Аҳкоми шариат фалсафа ва ҳикматҳои бузургу сершуморе доранд. Агар мунсифона, бетаассуб ва хирадмандона қазоват намоем, бараъло зоҳир мегардад, ки ҳар амру фармон ва ҳидоятҳои қонунгузор, яъне Худову пайғамбар, саршор аз манофеъ буда, дар зиндагии дунёву охирати ҳар фарди мусалмон зарур ба шумор мераванд.

 

Фалсафаи закоти фитр

Таъкид бояд кард, ки фарзҳо ва воҷиботи Ислом танҳо барои саодатмандии охират нестанд, чунонки баъзеҳо ҳаминтавр мепиндоранд. Балки дар навбати аввал ҳаёти дунявии инсонро ба танзим дароварда, ҷонибҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ғайраро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд. Пасон, ба ҳаёти ухравии фарди мусалмон таваҷҷуҳ мекунанд.Чунонки доштани рӯза фоидаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тандурустӣ дошта, ахиран тақдири ухравии инсонро ҳал месозад.

Худованди донову ҳаким барои рӯза садақа ва ё закот муайян намудааст, ки он низ ҳикмату фалсафаҳои худро доро мебошад. Маълум аст, ки яке аз вазифаҳои рӯза ислоҳи ҷониби ахлоқии фард мебошад. Бо фарз гардонидани рӯза соҳиби шариат ҳамзамон инсони рӯзадорро аз ахлоқи зишт ва суханони қабеҳ манъ кардааст, ки ин ниҳоят низоми ҳакимона ба шумор меравад. Рӯзаи кас набояд бо разолатҳо ва зиштиҳо ҳамсон гардад. Инсон, ки хатокор аст ва имкон дорад, ки аз ӯ дар давоми рӯза доштанаш хатое сар занад, Худованд барои пок ва маҳв сохтани он хато закоти рӯзаро машруъ гардонидааст. Закот яъне пок сохтан, тоза намудан аст, ки бо ин васила дар охири рамазон, қабл аз намози ид фарди муъмин хатову иштибоҳи худро метавонад ҷуброн кунад, ки ин асосан ба фоидаи шахси рӯзадор аст.

 

Ҳукми закоти фитр

Дар асл закоти фитр воҷиб аст. Чунки Қуръону суннат (ҳадисҳои паёмбар (с) бар воҷиб будани он иттифоқ доранд. Агар ба ҳукми умумии Қуръон назар афканем, мебинем, ки Худованд фармудааст: “Ончи Паёмбар (с) ба шумо меорад, бигиред…” (Ҳашр, 7). Яъне ҳар амру фармоне, ки Муҳаммад (с) ба шумо мекунад, бечуну чаро онро итоат кунед ва дониста бошед, ки итоати Паёмбар (с) итоати Худо мебошад. Пас, Расули Худо (с) пайравонашро ба додани закоти фитр амр намудааст. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: “Расули Худо (с) закоти фитрро ҳамчун поксозандаи шахси рӯзадор аз суханони лағву беҳуда ва амалҳои зишту фаҳшо фарз гардонида, ҳамзамон онро таоми мискинҳо қарор додааст. Ҳар касе онро қабл аз намози ид адо кунад, закоти мақбул аст ва ҳар касе баъд аз намози ид адо кунад, пас он як навъ садақае аз садақаҳои маъмулӣ ба ҳисоб меравад” (Ривояти Абудовуд). Уламои Ислом бар асоси ин амри Паёмбар (с) закоти фитрро воҷиб шуморидаанд.

 

Шартҳое, ки дар закоти фитр лозиманд

Ислом. Закоти фитр танҳо ба марду зан ва хурду калони мусалмонон воҷиб мегардад ва ба ғайри мусалмонон додани он воҷиб нест.

Ғанӣ. Яъне фарди мусалмон бениёз бошад. Баъзе уламои Ислом дараҷаи бениёзиро дар доштани хӯроку нӯшокии рӯзи ид муқаррар кардаанд. Яъне агар шахси мусалмон якрӯза хӯрдании худро дошта бошад, лозим аст, ки закоти фитри худро адо кунад.

Вақт. Яъне закот ба монанди рӯзаву намоз вақти муайяни худро дорад, ки бояд риоя шавад ва он аз ғуруби офтоби охирин рӯзи рамазон шуруъ гардида, то пеш аз намози ид мебошад.

