониби ҳамсоя намегузорад, ки ин мусобиқаҳоро гузаронем. Мо ҳоло маҷбурем ҳафтае ду маротиба ба варзишгоҳҳои шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон рафта, машқу тамрин кунем ва мусобиқаи дастаҳоро баргузор намоем. Зеро дар деҳа дигар ҷойи баргузории мусобиқот нест. Варзишгоҳи мактаби рақами 8 ҳамеша банд аст. Зеро дар ин ҷо 2160 нафар толибилмон таҳсил мекунанд, ки ҳатто барои худашон тангӣ мекунад. Мо мехоҳем, ки мусобиқаҳои варзишӣ баргузор намуда, ҷавононро бо ин роҳ ба варзиш машғул дорем. Варзиш дар навбати хеш барои гирифтани пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ҳар гуна созмонҳо ва ҳаракатҳои ифротгаро, даст кашидан аз сигоркашию майхӯрӣ мусоидат мекунад. Зеро ҷавонони деҳа ҷойи кор надоранд ва ё муҳоҷир ҳастанд. Онҳо намедонанд вақти худро дар куҷо гузаронанд…».

Соли гузашта барои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз собиқ раиси деҳаи Қулундӣ ба Парвиз Мавлиддинов ифтихорнома супорида буд. Баъдан хабаре расид, ки барои ин амалаш раиси деҳаро аз мансаб гирифтаанд. Парвиз дар як маҳфил он касро дида гуфтааст: «Ҳеҷ зарурате ба ҳамон ифтихорнома набуд…». Вале раис дар ҷавоб гуфтааст: «Ман аз қадр кардани заҳмати як нафар шахси паёмовари сулҳ ҳаргиз пушаймон нестам…». Ба андешаи Парвиз, дар доираҳои маъмурии кишвари ҳамсоя нафароне ҳастанд, ки ба таҳкими дӯстии халқҳои ҳамсоя манфиатдор нестанд.

 

Нақшаҳо ва орзуву ниятҳои нек

Парвиз орзуву ният дорад, ки фаъолияти ҳарду гуруҳ, ҳам гуруҳи ҳунарӣ ва ҳам гуруҳи «Дӯстӣ»-ро идома бидиҳад. Вай мехоҳад он се нафар шогирди ҳунармандашро, ки аз деҳаҳои Қайрағоч, Қулундӣ ва Эски-овчии кишвари ҳамсоя ҳастанду ҳам ҳунари сарояндагӣ ва ҳам наворбардориро барояшон ёд додааст, мустақил кунад. Бошад, ки маърака ва маҳфилҳои кишварашонро худашон обод намоянд. Забони тоҷикиро, ки барояшон ёд дод, фаромӯш накарда, баръакс, онро такмил диҳанд. Парвиз мехоҳад, ки студияи сабти овози «Панҷшер»-и деҳаи Интернатсионал фаъолияташро идома диҳад. Ин студия бо кӯмаки Парвиз бунёд ниҳода шудааст.

Ӯ ҳамчунин мехоҳад бо нерӯи гуруҳи тамоси «Дӯстӣ» дар деҳаи Овчӣ- қалъача корхонаи муштараки хурди консерв бунёд созад, ки бо истифода аз маҳсулоти хоми ҳарду кишвар фаъолият кунад. Зеро дар кишвари Қирғизистон меваи тар фаровон буда, онҳо имкони коркард, фурӯш ва содироти онро дар дохили кишварашон надоранд. Вақте онро ба фурӯш бароварданӣ мешаванд, соҳибкорон бо нархи бисёр паст харидорӣ мекунанд, ки барои деҳқон фоидаовар нест. Ҳамчунин онҳо ният доранд, ки корхонаи коркарди партов созанд.

«Шумо пайваста ба кишвари ҳамсоя сафар доред. Вақти ину он сӯ гузаштан мушкил нест?»,- боз мепурсем аз Парвиз. «Не. Ман ҳамчун сокини деҳаи марзӣ ба кишвари ҳамсоя бо шиносномаи Тоҷикистон мегузарам. Ҳам марзбонон ва ҳам кормандони гумруки ҳарду кишвар  маро хуб мешиносанд. Вақти аз тӯю сур баргаштан ман барояшон нону қанду савғотӣ меорам, ки онҳо хурсанд мешаванд,- мегӯяд ӯ.

 

Сангҳои сари роҳ

Суоли дигари мо ба Парвиз чунин буд: «Ба андешаи Шумо, кӣ тухми низоъро миёни халқҳои ҳамсоякишварҳо мекорад?». Ӯ чунин посух гуфт: «Халқи одӣ аз мо хеле миннатдор аст. Зеро тамоми маҳсулоти хӯроквории онҳо аз Тоҷикистон ворид мешавад. Иғвогарҳо дар байни сарварони сатҳи миёна ҳастанд. Дар яке аз деҳаҳои ҳаммарз Мақсад С. ном шахсе зиндагӣ мекунад, ки ҷавононро бо гапҳои дурӯғу беасосу бебунёдаш бар зидди халқи мо мешӯронад. Мо ба ҳама иғвоҳо бо таҳаммул ҷавоб мегӯем. Вақте мо бо гуруҳи тамоси «Достук» дар  манзараҳои зебои кишвар аксҳо гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардем, як гуруҳ ҷавонон аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Динара ном узви тамоси «Достук» занг зада, изҳори ҳайрату нобоварӣ кардаанд. Ман бо хоҳиши Динара онҳоро ба тамошои Тоҷикистон даъват кардам, то бо чашмони худ кишвар ва мардуми моро бубинанд. 14 нафар ҷавонони донишҷӯ, ки миёнашон шаҳрвандони Туркманистону Қазоқистон низ будаанд, ба Тоҷикистон омаданд ва ман онҳоро ба осоишгоҳи Баҳористон, Қасри Арбоб ва шаҳри Хуҷанд бурдам. Барояшон намоши фарҳангӣ ташкил карда, чанд таронаро бо забонҳои тоҷикию қирғизию ӯзбекӣ ҳадя намудам. Онҳо вақти бозгашт гуфтанд: «Мо ошиқи кишвар ва мардуми меҳмоннавози шумо шудем ва боз ҳатман меоем! Шумо низ меҳмони мо шавед!».

 

Тилав РАСУЛЗОДА

Добавить комментарий