Меҳнатқаринони шаҳри Турсунзода соли сипаришударо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Зимни суҳбат раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон перомуни рушди иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри агросаноатӣ ва ҳамчунин омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл намуд.

— Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагию корхонаҳо ва сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ пайи ободии диёр тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар ин замина, ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, шароити таълиму тарбия, такмили заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дар зеҳни ҳар сокини диёр беш аз ҳарвақта ҷой додани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва андешидани чораву тадбирҳои муассир ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ соли 2018 ба 2 миллиарду 376 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба як соли пеш 303 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар шаҳр баҳри ҳарчи бештар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, таъмини захираи маҳсулоти ғизоӣ, самаранок истифода бурдани замин, беҳтар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ кори зиёд ба анҷом расид ва ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуд. Ба татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар бахши молиявӣ ҷиҳати устувор гардонидани рушди иқтисодии шаҳр, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода шуд. Дар натиҷа, иҷрои нақшаи буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 102,3 фоиз таъмин ва ба буҷет 149,9 миллион сомонӣ ворид гардид. Ин имкон дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт ва барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд,- гуфт раиси шаҳр.

Тавре Вализода Абдуқодири Исуф дар идомаи суҳбат афзуд, «дар соли сипаришуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 10 Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 61 Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 175 бандҳои супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 918 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 531 супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1574 мактубҳои ноҳиявӣ (дохилишаҳрӣ), 230 барқияҳо, дар маҷмуъ 5730 аризаҳои шаҳрвандон ворид шудааст. Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 1432 қарор ва 190 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб расонида шудаанд. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 514 нафар шаҳрванд оид ба масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, 103 муроҷиати дигар аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар умум, 5730 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардида ва мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар давраи ҳисоботӣ 5 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 49 масъалаҳои дахлдор баррасӣ шуда, 86 қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардид”.

 

Нафақа

Яке аз ҳадафҳои асосӣ таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Маблағи якмоҳаи нафақаи нафақагирон (22939 нафар) 6,9 миллион сомониро ташкил менамояд ва барои сари вақт пардохт намудани онҳо, инчунин, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар натиҷа, нақшаи андози иҷтимоӣ 110,5 фоиз ба иҷро расид ва 4,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ба буҷет маблағ ворид гардид.

 

Низоми бонкӣ

Соли гузашта ба 20397 нафар 183 миллион сомонӣ қарз ҷудо кардаанд, ки назар ба соли 2017-ум 53,0 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр филиали даҳ бонк ва панҷ ташкилоти хурди қарздиҳии дар шаҳр фаъолияткунанда сиёсати пулию қарзиро дуруст роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна дар соли 2018 ба 20397 нафар ба маблағи 182 млн 659,5 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллие, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, тавассути филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд 951 млн 295,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

 

Саноат

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 826,4 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба як соли пеш 107,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ ҳар сол меафзояд ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки аз тарафи Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, моро барои бунёд кардан ва ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вазифадор менамояд. Саноатикунонии босуръат — ҳадафи чоруми миллиро ҳамчун масъалаи алоҳида мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод ва бо пешниҳоди вакилон, ки аксар соҳибкор мебошанд, номгӯйи иншооти нави саноатии бунёдшаванда пурра гардонида хоҳад шуд. Дар соли 2018 маҳсулоти истеҳсолнамудаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 404,9 млн сомонӣ буда, 1,2 фоиз зиёд гардид.

 

Сохтмон

Дар соли 2018 ҷиҳати сохтмони иншоот дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, 52 иншоот ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, тибқи нақша дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, аз ҷумла 2 бинои баландошёна иборат аз 88 ҳуҷра дар маҳаллаҳои сеюм ва чорум, растаи арӯсиву домодӣ дар наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол”, фаввора дар роҳи даврашакли маркази шаҳр, ангора ва мавзеи гулкорӣ дар роҳи даврашакли маҳаллаи панҷум, маркази саломатии деҳавӣ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навобод, 57 синфхонаи иловагӣ дар 6 ҷамоати деҳот, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар 2 ҷамоати деҳот, 8 сартарошхона дар 4 ҷамоати деҳот, 2 китобхона дар дар 2 ҷамоати деҳот, 1 майдончаи бозиҳои кӯдакона дар маҳаллаи сеюм, 2 толори варзишӣ дар 2 ҷамоати деҳот, 3 майдончаи варзишӣ, 3 нуқтаи хатнакунӣ дар 3 ҷамоати деҳот, 6 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳот, 10 утоқи кории раисони маҳаллаҳо, сардхона бо ғунҷоиши 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов.

Инчунин дар таҷлили Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоот ба истифода дода шуданд, аз ҷумла бинои хобгоҳ ва утоқҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, кӯпруки мошингузар дар байни деҳаҳои Сомониён ва Заркамар, сардхона бо ғунҷоиши 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ангораи рамзии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар роҳи даврашакли назди корхона, 2 ҳаммом дар 2 ҷамоат, 3 дорухона дар 3 ҷамоат, 1 майдони хурди варзишӣ ва майдончаи бозиҳои кӯдакона дар маҳаллаи 1-уми шаҳр, 3 истгоҳ дар маркази шаҳр, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишвории муосир бо нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва мағоза дар ҷамоати деҳоти Навобод, 1 маркази хизматрасонӣ (мағоза, сартарошхона ва толори саққозанӣ) дар деҳаи Қипчоқи ҷамоати деҳоти Работ.