Бояд гуфт, ки фароҳам гардидани шартҳои мазкур зарур буда, ҳукми воҷибияти закоти фитрро истисно мекунанд. Ҳамчунон таъкид бояд кард, ки дар адои закоти фитр саҳлангорӣ накарда, лозим аст, ки қабл аз намози ид дода шавад. Баъзеҳо надониста, онро баъд аз намози ид ато мекунанд, ки закоти фитри эшон ба ҳисоб нарафта, як навъ садақаи маъмулӣ мебошад.

 

Миқдори закоти фитр

Миқдори закоти фитрро Расули Худо (с) худ муайян намудаанд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки “Расули Худо (с) закоти фитри рӯзаро бар бардаву (ғулом) озод, марду зан ва хурду калон, ба миқдори як соъ (ченак, андоза) хурмо ва ё як соъ ҷав, фарз гардонидаанд”. Тибқи ҳисоботи имрӯза як соъ ба андозаи се килограмм мебошад. Ҳамин тариқ се килограмм гандум, ё се килограмм ҷав ва ё се кило биринҷ метавонад садақаи фитрро ҷуброн созад. Таъкид бояд кард, ки ин миқдор ҳадди камтарин ба ҳисоб рафта, аксар барои ононест, ки молу дороии кам доранд. Аммо нафарони тавонову сарватманд метавонанд ба қимати мавизу ғулинг ва ғайра закоти фитри худро адо намоянд. Бояд гуфт, ки дар ин масъала тибқи қарори шӯрои уламо, ки ҳар сол миқдори закоти фитрро муайян месозад, амал карда мешавад.

 

Фоидаҳои закоти фитр

Таъкид бояд кард, ки закоти фитр фоидаҳои бузург ва сершумор дорад, ки чанде аз онҳоро ба таври зайл зикр хоҳем кард:

  1. Покии нафсҳо ва баданҳо ва ҳарчи бештар наздик шудан ба Худо;
  2. Пок гаштани фарди мусалмон аз суханони лағву беҳуда ва фаҳшу зишт;
  3. Таом додани фақирону мискинон;
  4. Дар рӯзи ид ворид намудани хушҳолию хурсандӣ ба хонадони тамоми мусалмонон;
  5. Ба даст овардани аҷру савоби зиёд;
  6. Шукр гуфтани Худованд дар баробари неъматҳояш ва ҳамзамон комил намудани рӯза;
  7. Аз байн бурдани табақабандӣ, ба он ваҷҳ, ки бою фақир ҳама яксон мегарданд;
  8. Фарох гардидани молу дороӣ ва бобаракат гаштани он.

 

Закоти фитр ба кӣ дода мешавад?

Худованд дар Қуръон ҷонибҳои закотгирро низ муайян намудааст. “Садақот (закот), барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони муҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!” (Тавба, 60).

Агар ба матни ояти мазкур назар афканем, маълум мегардад, ки Худованд ҳашт гуруҳро сазовори гирифтани закоти мол ва ё садақаи фитр донистааст.

Фақирон. Шахсони муҳтоҷе, ки бо меҳнату машаққат ва ё вазифае маблағ ба даст меоранд ва он маблағи ночиз ба зиндагии маишии онҳо кифоягӣ намекунад.

Мискинон. Онҳое, ки аз молу дороӣ ва хонаву дар чизе надоранд ва аз вазъу ҳолат ва суханашон мискин будани эшон аз мардум пинҳон намемонад.

Коргузорони ҷамъоварии он. Онҳое, ки аз ҷониби имом барои ҷамъоварии закоти мол ва ё фитр вобаста мегарданд ва барои он саъю талоши ҳамаҷониба мекунанд.

Барои ба даст овардани дили мухолифон. Онҳое, ки кофиранд ва ба хотири улфат андохтан ва нарму мулоим сохтани дилҳояшон ба эшон закот ато мегардад, то ки Ислом оваранд. Ё он нафароне, ки нав ба Ислом дохил гардидаанд, ҳоло имонашон заиф аст, ки закоти мол ва ё фитр сабаби тақвияти имону исломашон мегардад ва бо ин васила исломро хубтар қабул мекунанд.

Озод кардани бандагон. Яъне ғуломон. Ба онҳо низ додани закоти молу фитр машруъ гардидааст, то бо ин васила озод карда шаванд. Ин навъ закотгирон дар даврони ғуломдорӣ мавҷуд буд, ки имрӯз нодир аст.

