Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии шаҳри Душанбе буда, 24 июли соли 1955 таъсис дода шудааст ва дар тӯли фаъолияти 63 солаи худ наздик ба 13 ҳазор нафар мутахассисони баландихтисоси коргарӣ тайёр карда, дар хизмати халқу Ватан қарор додаст. Хатмкунандагони литсейи мазкур феълан, на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксари давлатҳои ИДМ низ кор ва фаъолият доранд. Литсей 5 июли соли 2018 аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуда, дорои Иҷозатномаи АУ 0002531 барои фаъолият мебошад ва ҳамчун муассисаи таълимӣ фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба роҳ мондааст. Дар айни замон устоди собиқадор Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифов Қимат Юнусович роҳбарии муассисаро ба дӯш дорад. 

 

Ихтисосҳое, ки дар литсей омӯзонида мешаванд

Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисосҳои зерин коргарони баландихтисос тайёр мекунад:

Дар заминаи синфи 9:

— 3-460102.01- кандакорӣ дар чӯб ва пӯсти чӯб,

— 3-190151.01- гаҷкорӣ ва ҷузъҳои меъморӣ,

— 3-370152.01- челонгари таъмири автомобил (муҳарриксоз),

— 3-370152.03- челонгари таъмири автомобил (барқчӣ),

— 3-360151.03- кафшергари газию барқӣ,

— 3-400252.51- системаи компютерӣ ва интернет-технология,

— 3-700431.01- челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва

қисмҳои техникӣ-санитарӣ,

— 3-015101-монтёри барқӣ,

— 3-251152.01- ҳисобчӣ (бо донистани компютер).

Дар заминаи синфи 11:

— 3-370152.01- челонгари таъмири автомобил (муҳаррик),

— 3-370152.03- челонгари таъмири автомобил (барқчӣ),

— 3-360151.02- кафшергари барқию газӣ,

— 3-400252.51- системаи компютерӣ ва интернет-технология

— 3-251152.01- ҳисобчӣ (бо донистани компютер).

Дар литсей аз рӯи ихтисосҳои номбурда 918-нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 362 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ ва 556 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд. Миёни донишҷӯён 69 нафар нимятим ва 1 як нафар ятими кулл сабақ меомӯзанд, ки ҳамагӣ аз имтиёзҳои алоҳида бархӯрдоранд.

 

Таъминоти кадрӣ

Миқдори умумии омӯзгорони соҳибкасб ва устоҳои таълими истеҳсолии литсей 60 нафарро ташкил намуда, аз ин миқдор 27 нафар омӯзгорони асосӣ (штатӣ), 3 нафар соатбайъ мебошанд. Собиқаи кории омӯзгорон аз 5 то 28 солро ташкил дода, аз 30 нафар омӯзгор, 17 нафар омӯзгори дорои дараҷаи олӣ, 5 нафар дорои дараҷаи 1, 2 нафар дорои дараҷаи 2, 7 нафар бе дараҷаанд. 30 нафари дигар устоҳои таълими истеҳсолӣ мебошанд, ки 12 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 18 нафар дорои маълумоти касбии техникӣ мебошанд, 1 нафар дорои дараҷаи олӣ, 7 нафар дорои дараҷаи 1, 6 нафар дорои дараҷаи 2, боқимонда (16 нафар) бедараҷаи тахассусӣ кор карда истодаанд. 

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таълимӣ 6 нафар омӯзгорон, аз ҷумла Латифов Қ., Мухторов Д., Бобоев З., Қурбонов М., Маҳрамов Б. ва Исматова Н. барои кори самаранокашон дар таълиму тарбияи насли ҷавон ба унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудаанд. Як омӯзгори унвонҷӯ Ниёзов Ниёз дар арафаи ҳимояи кори илмӣ мебошад. 

 

Вазъи хобгоҳи муассисаи таълимӣ

Хобгоҳи литсей дорои 3 бино буда, айни ҳол дар ду бино аз тарафи Бонки умумиҷаҳонии рушди Осиё таъмири асосӣ ва азнавсозӣ рафта истодааст, ки дар бинои аввали он барои хонандагон 38 ҳуҷра ҷудо карда шудааст. Дар хобгоҳ барои хонандагон бо мақсади фароғат ва бохабар шудан аз хабарҳои нави дунявӣ 1 оинаи нилгун ва 25 дона курсӣ барои нишаст муҳайё карда шуда, дар умум дар хобгоҳ 78 донишҷӯён истиқомат мекунанд. Бо ба итмом расидани таъмири капиталӣ зиёда аз 400 нафар муҳассилин бо ҷои хоб таъмин хоҳанд шуд.