 

Нақлиёт

Дар мувозинаи Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 281,9 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта — 28,7 км ва роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ — 253,2 километрро ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз ҳисоби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 16,2 км таъмири мукаммал ва зиёда аз 78 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

 

Энергетика

Дар давраи ҳисоботӣ 238,6 млн кВ/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2017 ба 244,2 млн кВ/соат баробар буд. Талафоти қувваи барқ бошад, 13,5% мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 % кам мебошад.

 

Лоиҳаҳо

Тибқи ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ),  хизматрасониҳои коммуналӣ ва барқароркунии системаи иншооти обтаъминкунӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида, дар шаҳри Турсунзода ду лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз 31-уми октябри соли 2013 шартномаи сеҷониба дар бораи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода” ба имзо расонида, 9-уми апрели соли 2014 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҳаҷми маблағи умумии лоиҳа 4,995 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 2 млн доллари ИМА дар шакли қарз, 2 млн доллари ИМА дар шакли грант ва 995 ҳазор доллари ИМА кӯмаки техникӣ барои машваратчиён пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа азнавсозии мошинсаройи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр, сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ барои мошинҳои коммуналӣ, таъмир ва барқарорсозии 54 нуқтаи партовҷамъкунӣ, ки хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, ба маблағи 260000 доллар ба анҷом расонида шуд. Инчунин, сохтмони партовгоҳи нави замонавии ба талаботҳо ва меъёрҳои қонунгузории экологӣ ва санитарии амалкунанда ҷавобгӯ, ки ба маблағи 1 млн 417 ҳазор долари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, анқариб ба истифода дода мешавад. Дар баробари ин, сохтмони пули дарозиаш 21 метр ва пурра мумфарш намудани роҳҳои автомобилгард ба масоҳати 1600 метр ба маблағи 543 ҳазор доллари ИМА оғоз гардидааст.

Айни замон дар шаҳр татбиқи барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Маблағи созишнома 6,8 млн долларро ташкил дода, 4,5 млн доллар ҳамчун грант ва 2,5 млн доллар қарз мебошад ва барои хариди техникаю таҷҳизоти соҳавӣ, иҷрои корҳои таҷдиду барқарорсозии қубур, бунёди обанбор, кам кардани талафоти оби ошомиданӣ ва насби обченкунакҳо равона мегарданд. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2019-ум 95 фоизи маблағи созишнома аз худ карда шудааст.

 

Кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 597,8 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба соли гузашта 67,2 млн сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 470,4 млн сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 127,4 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2018 кишоварзони шаҳр ғалладона — 38891 тонна, сабзавот — 92899 тонна, картошка — 8776 тонна, меваҷот — 5198 тонна, ангур — 25748 тонна ҷамъоварӣ намуданд. Дар хоҷагиҳои шаҳр 52 ҳазору 294 сар барра гирифта шуд, ки нақшаи баррагирӣ 96,3 фоиз иҷро гардид. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор — 74 ҳазору 747 сар, чорвои майда — 182 ҳазору 772 сар, асп — 756 сар ва паранда — 144 ҳазору 395 сар парвариш ёфта истодааст.

Вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо дар шаҳр дар майдони 11,7 гектар боғу токзорҳо бунёд гардид, ки аз он токзор 5 гектар ва боғ 6,7 гектарро ташкил медиҳад.

Дар хусуси самаранок истифода бурдани замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ривоҷ додани боғу токпарварӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва ҳосилнокии зироат низ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Дар робита ба татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, саршумори паранда ва оилаи занбӯри асал зиёд карда шуд. Заҳматкашони шаҳр барои ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ низ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Натиҷатан аз 181905 тонна маҳсулоти кишоварзӣ 86726 тонна содирот гардид, ки назар ба соли 2017 беш аз 31000 тонна зиёд мебошад.

 

Маориф

Мақомоти иҷроияи шаҳр ба ҳаллу фасли масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш низ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Кори комиссияҳои доимӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, буҷет, андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, занон ва оила низ хуб ба роҳ монда шудааст. Танҳо зикри он ки 64,1 фоизи буҷети шаҳр ба соҳаи маориф равона гардидааст, далели возеҳи таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар шаҳри Турсунзода 138 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, аз он 125 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Дар соли нави хониш 61631 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии хонандагон 29613 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии омӯзгорон ба 4946 нафар расида, аз онҳо 4127 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 2946 нафар маълумоти олӣ ва 1155 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ, 845 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» дар назди 47 муассисаи таълимӣ ва истироҳатгоҳи «Ширкент» 4550 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар шаҳр 5 муассисаи таълимии касбӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 4739 хонанда таҳсил менамоянд.