Қарздорон. Закот ба қарздорон низ машруъ гардидааст, то бо ин васила аз қарз халос шаванд.

Дар роҳи Худо. Яъне касе, ки дар роҳи Худо амал ва ҷаҳду талош мекунад, ба он додани закоти мол ва ё фитр дуруст мешавад.

Мусофирони муҳтоҷ. Яъне мусофире, ки дар сафар маблағаш ба итмом расидааст ва барои баргаштан ба макони аслии худ маблағи кофӣ надорад. Ба ин навъ афрод низ додани закот дуруст аст.

 

Иди фитр

Пас аз он ки рӯза ба итмом мерасад, закоти он ба афроди сазовор дода мешавад, Худованд ҳадяи рӯзадоронро, ки рӯзи ид ва хурсандӣ аст, ато мекунад. Дар ивази якмоҳа рӯза ва дигар тоату ибодот аз қабили рӯзаву намоз ва ғайра Худованд бандагонро пас аз машаққату сахтии рӯза бо ифтор мавриди икрому эҳтиром қарор медиҳад, ки он як хушҳолии рӯзадор ба ҳисоб меравад. Хушҳолии дигари рӯзадор ҳангоми мулоқот бо парвардигор аст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Барои рӯзадор ду хушҳолӣ аст: як хушҳолӣ ҳангоми ифтор ва хушҳолии дигар ҳангоми мулоқот бо Худо” (Ривояти Имом Муслим). Дар ин радиф хушҳолии дигари рӯзадор рӯзи ид мебошад, ки он хусусиятҳо ва манфиатҳои зиёде дар пай дорад.

 

Пайванди хешутаборӣ

Яке аз хусусиятҳои хоси иди фитру азҳо дар он аст, ки онҳо пайванди хешутабориро барқарор месозанд. Махсусан онҳое, ки миёнашон нофаҳмӣ ва кинаву адоват мавҷуд аст. Рӯзи ид боис мегардад, ки хафагӣ, бадбинӣ ва кинаву душманиро аз миёни хешу ақрабо маҳв созад. Ҳамчунон ба дилҳо улфат ва меҳру муҳаббат оварда, нафсҳоро мусаффо мегардонад. Бозгашт ба ҳамдигар ва зиёратҳои дуҷониба сурат гирифта, ҳамзамон ризои Худо ба даст оварда мешавад.

 

Афзудани бародарии мусулмонон

Ид мусалмононро ба ҳам меорад ва дӯстиву бародарии эшонро бештар мекунад. Яке аз суннатҳои намози ид ин мулоқоти муъминон ва тақвияти робита бо ҳам мебошад. Ба назар мерасад, ки дар намози ид мусалмонон тан ба тан гардида, зери парчами ислому парчами Ватан иттиҳоду ягонагиро тантана мекунанд. Дар бораи дину дунё сухан мепардозанд ва дар партави ваҳдату ягонагӣ ва такбиру таҳлили Худованд ҷамъ мегарданд.

 

Шикасти қолаби маъмулӣ

Эҳёи нишонаҳо ва аломоти хушҳолӣ дар рӯзи ид ҳаёти рӯзмарра ва маъмулиро то андозае тағйир ва дигаргуна месозад. Ва навоварӣ, ки нафси башарӣ ба он эҳтиёҷ дорад, муҳайё месозад. Аз ҷумла он аст, ки соҳиби ҳар хонадон дар рӯзи ид ба аҳлу оилааш хӯрданиву нӯшидании гуногуннавъу ғайриинтизор ва либосҳои ҷадиду дилкаш фароҳам месозад ва ба ин васила дар қалбҳои аҳли оила саодату хушҳолӣ оварда, робитаи оилавиро тақвият мебахшад.

 

Шукри ба итмом расидани ибодат

Мусалмон дар рӯзи ид хушҳолу масрур мегардад, ки бо мадади Худо рӯзаро ба итмом расонидааст. Ҳамин тариқ, бо забонаш Худоро шукр гуфта, бо тапишҳои қалбаш ба худ муждаи пирӯзӣ мерасонад. Ва барои он ки ба осонӣ тоату ибодатро ба анҷом расонидааст, мавлои худро сипоси беандоза мегӯяд.

