Чӣ бояд кард?

Яке аз бемориҳое, ки дар солҳои охир дар ҷомеа паҳн гардидааст, ин бемории ҷоғар ва ё бо истилоҳ «зоб» мебошад. Ҳар яки мо дар зиндагӣ бо ин беморӣ рӯ ба рӯ гардидаем ва ё то андозае бобаташ маълумот дорем. Аввалин ҳарфе, ки бобати ин беморӣ ба мо мегӯянд, ин нарасидани йод дар организм мебошад. Вақте ин хабарро мо мефаҳмем, дарҳол ба суроғи йод мешитобем. Бархеҳо дар ин ҳол йодро ба хӯрок ҳамроҳ менамоянд ва ё аслан гиёҳоеро меҷӯянд, ки дар таркибашон йод бошанд. Бояд изҳор дошт, ки ин кор на ҳамеша ба кор меояду ҳар касе ин бемориро дар худ эҳсос менамояд бояд пеш аз ҳама ба табибон муроҷиат намояд.
Дар ҳақиқат асоситарин омили гирифторӣ ба ин беморӣ, имрӯз норасоии йод дар хӯрок ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки намакро бо йод омехта намекунанд, ҳолатҳои бемории ҷоғар зиёдтар ба назар мерасад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, паҳншавии ин беморӣ дар навоҳии кишвар бо йод бой низ дида мешавад. Дар кишвари мо бошад аз хоки ҳосилхез ,ки мо онҷо сабзавот мешинонем йод надоштааст ва ё кам доштааст. Ба ин хотир дар даҳсолаи охир миёни ҷомеаи мо беморони ҷоғар зиёд шудаанд.
Табибон чанд намуди ин бемориро омӯхта пешниҳод намудаанд.
Эндемикӣ — ин намуди бемории ҷоғар дар кишвари мо хеле зиёд дида мешавад. Омили асосӣ он аст, ки қисмати зиёди аҳолии кишвар дар куҳистон зиндагӣ мекунад. Ин намуди бемории ҷоғap асосан дар натиҷаи нарасидани йод дар хок, об ва дар хӯроке, ки мо истеъмол менамоем пайдо мешавад. Меъёри йоде, ки барои одами солим пешниҳод мешавад, дар як шабонарӯз 1МF мебошад. Дар ҳолати нарасидани йод дар организми инсон ҳисси бемадориву асабишавӣ пайдо мешавад.
Гипертиреоз — намуди дигари бемории ҷоғар мебошад. Нишонаи оддии ин беморӣ калоншавии ғадуди сипаршакл мебошад. Мо ин ҳолатро гоҳ-гоҳ дар ноҳияи гулуи одамон мебинем. Калон шудани ғадуд ба зершавии узвҳои нафасгирӣ оварда мерасонад. Дар бисёр ҳангом бемориҳои онкологӣ низ одамро ба ин ҳолат меоранд. Чанд аломати норасоии йод маълум гардидааст, ки инҳо аз ҷумлаи онҳоянд:

— Бемадорӣ;
— Паст шудани қобилияти меҳнатӣ ва aқлӣ;
— Сустшавии зеҳн;
— Нафасгир шудан ҳангоми кори сабук;
— Хушкшавии пӯст ва ё арақкунии барзиёд.

Вақте ин ҳолатҳоро дар худ, фарзандон ва ё наздикон эҳсос менамоед, ҳатман ба табибони соҳа муроҷиат намоед.
Аслан, ин ҳолат барои занони ҳомиладор хатарнок аст, зеро фарзандашон камақл тавлид мешаванд.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки худсарона худатон ба намак вa ё хӯрок йод ҳамроҳ нанамоед. Зеро ин ҳолат ба саломатии Шумо хатарнок аст.
Имрӯз дар дунё зиёда аз 1 миллиард одам дар навоҳии аз йод камчин зиндагӣ мекунанд. Ба ин навоҳӣ қариб ҳама ҳудуди Қафқоз, Русия, Аврупо, навоҳии марказии Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ дохил мешаванд. Норасоии йод дар организм ба зиёд гаштани ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл мусоидат мекунад. Ин ҳуҷайраҳо йодро ҷабида гирифта, ҳормонҳои ғадуди сипаришаклро ба вуҷуд меоранд. Дар миёни ин ҳуҷайраҳо ҷамъ шудани каллоид (маҳсули ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл, ки аз он саранҷом ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ба вуҷуд меоянд) ба вуқуъ мепайвандад.
Дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ назар ба мардон дида бештар ба ин беморӣ занон гирифторанд. Дар кишвари мо низ бештари беморони чоғар занон мебошанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешгирии ин беморӣ тамоми имконияҳоро муҳайё намудааст. Махсус беморхонаҳое мавҷуданд, ки ба ҳар як шаҳрванд мадад карда метавонанд, ҳамзамон дар тамоми беморхонаҳои кишвар табибони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд, ки метавонанд дар дилхоҳ вақт ба Шумо мадад расонанд. Танҳо аз Шумо хоҳиш карда мешавад, то дар вақти пайдо шудани ин беморӣ саривақт ба табибон муроҷиат намоед.

Исматулло Ҷумъаев, табиби оилавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here