Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг, вилояти Хатлон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.1993, бо №129 дар заминаи ду гуруҳи таълимии дар ноҳияи Ховалинг фаъолиятдошта, Омӯзишгоҳи касбии техникии сохтмонии №32-и шаҳри Кӯлоб ҳамчун Омӯзишгоҳи касбии техникии №13-и ноҳияи Ховалинг  таъсис  ёфт.

Дар муддати 26-соли фаъолият номи Муассиса якчанд маротиба тағйир дода шудааст, аз ҷумла тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006, бо № 594 муассиса аз Вазорати меҳнат ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.03.2011, бо № 124 Омӯзишгоҳи касбии техникии №13–и ноҳияи Ховалинг боз ба сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.

Тағйири ном аз ОКТ ба ЛКТ

Баъди иваз намудани номи таълимгоҳ ба «Литсейи касбии техникии №13» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.2012, бо №630 Литсей ба сохтори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида  шуд.

Аз соли 2014 инҷониб Литсей номи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг»-ро гирифта, ба тавозуни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва айни замон дар ҳамин замина фаъолият дорад.

Дар умум соли 2018 165 нафар хонандагон, ки аз ин теъдод 61 нафарашонро духтарон ташкил медоданд, аз рӯи 7 ихтисос бо супоридани имтиҳонҳои давлатии хатм Муассисаи таълимиро бомуваффақият хатм намуда, 83 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ, 1 нафар дар Федератсияи Руссия дохил шуда, ки 42 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 5 нафар дар муҳоҷират, 4 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, 37 нафар ба кори доимӣ таъмин карда шуда, 35 нафари дигар дар истеҳсолот кор карда истодаанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 мувофиқи нақшаи қабули довталабон аз тарафи Вазорати меҳнат тасдиқшуда, ба Муассиса 216 нафар писарон, духтарон ва ҷавонони сину соли аз 16 то 30 сола қабул карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 16 нафар зиёд мебошад.

Ихтисосҳо

Бо кӯмаки омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолии таълимгоҳ иҷрои нақша қабул ба таври буҷавӣ 216 нафар довталабон аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла 144 нафар хонандагон дар  курсҳои яксола- 6 гуруҳи таълимии 24 нафара ва 72 нафар хонандагон дар курсҳои таълимии 2-сола (бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ)- 3 гуруҳи таълимии 24 нафара ба муассиса қабул карда шуда, нақша 100 фоиз таъмин карда шуд. Инчунин 61 нафар хонандагон ба бахши дуюм гузаронида шуд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 дар ЛКТ — и ноҳия 277 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 99 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

Аз он ҷумла, дар заминаи таҳсилоти асосӣ(синфи 9), буҷавӣ курсҳои 1 ва 2-юм  133 нафар хонанда, аз онҳо 46 нафар духтарон;

— тракторчӣ машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ронандаи дараҷаи «С», курсҳои 1 ва 2 юм- 46 нафар писарон;

— системаи компютер ва интернет технология, курсҳои 1 ва 2 юм– 44  нафар, аз онҳо 25 нафар духтарон ;

— ҳисобчӣ (бо донистани компютер), курсҳои 1 ва 2 юм — 43 нафар, аз онҳо  21 нафар духтарон.

Дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) буҷавӣ 144 нафар, аз онҳо 53 нафар духтарон;

— челонгари таъмири муҳаррики автомобил, дараҷаи «С» — 24 нафар писарон;

— кафшергари барқӣ 24 нафар писарон;

— ҳисобчӣ (бо донистани компютер) — 24 нафар, аз ҷумла 12 -нафар духтар;

— дӯзанда 24 нафар духтарон;

— системаи компютер ва Интернет технология 24 нафар аз ҷумла 17-нафар духтар;

— барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил 24 нафар писарон таҳсил мекунанд.

Коллективи муҳандисию омӯзгории Литсей, ки дар соли равон 34 нафар, аз ҷумла 6 нафар занонро ташкил медод, ки тамоми таҷрибаю малакаашонро баҳри таълиму тадриси 277 нафар хонандагон, аз ҷумла 99 нафар духтарон аз рӯи 7 номгӯи ихтисосҳои марбут ба касбҳои челонгарӣ таъмири муҳаррики автомобил, дараҷаи «С», дузандагӣ, ҳисобдорӣ, тракторчӣ — машинист, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, кафшергари барқию газӣ, системаи компютерӣ ва дигар касбҳои коргарии курсҳои кӯтоҳмуддати ба бозори меҳнат рақобатпазир  равона намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои зикршуда камари ҳиммат бастаанд.

Аз шумораи  умумии омӯзгорон 11– нафарашон дорои маълумоти олӣ, 6 нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси техникӣ ва 6 нафари дигар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Аз ин ҳисоб 8 нафар омӯзгор дорои тахассуси олӣ буда, 9 нафар тахассуси якум ва 7 нафари дигар дорои тахассуси дараҷаи дуюм мебошанд.

Базаи таълимгоҳ           

Таълимгоҳ аз се бинои таълимӣ иборат буда, масоҳати умумиаш 1067 метри мураббаро ташкил медиҳад, ки сари ҳар як нафар хонанда 13,8 метри мурабба рост меояд.

Бинои таълимӣ дорои 22 ҳуҷҷраҳои хурду калон мебошад, ки аз ин 7- тоаш кабинети кории маъмурӣ, 6 ададаш кабинетҳои фании таълимӣ, 7-то кабинетҳои тахассусӣ, 2 — то озмоишгоҳ  ва 1 — тогӣ ҳуҷраи методӣ, китобхона ва ҳуҷраи посбонон мебошанд.