Хонандагоне, ки дар хобгоҳ истиқомат доранд, 1 маротиба бо хӯроки гарм аз ҳисоби маблағҳои махсуси литсей таъмин карда мешаванд. Инчунин, дар хобгоҳ 75 нафар ятимону нимятими кулл истиқомат доранд, ки муассиса онҳоро 3 вақт бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Онҳо инчунин бо имтиёзҳои дигар таъмин буда, барояшон аз тарафи маъумурият дар доираи имкониятҳо ёрии иловагӣ расонида мешавад.

 

Ошхона

Литсей дорои ошхонаи замонавӣ буда, хонандагонро як вақт бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Ҳангоми хӯроки нисфирӯзии хонандагон мувофиқи ҷадвали тартибдодаи сарусто ва директор, ки дар дохили бинои таълимӣ ҷой карда шудааст, амал намуда, устоҳои таълимӣ дар ошхона хонандагонро назорат мекунанд. Мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар ошхона ҳаматарафа ба ҳолати санитарӣ диққат дода мешавад ва маҳсулот пурра ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ аст. Ҳолати санитарии худи ошхона ва хӯрокҳои омодашуда аз тарафи духтур назорат карда мешавад. 

 

Китобхона

Китобхонаи литсей дар бинои таълимӣ ҷойгир буда, дар он 6569 адад китобҳо маҳфуз аст. Аз ин микдор 1704 адад китобҳои таълимӣ, 1995 адад китобҳои тахассусӣ, 2340 адад китобҳои бадеии русӣ, 180 адад китобҳои бадеии тоҷикӣ, 85 адад китобҳои сиёсӣ, 130 адад барномаҳои таълимӣ, стандартҳо ва дастурҳои методӣ ва ғайра мебошанд. Дар соли 2018 ба китобхона 150 адад китобҳои тахассусӣ, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳо, 100 дона китобҳои фаннӣ аз Вазорати маориф харидорӣ карда шуда, ба китобхона ворид карда шуданд, ки донишҷӯён аз онҳо пурсамар истифода мебаранд. Китобхона дар соли нави хониш пурра таъмир карда шуда, бо кондитсионер ҷиҳозонида шудааст.

 

Кабинетҳои фаннӣ

Дар рафти боздид аз Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе  мо аз якчанд кабинетҳои фаннӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла лабараторияи кандакорӣ дар болои чӯб, синфхонаҳои кафшергарӣ, компютерӣ, муҳосибот, автомобил, челонгарӣ дидан намудем, ки воқеан ба ҳама талаботи муосир ҷавобгӯ буда, хонандагон дар чунин синфхонаҳо ҳам ба корҳои истеҳсолӣ машғул мешаванд ва ҳам дараҷаи тахассуси худро боло мебардоранд. Корҳои дипломии донишҷӯён ҳангоми хатм, вобаста ба тахассус, бевосита аз кори амалии онҳо, чун кандакорӣ дар болои чӯб ва дигар ихтирооти онҳо гирифта мешавад. 

Литсей бо 8 ширкати бузурги сохтмонӣ ва якчанд ширкатҳои машғул ба таъмиру хизматрасониҳои қисмҳои автомобил шартнома дорад. Дар доираи он, машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар чунин ширкатҳо гузаронида мешаванд. 

 

Иштирок дар озмунҳо

Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе 19 марти соли 2017 дар озмуни ҷумҳуриявии “Дастони моҳир”, ки бо ибтикори Вазорати меҳнат ва шӯғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ирам баргузор гардид, миёни 61 литсей ва чанд коллеҷ ҷои якумро гирифт. 

Бузургтарини дастоварди муассиса ин иштироки донишҷӯёни ихтисоси гаҷкорӣ ва ҷузъҳои меъморӣ аст, ки дар байни 15 коллеч дар шаҳри Алмаато ҷои авваалро соҳиб шуда буд.

Бояд қайд кард, ки аксари хатмкунандагони литсей дар ширкатҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб карда мешаванд ва қисми дигари онҳо таҳсилро дар муассисаҳои олии кишвар идома медиҳанд. 

Ҳангоми боздид аз литсейи мазкур ва шинос шудан бо барномаи таълимии муассиса ба чунин хулосае омадем, ки ҳар нафаре, ки мехоҳад дорои касбу ҳунарҳои сохтмончӣ, челонгари автомобил, сантехник, устои гулкор ва дигар ихтисосҳои замонавӣ гардад, Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе беҳтарин интихоб хоҳад буд. Зеро дар замони муосир, танҳо касбу ихтисоси хуби бозоргир метавонад, ҳар нафари соҳибкасбро ба дараҷаҳои баланд расонад. 

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here