Ростӣ, кӯрнамак ҳисоб мешавем, агар фаромӯш намоем, ки маҳз бо заҳматҳои чандинсолаи эшон имрӯз паси курсии донишҷӯйӣ нишастаем. Некхоҳони беминнатамон асло намехоҳанд, ки дар нишебу фарози зиндагӣ хешро бекасу бечора дарёбем. Кисаи мо холӣ нест, шикамамон гурусна нест, танамон урён нест, чунки падару модарамон дар вақти лозимӣ пеши барамон. Дигар чӣ ғам дорем? Маънои зиндагии мо дар будани онҳост.

Эркагии мо ҳад надорад, хостори онем, ки дар ҳама ҳолат озод бошем ва кори мехостаамонро кунем. Лекин ин хел шавад-ку, корҳо батамом расво мешавад-дия! Мутаассифона, бархе аз ноқисақлон ҳам ҳастанд, ки аз сахтгирӣ ва серталабии волидонашон гиламандӣ мекунанд. “Эҳ, онҳо фақат монеи хоҳишҳои ман, намегузоранд, ки барои ягон қароре омадан мустақил бошӣ, “ба ту ҳоло барвақт аст” гуфта, насиҳат мекунанд”. Ин гапҳоест, ки ҳар ҷавон ба забон меорад ва ба чунин муомилаи волидонаш зид буданашро нишон медиҳад. Айби мо фаҳм карда натавонистан аст, ки маҳз онҳо ояндаи моро меандешанд. Ҳайҳот, ба гапи ким-кадом як кӯчагии рӯсиёҳ мувофиқа мекунему ба насиҳатҳои волидонамон вокуниш нишон медиҳем.

Бале, волидон ҳам дурӯғ мегӯянд, аммо дурӯғи онҳо мисли дурӯғи мо бефурӯғ нест. Ғолибан андеша доранд, ки дурӯғи волидайн моро ба азми ягон коре монеа аст. Намехоҳем, ки дар иҷрои мақсадҳои ба фикри худ “зӯр”-амон касе ё чизе муқобил бошад. Аммо на ҳама вақт хостаҳо иҷро мешаванд. Волидон намемонанд, ки ҷигарбандашон бо пойи худаш ба варта наздик шавад. Барои аз райъ гардондан, оромиш бахшидан, фаҳмонидани асли ягон масъала волидон аз дурӯғ кор мебаранд ва фикр мекунем, ки онҳо мисли дурӯғҳои мо хатарзо нестанд.

Фарзанд аз модараш исрор мекунад:

— Калиди мошини падарамро бидеҳ!

Ӯ баҳона пеш оварда, мегӯяд:

— Падарат барои дуруст кардани тугмачаи сигналбарор бо худаш бурдааст…

Ҳол он ки, калид дар дасти худаш буд.

Аз кӯчаи сарбаста шояд ҳамин дурӯғи волидайн роҳи растагорӣ нишон диҳад.

Аз ёд набарорем, ки имрӯз дар ҳар қадам як дурӯғи маҳзе эҳтимолияти пайдо шудан дорад. Он чунон пешпо диҳад, ки дигар асло қуввати роҳ гаштан наёбем! Аммо дурӯғи волидайн созанда аст, моро аз ҳар амали ношоиста бозмедорад ва барои убури кӯчаи росткориву некаъмолӣ раҳнамун месозад.

Биёед, бе чуну чаро гапи волидонро гирему аз хати кашидаашон берун набароем! Охир, онҳо хубии моро мехоҳанд-ку!

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here