Бинои мазкур соли 1962 сохта шуда, ба талаботи имрӯзаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷавобгӯ набуда, хобгоҳ, китобхона, ошхона ва устохонаву озмоишгоҳҳои замонавӣ надошта бошад ҳам, бо кушиши маъмурият шароити зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Тибқи талаботи давраи дуюми «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар солҳои 2018-2020 дар ноҳияи Ховалинг сохтмони бинои (комплекс)– и нави замонавӣ бо арзиши имрӯзаи 17 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки агар амалӣ гардад, барои фаъолияти мунтазами Муассиса заминаи мусоидро муҳайё месозад.

8800 нафар мутахассис дар 26 соли фаъолият

Литсей дар зарфи 26 соли арзи вуҷуд доштанаш аз рӯи 8 намуди ихтисосҳо ба монанди: «Тракторчӣ- машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ», «Системаи компютер ва Интернет- технология», «Ҳисобдор» (бо донистани компютер), «Кафшергари барқию газӣ» «Челонгари таъмири муҳаррики автомобил, дараҷаи «С», «Монтёри барқӣ», «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил» ва «Дӯзанда» фаъолият намуда,  8800 нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифро тарбия намудааст, ки дар  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он пурмаҳсул кор карда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Литсей барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатномаи АУ № 0002080 аз 07.06.2016 мебошад, ки то 07.06.2021 ҳуқуқи фаъолияти таълимиро дорад, инчунин аз аккредитатсияи давлатӣ санаи 1.04.2016 гузашта, ба муҳлати то 5 сол ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ (диплом)-ро соҳиб аст.

Дар «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг» як адад дастгоҳи кафшергарӣ, 13 адад мошинаҳои дарздӯзӣ, 1 адад автомашинаи хизматии ГАЗ-31, 1 адад автомашинаи таълимии ГАЗ-53 мавҷуд буда, 1 адад трактори Т — 40 (шартномавӣ) барои хонандагон хизмат мерасонанд, ки ҳама  коршояманд.

Дар давоми соли 2019 дар муассиса чунин чорабиниҳои зиёду баландмазмуни тарбиявӣ гузаронида шуданд, ки таҷассумгари иҷрои талаботҳои Консепсияи миллии тарбия буданд.

Аз ҷумла, ба ифтихори Соли нави 2019, 23-феврал Рӯзи артиши миллӣ, «Рӯзи модар» ва ҷашни байналмилалии Наврӯз амсол аз ин ҷашнҳо ботантана гузаронида шуданд. Дар муассиса оиди ин ҷашнвораҳо намоиши гӯшаҳо, сӯҳбату вохӯриҳо ва соатҳои тарбиявӣ ташкил менамоянд ва коллективи омӯзгорону хонандагон дар чорабиниҳои ноҳиявӣ иштироки фаъолона доштанд.

Сухани директори муассиса

Файзулло Акбаров директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг мегӯяд: — Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг» дар давоми соли ҷорӣ аз қувваи барқ, об ва аз дигар намуди андозҳо қарздор нест.

Муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шуда, гардиши ҳуҷҷатҳо низ ба мақомотҳои болоӣ тибқи почтаи электронӣ роҳандозӣ карда шудааст. Дар 3 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ иштирок ва дар давоми соли таҳсили равон 5 нафар корҷӯён, аз ҷумла 3 нафар занонро ба кор қабул намудем, ки 4 нафарашон омӯзгорони ҷавон, 1 нафар ҳисобчӣ мебошанд.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар давоми соли таҳсили равон 24 ҳазору 480 сомонӣ дар суратҳисоби махсуси муассиса дохил шудааст, ки дар чорабинӣ ва масрафҳои гуногуни муассисса харҷ гардида, ҳуҷҷатҳои молиявиашон пурра мавҷуд мебошад.

Бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар дар арафаи иду ҷашнҳо ба 10 нафар собиқадорони соҳа, ки дар муассиса саҳми арзанда доштанд кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.

Муассиса барои соли 2019 ба 14 нусха рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ, 4 нусха газетаи ҳизбӣ, 10 нусха рӯзномаи соҳавӣ ва 15 нусха ҳафтаномаи ноҳиявӣ обуна гардидааст, ки маблағи  4221 сомониро ташкил дод.

Дар фаъолияти 26– солаи Литсей хизмати директорони муассиса Бозоров Абдуҷаббор, Бобохонов Сафархон, Хоҷаев Амиршо ва Акбаров Файзулло хеле калон буда, ҳар кадоми онҳо дар давраи фаъолияташон оиди таълиму тарбияи хонандагон ва соҳибкасб кардани онҳо саҳми арзанда гузоштаанд. Саҳми устодони собиқадор Ҳалимов Муртазо, Абдураҳимов Абдуҳалим, Саидов Саъдулло ва ҷавонон Азизов Сулаймон, Тешаев Иброҳим, Ҳусайнов Хайрулло, Ташрипов Балаҷон, Холиқов Нур ва Камолов Холмурод низ назаррас аст.

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг» фаъолияти худро дар давоми соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи маориф», Низомнома, Оиннома ва фармоишу қарорҳои мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сифати таълим ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ минбаъд аз тамоми шароиту имкониятҳои дастдода васеъ истифода менамояд.

С.Халилиён, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here