 

Идомаи тоат ва дурӣ аз маъсият

Фаро расидани рӯзи ид, хушҳолию сурур пас аз адои ибодати рӯза, ишора бар он аст, ки ин ҳама хурсандӣ бояд дар доираи танзим қарор бигирад, аз маъсияту гуноҳ орӣ бошад. Ба он ваҷҳ, ки дар пӯшоку хӯрокворӣ исроф нашавад ва болои фақирону бенавоён фахру такаббур зоҳир нагардад. Ҳамчунон, хурсандии рӯзи ид набояд ба корҳои лаҳву беҳуда ва мухолифати шариат омехта гардад. Балки ид барои таҷдиди тоату ибодат ва аъмоли нек фурсати муносиб аст.

 

Рӯзаи шаввол

Пас аз анҷоми рӯзҳои ид соҳиби шариат амали неки дигарро суннат гардонидааст, ки он рӯзаи моҳи шаввол мебошад. Паёмбари Худо (с) вобаста ба рӯзаи шашрӯзаи моҳи шаввол чунин фармудаанд: “Ҳар касе рӯзаи рамазонро дорад, пасон шаш рӯзи моҳи шавволро рӯза бигирад, мисли ин ки даҳрро (як солро) рӯза доштааст” (Ривояти Имом Муслим). Мутахассисони соҳа дар мавриди ҳадиси мазкур гуфтаанд, маънои он ки рӯзаи рамазон ва шаш рӯзи рӯзаи шаввол баробари рӯзаи даҳр, яъне яксол аст, ин мебошад, ки одатан як ҳасана даҳ баробар зиёд мешавад. Ҳамин тариқ, як рӯзи рамазон ба даҳ рӯз табдил ёфта, си рӯзаш ба сесад рӯз мубаддал мегардад. Тибқи ин ҳисоб шаш рӯзи шаввол ба шаст рӯз баробар гардида, дар маҷмӯъ 360 рӯз, яъне як соли расо мешавад.

 

Андешаҳои уламо дар фазилати рӯзаи шаввол

Рӯзаи шавволу шаъбон ба монанди намозҳои суннат мебошанд, ки қабл ва баъди намози фарз хонда мешаванд, нақсу камбудие, ки дар фарз ба амал меояд, комил месозанд. Ва фарзҳо дар рӯзи қиёмат бо нафлҳо комил карда мешаванд. Бештари мардум дар рӯзаи фарзӣ нақсу камбудӣ мекунанд ва ба рӯзаи нафлӣ эҳтиёҷ доранд, то камбудиҳои рӯзаи фарзиро комил созанд.

Пас аз рамазон рӯза доштан аломати қабули рӯзаи рамазон мебошад. Замоне Худованд амали бандаашро қабул кунад, ҳатман ба амали солеҳи дигар ӯро муваффақ месозад. Чуноне мегӯянд, савоби некӣ, як некии дигар аст. Ҳар касе як некӣ кунад ва баъди он боз некиро идома диҳад, ин нишонаи қабули некии аввалааш мебошад. Чунонки як нафар некӣ мекунад, пасон бадӣ мекунад ва ин нишонаи қабул нагардидани некияш мебошад.

Солеҳони гузашта агар дар адои намози шаб муваффақ мешуданд, барои шукри он ҳатман пагоҳ рӯза медоштанд. Ҳамзамон, амалҳои неке, ки тавассути онҳо дар моҳи рамазон ба Худо наздик мешуданд, бо хотимаи рамазон онҳоро қатъ намекарданд. Чунки амалҳои нек то рӯзе, ки банда зиндаву ҳаёт аст боқӣ мемонанд.

Паёмбари Худо (с) амали бардавом мекарданд. Аз Оиша (р) савол карданд, ки “Оё Паёмбар (с) рӯзҳои ибодату амалро хос мекарданд? Ӯ дар ҷавоб мегуфт: “на, амали ӯ бардавом буд”.

Бишри Ҳофиро гуфтанд, баъзеҳо танҳо дар рамазон ибодат ва ҷаҳду талош мекунаду бас. Онҳо чи гуна маҳкум мешаванд? Ӯ гуфт: “Бадтарин қавм онест, ки ҳаққу ҳуқуқи Худовандро танҳо дар моҳи рамазон мешиносад. Аммо афроди солеҳу накӯкор онҳоеанд, ки тӯли сол ибодат ва ҷаҳду талош мекунанд”.

Умуман, ин ҳама мавсимҳои тоату ибодат ва амали хайранд ва базудӣ мегузаранд. Пас, мусалмонро зарур аст, то ин мавсимҳоро ғанимат шуморад ва аҷру савоби зиёд ба даст орад.

 

Хайруллоҳи Акобир

Добавить комментарий