 

Тандурустӣ

Ҳифзи сиҳатии омма, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ, беҳтар гардонидани таҳкурсии моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ҳам аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода барои ҳаллашон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Барои ҳифзи тандурустии аҳолӣ 5 беморхонаи бистарикунонӣ, 21 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ, 1 маркази саломатии шаҳр бо 29 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 хонаҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар соли 2018 беморхонаҳои шаҳр ба 23773 нафар беморон хизмати тиббӣ расониданд.

Шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ муассисаи калонтарини табобатию профилактикии шаҳр ба шумор рафта, тавассути шабакаҳои васеи муассисаҳои бунгоҳию дармонгоҳӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар шаҳр Хонаи кӯдакон ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон фаъолият доранд.

Мувофиқи маълумоти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар соли гузашта 7574 таваллуд, 2792 ақди никоҳ, 1037 вафот, 397 қайди талоқ, 861 муқаррар кардани падарӣ сабт шудааст.

 

Фарҳанг

Фарҳанг яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон маҳсуб меёбад ва дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз дар шаҳр 47 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳои оммавӣ, клубҳои деҳот, клубҳои сайёр, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мактаби мусиқии бачагона, ансамблҳои касбӣ ва хонаҳои фарҳанги деҳот фаъолиятро баҳри ба даст овардани мақсадҳои боло равона сохтаанд. Дар шаҳр 1 хонаи фарҳанги марказӣ, 1 муассисаи кӯдаконаи санъат, 2 боғи фарҳанг ва фароғатӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 2 клуби деҳот, 2 хонаи фарҳанги деҳот ва 3 ансамбл мавҷуд буда, дар он 185 нафар кормандони соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд. Ташкили чорабинии «Сайри китоб» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, шумораи хонандагони китобхонаҳоро афзуд. Аз 1252 нигораи осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии шаҳр беш аз 600 ададаш дар рӯзҳои ҷашнҳои давлатию миллӣ барои сокинону меҳмонон ба намоиш гузошта шуд.

 

Ҷавонон ва варзиш

Дар соли 2018 бахши ҷавонон ва варзиш 225 чорабинӣ, аз ҷумла 79 суҳбату мулоқот ва семинар-машварат, 74 чорабинии варзишӣ ва 52 чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 388 медал, аз ҷумла 147 медали тилло, 94 медали нуқра ва 147 медали биринҷӣ ба даст оварда шуд. Инчунин аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 69 медал, аз ҷумла 26 медали тилло, 17 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад зиёд мебошад.

 

Маърифати ҳуқуқии занон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби бонувони фаъол, занони рӯзгордидаву собиқадор, раисони маҳалла, шӯроҳои занони шаҳру деҳот ва бахшу сохторҳои мақомоти иҷроия комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 56 суҳбату вохӯриҳо дар мавзуҳои пешгирии ҷудошавӣ ва зӯроварӣ дар оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоспӯшӣ гузаронида шуд.

 

Танзим

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии сарфу хароҷоти барзиёд ҳангоми гузаронидани маросимҳои милливу динӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин вобаста ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иҷрои амалҳои хайру эҳсон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, назари ислом ба масъалаҳои хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4841 тӯйи домодиву арусӣ, 173 маросими чил ва 153 маросими сол ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ 5167 маърака гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1146 адад кам мебошад.

 

Соҳибкорӣ

Ба рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат маҳсуб меёбад, мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи шаҳр диққати махсус зоҳир менамоянд. Пешрафти соҳибкории хурду миёна боиси зиёдшавии ҷойҳои нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ гардид. Ҳамчунин, бо ҷалби соҳибкорон соли гузашта теъдоди зиёди нуқтаю марказҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона сохта, ба истифода дода шуданд. Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар яке аз иҷлосияҳо масъалаи рушди соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Бунёдкорӣ

Тавре раиси шаҳри Турсунзода гуфт, “чанде пеш Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода нақшаи чорабиниҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзодаро бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки он бунёди беш аз 310 иншоотро дар бар мегирад. Ба ин муносибат дар шаҳри Турсунзода сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳо ва хонаҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо, майдончаи бозиҳои кӯдакона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, биноҳои истиқоматии бисёрошёна, боғчаҳои кӯдакона, чойхонаи миллӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот, марказҳои савдо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, таъмири асосии роҳу пулҳо, азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки ҳама иншоот аз ҷониби соҳибкорон ва саҳми бевоситаи сокинони шаҳру деҳот бунёд меёбанд, ки нишонаи ватандӯстӣ ва ифтихори онҳо аз Ватани маҳбуб мебошад”.

Бо пешниҳоди маълумотномаи фавқ ҷиҳати натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода, Вализода Абдуқодири Исуф дар фароварди суҳбат ҳамчунин бо итминон иброз дошт: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзода бо илҳом аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саршор аз суханони самимию меҳрбор ба ҳар як соҳибватан мебошад, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ амалҳои бунёдкорию созандагиро вусъат бахшида, баҳри шукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ба ин васила сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш саъю талош хоҳанд намуд».

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий