Муҳаббат Ҷонакова – сокини ноҳияи Кӯшониён бо шавҳар ва чор фарзанди ноболиғ 20 сол боз аз надоштани манзили зист дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, дар кулбаҳои вайрон ва вагонҳои фарсуда бо азобу машаққат умр ба сар мебарад. Ин оила муддати мадид дари мақомоти марбутаи давлатиро барои гирифтани замин кӯфт, аммо касе ба додашон нарасид.

 На хона, на ҷиҳоз, на либос

Муҳаббат Ҷонакова бо чор фарзанди ноболиғ ва шавҳари 65-солааш ҳоло дар деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант дар як вагони вайрона зиндагӣ доранд. Бо боридани борон дохили вагон пур аз об мешавад. Фарзандони ин хонавода бо сабаби надоштани либосу пойфзол ва лавозимоти хониш гоҳе ба мактаб мераванд, гоҳе не. Фарзанди хурдии хонавода, ки бояд имсол ба синфи як мерафт, бо сабабҳои болозикр ба мактаб рафта натавонист. Талошҳои чандинкаратаи ин оила барои дастрасӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки аз мушкилоти асосии онҳост, бенатиҷа анҷом ёфтааст. Номбурда мегӯяд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи барномаҳои муҳоҷирати дохилӣ ҳам ба хонаводаи онҳо кӯмак нарасониданд. Иддаое, ки дурустию нодурустии он барои мо рӯшан нест.

Бобохон Бегов – шавҳари ин зан гуфт, ки “барои гирифтани ҳадди ақал 0,2 гектар замин дарҳои ҳама мақомотро кӯфтем, аммо касе ба додамон нарасид. Ҳоло дигар мадори кор кардан надорам. Аз ин рӯ, завҷаам барои таъмини рӯзгор дар ҳар ҷо кор карда, базӯр зиндагиро пеш мебарад”.

Ин оиларо дар Ёвон фиреб доданд?

Ин оилаи ниёзманд, ки дар қайди ноҳияи Кӯшониён мебошад, аввал бо чунин як шароит дар ноҳияи Ёвон умр ба сар мебурд ва масъулони ноҳияи мазкур ба онҳо ваъдаи замини наздиҳавлигӣ доданд. Баъд аз ҳафт соли интизорӣ маълум шуд, ки фиреб хӯрдаанд. Эҳтимол ин хона-вагон ҳам барои онҳо сарпаноҳи муваққатӣ бошад, чун қарор аст, ки роҳро ба рӯйи ин кулбаи фақирона ҳам бубанданд.

Ҳарчанд шавҳари Муҳаббат бемор асту дар камбизоат будани ин оила ҷойи шубҳа нест, лек фарзандони онҳоро бо далели падару модар доштан аз интернати ноҳияи Ёвон ронданд. Ҳоло онҳо ҳар рӯз беш аз 5 километр роҳро тай карда, аз наздикии деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант барои дарсомӯзӣ ба мактаби рақами 35-и ноҳияи Кӯшониён мераванд. Камбуди ғизо, либос ва сарпаноҳ ин оиларо башиддат азият медиҳад. Онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд.

Вализода низ ваъда дод

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин баъди огоҳ шудан аз вазъи сангини оилаи мазкур ба кулбаи вайронаи онҳо рафт. Ӯ барои ин оила маводи ғизоӣ ва сарулибос бурду ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳ барои онҳо, ки 20 сол боз азияти бехонагӣ мекашанд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, дар бунёди манзили зист бо шахсони саховатманд, соҳибкорони ноҳия кӯмакашон мекунанд.

Ҳамчунин, Вализода ба масъулони дахлдори ноҳия супориши қатъӣ дод, ки барои таҳсили фарзандони ин оила дар беҳтарин муассисаи таълимӣ шароити хубро фароҳам оранд ва то рӯзи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданашон пайваста аз ҳоли онҳо хабардор шудаву кӯмакашон намоянд.

“Поёни шаби сиёҳ сафед” мешудагист?

Баъди шиносоии раиси ноҳияи Кӯшониён бо вазъи сангини Ҷонаковаҳо умеди ин оила ба пурра бартараф шудани мушкили қариб чорякасраашон бештар шуд. Кош, ин дафъа ҳам фиреб нахӯранд…

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here